Охирҳои моҳи декабри соли 1948 устод Садриддин Айнӣ ба раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода мактуб навишта, хоҳиш карда буданд, ки дар яке аз маҷлисҳои навбатии нависандагон, ки ҳама хурду калон иштирок мекарда бошанд, ҳамин мактубро хонда диҳанд. Дар мактуб ба ҷуз аҳволи зиндагонии устод Айнӣ, ки тез-тез нотоб мешаванд, боз се масъала гузошта шуда буд: ҳар чи зудтар навишта шудани “Ёддоштҳо” ва рисолаҳои илмии “Вазни шеъри тоҷикӣ” ва “Китоби имло”. Чунон ки медонем, устод Айнӣ солҳои охири умр ба сабабҳои маълуми суст шудани саломатӣ, мебоист ин се асарро навишта ва ба ин восита дар назди ватан қарзи фарзандии худро адо кардан мехостанд. Лекин аз Самарқанд ба Сталинобод кӯчонида оваронда шудан ва дар вазифаи масъули Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон “Ёддоштҳо”-ро пурра навишта натавонистанд, аз он ду асари илмӣ ҳам, ки яке “Вазни шеъри тоҷикӣ” ном дошт, дар ҳаҷми 9 саҳ. таълиф шуд ва аз “Китоби имло” фақат ном боқӣ мондааст.

Нақшаи навиштани “Ёддоштҳо” аз ҷониби устод Айнӣ аз миёнаи асри нуздаҳ то ғалабаи Инқилоби Бухоро, дуюми сентябри соли 1920 фаро гирифта шуда буд. Лекин баъзе раҳбарону адибон аз устод хоҳиш менамудаанд, ки онро ақаллан то солҳои сиюм, ё то солҳои 40-ум давом диҳанд, баъзеи дигар нависандагон маслиҳат медоданд, ки устод то охирҳои умр, то он рӯзҳое, ки зиндагонӣ менамоянд, дар ёддоштҳояшонг фаро гиранд, нуран алонур хоҳад шуд. Лекин устод Айнӣ дар ҳамаи ин гуна фурсатҳо, албатта, вафогӣ накардани умрашонро ошкор ва хотиррасон менамуданд, зеро ҳамон вақт синни устод ба 70 расида буд.

“Ёддоштҳо”, ба қавли устод Шакурӣ, аз солҳои 1882-83 то солҳои 1902-1903 фаро гирифта шудааст. Лекин аз рӯйи нақшаи устод боз қариб ҳамин қадар сол, яъне 17 сол зарурат дошт, ки ин асар пурра ба охир расонида шавад. Агар мо давраҳои пештараро, ки “Ёддоштҳо” навишта шудааст, як андоза аз ҷиҳати воқеияти таърихӣ оҳистарав ба назар гирем, аз оғози асри бистум ба баъд вусъати ҳаёти таърихии тоҷикон ва дигар халқу миллатҳо дар Осиёи Марказӣ тезу тунд шудан гирифтанд. Ислоҳотхоҳии ҷавонбухороиён дар Осиёи Марказӣ ва Инқилоби машрутаи Эрон, пайдо омадани рӯзномаву маҷаллаҳои тоза, ташкили мактабҳои усули ҷадид, навишта шудани китобҳои дарсии нави ҳозиразамон, бедории фикрии тоҷикон ва ба инқилоб наздик шуда истоданашон, дӯстӣ ва ҳампайвандии маънавии халқу миллатҳои Осиёи Марказӣ, тезу тунд шуда истодани воқеаҳои сиёсӣ ва ниҳоят ғалаба кардани инқилоб дар Осиёи Марказӣ ва бисёри монанди инҳоро агар ба  андеша гирем, ҳар ду ё як сол як қисми “Ёддоштҳо”-ро фаро мегирифт. Дар он сурат шояд ин асар чор қисм не, балки 10-12 қисм навишта шуда ё шояд сохтори худро боз  зиёдтар тағйир медод. Ҳайф аст, ки ин асар бо ҳамон ҷилоҳои тобноки худ аз ҷониби устод Айнӣ то охир навишта нашуд ва давом нанамуд.

Дар ҳамон маврид даҳои бузурги устод Айнӣ аз хонондани мактуб дар он буд, ки агар худашон ин асари ёддоштиро нависанд хуб аст ва агар умр кифоят накунад, дигарҳо ҳам бояд ба ин мавзуъ диққат диҳанд. Лекин дар сурати аз тарафи худашон навишта шудани “Ёддоштҳо”  дигарҳо ҳам бояд паҳлуҳои гуногуни чунин мавзуъҳоро фаро бигиранд. Устод дар вопасин рӯзгори умри худ ба баъзе донишмандон, хусусан Камол Айнӣ гӯё гуфта бошанд, ки “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”-ро қисми панҷум, ё давоми бевоситаи “Ёддоштҳо” ба назар бигиранд.

Шунидани мактуби устод Айнӣ аз забони раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода воқеан, дар ҳамон солҳо ба нависандагону донишмандони тоҷик сахт асар гузошта буд. Қариб ҳамаи нависандагони тоҷик ва донишмандон аз аҳволи зиндагонии устод Айнӣ воқиф шудаву ба фикр фурӯ рафта, зарур медонистанд, ки аз ҳаёту рӯзгори устод мақолаву асарҳои ҷудогона нависанд. Ва дар пеши худ масъулият мегузоштанд, ки дар баробари устод Айнӣ худашон ҳамчунин ба масъалаҳои таърихи адабиёту миллат, ҳаёту рӯзгори тоҷикон бештар андеша кунанд ва ба суханони гуфтаи устод ҳамовоз шаванд. Хусусан 17-18 соли холиҷо аз нақшаи навиштани “Ёддоштҳо” боқӣ мондааст, ки пас аз вафоти устод диққати бисёриҳоро ба худ мекашид. (Аслан ин давраро холиҷо гуфтан мумкин нест, чунки устод дар ин давра асарҳои сегонаи “Одина”, “Дохунда”,”Ғуломон” ва “Марги судхӯр”, боз асарҳои  “Таърихи амирони мангития”, “Таърихи инқилоби Бухоро”, Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”-ро навишта, ин давраро то андозае пур карда буданд, лекин агар ин давраи таърихиро мисли асари бадеии “Ёддоштҳо” андеша кунем, нисбат ба асари таърихӣ инъикоси чунин асар дар адабиёти бадеӣ муассиртар, возеҳтар, ҷанбаи таъсир пурқувват мегардид. Воқеан, ин давраи навишта шудани “Ёддоштҳо” холӣ монд, зеро умр вафогӣ накард. Устод Айнӣ санадҳои таърихиро бо насри бадеии “Ёддоштҳо” як бори дигар ба мулоҳиза дароварда, бо факту санадҳои тоза онро то давраи Инқилоби октябр пурра кардан мехостанд, вале, мутаассифона, пурра муваффақ нашуда монданд.

Шогирдону нависандагони дар он солҳо хеле ҷавон, ки мактуби аз Самарқанд навиштаи устод Айниро гӯш дода буданд, Ҷалол Икромӣ романи сегонаи “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”(1960-73), Сотим Улуғзола “Субҳи ҷавонии мо”(1954), “Восеъ” (1967), Раҳим Ҷалил “Шӯроб” дар се ҷилд (1956-67)-ро таълиф карда, бештар ба ҳамин давраи холиҷо мондаи устод мароқ зоҳир карда, суханони вомондаи устодашонро бо дилу ҷон навишта ва давом додан тавонистанд. Ин давраи холиҷо мондаи устоди гиромӣ, воқеан, аз ҷониби шогирдон  бо асарҳои мазкур як андоза пурра гардонида шуда буданд. Лекин худи устод ба ин давра бафурсат назар андӯхта, таърихи тафаккури халқи тоҷик, роҳҳои ба инқилоб омада расиданашонро дар пайванд бо дигар халқу миллатҳое, ки рӯ ба бедорӣ ва худшиносиву худогоҳӣ гардонидаанд, навишта, боз беҳтару самимитар ба андеша мегирифтанд. Ин ҳодиса барои тоҷикон давлати бузург ҳисоб мешуд. Бо ин роҳ устод таърихи миллати тоҷик, роҳу пайкори ба инқилоб расида истодани тоҷиконро ҳарчанд бо асарҳои бадеиву таърихӣ навиштаанд, возеҳ ва муфассалтар нишон медоданд. Ва он чӣ, ки аз чониби устод Айнӣ, мутаассифона, навишта нашудааст, солҳои баъди инқилоб дар шакли китобҳои бадеивуу таърихӣ навишта шудаанд. Лекин агар ин давра ғайр аз китобҳои бадеиву таърихӣ дар шакли ёддоштҳо навишта мешуданд, воқеаҳои ибтидои асри бист зери қалами устод Айнӣ боз хубтар ҷилванамоӣ мекард. Дар ҳар сурат, устод дар мактуби мазкур шогирдон ва донишмандонро ҳам ташвиқ менамуданд, ки дар масъалаҳои муҳими таърихӣ ғайр аз худи ӯ дигарон ҳам даст дароз намуда, чунин  асарҳоро таълиф намоянд. Дар ин фурсат ҳар чизе, ки устод Айнӣ нависанд, ӯ дар баробари худ аз шогирдону донишмандон ҳам талаб менамуданд, ки чунин асар нависанд. Он чӣ, ки худи устод гуфта натавонанд, шогирдон ва мутахассисон аз бисёр паҳлуҳо шояд пурра намоянд. Шогирдону мутахассисон ҳамон солҳо васияти устод Айниро дар гӯш ҳалқа намуда, бо вуҷуди пурра навишта нашудани “Ёддоштҳо” ва дигар асарҳои илмӣ, ки боло ном гирифтем, дигар мутахассисону адибон сарбаландона иҷро кардан тавонистанд.

Нависандагони дар боло зикршуда аз аввали солҳои шастум дар насри бадеӣ ва таърихии инқилобӣ ҳаёти сиёсиву иҷтимоии тоҷиконро дар арафаи инқилоб ва баъд аз он дар Бухоро, Фарғона, Хуҷанд, Балҷувон ва дигар минтақаҳои тоҷикнишин ба таҳқиқ гирифтанд. Агар устод С.Айнӣ дар аввалин асарҳояшон тоҷиконро ҳақиру нотавон, мазлуму ситамкаш ба қалам дода, аҳволи бади онҳоро такрор ба такрор нишон дода бошанд, тадриҷан хашму ғазаби иҷтимоӣ ва ниҳоят дар роҳи озодӣ бовиқор ва бебокона қадам гузоштани образҳои муқтадирро ба мушоҳида мегирем. Инҳо устодони адабиёти бадеӣ Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил ба зулму ситам, аҳволи бади образҳо камтар дахл карда, бештар ба бедории фикрӣ, худогоҳию худшиносӣ шуғл варзида, мисли устоди худ образҳои қавиҳайкал ва муборизи мисли Ҳайдарқул, Дилором-каниз, Холи ворухӣ, Восеъ ва монанди инҳоро ба майдон бароварданд. Занҳои мардсифату таҳамтаноие аз ҷониби устод Икромӣ, зӯрманду соҳиби қатъияти тамом будани Восеъ, Холи кӯҳкани  пурзӯр ва монанди инҳо, ки ба ҷуз меҳнату шуҷоат ва ҷасорат “бо қувваи маънавию ҷисмонӣ хуни халқро ба ҷӯш оварда, номус ва ҳамияташонро бедор карда, ба муборизаи роҳи озодӣ (ва зидди адӯ) ба по мехезонданд… Аз фазилату маънавияти онон ақлу фаросоти халқ бедор ва намудор мешуд”… гуфтаанд устод Шакурӣ.-Ин нависандагон акнун дар чунин вазъияти наздик ба инқилоб шахсонеро интихоб менамуданд, ки саргузашти аҷоиб дошта, тақдирашон пургунҷоиш буда, моҳияти замонро ифода мекарданд”.

Аз миёни шогирдон Икромӣ бештар ба роҳи паймудаи устод Айнӣ қадам гузошта, Бухоро, ҳамчунин образҳоеро мисли (Аблураҳим-беки миршаб, писараш Давронбек (Замонбек), Ашрафҷони сандуқсоз, Ака-махдум (Ҳоҷӣ махдум-и “Ёддоштҳо”) ва масъалаҳоеро, ки устод Айнӣ фаро гирифта буданд, (бо азодорӣ аз ҷониби бойҳо мутеъ кардани камбағалон, тамға задани ғуломону канизакон, ғайбатхона ва ба шикоят нишастани муллобачаҳо, роҳи халқи тоҷикро ба сӯйи озодӣ ва ҷунбишҳои инқилобӣ), ҳам аз худ дур кардани заҳру зуқуми аморат ва анъанаҳои мурдору пӯсидаи замони феодалӣ дур нарафтанд, онҳо ҳамаи инҳоро пас аз Айнӣ, аз рӯйи меъёри баҳодиҳии устод бо нигоҳи нав, бо диди тозаи нависандагии худ ба таҳқиқ даровардан тавонистанд.

Устод Шакурӣ дар бораи фаъолияти эҷодии устод Икромӣ рисолаи алоҳида таҳия карда ва дар “Насри солҳои 1945-1974” гаштаю баргашта ба эҷодиёти ин устоди моҳир назари диққат дӯхта, баъзе сифатҳои алоҳидаи эҷодиёташро гаштаю баргашта ба мулоҳиза мегирифтанд. Ин адибони баркамол диққат додан ба озодии занони Шарқ, шиддати баҳсу мунизира дар образи Ҳайдарқул, Ака-махдум, ҷиддӣ ба эътибор гирифтани образҳои тан ба тақдир дода, аз мубориза даст кашидаи Аҳмадҷони машкоб, Оймуллои Танбӯр, Қорӣ Абдулваҳҳоб, ба баҳсу талош андохтани ҷадидҳо, масалан, Исмоил Афандии турки ба Русия нафрат дошта, Камолиддин-махдуми ба манифести амир умедбаста, Вафоҷони ҷавонбухории бо роҳи тиҷорат шиками мардумро серкунанда, Ака-махдуми бо ёрии русҳо аз зулм халосшаванда, характерҳои барҷаста ва образҳои муқтадир доштани романҳои сегона, чунин образҳое мебошанд, ки инқилоб онҳоро ба ҳаракат даровардааст, дили ҳассоси меҳрпарвар ва муносибатҳои олии инсонӣ доштани Шамсия ва Оими Шоҳ, ки Ҳабиба ва Духтари нокомро ёд меоранд, ҳамаи инҳо шахсияти устод Икромиро дар миёни нависандагони солҳои то Истиқлол мисли образҳояш ҷолиб, пурзӯр ва муқтадир нишон медиҳанд.

Восеъ низ раги ору номуси мардуми таҳқирдидаро ба ҷунбиш оварда, барои қадри худро донистан ва шарафи инсонии худро ба вуҷуд овардан кӯшид. Ӯ вақеан, марди пурзӯри паҳлавонҷуссаи қавиҳайкале буд, ки ҳанӯз дар овони ҷавонӣ пеши роҳи Остонақулбии додхоҳро гирифта, нотарсона арзашро баён кардааст. Вай ба ҷуз зӯри ҷисмонӣ маънавияти олии инсонӣ дошт, пешвои халқ интихоб шуд, мардумро бар зидди истибдод ба ҷӯшу хурӯш ва ҳаракат меандохт. Устод С.Улуғзода Васеъро ҳамчун қаҳрамони миллии халқи тоҷик намоён кард. Мо аз нависандагони солҳои Истиқлол хоҳиш менамоем, ки анъанаҳои пурзӯри чунин адибони замони шӯравиро фаромӯш накунанд, образҳое ҷолиб ва пурзӯр ба майдон биёранд, ки ақлу шуури мардумро вусъат бахшанд, сифатҳои олии ҳамзамононро таҷассум кардан тавонанд. Дар образҳои таърихӣ хеле муваффақиятҳо ҳосил шудааст, лекин образи ҳамзамонони мубориз, ки барои зиндагонии ҳамарӯза ва ҷамъияти ҷаҳонӣ акнун хизмати бузурге бар дӯш доранд.

Устод Айнӣ ба ҷуз таърихи миллат, ба мавзуву мундариҷа ва образхо, ба сохтори асар ва забонашон ҳамчунон зиёд диққат медоданд. Забон воситаи асосии равонӣ, дилгармӣ, лаззат ва шираву шарбат гирифтани асари бадеист. Устод Икромӣ нисбат ба дигар шогирдон дар асари бадеӣ бештар ба устод Айнӣ такя карда, сабки навишти ӯро низ риоя намуда, дар ҷумласозию маънинигорӣ лаззати сухани  ӯро нигоҳ медошт. Аз он замон то имрӯз ҳамаи адибони тоҷик аз устод Айнӣ сарбаландона меомӯзанд. Устодони сухани бадеӣ Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев ва зумраи дигари нависандагон ҳам қадру қимат ва манзалати устод Айниро дар шахси худ мепарваранд. Дар замони соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон мундариҷаи замон тағйир ёфт, адибони тоҷик дар мавзуъҳои таърихӣ ва ҳозиразамон бештар қувваи қалам санҷида, сифатҳои олии инсони эҷодкорро  кашф намоянд.

Шоҳзамон РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь