Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 90 – сола шуд

Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (собиқ омӯзишгоҳи педагогии ш.Хуҷанд) дар асоси қарори мушовараи Комиссариати халқии маорифи РСС Ӯзбекистон соли 1928 ҳамчун техникуми омӯзгории мардона таъсис дода шудааст. Бо фармони комиссариати халқии маорифи РСС Тоҷикистон аз 27.01.1939 техникуми педагогии занона, омӯзишгоҳи омӯзгории №1 ва техникуми педагогии мардона, омӯзишгоҳи педагогии №2 номида мешавад. Дар ибтидои моҳи марти соли 1941 ҳар ду техникум муттаҳид карда шуда, омӯзишгоҳи педагогии Ленинобод ба номи Н.К.Крупская таъсис дода мешавад. Бо мақсади таъмини таълими бисёрзинагӣ ба татбиқи стандарти давлатии маълумоти олии касбӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.07 соли 1999, № 262 «Дар бораи ба Коллеҷи омӯзгорӣ табдил додани омӯзишгоҳҳои омӯзгории шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб» Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ба Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров табдил дода мешавад.
Коллеҷ барои пешбурди фаъолият аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо иҷозатномаи хадамоти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди ВМИҶТ-ро соҳиб аст ва аз аккредитатсияи давлатӣ низ гузаштааст.

Таъминоти кадрӣ
Дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо назардошти кадрҳои роҳбарикунанда 141 нафар омӯзгорон ба кори таълиму тарбия машғуланд. Аз теъдоди номбурда 123 нафар омӯзгорони доимӣ буда, 18 нафар омӯзгорони ҳамкоранд. Аз ҷумлаи омӯзгорони штатӣ 10 нафар устодон унвон ва дараҷаи илмӣ доранд. 65 нафар устодони коллеҷ сармуаллимон ва боқимонда муаллимонанд. Дар умум, дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд айни ҳол 15 нафар устодони унвондор кор ва фаъолият мекунанд.

Ташкили дарсҳои кушод
Дар се моҳи аввали соли таҳсили 2018-2019 дар кафедраву факултетҳо 34 дарси кушод ташкил карда шуд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки миқдори дарсҳои кушод дар соли таҳсили 2018-2019 нисбат ба солҳои гузашта ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам сифат беҳтар гардидаанд. Дарси кушод бо истифодаи тахтаи электронӣ ва проекторҳо дар синфхонаҳои бо шароити мувофиқ таъмин буда, бе халалдор намудан ба раванди таълим ва машғулияти иштирокдорони дарс бо иштироки намояндагон ва омӯзгорон ташкил карда мешавад.
Натиҷаи иштирок дар дарсҳои устодон Ахмедова Ф.А., Шарипова Н.Ҳ., Абдуллоев А.Ҳ., Ахмедҷонова З.А., Шарипова М.А., Фаттоев Ҳ.Ҳ., Хидирова И.М., Зикриллозода Қ., Муталлибов Р., Сангинова Б.Б., Муҳиддинова З.Н., Султонова М.Н., Хоҷаева М.М., Ҳусейнова М.С., Юсупова М.М. нишон дод, ки машғулиятҳи лексионӣ ва амалии устодон шоистаи таҳсин ва бозомӯзӣ дониста мешавад. Аммо дар баробари чунин дарсҳои беҳтарин, ки барои ташаккули салоҳиятҳои касбии донишҷӯён созгор аст, дарсҳое низ мушоҳида шуданд, ки дорои ноқисиҳои методӣ мебошанд.
Тавсия дода мешавад, ки муаллимони навкору ҷавон бештар дар машғулиятҳои устодони соҳибтаҷриба ширкат намуда, бо усулҳои беҳтарини таълими фанҳои тахассусӣ ошно гарданд ва ҳамзамон хуб мебуд, ки устодони варзида ба дарсҳои омӯзгорони ҷавон иштирок намуда, оиди ҳусну қубҳи машғулиятҳои онҳо фикрҳои худро ироа намоянд, барои дарёфти роҳҳои беҳтари таълими фанҳои мухталиф ёрии амалӣ расонанд ва дар маҷмуъ барои тарбия ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос саҳмгузор бошанд.

Самти тарбия
Аҳли ҷомеаи Коллеҷи омӯзгорӣ бо шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири даврони истиқлолият дар татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат, ки меҳвари асосии онро рушди бонизоми Ватани маҳбубамон ташкил медиҳад, камари ҳиммат бастаанд. «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳуҷҷати муҳими давлатӣ буда, дурнамои сиёсати давлату соҳаи маорифро дар ин самт муайян мекунад ва тамоюли инкишофу аҳамияти муҳим доштаро дар шароити муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба танзим медарорад. Корҳои тарбиявӣ дар коллеҷ тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, қарорҳои Шӯрои олимони коллеҷ ба роҳ монда шуда, бахусус, дар соли таҳсили 2018-2019 чорабиниҳои мухталифи тарбиявию фарҳангӣ, аз қабили, қайди рӯзҳои таърихӣ, ҷашну маросимҳои миллӣ, мулоқоту шабнишиниҳо ва ғайра доир гардида истодаанд.
Дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҷиҳати ба амал татбиқ намудани Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мухталифи тарбиявӣ, аз қабили, қайди санаҳои таърихӣ, ҷашну маросимҳои миллӣ, мулоқоту шабнишиниҳо, маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ ва тадбирҳои маданию адабӣ аҳамияти калон дода мешавад. Устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ арҷ оварданро ба дастовардҳои замони Истиқлолият, ташаккули ҳисси ватандорӣ, таъмини якпорчагиву ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва Ваҳдати халқҳои маскуни кишварро пос медоранд ва дар чорабиниҳои умумиколлеҷӣ, вилоятию шаҳрӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Дастовардҳои илмӣ
Роҳбарияти коллеҷ аз он ки дар ин боргоҳи марифат 10 нафар номзадони илм, дотсентон кору фаъолият бурда истодаанд, ифтихорманд ҳастанд. Дастоварди дигар он аст, ки бо роҳбарии муаллима Кенҷазода Манучеҳра Солеҳ се нафар омӯзгорон аз кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Юнусова Дилрабо, Турсунова Моҳира ва Комилова Гулбаҳор рисолаҳои номзадии худро соли 2018 дифоъ намуданд. Кору пайкори ин номзадони илм буд, ки имрӯз 12 нафар омӯзгорони коллеҷ унвонҷӯ буда, бо корҳои илмии худ машғул ҳастанд.
Ҳарчанд дар коллеҷ дар мавзуъҳои мухталиф конфронсҳои илмӣ- анъанавӣ ба таври ҳамешагӣ гузаронида мешаванд, вале конфронси моҳи апрели соли 2018, ки ба 90 – солагии таъсисёбии коллеҷ бахшида шуда буд, аз дигар конфаронсҳо тафовути комил дошт. Зеро ҳар як кафедра оғози конфронсҳои худро бо як тантана, бо муаррифии таърихи кафедраҳо тариқи слайдҳо, даъвати собиқадорони меҳнат, олимон, хатмкардагони ин муассисаи таълимӣ баргузор намуданд. Дар баргузории конфронси илмӣ-амалӣ пеш аз ҳама саҳми директори ин боргоҳи маърифат дотсент Кенҷазода Манучеҳра Солеҳ, дотсент Муталлибов Розиқҷон ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент Кенҷаев Солеҳҷон бениҳоят калон аст.
Ҳамагӣ аз 8 кафедраҳо 80 маърӯза аз тарафи устодон шунида шуд. Аз тарафи донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгорон бошад, 64 маърӯза муаррифӣ карда шуда, беҳтарини онҳо муайян карда шуданд.
Ҳамчунин ба истиқболи 90 – солагии куҳантарин таълимгоҳ – Коллеҷи омӯзгорӣ корҳои зиёде ба нақша гирифта шудааст ва ҳамарӯза дар амал татбиқ шуда истодааст. Аз ҷумлаи тадбирҳои пешгирифтаи бахши илми коллеҷ аз нашр баровардани як силсила китобҳо мебошад. Маҷмӯаи мақолаҳои илмии омӯзгорон, ки таҳти унвони “Найистони маърифат” (қисми 1-2-3) ва “Найистони маърифат” ( “Қомус”) (маводҳо оид ба таърихи 90-соли ин макони маърифат ) чоп шудааст.
Инчунин якчанд китобҳои ҷашнӣ ҳамчун армуғон ба 90-солагии Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров рӯи чоп омаданд. Ба монанди “Лексикаи сарулибос дар забони тоҷикӣ” Муаллиф: н.и.ф, дотсент Ҳалимова М., “Сайри дунёву ҳунар” Мураттибон: Кенҷаев С., Абдуллоева Р., “Сайргоҳи домони биҳиштӣ” Муаллиф: Фаттоев Ҳ., “Бонуи олами маърифат” муаллиф: Ҷалилова Т., “Каъбаи дил” Муаллиф: н.и.ф, дотсент Кенҷазода М.С.
Қобили тазаккур аст, ки дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои тахассусӣ Муталлибов Розиқҷон сазовори дипломи «Олими сол» гардид.
Ҳамзамон, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Раҳматов Ҷаъфар Зарифҷонович, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси биология Эргашева Шоиста Сафарбоевна ба гирифтани Стипендияи раиси вилояти Суғд ва донишҷӯи курси якуми ихтисоси забон ва адабиёти рус Насриддинова Нодирахон Акбарҷоновна ба Стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд сазовор гардиданд.

Таклифу дархостҳо
Бо мақсади беҳдошти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (самти омӯзгорӣ) дастрас гардидани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зерин зарурият дорад:
1.Беҳтар мешуд, агар Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ масъалаи дар донишгоҳҳои олӣ мувофиқи ихтисос идома додани таҳсили хатмкардагони коллеҷи омӯзгориро коркард намоянд ва толибилмон таҳсилро дар муассисаҳои олии касбӣ аз курси чорум идома диҳанд, зеро хатмкардагони коллеҷҳо ҳамон маводеро омӯхтаанд, ки дар курси сеюми ғоибонаи таҳсилоти олӣ таълим дода мешавад.
2. Мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо барои ба кор қабул кардани хатмкардагони коллеҷи омӯзгорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва дар асоси озмун бо кор таъмин намоянд.
3. Коллеҷҳои омӯзгорӣ бо адабиёти илмӣ, методӣ ва бадеӣ бештар таъмин карда шаванд, чунки нархи китобҳо гарон буда, харидорӣ кардани онҳо ба буҷаи коллеҷҳо мувофиқат намекунад.
4. Аз Вазорати маориф ва илми ҶТ дархост мешавад, ки барои ба омӯзгорони бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда ва ё ба онҳое, ки ба дифои рисолаашон муваффақ шудаанд имтиёзҳо муқаррар намояд.

«МТЖТ»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь