Охири солҳои ҳафтодум духтарҳои нав донишгоҳҳоро хатмкарда, ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи фанҳо хеле зиёд ҷамъ омаданд. Институт бо омадани гулдухтарҳо боз бештар мешукуфт. Хусусан тоҷикдухтарҳои русзабон, ки донишгоҳҳои худамону Русияро нав хатм карда, омада буданд. Ба фикрам, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи фанҳо ба зиёд шудани кормандон ва робитаҳои адабӣ зиёдтар диққат додан мехостанд. Пештар ҳам шахсоне буданд, ки ба ин масъала аз аввал майдонро холӣ нагузошта, ҳамеша пайгирона кӯшида, масъалаҳои калон-калон ба миён мегузоштанд. Масалан, устод Муҳаммадҷони Шакурӣ, мудири шуъбаи адабиёти муосир дар Солонаҳои устод Айнӣ қариб ҳамеша маърӯзагаронро ба ҷуз мардуми худӣ аввал аз Маскав, Санкт-Петербург, ҷумҳуриҳои Қафқозу Осиёи Марказӣ, гоҳ Назди Балтика интихоб менамуданд, ки аз робитаҳои эҷодиёти устод Айнӣ ва дигар халқу миллатҳо баҳс кунанд. Аз худамон шахсони масъалаҳои робитаҳои адабиро ҳалкунанда Раҳим Ҳошим, Лариса Николаевна Демидчик, худи устод Шакурӣ, Абдулқодир Маниёзов, Валӣ Самад, Ҳамроқул Шодиқулов., Закия Муллоҷонова буданд. Даҳаю ҳафтаҳои адабии нависандагони Русия, Тоҷикистон ва дигар халқҳои бародар доир мегардиданд. Ҳамин хел, таърихи адабиёти сермиллати Иттиҳоди Шӯравӣ навишта мешуд. Яъне дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам низоми умумии адабиёти ҷаҳон ҷой дошт ва тоҷикон робитаҳои адабиро дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон ҳал менамуданд. Дар робитаҳои адабӣ шуғли бештар аз Раҳим Ҳошим ва Валӣ Самад буда, баъд ин мавзуъ дар раҳбарии устод Абдуқодир Маниёзов ва Ҳамроқул Шодиқулов вусъат пайдо карда, доираи васеи халқу миллатҳо- русу озар, гурҷиву арман, ӯзбеку туркман, украин, ҳатто то Назди Балтикаро фаро мегирифт.

Бисёре аз духтарҳои навомада ба шуъбаи робитаҳои адабӣ шомил шуданд. Дар он миён Гулсифат Шаҳидӣ, Мақсуда Холова, Рафоат, Замира Раҳмонова, Фирӯза Сатторова ва Раъно Асрорӣ бо ҳусн ва донишу ҳунари худ чашмрас фаъолият доштанд. Лекин аз он миён Гулсифат Шаҳидӣ бо қувваю қобилияти худ аз ҳамаи дигар ҳамҷинсони худ фарқ менамуд. Вай дар муддати кӯтоҳи дар Институт кор карданаш оид ба робитаҳои адабиёти русу тоҷик рисолаи номзадӣ ва як рисолаи дигар навишта ба итмом расонд. Аз ҷавонписарҳо Абдувалӣ Давронов, Зафар Раҳмонов, Аъзам Худойдодов, Бахтиёр Раҳмонов ҳамчунин асарҳои намоён ба майдон гузоштанд. Лекин агар Гулсифат Шаҳидӣ баъди 15 сол дар Институт боз фаъолияташро давом медод, бо чунин қувваю қобилият ва кӯшишҳои бузурги доштааш кайҳо доктори илм ва узви АМИТ интихоб мешуд. Ӯро зиндагию фарзанднигаҳдорӣ ва пеш аз ҳама ба нигоҳубини оҳангсози машҳури ҷаҳонӣ Толибхон Шаҳидӣ машғул шуда, тамоми сайёраро давр зада гаштан кам шароит ба вуҷуд овард, ки дар як ҷо нишаста, кори илмии таҳқиқотӣ нависад. Лекин бо вуҷуди ин ӯ, хушбахтона, имкон ба вуҷуд овардааст, ки бо бисёр шахсони рӯйи ҷаҳон аз наздик шинос шуда, фикру андешаҳои онҳоро ба инобат гирифта, дар навиштани асарҳои бадеӣ, публисистика ва таҳқиқоти илмӣ қувваи қалам санҷида, яке аз шахсони муътабари ҷаҳонӣ гардад. Гулсифат бо асарҳои бадеии худ бо нишони тиллоии “Кабӯтари сулҳ” муваффақ шудааст. Воқеан, ӯ кабӯтари сулҳ аст, дар миёни мардуми ҷаҳон бо сухани худ ва бо асарҳояш тухми сулҳу сафо ва бахту саодат мекорад.

Гулсифат якуми январи соли 1955 дар Санкт-Петербург, он ҷо ки падару модар таҳсил ва зиндагонӣ менамуданд, таваллуд шудааст. Вай ҳанӯз дар синни мактабӣ китобҳои зиёди бадеӣ хонда, шавқи нависанда шудан дар дил мепарварид. Бинобар ин, ҳам факултаи рӯзноманигориро хатм карда,  китобҳои адабиёти ҷаҳонии 200-ҷилдаро азбар намудааст. Барои равону зебо гардидани нутқи хаттию шифоҳӣ аввал ба рӯзномаи русии “Ҷавонони Тоҷикистон” ба кор омад, Баъд дар бахши садою симо, шуъбаи “Мир” ҳамчун сардабир фаъолият кард. Ӯ ҳамин тавр, худро дар навиштан ва дар сухани шифоҳӣ обутоб медод.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хонаашонро ғорат карданд, сипас ӯ ҳамроҳи фарзандону ҳамсари худ ба Маскав, кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба парвоз даромад. Ҳар куҷо, ки оҳангсоз Толибхон Шаҳидӣ ба сафар барояд, ӯ низ ҳамроҳ бо фарзандони худ азми сафар менамуд. Вай дар чунин шароит ғайр аз нигоҳубини ҳамсару фарзандон худро ба навиштани асарҳои бадеӣ меозмуд. Ҳикояву очерк, қиссаву афсона ва ниҳоят романҳое навиштааст, ки хеле хурд буда, ба завқи имрӯзии хонандагони ҷаҳон мувофиқ навишта шудаанд. Тибқи мулоҳизаҳои худи ӯ, вай осори Чеховро зиёд хонда, мисли вай дар шакли кӯтоҳ мазмунҳои баланду ифодаҳои зиёд баён кардан мехоҳад. Вай инчунин дар асарҳои бадеӣ образу персонажҳоро аз халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон интихоб менамояд. Аз ин рӯ, қаҳрамонони асарҳои бадеии ӯ ба ҷуз тоҷикон аз тамоми мардумони дунё  интихоб шудаанд. Нависанда вақте, ки дар миёни халқу миллатҳои гуногун зиндагӣ, эҷод ва аз рӯйи имкон сайри дунё менамояд, хоҳу нохоҳ таъсир аз онҳо зиёд мерасад. Ин адиб 16  китоби бадеӣ навишта, ба қатори адибони ҷаҳонӣ дохил шудааст. Сабку услуби эҷодиёташ равону сода ва самимист. Образҳо ва баъзе масъалаҳоро гоҳ аз хонадони худ, ҳамсояву ҳампешагон, шахсони иродатманд интихоб менамояд. Дар мавридҳои зарурӣ аз классикон ва хусусан шоирони муосире ҳамчун М.Турсунзода, М.Миршакар, Б.Раҳимзода ва дигарон намунаҳо меорад. Асарҳояш бештар ба ёди занону духтарон ва модарони ҷаҳон, тақдири бади баъзе наслҳо навишта шуда, оҳанги публисистӣ зиёд доранд. Гулсифат ҳамсояаш, устоди сухан Мирзо Турсунзодаро бисёр дӯст медошт ва ҳамчун падар эҳтиром менамуд. Аз ин рӯ, мулоҳизаҳояш сар то по бо мардуми ҷаҳон пайвандӣ доранд.

Гулсифат Шаҳидӣ олими соҳибистеъдоди нақди адабӣ ва адабиётшиносист. Ӯ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар мавзуи “Иртиботи адабиёти тоҷикӣ ва русии даҳаи дувуму савуми қарни  ХХ” дар раҳбарии устод Абдуқодир Маниёзов рисолаи илмӣ дифоъ кардааст. Дар навиштани асарҳои робитаҳои адабӣ мақому манзалати хуб дорад. Кӯшишу ғайраташ устодонро низ ба ҳайрат меовард. Зеро ба ҷуз маводи дар даст дошта, инчунин аз мутахассисон В.Шкловский, Раҳим Ҳошим, Ғанӣ Абдулло ва дигар шахсони соҳибкасб васеъ истифода мекард, бисёр масъалаҳои душвори сиёсиву иҷтимоиро низ пурсида мегирифт. Аз воситаҳои техникӣ истифода менамуд.

Хусусияти муҳими эҷодиёти илмии Гулсифат аз он иборат аст, ки вай дар кори робитаи адабӣ аз соли 1868, аз он замон ки Туркистон дар ҳайати Русияи подшоҳӣ гузашт, муносибатҳои илмиву адабиро пайгирона таҳқиқ менамояд. Муаллиф аз маводи китобхонаҳои Маскав, хусусан Салтиков Шедрини Санкт-Петербург, аз манбаъҳои илмӣ, чангу ғубор натарсида, хуб истифода менамояд, ки кор ба хонандагон маъқул ва ба дараҷаҳои баланд навишта шавад. Мусанниф аз манбаъҳои сиёсию таърихии осори В.Бартолд, А.А.Знаменский. М.С.Андреев, А.Семёнов ва мисли инҳо, ки ҳамчунин дар ташаккули илму адабиёт ва фарҳанг шоиста хидмат кардаанд, васеъ корбар мешавад. Вай, ҳамин тавр, дар асарҳои худ таърихи робитаҳои адабиро аз оғози муносибатҳои илмиву фарҳангии русу тоҷик то солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мукаммал ба таҳқиқ гирифтааст.

Муҳаққиқ эҷодиёти Борис Лапин, Сергей Бородин, Бруно Ясенский, Павел Лукнитскийро якояк мавриди таҳқиқ қарор додааст, ки онҳо аз аввали солҳои сӣ бо бригадаҳои нависандагони рус ба Сталинобод(имрӯза шаҳри Душанбе) омада, ҳамчун бародарони тоҷик ба меҳнату мубориза гузашта, дар бораи ин мардум асарҳои шоистаи адабӣ навиштаанд.

Муҳимтарин масъалаи адабиёти солҳои сивум Анҷумани адибони шӯравӣ  буд, ки соли 1934 бо раҳбарии А.М.Горкий гузаронда шуд. Ба ин муносибат ба Тоҷикистон В.Шкловский Б.Лапин, З.Хатсревин, В.Луговской, Б.Ясенский ташриф оварда, то охири умр дӯстони ҷонии адибони тоҷик гардида буданд. Муаллиф дар бораи эҷодиёти онҳо махсус ба мулоҳиза гузашта, ҳамчун очеркҳои алоҳида ба таҳқиқ мерасонад. Муносибати адабии шоири инқилобӣ ва драматург Вс.Вишневский бо Ғ.Абдулло, дӯстию бародарии Бруно Ясенский бо устоди сухан Лоҳутӣ, Миршакар ва Ғ.Абдулло зимни таҳлили асарҳо хуб нишон дода шудааст. Дар рисола баъзе  лаҳзаҳои бисёр тазйиқовар низ дида мешаванд. Масалан, соли 1937 Бруно Ясенскийро вақти ба маҳкама кашидан ӯ ба ҳамсараш Анна Берзин мизи кориашро медиҳад, ки ба Лоҳутӣ бурда расонад, вай дар набудани ӯ беҳтарин асарҳои инқилобиашро рӯйи ин мизи корӣ нависад.

Гулсифат дар рисолаи дигари худ аз ҳаёти Василий Андреевич Жуковский ва фаъолияти адабиаш сухан ронда, ӯро аз шахсиятҳои муҳтарами робитаҳои адабӣ медонад. Ба фикри ӯ, вай аз аввал ба масъалаҳои Шарқ зиёд рағбат намуда, бисёр асарҳоро аз забонҳои англисию немисӣ ва фаронсавӣ ба хонандагони рус тақдим кардааст. Муаллиф Жуковскийро дар пайдо омадани шоири зӯрманде мисли Пушкин саҳмгузор медонад. Жуковский агар намешуд, -навиштааст муаллиф,-Пушкин ба вуҷуд намеомад. Худи Пушкин низ иқрор шудааст, ки Жуковский барояш дӯст ва устоди муҳтарам мебошад. Мулоҳизаҳои Белинскийро ба исбот меорад, ки Жуковский дар рус нахустин шоире мебошад, ки ашъораш аз зарурати замон ва ҳаёт ҷӯшида баромадааст.

Муаллифи асар дар бораи хонадони шоир нақл карда гуфтааст: падараш Бунин заминдор, модараш аз аҳли турк, номаш Солеҳа аст, ки дар вақтҳои зарурӣ ба писараш афсонаҳои шарқ нақл карда, ҳавасашро ба ин мавзуъ афзудааст. Ҷавон дар тарбияи дворянини қашшоқ Жукоский ва бародарон Тургеневҳо монда, қалами эҷодиёташро пурзӯр менамояд. Ва дар натиҷа яке аз аввалин шоирони рус тарбия меёбад, вай аз дунёи дили инсон ба мулоҳиза медарояд. Пушкин низ ба қароре омадааст, ки  ҳеҷ касе дар замонаш бо ӯ баробар шуда наметавонист. Пушкин устодашро фариштаи нигаҳбони худ медонист. Қуллиёти осори бисёрҷилдааш дар замони зиндагонии ӯ панҷ  маротиба ба нашр расидааст.

Ба мулоҳизаи ин муҳаққиқ, суруду баллада асоси эҷодиёти ӯро ташкил менамоянд, вай эҳёкардаи романтизм дар адабиёт низ будааст.  Жуковский пас аз чоп шудани “Руслан ва Людмила” аз навиштаҳои шогирди худ мафтун шуда, ӯро аҳсанту офарин хондааст.

Хулоса, Гулсифат Шаҳидӣ ҳоло ҳамчун нависанда, муҳаққиқ, публисист дар миқёси ҷаҳон шуҳрат дорад, вай узви адибони Русия ва байналмилалии Аврупо мебошад, бо ҷоизаҳои адабиву илмии Русияву Англия қадр шудааст. Ин бахти бузург ва саодати беназирест, ки як узви Институти мо пас аз 15 соли фаъолияти худ рӯйи ҷаҳон гашта, ба муваффақиятҳои калони илмию адабӣ мушарраф шудааст. Ӯ соҳиби 16 китоб, ду осори мунтахаб ва дигар навиштаҳо мебошад,  бо меҳнати бисёрсолаи худ дар 15 шаҳрҳои бузурги ҷаҳон Лондон, Москва, Ню-Йорк, Вашингтон, Стокголм, Тел-Авив, Кембриҷ, Минск, Калиниград, Суворов, Душанбе, Брюссел, Нурсултон, Тошканду Самарқанд иштирок карда, ба унвонҳои “Адиби сол”, соҳибҷоизаҳои миллати Рус, нишони тиллоии “Кабӯтари сулҳ”, беҳтарин мунаққид дар форуми байналмилалии Брюссел шинохта шуда, ду дафъа ҷоизаи адабии Лондонро соҳиб шудааст, академики Академияи байналмилалии инкишофи адабиёт ва санъат, соҳибҷоизаҳои ифтихории муносибати шахсӣ ва ҳамраъии адабӣ дар Аврупо, ҷоизаи тиллоии Евразия мебошад. Ин қадар навиштан ва ба чунин мукофотҳои олӣ соҳиб шудан кори осон намебошад…

Шоҳзамон РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь