Чанде пеш дар саҳифаи фесбукии Сайёфи Мизроб аксеро аз сафари Маккутуллоҳ гирифтааш бо навиштаҷоти “Дахли моҳи Шарифи Рамазон бар зиндагонии Инсонҳо ҳумоюн бод! Мо Метавонем!!!

Эй бағафлатхуфтагон, нури назар сомон кунед,

Ҳақшиносиро чароғи дидаи имон кунед.

Аз тавофи хона гар мақсуд соҳибхона нест,

Сар ба деворе занеду Каъбаҳо вайрон кунед.

Муддаъо ин аст, кэй бедонишони ҷаҳлкеш,

Дида бикшоеду тавфи ҳазрати Инсон кунед!”- хондаму ҳамзамон гуфтам: Эшону Ҳоҷие агар бошад, мисли Сайёфи Мизроб бошад. Ӯро чанд сол боз мешиносам (албатта, ки аз дур) ва тамоми навиштаҳояшро пайгирӣ ҳам мекунам. Мардест, ки бохабар аз тамоми ҳаводиси рӯз, кашмакашҳои динию мазҳабию сиёсӣ, китобҳои осмонию заминӣ, таърихи гузаштаи хеш ва дигар халқияту миллатҳо инчунин донанда ва таҳлилкунандае аз ашъорҳои Саъдию Ҳофизу Бедилу Мавлоною Камолу дигару дигарҳо. Дар ҳар мавриде, ки лозим ояд беҳтарин суханҳоро аз хондаҳо, дидаҳо, таҳлилҳо ва таҷрибаи ғании доштааш хоҳанд гуфт. Ҳатто дар ибрози бисёре аз суханҳову пешниҳодҳои дандоншикан ҷуръати қавӣ дорад. Агар факт мехоҳед, марҳамат, ба саҳифаи эшон сар занед ва ё ҳафтаномаи мардумии СССР-ро ба даст гиреду хонед!.. Кош, чун Ӯ журналисти қавииродаю шуҷоъ, зиёиву донандаи дипломатияи хуб, гӯяндае аз барои созандагиҳо ва мусалмони мутлақ 10-тои дигар медоштем, ки роҳнамои хубе аз барои журналистикаи насли имрӯзи соҳибистиқлол мебуданд, ало рағми чанде аз бадхоҳону кӯрони модарзодии худиву бегона…

Шарифхӯҷаи Наҷмиддин, барои ҳафтаномаи Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь