Ҳарчанд аввалин нишона ва унсурҳои театри анъанавӣ ва драмаи шифоҳии халқи тоҷик аз давраи бостонӣ сарчашма гирифта ва фаъолияти театри аврупоишакли тоҷик аз соли 1929 оғоз гардида бошад  ҳам, кӯшишҳои нахустини нисбӣ барои таҳқиқи таърихи он фақат дар охири солҳои 30 ва ибтидои солҳои 40-и асри ХХ, он ҳам аз ҷониби муҳаққиқони ғайритоҷик сурат гирифтааст. Иллати ба таври касбӣ ва амиқ  нақд нашудани театри тоҷик дар он солҳо набудани театршиносон ва мусиқишиносони ватанӣ маънидод мешавад.

Чи тавре, ки дар боло ишора кардем, тақриз ва нақди намоишномаҳои театрии ҷумҳуриро театршиносон ва мусиқишиносони русиягӣ анҷом медоданд ва навиштаҳои онҳо аввалин маҷмуаҳои хурди санъати театршиносии тоҷикро ташкил дода буд.

Нахустин асари таҳқиқӣ доир ба таърихи театри миллии тоҷикон рисолаи номзадии аспиранти шуъбаи ленинградии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Низом Ҳабибуллоевич Нурҷонов дар мавзуи «Решаҳои театри мардумии тоҷикон (Дар асоси маводи вилояти Кӯлоб)» мебошад, ки онро соли 1951 таълиф ва дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербурги Федератсияи Русия) ҳимоя кардааст. Рисолаи мазкур соли 1956 бо номи «Театри мардумии тоҷик: бар асоси маводи вилоят Кӯлоб» ба забони русӣ дар шакли китоб нашр шудааст. Аз ин бармеояд, ки Низом Нурҷонов аввалин олим дар арсаи илми санъатшиносӣ, ба вижа театршиносии тоҷик маҳсуб ёфта, тавонистааст мактаби илмии театшиносии тоҷикро поягузорӣ намояд.

Якуми августи соли 1953 бо ташаббуси Низом Нурҷонов ва дастгирии директори вақти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон академик А. А. Семёнов Шуъбаи таърихи санъат таъсис ёфт, ки роҳбарии онро Н. Нурҷонов ба зимма гирифт.

Н. Нурҷонов 35 сол ин шуъбаро роҳбарӣ карда, сафи санъатшиносони ватаниро аз 3 нафар ба 25 нафар расонидааст. Бо талошу сарварии Н. Нурҷонов дар он давра Шуъбаи таърихи санъат ба маркази илмии театршиносӣ бадал гардида буд. Мутахассисони касбии соҳаи театршиносӣ М. Шарофов, М. Эркабоев, Б. Хуррамова ва М. Табаров, ки аз шогирдони мактаби театршиносии устод Низом Нурҷонов буданд, ба пажуҳиши масъалаҳои муҳиму норӯшани театри тоҷик пардохтанд. Таърихи пайдоиш ва назарияи санъати театри миллӣ, драматургияи миллӣ, хореографияи миллӣ, мактаби актёрии миллӣ ва дигар паҳлуҳои санъати театрии миллӣ таҳқиқ шуда, солномаи рушди санъати театри миллати тоҷик аз асрҳои миёна то замони мо омода ва нашр гардид. Ҳамчунин, бо роҳбарии Низом Нурҷонов театршиносони миллӣ – М. Шарофов дар мавзуи “Мазҳака дар саҳнаи тоҷик”, Б. Хуррамова дар мавзуи “Саҳна ва чеҳраҳои таърихӣ” ва М. Табаров дар мавзуи “Театр ва истиқлолият” рисолаҳои илмӣ пажуҳиш кардаву ба нашр расондаанд.

Зимни ошноӣ бо фаъолияти корӣ ва осори илмии Низом Нурҷонов метавон ин нуктаро дарёфт, ки пажуҳишҳояш гуногунҷабҳа буда, ба бахшҳои муҳими таърихи фарҳангу ҳунар, аз ҷумла, мардумшиносӣ, фолклоршиносӣ, мусиқишиносӣ ва бахусус театршиносӣ равона гардидааст. Олимони ин ришта ва ғайр роҷеъ ба осору таҳқиқи Н. Нурҷонов мақолаҳои илмиву оммавӣ навишта, хидматҳои устодро дар илми санъатшиносии миллӣ муассир ва барҷаста арёбӣ кардаанд, ки ин худ шаҳодат бар он медиҳад, устод Н. Нурҷонов дар таҳқиқу баррасии санъатишиносии миллӣ нақши бориз гузоштааст.

Пас аз таълиф ва нашри рисолаи номзадиаш низ дар асоси далелу ҳуҷҷатҳои то он замон барои доираи пажуҳишгарони соҳа номаъруфу норавшан, ки Н. Нурҷонов худ ковиш ва пайдо намудааст, ба таҳқиқи пайдоиши театр ва драматургияи тоҷик мепардозад. Низом Нурҷонов дар рисолаи доктории худ – «Таърихи театри шӯравии тоҷик (1917-1941)» таъкид мекунад: «Тавсифи (очерки) муттасил ва муфассали ташаккули театри миллӣ, чунонки аллакай дар дигар ҷумҳуриҳо (-и собиқ Шӯравӣ – Р. У.) сурат гирифтааст, то кунун (соли 1967 – Р. У.) дар ҷумҳурии мо вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, муаллиф дар назди худ ҳадаф гузошт, ки таърихи театри шӯравии тоҷикро комилан пажуҳишу эҷод кунад…».

Ҳамин тариқ, осори таҳқиқиву таърихии устод Нурҷонов доир ба театри миллӣ – «Дар олами балет» (1975), «Муҳаммадҷон Қосимов» (1978; 2007), «История таджикского совесткого театра (1917-1941гг.)» (1967), «Таджикский театр» (1968), «Аслӣ Бурҳонов» (1982), «Малика Собирова» (2001), «Театральная и музыкальная жизнь столицы государства Саманидов (Х1Х-ХХвв.)» (2001), «Традиционный театр таджиков» (2002, дар ду ҷилд), «София Тӯйбоева» (2007), «Олами беканори рақси тоҷик» (2004), «Ҳоҷиқул Раҳматуллоев» (2005), «Ҳошим Гадоев» (2007), «Маҳмудҷон Воҳидов» (2009), «Фаррух Қосимов» (2009), «Ато Муҳаммадҷонов» (2010) ва ғайра пай дар пай нашр ва ба хазинаи илми театршиносии миллӣ ворид шуда, торикиҳои таърихи фарҳангу ҳунари тоҷиконро ҳамчун машъал барои наслҳои имрӯзу фардо равшан менамояд.

Дар пешгуфтори китоби «Драмаи халқии тоҷик», ки матни 102 драмаи халқи тоҷикро дарбар гирифтааст, Низом Нурҷонов таъкид мекунад, ки «дар матбуоти даврӣ ва ҳатто асарҳои илмӣ ҳанӯз ҳам баъзан ақидаҳое баён мегардад, ки театри тоҷикон гӯё баъди инқилоб ба вуҷуд омадааст. Ин фикр, агар манзури баёнгарони он театри аврупоишакл бошад, дуруст аст. Театр намуду шаклҳои гуногун дорад ва истилоҳи “театр” низ маънии васеъро шомил аст. Бинобар ин, фикре, ки дар сарзамини тоҷикон то инқилоб умуман вуҷуд надоштани театрро талқин мекунад, ҳақиқат надорад. Тоҷикон аз давраи бостонӣ соҳиби театри анъанавӣ ва драмаи даҳанакии халқӣ будаанд». Гумон меравад, Низом Нурҷонов асари дуҷилдаи “Театри суннатии тоҷикон”-ро (бо забони русӣ) барои исботи он ки “театри тоҷикон баъди инқилоб ба вуҷуд наомадааст”, нашр кард (соли 2002), ки истидлоли муҳкаме дар ростои даъвогарони ин андеша аст.

Китоби мазкур ҳосили пажуҳишҳои сисолаи Низом Нурҷонов буда, маводи он дар натиҷаи сафари деҳа ба деҳаи муаллиф дар шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст. Низом Нурҷонов дар китоби ”Мактаби актёрии тоҷик” таъкид мекунад, ки дар ҷашну маросим, бозиву рақсҳои халқӣ унсурҳои театрро мушоҳида ва дарёфт карда, онро гуруҳбандӣ намудан, таҳқиқи раванди аз дастаҳои ҳаваскор ба дастаҳои касбӣ табдил ёфтани гуруҳҳои ҳунарӣ ва дигар мавод ба ӯ имкон доданд, то таърихи театри суннатии тоҷиконро ба тартиб дарорад ва решаҳои таърихиву сарчашмаҳои онро муайян намояд. Н. Нурҷонов дар мавриди истилоҳи “театри суннатӣ” зикр мекунад, ки “мафҳуми театри суннатӣ дар асоси заҳмати даҳсолаи муаллифи ин асар ба миён омад…”.

Муҳимияти осори Н. Нурҷонов ба қавли олими ватанӣ Р. Раҳмонӣ дар он аст, ки ӯ “санадҳои шифоҳии аз байни мардум гирдовардаро бар асоси далелҳои бостоншиносӣ ва таърихӣ таъйид менамоянд”.

Дар китоби дуҷилдаи “Театри суннатии тоҷикон”, ки дар маҷмуъ беш аз 700 саҳифаро дарбар мегирад, таърихи пайдоиш, инкишоф ва бахшҳои гуногуни намоишҳои мардумӣ бо мисолҳои равшан баён гардидааст. Дар ҷилди аввали китоби мазкур оид ба ҷашнҳои солинавӣ: “Гулгардонӣ”, “Наврӯз”, “Сайли лола”, маросими мусулмонӣ ва хонаводагӣ, мусобиқаҳои варзишӣ: гуштин, бузкашӣ, пиёдакашак, лаглагбозӣ, чавгонбозӣ, сараспа ва ғайра, инчунин, бозиҳои хусусияти театридошта, аз қабили алмастибозӣ, девбозӣ, аҷинабозӣ, шайтонбозӣ, шербозӣ, гургбозӣ, сағирбозӣ, оҳубозӣ, сагу пишак ва бедонабозӣ  маълумоти муфассал дода шудааст. Дар боби чоруми ҷилди якум, ки “Театри рақс” ном дорад, муаллиф дар бораи жанр ва навъҳои рақс, амсоли рақси мардонаву занона, рақс бо ашёи гуногун ва дигар навъҳои он маълумот дода, исбот мекунад, ки рақси тоҷикон таърихи хеле қадимӣ дорад.

Пажуҳишгар  Равшан Раҳмонӣ оид ба нақши Низом Нурҷонов дар эҳё кардани таърихи театри миллӣ менависад: «…Барои маъруф кардани театри мардумии тоҷик заҳмати Н. Нурҷонов беназир аст. …Ӯ дар мақолаҳо, суханрониҳо ва китобҳои дигари худ ба таври муфассал ҳар он чизеро, ки дар байни мардум, оид ба театри мардумӣ, сарояндагӣ, рақс, масхарабозӣ, ҷамъомадҳои мардону занон, ки дар онҳо аз ҳунарҳои мардумӣ истифода мешавад, маросим, расму оинҳо, ки хусусияти театрӣ доранд, ба таври мунтазам менависад».

Воқеан ҳам, Низом Нурҷонов то охирин рӯзҳои умраш дар пайи пажӯҳишу таҳқиқ ва эҳёи таърихи фаарҳанг, ҳунар ва театри миллӣ буда, чунонки худ дар як мусоҳиба ишора кардааст, ҳамчун олим бо виҷдони пок ва бисёр покиза кор карда, ҳамеша ҳақиқатро гуфтааст ва номи худро дар таърихи илми театршиносии миллӣ ба ҳайси аввалин театршинос ва эҳёкунандаи таърихи театри миллӣ ҷовидона сабт кардааст.

Адабиёт:

  1. Н. Нурҷонов. Драмаи халқи тоҷик, Душанбе: Дониш, 1985, 280 саҳ.
  2. Н. Нурҷонов. Мактаби актёрии тоҷик, Душанбе, матбааи “Мега Басым» /Туркия/, 2011, 496 саҳ.
  3. Н. Х. Нурджанов. История таджикского советского театра (1917-1941гг.), Душанбе: Дониш, 1967, …. саҳ.
  4. Низам Нурджанов. Традиционный театр таджиков, в двух томах, Душанбе, Дизайн-студия «Мир Путешествий», том 1,372 саҳ., том 2,330 саҳ.
  5. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, Душанбе, 1989, ҷ.2.
  6. Энсиклопедияи советии тоҷик, Душанбе, 1984, ҷ.5.
  7. Pressa.tj. “Низом Нурҷонов: Академик нашудам, аз паси мукофот надавидам, фақат кор кардам” (мусоҳиба). 06.06.2022

8.https://www.bbc.com/tajik/news/2013/12/131217_sq_rr_nurjonov_anniversary_theatre

Р. УМАР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь