Чаро  баъди пош хӯрдани Ҳукумати Шуравӣ ва таъсиси ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба таърихи тоҷик дар филмҳои тоҷикӣ коҳиш ёфтаааст?

Баъд аз инқилоби Октябр ва таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати замонависозӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ  оғоз ёфт. Марказҳои тиббии замонавӣ ташкил ёфтанд, китобхонаҳои замонавӣ, низоми бонкдории замонавӣ, мактабҳову донишкадаҳои замонавӣ, кино ва ғ. Мафҳуми нави ҷаҳонишавӣ дар зеҳни миллату давлат ба вуҷуд омад. Ҳарчанд раванди замонависозӣ дар Осиёи Марказӣ ба таври васеъ (муборизаҳои озодихоҳӣ ва динӣ мавҷуд буд) пеш намерафт, аммо бо гузашти вақт вазъ беҳтар шуда, пешравиҳои назаррас дида шуданд.

Хусусан ба санъати кино диққати баланд дода мешуд. Масалан, соли 1930 “Тоҷиккино” (ки баъдан номи Тоҷикфилмро гирифт) таъсис дода шуд.  Ин киностутия ба намоиши филмҳои таърихию бадеӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.  Бинобар ин, метавон гуфт, ки дар замони Шӯравӣ кинои тоҷик хеле тараққӣ карда буд. Сенариянависон кӯшиш ба харҷ медоданд, ки  як чизи наверо эҷод карда ба мардум пешниҳод кунанд. Филмҳои масхарабозонаву дур аз хирад ба навор гирифта намешуданд. Кӯшиш ба харҷ медоданд, ки дар филмҳо таърихи миллат, фарҳанги воло, ахлоқи ҳамидаи инсониро ба намоиш гузоранд, ки дар тарбияи насли наврас дар партави хештаншиносӣ саҳми бориз мегузошт. Ба навор гирифтану намоиш додани филмҳои  “Дохунда”, “Ҳасани аробакаш”,  “Қисмати Шоир”, “Коваи Оҳангар” соли 1961, “Достони Рустам” соли 1970, “Рустам ва Сӯҳроб” 1971, “Достони Сиёвуш” 1976 далели гуфтаҳои болоянд, ки барои шиносоии мардум  ба таърихи гузаштаи  миллат саҳми арзанда мегузоштанд. Дар ин филмҳо натанҳо гузаштаи тоҷик, балки ҷойҳои таърихии Тоҷикистон низ ба навор гирифта шуда, намоиш дода мешуданд, ки барои рушди туризми дохилию хориҷӣ саҳми назаррас мегузоштанд. Мисоли Чилдухтарон ва Қалъаи Ҳисор. Тамошобин ба воситаи тамошои филм ҳам дар бораи гузашта ва ҳам дар бораи ҷойҳои таърихии кишвар маълумот мегирифт. Ҳамин омилҳо сабаб шуданд, кинои тоҷик рушд кунаду тамошобинони зиёдро ба худ ҷалб.

Ҳунармандон ва киносозони тоҷик шӯҳрати ҷаҳониро пайдо карданд. Филмҳои тоҷик бошад, дар кинофестивалҳои ҷаҳонӣ  ба намоиш гузошта шуда ҷоизаҳои байналмилалиро соҳиб мешуданд. Хуллас, гуфта метавон, ки кинои тоҷик дар замони Шӯравӣ то андозае вазифаи худро сарбаландона иҷро кард.

Аммо баъди соҳибистиқлол шудани кишвар кинои тоҷикро бӯҳрони иқтисодӣ фаро гирифт. Баъди ба даст овардани истиқлол таваҷҷӯҳ ба филмҳои таърихӣ ками дар кам шуд. Қариб ки аз асарҳои классик филмҳо ба навор гирифта намешаванд. Дар ҳоле ки дилхоҳ шахс имрӯз тавваҷҷӯҳ ба филмҳои таърихӣ дорад.

Шояд имрӯз дар бораи Спитамен, Шерак, Абумуслими Хуросонӣ, Фазли Бармакӣ, Тоҳир ибни Ҳусейн, Яъқуб ибни Лайс, Темурмалик ва ғ. мардум кам дар кам маълумот дошта бошанд. Хусусан, диққати насли наврас ба китобу китобхонӣ коҳиш ёфтааст. Бинобар ин, мутолиа кардани китобҳои таърихӣ ва маълумот доштан дар бораи гузаштагони худро вазифаи асосии худ намешуморанд. Аммо аз дилхоҳ нафар бипурс: “Камоли турк кист, Туғрал кист? Эртоғрул кист? Шоҳ Сулаймон кист? Дар бораи 300 сарбози спарта маълумот доред (300 спартанцев)? Ва ё Ахилес, Одиссея ва ё касе аз қаҳрамонони беруна?”

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар бораи ҳамаашон маълумот медиҳанд. Аксари онҳо маълумотҳоро на аз китоб, балки аз филмҳо гирифтаанд. Пас, ин маънои онро дорад, ки давлатҳои хориҷа тавонистанд таъриху фарҳангӣ худро тариқи филмҳо ба ҷаҳон шинос намоянд. Аммо мо чӣ? Дуруст, ки дар замони Шуравӣ таваҷҷӯҳ ба филмҳои таърихию фарҳангӣ зиёд буд. Аммо дар замони соҳибистиқлол чӣ?

Магар вақти он нест, ки қаҳрамонони худро тариқи филмҳо ба худ ва ҷаҳониён муаррифӣ кунем? Магар вақти он нест, собит кунем, ки гузаштагони мо ва муборизаҳои онҳо аз дигарон ягон камӣ надоштанд? Магар вақти он нест, ки ба ҷои филмҳои фантастикӣ насли мо филмҳои таърихӣ тамошо карда, ба гузаштагони худ фахр карда дар ботини худ ҳисси озодипарастӣ, ғурури ватандорӣ ва хештаншиносиро бедор кунанд? Мо метавонем.

Муборизаи Спитамен аз 300 сарбози спарта ягон камӣ дорад? Темурмалик магар рамзи мубориза ва ҷоннисорӣ муқобили бегонагон нест? Пас чаро мо нотавонем? Магар аз чизе тарс дорем? Буҷет намерасад? Биёед даҳ филми бемазмунро нею ба ҷояш филми Спитаменро ба навор гиред? Он вақт хоҳед дид, ки чӣ гуна мардум қаҳрамонони худро мешиносанд.

Дар дилхоҳ хонавода филмҳоро оилавӣ тамошо мекунанд. Ҳатто дар қисмҳои ҳарбӣ низ. (Темурмалик ва 1000 сарбозӣ ӯ).

Бовар надоред. Филми Рустам ва Сӯҳроб ва ё Сиёвуш, Ибни Сино, Рӯдакӣ ва ё дигар филми таърихиро гузоред он вақт хоҳед дид, ки ҳама нишаста ба завқ тамошо мекунанд. Ҳатто дар кӯча ва бозорҳо низ ба ҷои қаҳрамонони турк достонҳои қаҳрамонони худро хоҳем шунид. Хоҳиш, биёед, як бор аз таҳти дил хизмат ба ин миллат кунем.  Мо ба ҳамаи Шумо бовар дорем ва умедворем, ки ҳатто соҳибкороне, ки сармояашон зиёд аст, барои ин филмҳо бешак ба қадри имкон маблағгузорӣ мекунанд. Зеро ин воқеан хизмат ба миллатест, ки таърихи куҳан дорад.

Саид Назаров

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here