«Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад, бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд».
Эмомалӣ РАҲМОН
Маълумоти умумӣ
Коллеҷи техникӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №49 аз 17-уми январи соли 1997 дар заминаи техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе таъсис ёфта, ба сифати муассисаи давлатии таълимии техникӣ фаъолият дорад. Баъдан бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 5-уми декабри соли 1997 техникуми индустриалии шаҳри Душанбе ва 1-уми октябри соли 2009 Коллеҷи политехникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ (собиқ политехникум) низ ба коллеҷи техникӣ ҳамроҳ карда шуданд. Коллеҷи техникӣ аз рӯйи сохтори тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми ҶТ фаъолият карда, иҷрои Стандартҳои давлатӣ ва нақшаҳои таълимиро таъмин менамояд. Айни замон дар вазифаи директори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Холматов Рустам Буранович фаъолият намуда истодааст.
Коллеҷи техникӣ дар давоми фаъолияти худ 4 маротиба аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузашта, ба стандартҳои муосири давлатии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷавобгӯ мебошад ва барои бозори меҳнат баҳри пешбурди хоҷагии халқи давлат ҳамасола дар ҳудуди то 1000 нафар мутахассис тайёр менамояд.
Дар коллеҷ фаъолияти таълимӣ аз рӯи ду шакл, яъне рӯзона ва ғоибона роҳандозӣ мешавад. Раванди таълим аз соли 2013 дар асоси талабот ва меъёрҳои низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Солҳои аввали таъсисёбӣ коллеҷ дорои 2 факултет, 3 кафедра ва 5 ихтисос буд. Ҳоло бошад, 5 факултет, 14 кафедра аз рӯи 48 ихтисос ва шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 10 ихтисос фаъолият доранд. Соли 2005 шумораи умумии донишҷӯён то 700 нафарро ташкил медод. Айни замон дар коллеҷи техникӣ зиёда аз 3955 нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Соли 2005 то 70 нафар омӯзгор фаъолият менамуданд. Ҳоло бошад, 308 нафар устодони соҳибтаҷриба ва унвондор, аз он ҷумла 30 нафар дотсент ва 3 нафар профессор ба таълиму тарбия машғуланд.
Қисми таълим
Қисми таълим яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими муассиса ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар самти банақшагирӣ ва раванди таълим, таҳлили натиҷаи сессияҳои санҷишӣ – имтиҳонотӣ ва дигар қисматҳои таълим дар асоси Низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаҳои намунавӣ оид ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ҳамчунин Оиномаи Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ба роҳ монда, фаъолияти таълимии кафедраҳо ва факултетҳоро ба танзим даровардаву пайваста назорат менамояд. Айни замон дар вазифаи муовини директор оид ба таълим Асроров Зокирҷон Мукаррамович фаъолият намуда истодааст.
Раванди таълим дар коллеҷи техникӣ дар ду зинаи таҳсилот – ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ роҳандозӣ шуда, баҳри баланд бардоштани сифати таълим дар коллеҷ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Айни замон дар коллеҷ 5 факултет (факултети энергетика ва техникаи тиббӣ, факултети муҳандисию иқтисодӣ, факултети сохтмон ва роҳсозӣ, факултети нақлиёт ва технология, факултети технологияи иттилоотӣ) ва 1 шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 1 шуъбаи таҳсилоти ғоибона, 14 кафедра аз рӯи 48 ихтисос фаъолият менамоянд.
Ҳадафи асосии фаъолияти самти таълим омода намудани мутахассисон дар самтҳои техникаю технология, баланд бардоштани омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, фаъол гардонидани маҳфилҳои илмии назди кафедраҳои тахассусӣ, ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ба муассисаи таълимӣ, такмил додани маҳорати омӯзгорон дар робита бо Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Вобаста ба ин раёсати таълим якчанд курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиширо дар дохили коллеҷ бо ҷалби мутахассисони ботаҷриба баҳри омӯзгорон ташкил намуда, аз ҷумла курси омӯзиши технологияи иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ ва маҳорати педагогӣ ва психологияро, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассиса самарабахш мебошанд, пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Дар коллеҷ аз ҷониби маъмурият ба ҳайати профессорӣ – омӯзгорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, ки омили асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола дар оғози соли таҳсил барои таъмини раванди самараноки таълиму тарбия дар коллеҷ омӯзгорони нав ба кор қабул карда мешаванд, ки ин низ аз таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандон ба муассисаи таълимӣ ба назар мерасад.
Дар асоси нақшаи кории раёсати таълим, бахши мониторинг ва сифати таҳсилот пайваста дар ҳамаи гуруҳҳои академӣ мониторинги сифати таҳсилот баргузор намуда, пайваста пурсишнома таҳти унвони “Омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ” гузаронида мешавад.
Айни замон дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ 82 синфхонаҳои таълимӣ, 35 адад утоқҳои кории маъмурӣ, 12 лаборатория, 1 озмоишгоҳи таълимии истеҳсоли мебел, 1 синфхонаи лингофонӣ, 4 маркази тестӣ, 285 адад компютер, 55 адад ноутбук, 47 адад тахтаи электронӣ, 2 адад пардаи электронӣ, 43 адад видеопроектор, 72 адад принтер ва дигар маводҳои таълимии зарурӣ, 1 нуқтаи тиббӣ, 1 толори фарҳангӣ, 1 толори маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, китобхонаҳои электронӣ ва муқаррарӣ мавриди истифода қарор доранд.
Дар ҳамаи роҳравҳо ва гирду атрофи муассиса 150 адад камераҳои мушоҳидавӣ насб гардидаанд, ки раванди таълиму тарбия мунтазам назорат карда мешавад. Аз ин шумораи камераҳои назоратӣ 97 адад дар биноҳои таълимӣ ва 53 адад дар хобгоҳи №2 насб карда шудаанд. Дар бинои таълимии №1 ба миқдори 54 адад ва дар бинои таълимии №3 ба миқдори 43 адад камераҳои назоратӣ рост меоянд.
Барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир як қатор чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Масалан дар муддати кӯтоҳтарин чор озмоишгоҳ барои ихтисосҳои энергетикӣ ва барномасозӣ ташкил гардидааст. Барои беҳтар азхуд намудани забонҳои хориҷӣ, гарчанде дар назди кафедраҳо курсҳо оид ба забономӯзӣ фаъолият намоянд ҳам, дар соли ҷорӣ боз як синфхонаи лингофонӣ кушода шудааст.
Қисми илм
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии коллеҷ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Оинномаи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ, Нақшаи кории солонаи шуъбаи илм ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм роҳандозӣ шудааст. Айни замон дар вазифаи муовини директор оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои техникӣ, дотсент Азимов Холиқназар Ҳакимович фаъолият намуда истодааст.
Қисми илм ва инноватсия сохтори таркибии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ба роҳ мондааст. Шуъбаи илм ва инноватсия дар сохтори коллеҷ соли 2016 ташкил карда шуда, таъиноти асосии он назорат ва такмили фаъолияти илмии муассисаи таълимӣ мебошад.
Маъмурияти коллеҷ ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳайати омӯзгорон, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани омӯзгорон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо қарори Шӯрои олимон аз 27.12.2016, №6 (9.5) муайян намудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ кумакпулии яквақта дода мешавад. Албатта, ин Қарори Шӯро таъсири мусбат расонида, дар давоми 5 соли охир 3 нафар омӯзгорони коллеҷ рисолаи докторӣ ва 21 нафар рисолаи номзадиашонро дар Шӯрои диссертатсионӣ ҳимоя намуда, ҳайати омӯзгорону профессоронро тақвият бахшидаанд. Гузаронидани чорабиниҳои илмӣ дар давоми сол ба нақша гирифта шуда, бо иштироки меҳмонон, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён дар сатҳи баланд баргузор мешаванд. Дар коллеҷ нашри маҷаллаи «Навовари ҷавон» аз соли 2015 ба роҳ монда шудааст, ки моҳе як маротиба нашр карда мешавад.
Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ то соли 2025 тасдиқ карда шуда, асосан 10 самти илмӣ-тадқиқотиро дар бар гирифтааст. Соҳаҳои тадқиқоти илмӣ ба ҳадафҳои миллии стратегии Ҳукумати мамлакат ва рушди иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ алоқамандӣ доранд.
Бояд қайд намуд, ки аз тарафи роҳбарияти муассиса нисбати фаъолияти шуъбаи илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Барои баланд бардоштани савияи дониш ва ташаккули зеҳнии донишҷӯён дар муассиса маҳфилҳои илмии донишҷӯён дар назди кафедраҳо ва ҷамъияти илмии донишҷӯён дар назди шуъбаи илм ва инноватсия, шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон фаъолият менамоянд.
Пояи моддӣ-техникии коллеҷ барои иҷрои корҳои илмӣ қаноатбахш буда, дар соҳаи иқтисодӣ, барномасозӣ ва истифодаи технологияи иттилоотӣ, энергетикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳиссаи асосии ҳайати омӯзгорони доимии коллеҷ самти иқтисодӣ, гуманитарӣ, забонҳо, математика ва технологияи иттилоотиро ташкил медиҳад.
Омӯзгорони коллеҷ барои навиштани монография низ диққати махсус зоҳир менамоянд. Дар давоми 5 соли охир аз тарафи омӯзгорони коллеҷ зиёда аз 27 монография ба таъб расидааст. Омӯзгорони коллеҷ бобати гирифтани патент барои кашфиёт ва натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кӯшиш менамоянд. Дар давоми 5 соли охир аз тарафи омӯзгорони коллеҷи техникӣ аз натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 8 патент ба даст оварда шудааст.
Айни замон 65 нафар омӯзгорони коллеҷ, аз инҳо 29 нафар унвонҷӯён, 12 нафар докторантон (Phd) ва 24 нафар аспирантон дар аспирантураҳо ва докторантураҳои назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Дар давоми 5 соли охир дар коллеҷ зиёда аз 80 конференсияи илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ баргузор карда шудааст. Конференсияҳои баргузоршуда асосан бахшида ба рӯзҳои ҷашнӣ гузаронида шудаанд. Дар давоми 5 соли охир дар сатҳи коллеҷ зиёда аз 30 маротиба конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуҳои гуногун гузаронида шудааст, ки омӯзгорони коллеҷ зиёда аз 1500 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва оммавию сиёсиро нашр намудаанд.
Қисми тарбия
Фаъолияти тарбиявӣ ва алоқа бо ҷомеаи коллеҷ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Оинномаи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти коллеҷ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар вазифаи муовини директор оид ба тарбия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қиматбӣ Элназар фаъолият намуда истодааст.
Қисми тарбияи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ кори худро дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2006 бо №94 қабул шудааст, ба роҳ монда, мақсадаш чунин аст:
– дар амал татбиқ намудани амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тарбияи насли наврас равона карда шудаанд;
– тарбия намудани мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсӣ;
– зери назорати доимӣ қарор додан ва ба роҳ гузоштани кори тарбиявӣ дар факултетҳои коллеҷ ва роҳбарӣ намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии коллеҷ;
– татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳамкорӣ бо волидайн;
– ҷалб намудани ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ба иштироки фаъол дар чорабиниҳои оммавӣ-сиёсии коллеҷ ва берун аз он;
– ҷалби ҷавонон ба иштироки фаъол дар чорабиниҳои варзишӣ ва тарбияи ҳаёти солим дар байни ҷавонписарон ва ҷавондухтарон.
Дар факултетҳо аз тарафи раёсати ташкилӣ – тарбиявӣ ҷаласаҳои сарпарастони гуруҳҳои академӣ гузаронида ва байни сарпарастон оид ба нақшаи инфиродии донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Дар факултетҳо эдвайзерони тарбия барои пешбурди корҳои тарбиявӣ ва назорати дарсҳои сарпарастон фаъолият намуда, онҳо вазифадоранд, ки дар асоси нақшаи кории тарбиявии факултет тамоми чорабинииҳои сиёсию фарҳангӣ ва конференсияву мизҳои мудавварро пайваста миёни донишҷӯён баргузор намуда, дарсҳои тарбиявии сарпарастонро пурра назорат баранд.
Қисми робитаҳои хориҷӣ
Коллеҷи техникӣ ҳамкории байналмилалиро ҷоннок намуда, бо коллеҷу донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои таълимии Донишгоҳи Деш Багати Ҳиндустон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Братски Федератсияи Россия, Донишгоҳи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Белорус, Коллеҷи политехникии шаҳри Рязани Федератсияи Россия, Донишгоҳи гуманитарӣ, ҳуқуқшиносӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Белорус робитаҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Айни замон дар вазифаи муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ҳакимов Зайиржан Рузибаевич фаъолият намуда истодааст.
Бо мақсади густариши муносибатҳои хориҷии муассиса, ҷиҳати таҷрибаивазкунӣ ва гузаштан аз курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон ва идомаи таҳсилу таҷрибаомӯзии донишҷӯён роҳбарияти Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои амалиро роҳандозӣ намудааст, зеро барои омӯхтани касбу ихтисосҳои муосир ва азхудкунии технологияи инноватсионӣ аз таҷрибаи давлатҳои пешқадами ба мо дӯсту бародар бояд истифода намуд.
Маъмурияти коллеҷ дар самти ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ фаъол мебошад. Ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ барои тақвият бахшидан ба такмили ихтисоси омӯзгорон, пурзӯр намудани ҳолати моддӣ-техникии муассисаи таълимӣ, сафарбар намудани донишҷӯён ба хориҷи кишвар, ҷалб намудани мутахассисони хориҷӣ ба раванди таълим, дарёфти маблағҳои грантӣ аз сарчашмаи хориҷӣ нигаронида шудааст.
Қисми хоҷагидорӣ
Маврид ба зикри хос аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам сохтани шароити муосири таълим дар ҷойи бинои куҳна сохтмони бинои нави замонавии 8-ошёна бомаром идома ёфта истодааст.
Айни замон дар вазифаи муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ-хоҷагидорӣ Раимҷонов Самиҷон Хусайнович фаъолият намуда истодааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки муассиса дорои хобгоҳи замонавӣ буда, айни ҳол 600 донишҷӯи ниёзманд бо хобгоҳи дорои тамоми шароит таъмин шудаанд.
Ба гуфтаи муҳтарам Рустам Холматов, “роҳбарияти Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ карда, барои пешрафти таълиму тарбия як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонида истодааст”.
– Дар даврони Истиқлолият роҳбарияти коллеҷи техникӣ фаъолияти кориашро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми ҶТ ва дигар мақомоти дахлдор ба роҳ монда, доир ба ободонӣ, беҳтаршавии сифати таълиму тарбия бисёр корҳои назаррасро ба сомон расонид. Ташкили маркази тестии дорои 120 компютер барои қабули имтиҳонҳо, таҷҳизонидани кафедраҳо бо воситаҳои техникии муосир, аз нав таҳия ва тасдиқи силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ, стандартҳои давлатӣ, аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорону кормандон, мувофиқи ихтисос ҷо ба ҷо кардани кормандон, барои такмили ихтисос ба курсу семинарҳои омӯзишӣ сафарбар намудани омӯзгорон аз ҷумлаи онҳоянд,- афзуд ӯ.
МТЖТ