Темур Зулфиқоров

Боре дар роҳи бузурги Абрешим Хоҷа Насриддин Бин Лоданро вохӯрд.

Хоҷа гуфт:

– Оҳ, соҳибиззат! Ҳама дунё дар бораи ту мегӯянд. Дар тамоми саргардониҳои ҳазорсолаи худ он шӯҳратеро, ки ту дорӣ, наёфтам.

Чизе бароям бигӯ. Мехоҳам, туро гӯш диҳам.

Он гоҳ Бин Лодан бо эҳтиром гуфт.

– Оҳ, бузургтарин хирадманд ва бурросухан! Оё ман метавонам чизе ба ту гӯям, ки туро ба ҳайрат гузорад, эй оқилтарини оқилон?

Ва ё ин ту набудӣ, ки хиради Аллоҳро дарёфтӣ, бо намаки ҳастӣ ва ривоятҳои мардуми бисёру забонҳо расидӣ.

Ва чӣ ҳам метавонист биталбад, мӯри ҷонбалаби ба рӯи Аҳроми ҷовидони Хеопс хазида?

Оҳ, Аҳроми абади хиради умре дар чор пои маркабӣ саргардон!…

Он гоҳ Хоҷа гуфт:

– Ҳазор сол аст, ки овораам, кишвар ба кишвару миёни мардум ривоят мегӯям. Лек мукофоти он доим як бурда нон буду як пиёла чой. Қашоқӣ ба дил зад!…

Эҳҳҳҳ! Камбағал танҳо як мусиқӣ – қурроси меъдаи худро мешунаваду бас.

Ман огоҳам, ки амрикоиҳо сари туро як миллиард доллар баҳо гузоштаанд.

– Чӣ гуфтӣ? Кадом ривоят ин қадар пул арзиш дорад? Кадом сар аз тамоми сарҳои гузаштагон ин қадар қиммат афтодааст?

Он дам Бин Лодан гуфт:

– Агар ман ин ривоятро ба ту гӯям, дарзамон тайёраи бомбафкани амрикоӣ мерасаду ба сари мо бомбҳои дӯзахӣ меборад. Ман ғами сари худро намехурам, эй Хоҷа Насриддини бемарг, Хеопси хирад… Аҳроми ҷовидони хирадмандӣ…

– Оҳ… Оё ту соату рӯзи Қиёматро медонӣ? Ту- эй савори ҳамабини Тӯфони балоҳо? – бо рӯшании дурбинона пичиррос зад хирадманди бузург ва ба  маркаби абрешимии чанголуди худ савор шуд ва сӯи чангу ғубори ҳазорсола раҳсипор гашт… Ва ба ғубори муқаддаси сарсон табдил ёфт. Ин ҳангом мурғе парвоз кард ва ба сари сафедизадаи мусофир поруи садафмонанди парандагӣ рехт… Он гоҳ Хоҷа Насриддин табассум кард ва наҷво зад:

– Оҳ, Оллоҳи ҳамабин! Ту ривоятҳои маро ба ҳамин як қатра поруи парандагӣ қадр кардӣ? Оҳ, олиҳиммат!… Оҳ, олиҳиммат! Оҳ!.. Аммо! Аҷаб!Аҷаб!Аҷаб! Лек ин дунёи ширини фанопазир, ки ҷони ҷовидони одамӣ ба он сахт часпидааст, аҷаб ба ҳамин як қатра порруи паррандагӣ ҳам намеарзад, агар ҳукмравони онро бонкдорони фарбеҳдасти ноаён, пулдӯстдорон, қотилон, ҳамаҷобошандагон, ҷаҳониҳо ба даст гирифтаанд.

Тортанакҳои яхбастаи нафасгир инсонияти ромшударо печидаанд.

Аҷаб! Аҷаб! Аҷаб! Аҷаб! Айй…!

Ва ту мехоҳӣ, охири ин дунёи ночиз, Қиёмат тезтар фаро расад?

А? Бин Лодан? А?… а?.. а?

Куҷост хирад? Куҷост зебоӣ? Куҷост худфидоӣ? Куҷост раҳм? Куҷост муҳаббати инсон ба якдигар?… Куҷост шеър? Куҷост нозукӣ?… Куҷост изтироб?… Куҷост бакорат?

Ва ё ин ҳама мисли заминро баргҳои тирамоҳӣ, бо пулҳои қоғазӣ пӯшида шудаанд?

Ва онҳое, ки пули бисёр доранд, боз ҳаристар мешаванд. Ва онҳое, ки пул надоранд, кӯр-кӯрона ва гиҷу гаранг нони қашшоқӣ меҷӯянд. Ва ин дунёи заминӣ чӣ арзиш дорад? Ва ҳамчунин чунин инсониятро чӣ қиммате бувад? Ва он вақт бомафканҳои дӯзахии амрикоӣ ба парвоз меоянд ва хонаҳои пул, пул, пул… оташ мегиранд. Ва ба онҳое, ки фаро расидани рӯзи маҳшарро наздик месозанд, чӣ кор бояд кард?

А?… а?… а?…

Онҳо қотилон ва ё мубаллиғони Худои хашмгирифтаанд? Ва Хоҷа Насриддин посухи ин суолро намедонист ва ба ғубори муқаддас фурӯ рафт ва ғубори муқаддас шуд.

 Аз русӣ тарҷумаи

Латофати КЕНҶА

Аз редаксия: матлаби мазкур ба муносибати таҷлили 86-умин солгарди умри нависандаи маъруфи русзабони тоҷик Темур Зулфиқоров нашр гардид. Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин нависандаи саршиносро ба солгарди умраш табрик намуда, ба ӯ сари сабз таманно дорад!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь