Пайванде миёни хештаншиносон

Пайванди Гулмуродзода донишманди нуктасанҷ, муҳаққиқи фасеҳбаён, пажуҳишгар, публитсист ва рӯзноманигори варзидаи даврони шӯравӣ ва истиқлол, умр вафояш мекард, ба 65-умин зинаи умр мерасид. Фақид 20-уми июли соли 1956 дар ноҳияи тоҷикнишини Фориши Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1967 риштаи филолог-журналисти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ)-ро дар Душанбе ва ҳамзамон соли 1989 аспирант ва муҳаққиқ-коромӯзи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносовро дар Маскав ба итмом мерасонад.

Фаъолияти рӯзноманигории мавсуф аз овони таҳсили мактабӣ оғоз ёфта, раванди кор ӯро ба таҳқиқу пажуҳиш бурда расонид. Гулмуродзода солҳои 80-уми асри мозӣ дар фазои илмиву адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти педагогии журналистика шуруъ намуд ва ҳамзамон мактаби илмии худро ташкил дод. Ӯ натанҳо дар муҳити ДМТ, балки дар фазои илмиву амалии кишвар ва журналистикаи тоҷик ҳамчун омӯзгори пуртаҷриба, олими нуктасанҷ, муҳаққиқи тавоно, публитсисти оташинсухан, рӯзноманигори соҳибкилк, нависандаи хушзеҳн ва инсони оламу одамшинос ба аксарият маълум ва мақбул гашт.

Профессор Иброҳим Усмонов, ҳамкасб ва ҳамкори солҳои мадиди мавсуф мегӯяд, “Пайванд муаллим ва эҷодкор буд. Кӯшиш менамуд он чиро, ки дар ҳаёти журналистикаи ҷаҳонӣ ва журналистикаи муосир ба амал омадааст, аз он ҷавонон бештару огаҳ шаванду беҳтар баҳра бардоранд. Худ дар ин чиз намуна буд, на танҳо дарс мегуфт, балки бо мақолаҳои муҳим дар ВАО баромад ҳам мекард”.

Дар ҳамин ҳол, Пайванди Гулмуродзода ба ҷанбаҳои худшиносии миллӣ ва маорифпарварӣ назари амиқ намуд ва фаъолияти худро дар ин самт бештар ба роҳ гузошт. Усмонов дар ин хусус мегӯяд, ки “солҳои охири зиндагиаш ӯ бештар ба матбуоти замони бедории миллии мо – аввали асри ХХ таваҷҷуҳ кард ва бо таҳқиқ дар масъалаи Саидризо Ализода, дар бобати Фитрат, дар бораи ҷавонбухориён, дар бораи насле, ки бо онҳо наздикӣ дошт, як силсила асарҳое офарид, ки онҳо барои равшан кардани таърихи тамаддуни мо нақши муҳим доранд”.

Ҳамин сон профессор Мурод Муродӣ иброз медорад, ки “Пайванди Гулмуродзода аз шахсиятҳои фарҳангӣ мебошад, ки эҷодро пешаи худ қарор дода, дар се ҷанбаи рӯзноманигорӣ: илму таълим ва публитсистика баробар фаъолият мекард, бо ВАО ҳамкории мунтазам дошт, мақолаҳояш пайваста дар матбуоти даврӣ интишор ва гуфторҳояш аз тариқи радио ва телевизион пахш мешуданд”.

Вай меафзояд, “паҳлуҳои эҷодӣ, ки омӯзгориву раҳбарӣ, рӯзноманигориву публитсистӣ, муҳаққиқиву пажуҳандагӣ, муҳарририву ноширӣ аз ҷумлаи онҳост, бо вуҷуди хусусияти ҷудогона доштан, дар фаъолияти Гулмуродзода умумияти вижа пайдо кардаанд. Ӯ фаъолияти худро дар ин паҳлуҳо танҳо ба як ҳадаф равона кардааст, ки он бедории фикрии мардум, тарбияи худшиносиву худогоҳӣ ва миллатдӯстиву ватанпарастӣ мебошад. Ба ин маънӣ, дар консепсияи эҷодии ӯ масъалаи маорифпарварӣ мақоми асосиро ишғол мекунад”.

– Гулмуродзода муҳаққиқи адабиёт ва публитсистикаи ибтидои қарни ХХ-и тоҷик аст. Чун ӯ ба таҳқиқи масъалаҳои маорифпарварӣ сарукор дошт, андешаҳояш низ маорифпарварона аст ва ин ғоя дар публитсистикааш низ мақоми вижа касб кардааст. Ағлаби нигоштаҳои публитсистии мавсуф низ ба ин мавзуъ марбут буда, аз масъалаҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ, лаҳзаҳои рӯзгор ва фаъолияти равшанфикрони соҳибқаламу соҳибандеша нақл мекунанд,- менигорад профессор Муродӣ.

Ҷанбаи дигари фаъолияти Пайванди Гулмуродзода пажуҳишгарӣ аст, ки низ доираи нисбатан васеъро фаро мегирад. Аммо дар ин ҷода ӯ ба адабиёт ва публитсистикаи маорифпарварии ибтидои қарни ХХ-и тоҷик бештар таваҷҷуҳ намудааст. Минҷумла, омӯзиши масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, худшиносиву худогоҳии миллӣ дар тадқиқоти ӯ ҷойгоҳи хоса доранд. Чун ӯ ба тадқиқи масъалаҳои маорифпарварӣ сарукор дошт, андешаҳояш низ маорифпарварона буд, ки ин ғоя дар тамоми осори чи публитсистиву чи илмиаш мақоми вижа касб кардааст.

Профессор Масрур Абдуллозода, ки солҳо дӯстиву ҳамкорӣ бо марҳум дошт, мегӯяд, дар байни аҳли илму маърифати тоҷик ашхосе ҳастанд, ки ё унвони илмӣ надоранд ё танҳо номзади илм ҳастанду доктору академик нестанд, аммо донишу биниши онҳо аз ҳар гуна унвондорони баландмақоми хасакӣ сад мартаба бештар аст. Пайванд низ аз ҳамин тариқа буд, ки гарчанде умраш вафо накарду кори докторӣ ҳимоя нанамуд, аз бисёри олимону профессорон дониши беш дошту хидмати барзиёде ба илми тоҷик намуд.

– Пайванди Гулмуродзода дар таҳқиқ ва пажуҳиши осори маорифпарварони тоҷик саҳми назаррас дорад, махсусан, дар таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти Абдурауфи Фитрат, ки ӯ худ як шахсияти мураккаби адабиёти тоҷик маҳсуб меёбаду омӯзиши амиқаш аз муҳаққиқ талаб менамояд, ки эҷодиёташро огоҳона ва мунсифона ба риштаи таҳқиқ кашад. Аз уҳдаи ин кор бошад, устод Пайванди Гулмуродзода ба хубӣ баромада буд, вале боиси таассуф аст, ки умри эшон вафо накард, то тадқиқотҳои худро дар ин боб ва дигар шахсиятҳои барҷастаи адабиёт ба анҷом бирасонад. Бо ин вуҷуд, он чизе, ки аз Пайванди Гулмуродзода ба мо мерос мондааст, хеле пурғановат буда, барои муҳаққиқоне, ки ҷунбиши маорифпарвариву ҷадидияро дар минбаъд ба таҳқиқ мекашанд, мусоидати беш мерасонад,- мегӯяд ӯ.

Мавриди зикр аст, ки дар аксари нигоштаҳои илмии Пайванди Гулмуродзода шахсиятҳои эҷодие мавриди пажуҳиш қарор мегиранд, ки зиндагиашон бо фаъолияти маорифпарварӣ иртибот мегирад. Чунончи, «Аҳмади Дониш ва адабиёти маорифпарвари тоҷик дар оғози садаи бистум», «Муаммои замон аз дидгоҳи Аҳмади Дониш», «Исмоилбеки Ғаспаронӣ ва ҷараёни маорифпарварии тоҷик», «Мактаби Мунзим ва оғози фаъолияти амалии маорифпарварони тоҷик», «Абдуқодир Муҳиддинов ва рӯзномаи «Вақт», «Шаҳомати Айнӣ», «Фоҷеаи Фитрат», «Устод Айнӣ ва Абдурауфи Фитрат» ва ғайра. Дар дили ҳар кадоми инҳо ба таъбири устод Айнӣ «фақат як чиз буд: шавқ, муҳаббат ва ишқи ислоҳот.

Қироншоҳ Шарифзода, муҳаққиқи варзида ва ҳампешаву ҳамкори Пайванди Гулмуродзода самараи бабори пажуҳишҳои мавсуфро имрӯз нек бишморида, таҳқиқоти жарфу амиқи он касро барои адабиёту журналистикаи тоҷик гаронбаҳо меҳисобад:

– Мероси гузоштаи Пайванди Гулмуродзода ва таҳқиқоту пажуҳишҳои нуктагири ӯ барои муҳаққиқон ва илму адаби тоҷик хеле пурқиммат аст. Пайванд ба таҳқиқотҳое даст зад, ки то кунун дар гӯшаҳои фаромӯшӣ буд. Самараи кори таҳқиқии мавсуф назари дигар муҳаққиқонро боз намуд ва даст ба кор шуданд. Гулмуродзода ҳамчун муҳаққиқи матбуоти тоҷик доир ба таъсиси нашрияҳои даврии ибтидои садаи ХХ пажуҳишҳои илмӣ ба анҷом расонида, тариқи таҳқиқу таҳлил омилҳои пайдоиш ва баъзе вижагиҳои нахустин нашрияи тоҷикии «Бухорои шариф» («Маснади тараққихоҳон»), нашрияҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ – «Самарқанд»-у «Оина» («Дур будан аз илму ирфон то ба кай?»), ҳафтаномаи «Шуълаи инқилоб» («Як сабаби баста шудани «Шуълаи инқилоб» аз назари устод Айнӣ», «Қаламу алам»), маҷаллаи «Раҳбари дониш» («Донишу биниши тоҷикон»)-ро муайян намудааст. Ҳамчунин Пайванд аз пажуҳишгарони таърихи матбуоти тоҷикест, ки нусхаҳои ағлаби нашрияҳои садаи ХХ, аз қабили «Бухорои шариф», «Самарқанд» ва «Ҳуррият»-ро дар шакли заррафилм дар даст дошт.

Натиҷаҳои пажуҳишҳои илмии Пайванди Гулмуродзода дар рисолаҳои алоҳида, маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва мақолаҳои маҷаллавӣ низ мунъакис шудааст, ки «Қуллаи мурод» (1997), «Нахли пурбор» (1997), «Сеҳри сухан» (1998), «Публицистика и время» (2002), «Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон» (2006), «Биё, биншину бишнав рози тоҷик» (2007) намунаи онҳост.

Пажуҳишҳои илмии Пайванди Гулмуродзода ба истиснои «Публицистика и время», ки рисолаи номзадии ӯст, ҳама дар сурати мақолаҳои алоҳида ва ё маҷмӯаҳои ҷудогона шакл гирифтаанд. Нигоштаҳои илмии ӯ дар назари аввал аз ҳамдигар ҷудо намоянд ҳам, аммо ағлаб аз нигоҳи мавзуъ ва муҳтаво ба ҳам тавъам мебошанд, зеро мундариҷаи аксари онҳоро масъалаҳои ислоҳи мактабу маориф, баланд бардоштани сатҳи маърифати умум, густариши илмҳои замонавӣ ва амсоли ин ташкил медиҳанд. Мавсуф осори рӯзноманигору адибонеро мавриди пажуҳиш қарор медиҳад, ки дар як замон ва муҳит умр ба сар бурдаанд, маслаки ягона доштанд, ба қавли худаш «дар ҳалли мушкилоти мардум қаламро алам карда, бо сухани гирову шево ва бурро ба дарди ҷомеа даво меҷустанд».

Қаҳрамонони лавҳаву очеркҳои ӯ, асосан, олимону адибон ва тарбиятгарони насли наврас, умуман эҷодкороне мебошанд, ки муаллиф натанҳо бо эшон ҳамнишин, ҳамсабақ, ҳамкор, ҳампеша ва ҳамдил будааст, балки лаҳзаҳои ҳаёташонро омӯхта, хислату рафторашонро мушоҳида намуда, аз кору пайкорашон ибрат гирифтааст. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ («Мактаби Шакурӣ», «Дуои падар мустаҷоб шуда»), профессорон Воҳид Асрорӣ («Роҳҳо ва солҳо», «Моро маъзур доред, устод!», «Профессор Асрорӣ»), Мукаррама Қосимова («Устоди забонҳо ва равонҳо»), Расул Ҳодизода, Баҳроми Шермуҳаммадиён («Шасти камолот», «Осмонфарҳанг», «Сароби илм»), Султон Воҳидов («Нон ва ном»), Ҳабиб Сафаров («Қуллаи мурод»), Равшани Раҳмонӣ («Неши нӯш мебояд чашид…»), адибон Баҳром Фирӯз («Паёмбари фардо буду бигзашт…», «Тухми некӣ мепошид»…), Ҷонибек Қувноқов («Мактаби Ҷонибек»), муҳаққиқони варзидаи илми филология Баҳром Бердиев («Баҳроми шевашинос»), Валӣ Самад («Дарё равон аст»), Миср Эшниёзов («Шеваи омӯзиш»), сиёсатмадор Бобохон Маҳмадов («Вазир»), табиби рӯҳшинос Анвар Исомиддинов («Сеҳри сухан») ва даҳҳо нафари дигар мебошанд, ки дар шинохт ва тасвири П. Гулмуродзода ҳамчун инсонҳои заҳматкаш, фарҳангдӯст, худогоҳу худшинос, дорои хулқу рафтори нек ва тарбиятгар муаррифӣ мешаванд. Ҷои зикр аст, ки П. Гулмуродзода ба аҳли эҷод натанҳо меҳру ихлос дошт, балки онҳоро меписандид, мепарастид, кӯшиш мекард, то кори хайреро дар ҳақашон ба ҷо орад. Дар шинохти ӯ «аҳли эҷод дунёи дигар доранд. Онҳо паёмбари фардоянд. Дирӯзро ба имрӯз ва имрӯзро ба оянда мепайванданд, ки бад-ин васила номи эҷодкор ҳам то абад боқӣ мемонад».

Қаҳрамонони асарҳои Пайванди Гулмуродзода, ба таъбири профессор А. Саъдуллоев, «ҳама марди роҳанд: андешарониашон, маромашон, талошашон ҳама рӯйи роҳ, ё дар муошират ё дар суҳбатҳои мутаҳаррик ифшо мешаванд».

Ба нигоштаи профессор Муродӣ, воқеан, онҳо хислатҳои аҷиб доранд: одати худсозиву ҷомеасозӣ мароми зиндагиашон қарор гирифтааст. Аммо дар ташаккули хислатҳои аҷибу наҷиби онҳо муҳити хонавода ва атроф низ кам нест. Маҳз маърифати ин ду муҳит ба қаҳрамонони асарҳои ӯ имкон дода, ки беҳтарин хислатҳои инсонӣ ва қобилияти кордонӣ барояшон насиб гардад. Ин аст, ки онҳо дар байни мардум сарбаланданд, зиндагиашон ибрати дигарон аст, сухану рафторашон ва қавлу амалашон якест, хайрхоҳу дилсӯзи мардумонанд.

Сангин Гулов, дастпарвар ва минбаъд ҳамкори Пайванд Гулмуродзода зикр мекунад, ки устод аз қабили онҳое буданд, ки тамоми умрашон ба журналистика ва ба таҳқиқи он пайванд дошт. Он кас аз он нафароне буданд, ки дар қатори нахустинҳо – баъди донишмандони шинохтаву соҳибмактаб, устоди муаллимони журналистика Иброҳим Усмонов ва устоди ҷовидноми мо Асадулло Саъдуллоев, рисолаи номзадиро дар риштаи журналистика дар Донишгоҳи Маскав дифоъ карда буданд.

Дар охири солҳои 70-ум, яъне шуруъ аз аз соли 1979 (баъди фаъолият дар Радиои Тоҷикистон) устод ба таълими журналистика ҷалб гаштанд. Нахуст аспирант ва баъдан муаллим, дотсент буданд, аз вазифаи муовини декан ва то ба декани факултет омада расиданд.

– Дар куҷое, ки кор карданд, аз журналистикаи тоҷик, аз ВАО-и тоҷик таҳқиқ карданд ва таҳқиқашон ҷанбаи пурқуввати илмӣ дорад. Он кас ҳамеша ба сарчашма такя мекарданд, то нусхаи асли сарчашмаро намедиданд, онро дар таҳқиқоти худ истифода намебурданд ва ҳамин буд, ки таҳқиқоташон доир ба ҷараёни маорифпарварӣ, публитсистикаи ибтидои асри гузашта, масъалагузориашон доир ба худшиносиву худогоҳии миллӣ, муаммоҳои маънавии ҷомеа арзиши баландро молик аст,- иброз медорад Гулов.

Ӯ меафзояд, “ҷой, мақом ва осори устод Пайванди Гулмуродзода дар журналистикаи тоҷик, дар таърихи муосири Тоҷикистон нозудуданист. Намунае, маҳз бо ибтикор ва пешниҳоди эшон ва чанд тан аз ҳамақидаҳояш ҷашни матбуоти тоҷик аз рӯзи 5 май – рӯзи чопи нашрияи «Правда», ба рӯзи 11-уми март – рӯзи чопи нахустин нашрияи тоҷикӣ – рӯзномаи «Бухорои шариф» гузаронида шуд. Ёд дорам, ки эшон 3 рӯз пеш аз вафоташон дар суҳбати радиоиашон гуфтанд, ки «… тавонистем Рӯзи матбуоти тоҷикро аз 5-уми май ба 11-уми март биёрем. Талош мекунем, ки ҷашни Радиои Тоҷикистон дар рӯзи 10-уми апрел – рӯзе, ки нахустин маротиба радиои мо садо додааст, таҷлил гардад». Ин гувоҳи он аст, ки устод Пайванди Гулмуродзода нигоҳи хеле дурбинона доштанд ва дар масъалаи худшиносиву худогоҳии насли нави журналистон бисёр нақши созанда доранд”.

Пайванди Гулмуродзода, ин пажуҳишгари камназир 7-уми апрели соли 2013 чашм аз олами ҳастӣ баст ва ба ҳазрати Ҳақ пайваст.

Профессор Нуриддин Бозорзода, ҳамкор ва дастпарвари Пайванд Гулмуродзода он рӯзро чунин ёд мекунад: субҳи рӯзи душанбе хабари шум ба атрофу акноф паҳн гардид. Устод Гулмуродзода даргузашт! Шитофтем хонаи устод… Устод хомӯш буд, хомӯш…

Талх буд, ин лаҳза!

Сангин буд, ин манзара!

«Марг ба марг!» гуфтам. «Марг ба марги номард!» гуфтаму аз ҷой бархостам.

Вале то ҳол ба суолҳои марбут ба аҷали «Чаро чунин устоди зиндадилу пурормону кашшофу мӯшикофи маро бераҳмона рабудӣ?; Чаро каме сабр накардӣ?; Чаро дақиқ ӯро ёфтӣ?; Чаро роҳгум назадӣ?; Чаро ба ҷавонии ӯ раҳм накардӣ?» ҷавоб ёфта наметавонам. Охир, вай дар хидмати ҳамагон буд. Дар хидмати халқу миллат буд. Дар хидмати рӯзноманигории тоҷик буд. Дар хидмати адабиёт ҳам қалам мефарсуд. Корҳои зиёди анҷомнадода дошт. Ниятҳои нек дошт. Рисолаи докторӣ дифоъ кардан мехост. Китобҳои зиёди судовар навиштан мехост.

Дар рӯзи ҷанозааш мардуми зиёд ҷамъ омаданд, ки нишон аз манзалат ва эҳтирому қадрдониаш буд. Ҳама ҳайрону шигифт буданд, ба маргаш бовар намекарданд. Бо роҳбарии Ректори Донишгоҳи миллӣ, академик М. Имомзода маҷлиси хайрбодӣ баргузор гардид.

Мавсуф дар солҳои охири умр дар факултети журналистикаи ДМТ ва Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Марҳум узви Иттифоқи журналистон (соли 1988) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (соли 1998) буда, барои хидматҳояш дар рушду нумӯи адабиёту фарҳанг ва журналистикаи тоҷик бо чандин ифтихорномаву медалу нишонҳо сарфароз гардидааст. Аз ҷумла, барандаи ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, дорандаи нишонҳои сарисинагии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон», медали «Хизмати шоиста» (соли 2001), ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Пайванди Гулмуродзода муаллифи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 220 очерку мақолаҳои публитсистӣ, 14 китоб ва дастуру воситаҳои таълимӣ аст.

Меҳрофарин НАҶИБӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь