Ёде аз фалаксарои нотакрор Одинаи Ҳошим
Боиси хушнудии ҳамагон-мардуми сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон ва умуман, форсизабонони дунё аст, ки рӯзи 16 декабри соли 2022 аз ҷониби ЮНЕСКО “Фалак” – намунаи мероси фарҳангии миллии мо ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид. Яъне “Фалак” мисли Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
Ин кор моҳияти таърихӣ дошта, бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, ки шоҳкории навбатии Ӯ ва хизмати барҷастааш дар назди тоҷикони дунё аст. Билохира, ин баҳои баланду қадрдонии санъати фалакхонии фалаксароёни гузаштаю имрӯзаи мо – Абдимади Шингонӣ, Карими Шиши Кангуртӣ, Назирмади Анҷиргонӣ, Оташарифи Теҳраӣ, Мадамини Барот, Ҳошими Қосим, Раҷабмади Валӣ, Зайдуллою Фатҳулло ва Баркаши Дарвозӣ, Одина Ҳошим бо писараш Раҳматулло, Гулчеҳраи Содиқ, Абдурауф Султон (Булбул), Давлатманди Хол, Нуруллои Хол, Муродалӣ Холов ва дигарон мебошад.
Манзур аз фалак-осмон, само, ҳамоно Офаридгор дар назар аст, ки мо ба Ӯ дар лаҳзаҳои душвортарини зиндагиамон роз мегӯем. Ҳамчунин аз рӯзгори рангини худ низ шодии худро ба само мебарем. Хуллас, ҳолати равонии худро ба Фалак ифшо мекунем. Фалак-ганҷи ниҳонӣ, фалак-зеботарин жанри зеҳнияти маънавии мардум аст.
Ба қавли доктори илм, профессор, санъатшиноси шинохта, устоди муҳтарам Аслиддин Низом “Фалакхонӣ яке аз суннатҳои хеле қадими фарҳанги мусиқии мо ба шумор меравад, яқинан аз силсилаи “Дувоздаҳмақом” ва умуман аз системаҳои мухталифи мақомсароӣ қадимтар аст…Фалак мусиқии баланд аст, бо авҷи баланд, бо овози баланд ва нолаҳои махсус сароида мешавад. Вақте, ки фалакхони асилро гуш меандозӣ, лаҳзае чанд тасаввур мекунем, ки “мо зи фалак будаем, ёри малак будаем” ва ҳамин андеша шунавандаро аз пастравиҳо наҷот медиҳад”.
Ҳамаи фалаксароёни миёни мардум арзандаи аҳсану ситоиш мебошанд. Аммо ин ҷо мехостам дар бораи яке аз ин фалаксароён-Ҳофизи Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Одина Ҳошим ёдбудеро рӯи қоғаз биёрам.
«Мо 8 миллион Тоҷикистониён набояд фаромӯш кунем, ки як Одинаи Ҳошим дорем» – хонда будам чанд сол қабл дар як газетаи соҳавӣ. Маънии ирфонии ин суханҳо хело хушам омад, балки диламро тасхир кард, ростӣ гӯё шеъри пурмаъноеро бо садои устоди зиндаёд шунида бошам, ки ғарқи хаёл шудам ва ин боис гашт, боз ҳам сафҳаҳои хотироти хешро, ки олудаи диданҳою хонданҳо ва шунидаҳои зиндагиномаи устоди нотакрори санъати сарояндагии тоҷик Одинаи Ҳошим аст, варақгардон кунам. Зеро аз Ӯ ёд кардан – шукрона кардан аз додаҳои Худованд аст.
Одинаи Ҳошим бо санъати волояш дар дили Шарқи куҳан маскан дорад. Эҷоду бунёди эшон саросар риштаи оғоз аз халқ ва классикони ирфониэҷод манша гирифтааст, ки бисёр таассуротбахшу тасхиркунанда мебошад. Ӯ бо як қувваи бузурги аз болои худ кор кардан ва хиради адабпайванди худ тавонистааст овози форами ширину лаҳни форсиёнаашро дар тавлиди сурудҳои меросбаҳо ва ганҷи миллии ба ёдгормонда истифода кунад. Мо тавонистем ба воситаи ӯ, аниқтараш тавассути мусиқии ҷаззобу овози форами ӯ ба олами дигар рафта бошем, зеро “мусиқӣ сарчашмаи дунёи фароғат асту касро ба олами беолоиши рӯҳ мебарад”.
Ихлосмандони ашъори гаронбаҳои устоди зиндаёд Одинаи Ҳошим уро гоҳе “Уқёнуси шеъру суруд”, гоҳе “Шохаи пурганҷи Дарёи шеъри форсӣ”, дигаре “Кӯҳи побарҷо” ва ғайраҳо тавсиф кардаанд, ки ҳамагӣ ҳақанд. Дар ҳақиқат “Ӯ аз ҷумлаи фарзандони соҳибэҳтироми миллат аст, ки Худованд уро лоиқ дидааст”.
Инсонҳое, ки устодро аз наздик мешиносанд, ӯро дар суҳбат як шахси хело оддӣ ва хоксор муаррифӣ менамоянд, аммо дар саҳна шукӯҳу шаҳоматаш ҳамон кӯҳи побарҷо мебошад, ки болотар зикраш намудем.
Хаёлам яке аз паҳлуҳои пурганҷи фаъолияти устод Одина Ҳошим ин фалаксароӣ ва умуман сароидани дубайтию рубоиҳои халқӣ дар ҳавои фалак мебошад. Оре, маҳорати баланди фалаксароӣ ва фалакро ба мардум расонидани устодро кулли мардуми Тоҷикистони азиз ва берун аз он ба таври нотакрор арзёбӣ кардаанд, ки барҳақ ҷавоби ҳақ назди Ҳақ аст. Дар ҳавои фалак сароидани рубоиёти халқиро касе дар пояи ӯ насароидааст, ки насароидааст:
Эй чашмаи софи ҷонфизо меоӣ,
Пайғоми ки дорӣ, аз куҷо меоӣ?
Монанди сиришки ман ниҳон аз мардум,
Оҳистаю нарму бесадо меоӣ!
Мардум фалакро дар даврони Шӯравии абарқудрат маҳз тавассути устод Одина дарк карда буданд ва беҳуда ҳам набуд, ки рубоиёти халқии “фалак” дар ҳамаи барномаҳои консертии устод дархости ҳатмии сомеонаш буд. Ва ин дам хаёлам устод аз фалак тавалло мекарданд, ки:
Фалак аз ту надорам шиквае ман,
Сарамро то фалак бардору бардор.
Таваллои устод гӯё ба гӯши Фалаки созгор расид ва Фалак низ ӯро ба афлок бардошту шуҳратёрашро афзуд. Шоири шаҳир Усмон Шарифзода хело бамаврид дарк намуда:
Ҳиҷо андар ҳиҷо ҳарфат ҷигарсӯз,
Нидо андар нидо сарфат диломӯз.
Каломат аз каломи аршу курсӣ,
Мақомат аз мақоми поки қудсӣ.
Аз Усмон Шарифзода – шоири оташинсухани тоҷик як нуқтаи дигарро, ки дар ёдбуди сарояндаи зиндаёд – Ҳофизи Халқии Тоҷикистон Дустмуроди Алӣ гуфта буд, ёдрас шуданро айни муддао медонам: ”Модари тоҷик чунин ҳофизони нотакрори миллат чун устод Одинаи Ҳошим ва Дӯстмуроди Алиро мумкин дигар наофарад ва ё ягон-ягон офарад. Зеро услуби хоси ин ду родмарди фарҳангиро то ба ҳол касе такрор накардааст”. Чунин суханони ба ҳар тору пудаш самимӣ, ки аз ҷониби шоири ҳақиқатгӯи тоҷик он рӯз (моҳи апрели соли 2008) гуфта шуданд, як баҳои ҳақ ва ҳақи бар Ҳақ мебошад.
Оре, устод Одина Ҳошим аз зумраи ромишгарҳои нотакрори форсизабонони дунё мебошад. Ӯ на танҳо Шарқро, балки бо ифодаи устод Сафармуҳаммад Аюбӣ – ин Ҳофизхону Ҳофиздони машҳур дунёро тасхир кардааст:
Ҳофиз бошӣ табиатан бояд буд,
Варзидаи халқи ҳар Ватан бояд буд.
Чун Одинаи Ҳошим, ки сурудаш гуҳар аст,
Мақбули Бадахшону Яман бояд буд.
Оғози сухан, ки аз фалаксароии устоди Фалакзиё Одинаи Ҳошим буд, боз ҳам ин саҳфаи рӯзгорашро варақгардон мекунем. Рӯй меорем ба гуфтаҳои устоди санъат, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷаб:
“Ҳар як сурудаи устод Одинаи Ҳошим, ҳар як таронаи ӯ як саҳнаи бузурги зиндагӣ мебошад. Ҳар таронаи ин марди пурғановат аз халқ ва аз падари ҳунармандаш, аз таърих, аз Борбаду Рӯдакӣ сарчашма мегирад. Агар фалаксароии ӯро медидам, худро дар само меёфтам. Ӯ ҳофизе ҳаст, ки дар фалакхонӣ касро зина ба зина ба осмон мебардорад… моро ба ҳафт қабати замину осмон гӯё ба сайр мебарад. Аз дилу ҷон нола карданаш, сиҳа кашиданаш маро мафтун менамуд, асири худ мекард, ба олами нуру зиё мебурд… аз байни ҳофизон Ӯ ягона шахсе ба ҳисоб меравад, ки дар назди кӣ чӣ сароиданашро медонист. Ба як нигоҳ завқу салиқаи аҳли нишастро дарк мекард. Худованд ба чунин ҳунармандон ҳиссиёти баланд дода ва қалби чашмашонро боз намуда. Устод Одина Ҳошим чунин ҳунарманди нотакрор буд”.
Бале, дар шинохти устод бисёре аз аҳли адаб, зиндабузургони фарҳангу миллат, шахсони муътабари олами сиёсат, олами тамаддуни Форс устодро чун инсони покниҳод, соҳибдил, хоксору заминӣ, инсондӯсту марифатпарвар, шеърдону шеърфаҳм, шеърдӯсту шеърхон, ҳофизхону ҳофиздони машҳур, устоди фалакхонон ва монанди инҳо шинохтаанд. Худи устод ҳамеша таъкид ба он доштанд, ки дар ҳама кор шуҷоат ва мардонагӣ, тоқату устуворӣ, азму иродаи қавӣ лозим аст, то ки мушкиле осон шавад. Шоҳбайти аллома Иқболро сурудани устод аз ин мушкилнописандии ӯ гувоҳ аст:
Зарбате бояд, ки ҷони хуфта бархезад зи хок,
Нола кай бе захма аз тори рубоб ояд бурун.
Дар замони сензураи Шӯравии абарқудрат, ки мутаассифона бисёр расму маросимҳои халқӣ, алалхусус фалаксароӣ гӯё руҳияи динию мазҳабӣ дошта бошад, он қадар маъмул набуданд, бахусус дар толорҳои калон, консертҳои ҳукуматӣ ва умуман тавассути радиои ҷумҳуриявӣ дар эфир. Дар чунин муҳит бо иродаи қавӣ, исботи ҳақ рубоиёти халқӣ бо номи “Фалак” бо овози форами Ӯ садо медод ва ин шуҷоати устод буд, дар он вақт аз ин жанр рӯй нагардонд. Ӯ ҳамон вақт низ дарк карда буд, ки “Фалак эҷодиёти намакини халқ аст ва чун фолклор бояд асосан тавассути шогирд – устод аз даҳон ба даҳон ба насли баъдӣ расад”. Устод онро низ дарк карда буд, ки “фалак зеботарин жанри зеҳнияти маънавии мардум аст” худи мусиқӣ сарчашмаи дунёи фароғат аст, ки касро ба олами беолоиши рӯҳ мебарад”.
Фалаксароии устод аз овони бачагӣ маншаъ мегирад. Табиист, ки барои фалаксароӣ асосан аз асбобҳои думбра, ғижжак, рубоб (на қошғарӣ), доира ва дигар асбобҳое, ки аслан куҳан ва аҷдодӣ мебошанд, истифода бурда мешавад. Ва бинед, ки аз падар ба устод Одина нахустасбоб – ғижжак ба мерос мондааст: боре дар он лаҳзаҳое, ки падар аз завқу шавқи писараш огоҳ мешавад ва чанде уро наззора ҳам мекунад, рӯзе ғижжаки аз падар меросмондаро ба писараш Одинаи навпарвоз тақдим
карда мегӯяд: “Писарам, ман беҳтарин ёдгории падарамро ба ту мебахшам…”.
Тайи солҳои зиёде аз санъати нотакрори ин ҳофиздону ҳофизхони форсизабонони дунё баҳрабардорӣ намудему аз овози фораму ширадори ҷонбахшаш сер нашудем, ки нашудем. Устод аз қабили афроди ангуштшумори миллат аст, ки дар як лаҳзаи кутоҳи умр нохун ба қаъри қарнҳо зада, аз Оли Сомон гирифту сари моро то ба афлок боло бардошт, моро қадрболо кард. Месазад ин дам мисраҳои баландмазмуни шоири ҳақсухан, тасвиргари моҳир устод Бозор Собирро ёдрас шавем:
Савту сози ибни Ҳошим ёдгори миллат аст,
Нолаи ошуфтае аз рӯзгори миллат аст.
Ман ба симояш фурӯғи Оли Сомон дидаам,
Вориси Сомону Нӯҳу Шаҳриёри миллат аст.
Ёдоварии паҳлуҳои зиндагӣ, эҷоду бунёди устод Одина Ҳошим бароям чун ёди ҷавонӣ ҳасрат аст, афсусу надомат асту муттаасифона бебозгашт аст, ки бебозгашт ва ҳасратест абадӣ.
Поёнсатри сабт боз мисраҳои устод Ҳайрат Шанбезодаро меорем, ки мефармоянд:
Дар шеъри дарӣ, дар лафзи ширин,
Савдозадаи сафост Ҳошим.
Аз деҳу вилоятам набошад,
Аз пеши дари Худост Ҳошим.
Аз хок нахезад инчунин мард,
Фарзанди Фалакзиёст Ҳошим.
Чун охирсухан бо тағйири каму беши мисраҳои соҳибқаламе, аз алоқамандони санъати нотакрори устод таманнои онро дорем, ки дуогӯй дар ҳаққи устод бошанд:
Дӯстон устодро дар сухан ёд кунед,
Бо дуою фотиҳа рӯҳи варо шод кунед.
Маҳмадулло ШАРИПОВ, мухлис, номзади илм, узви Конфедератсияи байналмилалии иттиҳодияҳои журналистӣ