(Чанд андеша дар мавриди файласуф ва андешаманди миллӣ, устод Саъдулло Раҳимов) 

Дар мақола дар бораи яке аз олимони бошахсияту бонуфузи илму фарҳанг – файласуфу санъатшинос, муҳаққиқ ва мунаққиди кино ва театри тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессор Раҳимов Саъдулло Хайруллоевич сухан меравад.

Муҳтарам Саъдулло Раҳимов мутаваллиди шаҳри Бухоро (1951) буда, дар хонаводаи бонуфузу бофарҳанг тарбия ёфтааст. Падари Саъдулло Раҳимов Хайрулло Раҳимов – номзади илмҳои педагогӣ ва профессори Донишгоҳи педагогии ба номи Садриддин Айнии ш. Душанбе буда, солҳо дар он ҷо кору фаъолият намудаанд. Худи Саъдулло Раҳимов хатмкунандаи факултаи забон ва адабиёти русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд, ки пас аз хатми он, соли 1983 дар шаҳри Маскав дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои СССР аз рӯи ихтисоси «Зебоишиносӣ» («Эстетика») рисолаи номзадии хешро дифоъ намудаанд. Олими закию боирода, дар соли 2007 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Андешаҳои фалсафӣ-эстетикии зардуштия» бо муваффақият дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа гардидаанд.

Саъдулло Раҳимов солҳои зиёде дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов кору фаъолият мекунанд ва вазифаи мудири «Шуъбаи фалсафаи фарҳанг»-ро бардуш доранд, ки дар байни аҳли илму адаби Институт бо илму маърифат ва инсонияти волои худ мақом ва ҷойгоҳи хосса доранд. Муҳтарам Саъдулло Раҳимов як шахсияти донишманду мутафаккир, хоксору мутавозеъ, ҳалиму меҳрубон ва беозору заҳматкашанд ва рӯи ҳарфу суҳбати хеш ҳамеша андешидамандона амал мекунанд ва эй кош дар ҷомеа чунин шахсиятҳо бисёртар мешуданд.

Саъдулло Раҳимов узви Иттиҳоди кинематографистҳои Тоҷикистон, узви Иттиҳоди кинематографистҳои давлатҳои мустақил ва кишварҳои Балтика мебошанд. Дар баробари ин, узви ягонаи созмони байналмилалии ФИПРЕССИ (Федерацияи байналмилалӣ) аз ҷониби Тоҷикистон буда, ҳамчун узви ин ташкилот ба унвони ҳакамон дар форум ва фестивалҳои кино ва театр ширкат намудаанд. Аз соли 1987 сар карда, зиёда аз 10 сол роҳбарии киностудияи «Тоҷикфилм»-ро ба уҳда доштанд. Солҳои 1997-1998 ба вазифаи ҷонишини раиси Комитети радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд. Аз соли 1999 то инҷониб дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ дар «Шуъбаи фалсафаи фарҳанг» адои хизмат намуда истодаанд. Аз соли 2011 то имрӯз вазифаи мудири «Шуъбаи фалсафаи фарҳанг»-и Институтро бардуш доранд.

Саъдулло Раҳимов муаллифи як қатор филмҳои ҳуҷҷатӣ, монографияву дастурҳои илмӣ-методӣ мебошанд, ки мо метавонем чанде аз онҳоро номбар кунем: «Симои саҳна» («Луч экрана») (2004), «Аз таърихи ҷаҳонбинии зебоишиносии мардуми тоҷик» (2005), «Эстетикаи зардуштия» (2006), «Доиратулмаорифи кино (синамо)-и Тоҷикистон» (2012), «Проблемаҳои мубрами фарҳанги тоҷик» (2020), «Очеркҳои таърих ва назарияи синамои тоҷик»: марҳилаи худшиносӣ) (2020). Мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-омавии ӯ дар маҷаллаву маҷмӯаҳои илмӣ, нашрияҳои энсиклопедӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Русия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Фаронса, Англия, Кореияи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо нашр гардидаанд ва азбаски теъдоди онҳо зиёд аст, мо ин ҷо номгӯӣ онҳоро намеорем.

Раҳимов Саъдулло ҳамчун муҳаққиқи кино ва театру кинофестивалҳои тоҷик аз соли 2004 то имрӯз Раиси бахши ҳунарии Кинофестивали байнамилалии «Дидор» мебошанд. Мавсуф дар баробари ин, боз муҳаққиқи хуби фалсафа ва олими фарҳангшинос буда, дар симпозиумҳои байналмилалӣ ва конфронсҳо доир ба масъалаҳои мубрами фалсафа, фарҳанг ва эстетика бо баромаду мақолаҳояшон қобили эҳтиром ва пазириши аҳли илму адабу фарҳанг гардидаанд. Барои хизматҳои шоиста бо баромаду навиштаҳои илмӣ-фарҳангӣ-интиқодӣ, ҳамчун рамзи идеяҳои воло дар соҳаи илму фарҳанг, махсусан кино ва театрҳо бо мукофотҳои бахши марбутаи СММ дар Тоҷикистон ва бо Грамотаҳои фахрии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира АМИТ) ва Донишгоҳи Кобул (Афғонистон) мукофотонида шудаанд.

Саъдулло Раҳимов дар тарбияи кадрҳо низ  саҳмгузор буда, шогирдони зиёдеро тарбия намуда, соҳиби унвони номзадӣ намудаанд.

Арзанда аст, ки бо чанд сухане фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва фарҳангии Саъдулло Раҳимовро матраҳ намоем. Дар мақолаи ҳозир доир ба ду китоби боарзиш ва барҷастаи муаллиф, ки бо унвонҳои «Очеркҳои таърих ва назарияи кинои тоҷик»: марҳилаи худшиносӣ ва «Масоили мубрами фарҳанги тоҷик», ки соли 2020 аз чоп баромадаанд, мухтасар баъзе андешаҳои хешро баён намуда, мубрамияти онҳоро ба хонанда ва ҳаводорони илму фарҳанг ва ҳунар пешкаш намоем. Бо вуҷуди он ки банда муҳаққиқи риштаи санъату ҳунар нестам, боз ҳам мехоҳам нисбати китобҳои дар боло номбаршудаи ин олими пурдону бофазилат муҳтарам Саъдулло Раҳимов фикрҳои шогирдонаи хешро баён намоям.

Дар китоби якум «Очеркҳои таърих ва назарияи кинои тоҷик» муаллиф таърихи вазнини тай намудаи синамои тоҷикро ҳамчун ангуштнамои фарҳангу тамаддуни миллӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд. Чунонки муҳаққиқи барҷастаи таърихи фалсафа, академики шодравон Мӯсо Диноршоев (ёдашон ба хайр) қайд намудаанд, мавзуи баҳси ин китоб идомаи ҳамон китоби пештараи муаллиф «Симои саҳна» (2004) мебошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки муаллиф айни мавзуи он китоби қаблиро такрор намудааст. Мо медонем, ки синамо ва театри тоҷик дар замони барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯ ба рукӯъ ниҳод, вале он дер давом накард. Чунонки дар боло ишора шуд, аз соли 2004 то инҷониб Саъдулло Раҳимов Раиси бахши ҳунарии Кинофестивали байналмилалии «Дидор» ва ҳамчунин, Директор ва роҳбари бадеии киностудияи «Тоҷикфилм» адо хидмат намудаанд. Бо ёриву талош ва ҳамкориҳои ӯ бо ходимон ва ҳунарпешаҳои киною театр, кино ва театри тоҷик боз аз нав рӯ ба рушд ниҳод. Масъалаҳои муҳиме, ки замони истиқлолият дар пеши аҳли илму фарҳанг, махсусан муҳаққиқону олимон ва ҳунарпешагони кинову театр гузошт, мавриди диққату тамаркузи муаллиф гардидааст. Аз ин лиҳоз Саъдулло Раҳимов саъю кӯшиш намудаанд, ки дар ин асари хеш масоили муҳими замони муосирро, дар мисоли синамову театри тоҷик ва санъати ҳунарии ҳунармандони он мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор диҳанд. Чунки ба қавли бузургон, мо наметавонем ёди гузашта кунему ду даст пеши бар монда, бо афсус бинишинем, балки бояд мо ба зиндагии хеш обуранг дода, ҳамқадам бо давлату миллати худ пеш равем ва ҳувияти милливу худшиносиамонро дар замони Истиқлолият, ки ба мо имкониятҳои фаровон додааст, такмил диҳем ва онро ҳифз намоем. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду суҳбатҳои хеш нисбати болоравии маърифатнокӣ ва фарҳангу худшиносии мардум борҳо ишора намуда, аҳли илм ва донишмандонро ба таҳлилу таҳқиқи илму тамаддуни гузаштаву имрӯзаи миллати тоҷик даъват менамоянд. Муҳаққиқи китоби «Очеркҳои таърих ва назарияи кинои тоҷик» аз ҳамин нуқтаи назар амал намуда, рушду такомули синамо ва театри тоҷик, санъати ҳунарии ҳунарпешаҳои бомаҳорати онро дар ин асари худ аз назари илмӣ-таърихӣ ва интиқодӣ баррасӣ намудаанд, ки хонандаи муҳтарам метавонад гавҳари андешаҳои муаллифро дар ҳангоми мутолиаи китоб дарёбад.

Муаллифи китоб ҳамчунин аз таърихи илму фарҳанги мардуми тоҷику форси асрҳои миёна низ гуфтугӯ намуда, ташаккули тафаккуру шуури ҷамъиятӣ, сохт ва ташаккулёбии олами ҳастӣ, назарияи маърифат ва нақши он дар донисташавии олами ҳастӣ ва гуманизми ахлоқиро то ҳадде дар мисоли мутафаккирони барҷастаи тоҷик – Рудакӣ, Ҳофиз, Мавлонои Балхӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ ва дигарон тавассути иҷрои нақши ҳунарпешаҳои ватанӣ баррасӣ менамояд.

Саъдулло Раҳимов дар ин асари хеш дар бораи филмҳои киностудияи тоҷик «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш», «Муҳоҷир», «Дохунда», «Фарзанди Тоҷикистон», «Қисмати шоир», «Зумрад», «Марги судхӯр», «Субҳи нахустини ҷавонӣ» («Юности первое утро»), «Асрори хонаводагӣ», «Дарди ишқ», «Ишқ ва фалсафа» ва амсоли инҳо баҳс намуда, мақому манзалати ин филмҳо ва ҳунарпешаҳои онҳоро дар таърихи илму фарҳанг, синамою театр ва тарбияву худшиносии миллӣ-маънавии тоҷик хеле моҳирона ва боназму низом аз нигоҳи таърихӣ-иҷтимоӣ, фалсафӣ-ахлоқӣ ва эстетикию фарҳангӣ мавриди муҳокимаву таҳлил қарор додаанд. Аз ин рӯ, мутолиа ва баррасии ин китоб барои олимон ва муҳаққиқону дӯстдорони фарҳангу синамо ва театр аз манфиат холӣ нест, махсусан, роҳу равиши таҳқиқ ва услуби таҳлилии муаллиф метавонад кумаки бузурге барои олимони ҷавони илму санъат ва ҳунари тоҷик бошад.

Китоби дигари муаллиф «Масоили мубрами фарҳанги тоҷик», проблемаҳои муҳими фарҳангу тамаддун ва маънавиёти тоҷикро аз замонҳои қадим то замони муосир дар бар гирифтааст. Китоби мавриди назари мо, асосан барои фарҳангшиносон, мутахассисони фалсафаи фарҳанг, зебоишиносон, донишҷӯёну унвонҷӯён ва магистрҳои соҳаи фарҳанг, ки рағбат ба таҳқиқи масоили фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик доранд, нигаронида шудааст.

Мавзeи баҳси ин китоб, асосан характери таърихӣ дошта, аз асотир сар карда, то фарҳангу тамаддуни замони кунуниро фаро гирифтааст, ки инро аз мундариҷаи китоб ба хубӣ пай мебарем. Қисмати аввали мундариҷаи он ба ин минвол матраҳ шудааст: таҳлили муқоисавии шуури асотирӣ ва асотири муосир; шакли асотирии ҷаҳонфаҳмии зардуштия; муборизаи баҳамзидҳо ҳамчун принсипи зардуштия, нақш  ва ё таъсири он ба фарҳанги Эрони бостон; доир ба баъзе принсип ва  хусусиятҳои тафаккури бадеии зардуштия ва Эрони бостон; дар бораи файласуфон ва шоирони файласуфмашраб дар асрҳои миёнаи Шарқ; ҷаҳонбинии фалсафӣ-эстетикии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ; андешаҳои зебоишиносии Ибни Сино ва ғ. Қисмати дигар мавзӯъҳои китоб бештар масоили мухталифи замони муосирро дар бар гирифтааст, ба монанди: Таассурот ва андешаҳо дар бораи китоби академик Мӯсо Диноршоев «Матолиби фалсафаи Ибни Сино»; “дунё дигар шуд, дарёи ман, ту ҳамоне, ки ҳамоно, ки ҳастӣ”; “фалсафа ва мусиқӣ”; “ба ҳар ҳол ба гузашта (оқиб) менигарем”; “фаъолияти индивидуалии рассоми миллӣ”; “Доир ба масоили театр ва “театралӣ” Ҳомид Маҳмудов ва баъзе масоили театри муосири тоҷик” ва амсоли инҳо.

Бархе аз мақолаҳои китоб масъалаҳои фарҳангӣ-суннатӣ, ба мисли ташаккули тафаккури эстетикии ҷомеаи тоҷик; Наврӯз – ҷаҳонбинии болидарӯҳиву некбинӣ ва созандагӣ; ҷанбаҳои психиологӣ- иҷтимоӣ ва фарҳангии тақвимии ҷашнгирии форсӣ-тоҷикӣ; Фидокорӣ ва хизматҳои шоёни академик М.Осимӣ ва ғ.-ро фаро гирифтааст.

Чунонки аз мухтасари мазмуну мундариҷаи китоби мазкур ба назар мерасад, муаллиф дар навиштан ва сохтори ин китоб заҳмати зиёде кашида, ба хонанда масоили муҳими фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷикро аз замони қадим то имрӯз бо як назокату назму низом ба қалам додааст. Дар ҷараёни таҳлилу баррасии масъалаҳои дар пеш гузоштаи хеш муҳтарам Саъдулло Раҳимов аз усулу равишҳои фалсафӣ-ахлоқӣ ва эстетикӣ истифода намуда, як асари арзишманди илмӣ-таҳқиқотии фалсафӣ-фарҳангиро ба аҳли илму адаб, олимону ҳунармандони соҳаи этикаву эстетика, синамову театр ва унвонҷӯёну донишҷӯёни соҳаи илму фарҳанг ва тамаддун пешниҳод намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки ду китобе, ки мо дар боло хеле фишурда баррасӣ намудем ва шояд аз нигоҳи санъатшиносону фарҳангшиносон заиф ба назар расад, бо вуҷуди ин, саъй намудем, ки то ҳадде тавонем мазмуну мундариҷа ва бо санъати илмӣ-ҳунарӣ, фалсафӣ-таърихӣ навишта шудани онҳо ва рӯи об баровардани фарҳангу тамаддуни ғании мардуми тоҷик хизмату фидокории қалбии  муаллиф – Саъдулло Раҳимовро ба аҳли илм муаррифӣ намоем. Меарзад, ки чунин муаллифони варзида қобили ташвиқ ва дастгирии хирадмандони ҷомеа гарданд. Зеро ки Саъдулло Раҳимов аввалин муҳаққиқ аст, ки дар ин ду китоби худ шуҷоатмандона масъалаҳои муҳими таърихи фалсафаву фарҳанг, адабиёту ҳунар ва театру синамои тоҷикро аз ибтидо то имрӯз таҳлилу баррасии бунёдӣ намудаанд, ки ифодакунандаи арзишҳои маънавию фарҳангии мардуми тоҷик мебошанд.

Муродова Тоҷинисо, номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь