«Марде ки парранда шуда буд»

Оё чунин шуданаш имкон дорад?

Ва ин магар фақат дар хоб муяссар мегардад?

Дар бедорӣ чӣ?

Ҳатто ба марде муяссар гардида парранда бишавад. Ба ин боварӣ доред магар?

Вале ҳикмати ин қисса, ки дар китоби навин чоп шудааст, чунин бошад: «Ҳар кас – чи мард бошаду чи зан – парранда шавад бояд. Яъне паранда шавад гоҳе, то имкон биёбад аз осмон назар андозад ба рӯзгори худаш, ба зиндагии атрофиёнаш. Ин имкон бидиҳад асли рӯзгори худро, атрофиёни худро дида тавонад, ба фаҳмашон расида битвонад. Бубинад ва бифаҳмад то умқи умқаш, ё ҳеҷ не то ҳадди имкон…

Ҳикмати асл ин аст, ки агар парранда шуда натвонӣ, пас ақлатро, ҳиссатро, тамизу идрокатро мурғи осмон бисоз, ба парвоз биандоз, то аз баландиҳое ва канораҳое нигариста тавонӣ ба худату ба рӯзгори худ… Нигариста тавонӣ ва такя ба ин ва хулосаҳои нават имкон бишавад ояндаи дигарро сохта, ё рӯзгори худро такмил дода, ё ба ислоҳ кашида тавонӣ. Шояд ба ислоҳ кашидан имкон гардад рӯзгори ҳозираи худатро, зиндагии атрофиёни худатро… Шояд…»

Ва китоби навинаи Шераки Ориён «Марде, ки паранда шуда буд» чор киссаи муаллифро фароҳам овардааст, яъне ғайри киссаи зикршуда боз қисаҳои «Муҳаббат ва ҷавонмардӣ», «Афсонаи маҳтобӣ», «Ҳандалак ё тамъи духтарак» ба ҳам омадаанд. Қиссаҳое, ки ба зиёда аз сӣ забони хориҷӣ тарҷумаю нашр шудаанд. Ва боре ягон киссаи адабиёти тоҷик ба ин миқдор забонҳои хориҷӣ тарҷумаю нашр нашуда. Беҳуда нест, ки ба қарибӣ дар як чорабини сатҳи олӣ эҷодиёти Шераки Ориён тиллоӣ эълон гардид, яъне варо бо ҷоизаи «Килки заррин» (қалами тиллоӣ, ё золотой перо) мушарраф гардониданд.

Умуман нигоштаҳои муаллифи ин асар, яъне Шераки Ориён тарҷумаю нашр шуда ба 43 забони олам, аз он ҷумла бо забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳинду, урду, полякӣ, қазоқӣ, украинӣ, белорусӣ, ӯзбекӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испониву арабӣ, яъне ҷамъулҷамъ ба чилу се забони хориҷӣ. Вай муаллифи зиёда аз сад китоби нашршуда мебошад, яъне 96-то бо тоҷикӣ, 11то бо русӣ, чорто бо инглисӣ ва сето бо ӯзбекӣ.

Шераки Ориён ҳамчунин муаллифи зиёда аз чил филми бадеӣ, фалсафӣ ва санадӣ маҳсуб шуда, эҷодиёташ ҳафт ҷоизаи байналхалқирро сазовор гардида.

Навиштаҳои Шераки Ориён ба китобҳои дарсии кишварҳои дигар низ ворид гардидаанд, баъзе асарҳояш бошанд чун дастури таълимӣ барои Донишгоҳ ва Донишкадаҳои як миқдор мамолики дунё мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Ҳоло бамаврид аст аз навиштаҳои зиёди фардони сатҳи баланд интихобан ду иқтибосро ин ҷо биоварем, ки ба қиссаҳои китоби нав вобаста бошанд:

«Қиссаи «Муҳаббат ва ҷавонмардӣ» ва басо қиссаҳои дигари Абдурофеъ Рабиевро (Шераки Ориёнро) метавон аз муваффақиятҳои қавии насри панҷоҳ соли як адабиёт шуморид…»

Зоя АСМАНОВА,

адабиётшиноси сатҳи ҷаҳонӣ.

Мо эҷодгарон ҳама тақлидгари Худовандем. Худованде, ки зиндагиро офарида. Ва мо эҷодгарон ба тақлиди Худованд зиндагии офаридаи Худовандро меофарем. Мо, ки мусаввирем меофарем бо рангу бор, адибон меофаранд бо ҳарфу сухан, синамогарон меофаранд бо саҳнаву амалиётҳои гуногун. Бо ҳарфу сухан ва саҳнаву амалиётҳо офаридаҳои Абдурофеъ (Шераки Ориён) амсоли зиндагӣ саршоранд аз муҳаббат, саршоранд аз одамият, саршоранд аз имону ихлос; дар онҳо илҳоме эҳсос мешавад, ки Худованд мефиристад аз осмони баландаш. Мефиристад барои инсонҳои боистеъдод…

Зокир СОБИРОВ,

академики Академияи тасвиргарии Русия

кашшофи ду равияи навин дар тасвиргарии ҷаҳон,

яъне наворизм (параллелизм) ва танворизм (материолизм),

дорандаи ду мукофоти ҷаҳонии «Уқоби тилло».

 «Агар хоҳӣ зинда мониву зиндагӣ карда тавонӣ»

«Агар хоҳӣ фано наёбиву зиндагӣ бикунӣ, пас бояд зиндагӣ бисохт.

Умуман зистан санъат аст ва ҳунар.

Санъати аз ҳама нозук, ҳунари аз ҳама пурпеч…

Зистан. Чизест, ки ҳама тавонаду вале на ҳама битвонад.

Хоса натвонад ҳар кас арзандаю сазовор зистан, яъне бо ҳунари хоса, яъне бо маҳорати сазовор умр ба сар бурдан ва дар зиндагӣ бо ҷилоҳои хоса мондан…

Пас чӣ бояд кард?

Ва ҳар ҳикоёти ин китоб то ҳадде посухгари ҳамин бошад ва талқин бикунад ба зиндагифаҳмиву зиндагисозӣ…

Ва ин китоб зиёда аз 150 резаҳикояро фарогир шудааст, ки боре ба ин миқдор ва ба ин тарзу сабк китобе дар насри навини тоҷик ба нашр нарасида буд. Асар ҳамчунин аз се боб иборат аст, яъне «Ҳикоятҳои фалсафӣ», «Ҳикоятҳои зиндагӣ» ва «Ҳикоятҳои ошиқӣ».

Муаллифи китоб Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) дорандаи ҳашт ҷоизаи байналхалқист ва эҷодиёташ бо мукофоти «Килки Заррин» («Золотое перо») низ қадр шудааст. Ба қалами вай зиёда аз сад асари чопшуда дахл дорад, ки аз онҳо 11-тояш бо русӣ, чортояш бо инглисӣ ва сетояш бо ӯзбекист ва дигар хамааш бо забони модариаш тоҷикӣ бошанд. Нигоштаҳояш бо зиёда аз чил забони хориҷӣ тарҷумаю нашр шудаанд, аз он ҷумла бо забонҳои русиву инглисӣ, фаронсавӣ, ҷапонӣ, чинӣ, ҳинду, урду, поякӣ, қазоқӣ, украинӣ, белорусӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испониву арабӣ ва гайра.

Китоби навини ӯ «Агар хоҳӣ зинда монӣ…» -ро пажӯҳишгарон «бахшандаи маъниҳо ва таконбахши мағзу афкор» номидаанд…

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь