Чанд ҳақиқати талхе, ки ҳама медонанду касе намегӯяд!

Ҳазор ҷаҳд бикардам, ки сирри ишқ бипӯшам,

Набуд бар сари оташ муяссарам, ки наҷӯшам.

Саъдӣ

Маро як зумра устодону бузургон, давлатмандону мансабдорон, низомиён, бавижа онҳое, ки аз ман бештар ҳаққи гуфтани чунин ҳақиқатҳоро доранд, бибахшанд. Аммо метарсам, ки мабодо ҳамнаслони ман ё фарзандони ман маро дар тарсуиву бетарафӣ мутаҳҳам бикунанд. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон садҳо шахсиятҳои меҳвариву номдоре ҳастанд, ки ин ҳақиқатҳоро кайҳо бояд мегуфтанд.

Гуфтан?! Шояд онҳо метавонистанд амалан корҳои хуҷастае кунанд, то ки ба ин ҳад бесоҳибу бемуттако набудем. Аммо накарданд, гӯшҳо зери тоқӣ гаштанд, пунба бар гӯшҳо гузоштанд, ба даҳон об гирифтанд ё мум газиданд. Ана имрӯз заҷру озори хомӯшии онҳоро мо мекашем!

Аз ин фазои бисёр нарму мусоиди “бетарафии тоҷикӣ” (ба ман чиву ба ту чӣ?) дӯстони турктабори мо моҳирона истифода бурда, дар Осиёи Марказӣ хеле фаротар рафтанд. Онҳо панди бобои ману шуморо ҳалқаи гӯш карданду мо не: “Туркӣ куну чустӣ кун!”. Тоҷик боз ҳамон нармиву тоҷикиро идома дод…

Биёед, рӯирост гӯем, онҳо дар давоми танҳо 35 соли охир тавонистанд, ки ҳама чизҳои офаридаи моро бо ному тамғаву рекломи хеш муаррифӣ кунанд ва кор ба ҷое расид, ки ҷаҳониён оҳиста-оҳиста ба реклому тарғиби пайвастаи бо барномаҳои вижа гардонбуда бовар карданд. Чакра ҳам як сол рӯи як нуқтаи тахтасанг бичакад, мекафонад он сангро. Онҳо ин ҳама барномаҳоро зери сояи дарахти ДАВЛАТ гардон мекунанд. Касоне, ки мегӯянд: инҳо як гурӯҳи шовинисти миллатгароянд, хато мекунанд! Садандарсад хато мекунанд ва ғофиланд! Зеро ин ҳама ба чашми таърих хок пошидану ҳамаро “моли ман” эълон кардан, бе замина намешавад!!! Дар ин бора дар поёни мақола бештар хоҳем пардохт…

  1. Яъне, то ки тоҷикони хоболуд афсонаи Самарқанду Бухоро хонданду бо ормонгароии бевоқеият хешро таскин медоданд, ҳамсояҳои мо афсонаҳоро ҳақиқат карданд. Тоҷикони сода дар сад соли охир на танҳо мероси фарҳангии умумиэрониро ҳифзу муаррифӣ карда натавонист, балки мероси фарҳангии дохили кишварашро ҳам соҳибӣ кардан натавонист! Хайрият, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чандин номинаҳои фарҳангии асили ориёиро, мисли Наврӯзу Шашмақому Фалак… муштарак бо кишварҳои дигар ҳам бошад, ба номи мо сабт намуд, вагарна…
  2. Тоҷикони он сӯи Ому то ки ҷангу пархоши қавмии хешро ҳал карданду киро дар куҷо монданро фикр мекарданд, толибон оҳанро дар гармӣ кӯфтанд. Амрикоро “хайрбод” гуфтанду давлату ҳукуматро ассалом!

Ин бор акнун ин толибон он толибони замони Аҳмадшоҳ нестанд, инҳо ваҳшитар, омодатар, гуруснатар ва соҳибони “хоҷаҳо”-и зиёди дохилу хориҷиянд. Як дунё асбобу колои ҷангӣ аз Амрико расид, аз Покистон ёрӣ мегиранд…

Ҳамин ҳарфи Ашраф Ғании палид кофист: “Хидмате, ки ман барои паштунҳо кардам, касе дар таърих накардааст…”

Мо бо умеди дӯстиву дипломатияву мавқеи носозгори ҷуғрофиву …сад баҳонаи дигар хомӯш истодем, аммо онҳо амалан кор карданд. Баъзе ба ном “бузургони мо” ба мо то ҳол чунин қанду қурси фиреб медиҳанд: “хомӯшӣ беҳтар, ҳоло мавқеи хубе надорем, вазъияти минтақа ба суди мо нест, дар сарҳадамон нооромӣ, вазъияти Афғонистон каме беҳ шавад”…

Ин ҳама сафсатаҳоро ба кӯдак гӯед, бовар намекунад! Чаро? Чунки сад сол боз вазъият бадтар шуд, ки беҳтар нашуд (ягона кишваре, ки бо номи миллати ман номгузорӣ шуд, соли 2024 садсола шуд!). Пас, хулоса яктост:

Мавҷем, ки осудагии мо адами мост,

Мо зинда аз онем, ки ором надорем!

Сарнавишт ҳамин будаст: мо дар як мавзеъ ё мавқеи номусоиди ҷуғрофӣ ҷойгир шудем. Пас, чӣ? Мо дар чунин муҳитем гӯему бимирем?!

Ин ҷо оромиву мусолиҳаву гузашт камтар кор меояд, баръакс дар чунин муҳити хатарнок, ки атрофро гургҳои гушна иҳота кардаанд, шиддату суръати ҳамешагӣ, қабули қарорҳои қатъии таъҷилӣ, меҳтару беҳтарини ҷомеа кардани омӯзгор, нерӯ бахшидани сарҳад, дипломатияи баланди коркушанда, бозингарии “рӯбаҳона” ба суди миллат, ҳунарнамоиҳои сиёсӣ дар саҳнаҳои баланд, дар баробари истифода шудан, истифодаи оқилонаи қувваҳои абарқудратҳо, пеш бурдани иқтисод ба ҳазор шева, ҷустани роҳҳои ба бозори ҷаҳонӣ бо дасти худ баровардани сарватҳои табиат, омода кардани айёрони коркушта, тарҷумонҳои зирак, ҷосусҳои ҳамакораи равоншинос, пажӯҳишгарони чашмсери давлатмеҳвар бояд асли кору фаъолият мешуд, аммо…

Дар масъалаи соҳибӣ кардан ба фарзонагону осори онҳо ва арзишҳои фарҳангиву ҳунарӣ (китобдорӣ, шаҳрсозӣ, меъморӣ, кишоварзӣ ва…) ҳанӯз устодон Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров корро оғоз карда буданд. Ва дар замони онҳо рӯ овардан ба масъалаҳои миллӣ аз ҷон тамаъ буриданро мемонд, аммо рӯ оварданд, садо баланд карданд, “Маънии калимаи тоҷик”, “Тоҷикон” барин асарҳои нотакрор ба вуҷуд омаданд. Ин асарҳо алифбои кор буданд, раҳнамо буданд, аммо идома наёфт, занҷира канда шуд.

Тарси ба эҳтироми аблаҳона огандаи баъзе ҳаммилатони мо сабаб шуд, ки ҳатто аз Сарқонун вожаи форсиро ҳазф карда, номи забонамонро “забони тоҷикӣ” сабт кардем. Тарс аз он ки мабодо ба форсигӯёни дунё наздик шудани мо ба “бародарони калонамон” хуш наояд!!!

Дар ҳоле ки он шабу рӯз, он айёми барои Русия ҳам вазнин (охири солҳои 80-ум ва оғози солҳои 90-уми садаи ХХ) беҳтарин имкони таърихӣ буд, то ҳадди ақал чанд арзиши аслиро ба ҷойгоҳи худ мегузоштем. Ҳолдонҳо нақл мекунанду аз матбуот мехонам: дар номгузории забон меҳтарони мо ба ду сангар ҷудо шуда буданд, ҳатто бархе оқилон ба ҷон тавалло мекунанд, ки дар қавсайн ифодаи “форсӣ” истад, аммо як гурӯҳи русмаобон ва хушбоварони баргашти замони шуравӣ нагузоштанд, ки ин ифодаи ҳаққу ҳалоли мо эҳё шавад. Пас, чӣ мегӯед, ки аз мост, ки бар мост!

Ҳамин содагӣ набуд, ки дар ошёнаатон, дар дохили хонаатон омада, туркҳо мактаб сохта, мағзшӯӣ мекард? Дер фаҳмидем? Оре, мо ҳама чизро дер мефаҳмем! Ба моҳияти масъла дер расидани мо бемории музмини мост!!!

Пас, аз ҳамсояи дарбадеворат чӣ гила дорӣ???

Тоҷики содаи хушбовар ба ҷои он ки дар поёни аҳди шуравӣ зери як парчам – парчами озодиву истиқлол мутаҳҳид шавад, чизи бударо соҳибӣ кунад, дастбагиребони ҳамдигар шуд ва ҳама чизашро аз таҳи дараш бурданду ӯ вақт намеёфт то дарвоза маҳкам кунад, зеро дасташ банд буд, дасташ дар хуни бародараш тар буд…

Танҳо аз майдони бузурги корзори НБО Роғун он қадар оҳану пӯлод ва техника бурдаанду ба пашизе аз хубдохтагон харидаанд, ки дар натиҷа аз Роғун як вайронае боқӣ монда…

Дар дасти яке таноб, дар дасти дигаре табар, дар дасти дигре автомати колашников… бо чунин дастҳо мешуд оё ватандорӣ кард?

Ашӯр Сафар бо дарди ҷонкоҳ гуфта буд:

Мо_сода_будем, сода мондем,

Дарвозаи худ кушода мондем.

Дода хари хеш бар гадое,

Дар роҳи сафар пиёда мондем!

Дигар чӣ гӯям, ки дар ҳамин чор мисраъ ҳама чизро гуфтааст!

Бузургмеҳри БАҲОДУР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь