Ба диққати блогерон ва блогнависони кишвар расонида мешавад, ки Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тренинги нави ҳуқуқиро ба роҳ мемонад ва дар ин тренинг ҳуқуқҳои таъсиси блог ва тарзи дуруст пеш бурдани он аз ҷониби коршиносон ва ҳуқуқдонҳо омӯзонида мешаванд.

Шумо блогер ҳастед ва ё нав мехоҳед, блог кушоед ва ба ин намуди мудерн шуғл варзед?

Намедонед, ки онро чӣ гуна боз намоеду кадом ҳуқуқҳоро барои пешбурди он доред?

Чӣ бояд анҷом диҳед, то фаъолияти қонунӣ ва раванди дурустро пеш гиред?

Ба мактаби нави Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон худро номнавис кунед!

Қабули дархостҳо аз тамоми гушаю канори ҷумҳурӣ то рӯзи 20-уми октябри соли 2022 идома хоҳад ёфт.

Шумо ба мо аз фаъолияти имрӯзаи худ ва мақсадҳои ояндаатон нависед ва мо шуморо интизор хоҳем шуд.

Диққат! Беҳтаринҳо интихоб карда мешавад!

Дар анҷоми тренинг 3-нафари муваффақ бо смартфон қадрдонӣ мешаванд.

Пас, аз ҷумлаи беҳтаринҳо бошед!

Хоҳишмандон метавонанд CV (ҳолнома)-ҳои худро ба почтаи зерин rizoevashahriya@mail.ru равон кунанд.

Барои маълумоти бештар метавонед ба рақамҳои 918-68-38-37 ва ё 002-99-97-37 бо мо дар тамос шавед!

Масъул Шаҳрияи Мадгиё

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь