«Эй нури чашмам, умеду орзуям, ман барои ту ҳама корро мекунам, худро боз ба сад кӯю дар мезанам, то дили ту шод шавад, бар лабат ханда гул кунад, хонаро нур бахшад», – бо чунин суханон Ҷалолиддин ба болои кати Фирдавс омад.

– Писарам, дилат чӣ мехоҳад?

– Додо, кати маро ба назди тиреза баред!

– О, ҳаво каме сард, боз шамол нахӯрӣ?

– Не, додоҷон, мехоҳам ситораҳоро тамошо кунам.

– Майлаш, ҷони додо, ҳозир модарат ояд, кати туро ба ҷои дилхоҳат мебарем…

– Нозанин, о, Нозанин,-гуфту дар овозаш як ларзишро эҳсос кард.

Ин ларзиши овози шавҳарашро Нозанин ҳам фаҳмид.

-Ман ҳамин ҷо додош, чӣ кор кунам, – гуфту ба рӯи Ҷалолиддин нигарист. Ва чашмонашро пуроб диду дили худаш ҳам ба нола даромад.

-Фирдавс мехоҳад, каташро ба назди тиреза барем… Ҳарду катро ба назди тиреза бурданд.

– Оча, пардаро яктарафа кунед, ман берунро бубинам.

– Майлаш, о, берун торик чиро мебинӣ.

– Мехоҳам ба ситораҳо нигарам…

Ин сухани фарзанди бемораш дили падарро хун кард.

Ба ёдаш омад,  як сол пеш, ки бо Фирдавс рӯи суфаи таҳи тут хоб мерафтанд, писарбачаи беқарору ҳушёр бо саволҳои бесару нӯгаш ӯро ба дод меовард.

Мехост ҳамаи ситораҳоро аз падараш пурсад. Пурсад, ки чаро як ситора хурду якеи дигар калон, чаро анҷуми ахтарон дар як кунҷи осмон бисёру дар ҷои дигараш кам. Чаро «Раҳи Каҳкашон» мегӯянд, «Ҳафтдодарон» дар осмон чӣ кор мекунад?

Ба ҳар як суханаш сад савол тайёр буд. Вақте ки шаб аз шаб гузашт, чашмонаш монда шуд, хоб мерафт ва нафаскашии якмаромаш ба гӯшу ҳуши падар чун беҳтарин мусиқӣ садо медод.

Ӯ аз рӯи фарзанди ягонааш сер намешуд. Дар равшании моҳ Фирдавсро аҷаб ширину нозанин медид…

Ва оҳиста аз рӯи фарзанди дилбандаш мебӯсиду ӯро ба оғӯш гирифта хоб мерафт.

Хоб куҷо, то пагоҳ саду як нақша мекашид, барои дилхушии фарзандаш. Охир ӯю ҳамсараш баъди ҳафт соли хонадорӣ соҳиби фарзанд шуданд, ин дурри гаронбаҳоро ёфтанд…

Ҳафт сол Ҷалолиддин дар тӯю сури мардум хизмат кард, ба шодияшон шодӣ зам намуд, аз пирону бечорагон дуо хост, то фарзандор шавад, ӯ ҳам тӯй кунад. Ва чи хуш ки ба муроди дилаш расид, орзуяш ҷомаи амал пӯшид. Аммо боз ин фарзандаш…

О, кош, он рӯзи тирамоҳ ба боғ намерафтанд.

Аслан ин бо хоҳиши писараш буд.

– Додо, боғ намеравем.

– Барои чӣ бачем…

– Мехоҳам боғро тамошо кунам, ангур чинам.

– Майлаш, ҷони додо…

– Маро ба асп савор мекунед.

– Чаро не, ин аспро барои ту харидем…

Аз шодию хурсандӣ ду дасти Фирдавс ба гардани падар ҳалқа шуданд…

Боғи онҳо дар домани кӯҳи Чилдухтарон буд. Аз деҳаи Зебон то он ҷо хеле роҳ…

Боғ ранг бохта буд. Табиат дарахтонро ба чандин ранг оро дода. Аҷаб манзарае.

Фирдавс аз ин манзара чунон ба завқ омада буд, ки шодияшро ҳаду канор надошт.

– Додо, маро доред, гӯён ба ин сӯ он сӯи боғ медавид.

Гоҳе ангур мечиду гоҳе аз зери хазонҳои дарахти чормағз чормағз мекофт ва гоҳе дар шохи себҳо мебаромад.

Шодии фарзандашро Ҷалолиддин дида, баробари ӯ завқ мекард, шодмонӣ дошт.

Ва гӯё ҳама чизро падару писар фаромӯш карда, аз меҳру аз дӯстдории падар Фирдавс парвоз мекард, медавиду болои алафҳои зардгашта ғел мезад. Қаҳ-қаҳ мезад, худро чунон озоду сарбаланд медид, ки чаро ӯро ҳар рӯз ба боғ наовард.

Қариби бегоҳ падару писар аспсавор, бо ангуру себҳои тирамоҳӣ ба хона бармегаштанд.

Аз гардише мегузаштанд, ки ногаҳ рӯбаҳе аз пеши роҳ баромад.

Асп ногаҳ аз раҳ берун шуд… Падару писар, ки бепарво буданд, аз туридани асп, мувозинати хешро дошта натавониста ғалтиданд…

Асп як шиҳа кашиду аз онҳо дур шуд… Вале боз баргашту ба онҳо наздик шуду истод.

– Фирдавс, ҷони додо, ту чӣ хел?

– Нағз, додоҷон, – гуфту хост аз ҷой хезад, нашуд, яке якпаҳлӯ ғалтид.

Ӯро бардошт…

– Додо пойҳоям…

– Ҳеҷ гап нест, ту тарсидӣ.

– Не, ман натарсидам, вай чӣ буд.

– Рӯбоҳ…

– Куҷо рафт.

– Гурехт…

Фирдавс боз хост аз ҷой хезад. Нашуд. Падар  ӯро ба асп савор карду аз замин ангуру себҳоро чиду боз ба асп савор шуд…

Вақте ки ба ҳавлӣ омаданд, Нозанинро дар дили дарвоза диданд.

– Ба пешвози мо баромадӣ?!, гӯё шӯхӣ кард, Ҷалолиддин…

– Дилам, яке сих зад, хавотир шудам.

– Ҳа, дили модар ҳама чизро ҳис мекунад.Ману Фирдавс аз асп ғалтиданамон ба ту аён шудааст.

Ӯ оҳиста Фирдавсро аз асп фаровард. Вале боз ӯ рост истода натавонист. Ӯро ба духтур бурданд.

Ҳама нағз, ягон ҷояш лат хӯрда ва ё беҷо шуда бошад, дида намешуд, ягон айб нест. Лекин…

Падар чанд рӯз бо Фирдавс дар беморхона хобид. Хеҷ беҳбудиро надид. Духтурҳо ва олимон ҳам оҷиз монданд.

Ба назди табибони халқӣ бурданашон ҳам ҳеҷ мурод ҳосил нашуд…

Ана, як сол мешавад Фирдавс роҳатӣ, роҳ рафта наметавонад, аз миён поён гӯё ҷон надорад…

Падар дилхун, модар ҷигаркабоб…

Ба ҳама нозу нуз ва инҷиқии Фирдавс тоб меоранд, барои дилаш шуда ҳама хоҳишашро ба ҷо меоранд…

– Додо…

– Ҷони додо…

– Маро тӯй намекунед…

Яке дили падар фишор хӯрд. Охир он вақтҳо дар бораи тӯйю чӣ сон ба аспу аробаи орододашуда савор карда, Фирдавсро бо дӯстонаш ба шаҳр рафтанро гуфта буд, орзуи дилашро ифшо намуда буд.

Аммо як сол боз хомӯш буд. Дигар дар бораи тӯй, ё хатнасури фарзандаш даҳон намекушод…

Падар ба кор мерафт, эҷод мекард, суруду оҳангҳои нав ба нав.

Вале вақтҳои охир боз эҷодиёти ӯро ғаму дард фаро гирифт. Бештар сурудҳои андешапарвар ва ҳасратомезро мехонд.

Бо хондани чунин сурудҳо, бо эҷоди чунин оҳангҳо дилаш каме сабук мешуд. Гӯё дардҳоро, розҳои ғамборро берун мерехт, ифшо менамуд.

Ҳаводорони суруду таронаҳояш аз ин ҷиҳат афзунтару афзунтар мешуданд. Сурудҳои дардхӯру дилхарошаш аз дил ба дил макон мегирифтанд ва баъзеҳоро чунон ба эҳсосот мекашид, ки бо ашкҳои дидагонашон оташи қалбашонро оромӣ мебахшиданду сабук мегаштанд. Махсусан ҳамон суруди «Гуфтугӯи падар бо фарзанди бемор» бисёр ҷигарсӯзу пуроҳу нола ва аз дарди падарони фарзандбемору сӯхтаҷигар бештар мақбули хурду бузург гашта буд.

– Илоҳӣ, кам нашавед Ҷалолидин дилу ҷигарамонро об кардед.

– Рӯҳамон сабук шуд аз шунидани сурудҳои шумо, ҳазор раҳмат.

Ӯ хомӯш мемонд, вале нигаҳаш, дар дилаш ҳазору як дард, оҳ, нола ниҳон буд…

Ҳоло дар паҳлӯи Фирдавс нишаста. Ӯ гӯё худро ба тамошои ситораборон дода ва гоҳ-гоҳ зери лаб онҳоро мешуморад.

Падар худ ба худ сухангӯии фарзандашро диду дилаш об шуд. Тоқати ин ҳоли писарашро дидан надошт.

Оҳиста торро гирифту ба он нохун зад. Нолаи тор фазои хонаро пур кард. Фирдавс рӯ ҷониби падар кард.

Ҷалолиддин чашмонашро пӯшиду аз Лайлию Маҷнун пораеро аз дилу ҷон хонд, ҳамон порчаеро, ки падар писарро илтиҷо мекард, ки раҳм ба ҳоли падар ва худаш кунад, ӯрою худро дар азоб намонад.

Чун суруд ба охир расид, чашм кушоду нигоҳи Фирдавсро барқпош дид.

– Додо, кай маро тӯй мекунед…

– Ҷони додо, ту ин қадар тӯй шуданро мехоҳӣ?

– Охир Шамсро тӯй карданд, аввал  роҳ гашта наметавонист, баъд роҳ гашт.

«О, ҷони додо, охир Шамс пеш аз тӯй ҳам роҳ гашта метавонист, ту бошӣ…». Забонаш нагашт. Хомӯш монд. Дар хаёлаш суханони он табиб гирд гашт.

– Гоҳо инсон оҷиз мемонад дар табобати баъзе дардҳо. Худ инсон муаммо аст, писаратон ягон айб, ягон дард надорад, ҳама дар асаб аст. Ӯ тарсидааст, мумкин чанд тораи асаб аз кор монда. Ҳамааш дар дасти илоҳӣ, ноумед нашавед. Баъзан тарсро боз тарси дигар табобат мекунад.

– Шумо дар тӯи ман суруд мехонед.

– О, балоча, ман нахонда метавонам, албатта, мехонам…

Барои дили фарзандаш шуда, тӯйро сар кард.

Аробаро оро дод, Фирдавсро бо Шамсу Фаридун, ки дӯстонаш мебошанд, ба болои ароба шинонданд.

Фирдавсро бо кӯрпаю болиштҳо печонда нишонданд…

Рӯзи тӯй замин кафиду одам рӯид.

Чун Ҷалолиддин ба ҳама хизматаш расида буд, ҳама аҳли деҳ ва ёру дӯстони дуру наздикаш ҷамъ омаданд.

Дар охири тӯй, вақте ки дасти Фирдавсро барои ҳалол кардан, табиб омада медид, Ҷалолиддин чанд суруд хонд.

Ҳамон суруде, ки ба фарзанд бахшида шуда буд, ҳамаро асир кард, моту маҳбут намуд, ҳатто аз таъсири суруд худи ҳофиз ҳам нолид, ашк рехт дарун-дарун.

Ва яке фиғони Фирдавс хонаро пур кард…

Ӯ тор дар даст ба сӯи хона давид…

– Писарам, нури дидагонам, – гуфту ӯро оғӯш карду беихтиёр гирист. Китфонаш меларзиданд.

Ин ҳолати ӯ дили сангро об мекард.

Дасте ба сари китфаш омад. Табиб, марди солору кушодачеҳра Умар барои ором намудани Ҷалолиддин гуфт:

– Ҳамааш нағз, ман хурсанд шудам, ки аз миён поёнаш ҳам ҳиссиёт дорад, ин нишони некӣ аст, хун хоб рафта будааст…

Ба дили Ҷалолиддин умед давид.

Аз ҷой хест. Фирдавс баъди чанд лаҳза ба худ омад.

* * *

Баъди як ҳафта Фирдавс ногаҳ аз ҷойгаҳ хесту ба рӯи ҳавлӣ баромад.

Ҷалолиддин дар болои суфа нишаста ба осмон чашм медӯхт, ки кай ситораҳо мебароянд.

– Додо, – гуфтани Фирдавс ӯро на ин ки ба худ овард, ба ҳайрат ҳам овард.

Аз ҷой парида хеста ба пешвози фарзандаш оғӯш кушода давид.

Падар ба сӯи писару писар ба сӯи падар.

Ҳар ду якдигарро оғӯш карда мегиристанд.

Нозанин ҳардуи онҳоро дар чунин ҳол дида, бемадор дар дами дар нишасту

– Худоё, ман хобам ё бедор. Ҳазор бор шукри беҳад парвардигорро гуфту ашкҳои шодӣ рехт…

Он шаб то дами субҳ Ҷалолиддин бо ёру дӯстон сӯҳбат карду суруд хонд.

Фазои деҳаи Зебонро савту навои шодизои Ҷалолиддин он шаб пур кард…

– Аз қудратат гардам, халоиқро, ки ҳам дард медиҳад ва ҳам ногаҳ даво ҳам медиҳад.

Он шаб дар назари Ҷалолиддин чун рӯз равшану зебо менамуд….

О, чӣ қадар хуш аст, агар аз ноумедӣ умед рӯяд, дарди бедаво ногаҳ даво ёбад…

Шаб ёд дорад, ин лаҳзаи бисёр аҷибу хотирмон ва дардолудро, пур аз савту наворо…

Он шаб дигар чунин наояд.

Шаҳобиддини Ҳақназар 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь