Бешак, китобу китобхона, китобдориву китобхонӣ, китобнависӣ ва китобсозӣ ва ҳикмати эҷоду бунёди ин ҳама аз васоиту васоиле мебошанд, ки вуҷуди ҳар қавму миллатро дар чаҳорчӯбаи илму маърифат муътабар дониста, мақому мартабаи онҳоро баланд нигоҳ дошта, ҳифз ҳам, менамоянд. Инҳо чун сармояи башарӣ тармимгар ва таблиғгари асосии рушд ва равобит ба шумор рафта, дар таҳкими адабӣ ва фарҳангӣ нақши хос мебозанд. Дарки он таваҷҷуҳи хос мехоҳад, то натиҷаи дилхоҳ ва чашмрас ба даст ояд. Ин ҳамаро метавон чун неруи нарму созанда ва санади муҳим донист, ки тавассути онҳо қарордоди доимӣ ва равобити илмӣ миёни аҳли башар боқӣ мемонад.
Бо дарки амиқи мақому мартаба ва бузургии китобу китобхона бо ташаббуси президенти Тоҷикистон лоиҳаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” зери кор омад, ки тавассути он ҳазорҳо чеҳраҳои бо хираду дониш пайдо шуданд.
Дар ҳошияи чунин ташаббусҳои созандаи даврони истиқлол моро зарур аст то дар таълиму тарбияи насли наврас бештар саҳм гузошта, онҳоро ба суи фардои нек роҳнамоӣ намоем. Олимони соҳа аз ҷумла забоншиносро лозим меояд, то тавассути маҳорату салиқаи забондонии худ ба тарҷумаи асарҳои адабиёти ҷаҳон бештар машғул шуда, ба насли наврас кӯмакҳои маънавӣ расонанд. Тарҷума ва муаррифии адибону адабиёти ҷаҳон аз як забон ба забони дигар аз корҳои беҳтрини эҷодӣ маҳсуб меёбад. Зеро ба воситаи он метавон аз забону адабу фарҳангу тамаддуни мардумони кишварҳои гуногуни ҷаҳон шиносоӣ пайдо кард. Дар ҳақиқат адабиёт ва шинохту муаррифии адибони бузурги он чун ситораҳои дурахшон, ки вуҷудашон саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат мебошад, барои башарият чун чароғи роҳнамо роҳнамо ҳастанд. Зеро онҳо бо равшаниву ҷазабаҳои адабӣ ва забонӣ чун сармояҳои нодире мебошанд, ки барои инсоният ҳаёти дурусту комилро нишон дода, ҳамчун дарахти пурсамар онро тарбият намуда дар ҷаҳон хуррамӣ меоваранд.
Барои нигорандаи сатрҳо мояи ифтихору шарафмандист, ки дар нимаи соли 2024 дар пайравӣ аз файзи камоли олимону орифони кишвар ба ин кори нек шарафёб гаштем.
Мавриди зикр аст, ки аввалин маротибаи маҷмӯаи ҳикояҳои пурраи нависандаи муосири покистонӣ Мирзо Адиб (1914-1999) бо тарҷумаи нигорандаи сатрҳо, пажуҳишгар ва ходими калони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ аз урду ба тоҷикӣ таҳти унвони “Дастҳои асири шуъои офтоб” дар нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи соли 2024 ба нашр расид. Китоби маҷмӯаи ҳикояҳо бо забони урду “Кирну си бандҳе ҳатҳ” (Дастҳои асири шуъои офтоб) ном дорад, ки муаллиф онро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, ба аҳли завқ чун як барги сабз пешкаш гардид. Ба маҷмуаи ҳикояҳо “Дастҳои асири шуъои офтоб” адабиётшинос ва ҳиндшиноси шинохта профессор Ҳабибулло Раҷабов сарсухан навиштааст.
Китоби мазкур иборат аз 9 ҳикоя бо номҳои “Ҷиҳоз”, “Гулсум”, “Бекас”, “Мактаби калон”, “Худо ҳофиз”, “Борони шаби торик”, “Саг”, “Мусофири роҳҳои ноошно” ва “Рози як модар” мебошад. Дар ин ҳикояҳо образҳои асосиро инсонҳои оддии ҷомеа нақш мебозанд. Ин афрод дар ҷомеа ҳар рӯз дида мешаванд, аммо аз ғаму дарди онҳо қисми бештари ҷомеа воқиф нест. Ҳикояҳо бо услуби хело хубу равон иншо гардида, шаҳодат медиҳанд, ки Мирзо Адиб на фақат имрӯз, балки мусалсал доимо аз дарди ҷомеа мегӯяду менависад. Зеро дар онҳо масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Яке аз намунаи онро дар ҳикояи “Ҷиҳоз” метавон мушоҳида кард, ки оиди расму оини мардум ва хароҷоту исрофкориҳои беҳудаву изофавии онҳо рабт дорад.
Ҳамин тариқ дар ҳикояи “Гулсум” нависанда достони як зани ғамзадаеро овардааст, ки ба хотири парваришу таълими фарзандаш ба Англия ба кор меравад. Ҳамин тавр, ин зан дар онҷо бо як ҷавон оиладор шуда, соҳиби фарзанд мешавад. Аммо баъд аз чанд муддате онҳо аз ҳам ҷудо мешаванду зан ба мушкилоти дигаре дучор мегардад. Дар ҳикояи “Бекасӣ” (Бесаҳоро) низ қиссаи марди кӯҳнафурӯше оварда шудааст, ки фарзандонаш ӯро танҳо гузошта ба кишвари Амороти Мутаҳҳидаи Араб барои кор рафта, падарро аз ёд мебаранд. Яке аз фарзандон замоне падарашро ёд меоварад, ки соҳиби як фарзанди маъюб мешаваду нигоҳубини ӯро ба падар вогузор мекунад. Ҳамин тариқ, вақте кӯдак ба воя мерасаду дастёри бобо мегардад, волидайн ӯро зӯран мегиранд. Дар натиҷа падар боз танҳову бекасу бесарпаноҳ боқӣ мемонад.
Мирзо Адиб дар ҳикояи “Мактаби калон” (Бара скул) низ ҳаёти достони писари ронандаеро овардааст, ки волидонаш ӯро ба мактаби маҳалла бо номи “мактаби шӯрои маҳал” (Комитти скул) мемонанд. Аммо дар давоми таълим ӯ аз рафтори номуносиби муҳити мактаб (аз ҷониби баъзе муаллимҳову шогирдон) ба танг омада ба дарс намеравад. Дар натиҷа, модар зару зевароти худро фурӯхта писарашро дар мактаби дигар ҳамроҳии оилаҳои сарватманд мемонад. Баъд аз чанд муддат инҷоро ҳам ба хотири таънаву маломатҳо ва табъизи шарикдарсонаш-“ӯ писари як ронанда мебошаду набояд касе бо вай сӯхан гӯяд”, тарк мекунад.
Ҳикояи “Худо ҳофиз” (Оллоҳ ҳофиз) дар бораи зану шавҳаре мебошад, ки дар вақти омодани селоб деҳаи худро тарк карда барои наҷоти ҷони худ ба сӯи дигар макон ҳаракат мекунанд.Аммо бо сабаби торикии шаб онҳо роҳро гум мекунанд. Ҳамин тавр, замоне селоб ба зонӯҳояшон мерасад, шавҳар ба зани худ Тоҷу достони таърихии модари Мӯсо (а) ва партофтани кӯдаки навзодро ба дарё нақл мекунад, ки дар натиҷа ба хонаи подшоҳе мерасаду дар онҷо тарбият ёфта ба камол мерасад.
Ҳамин тариқ, бо ёд овардани қиссаи мазкур модар ҷигарбанди худро дар сандуқи чӯбин мегузораду ҳар ду ҳамроҳи шавҳар ӯро ба дарё андохта бо вай “Худо ҳофизӣ” менамоянд. Дар ҳикояи “Андҳера раат ки бариш” (Борони шаби торик) аз ҳаёти падару писаре нақл мекунад, ки ӯ барои ҷаҳози арӯсии писараш пул ҷамъ мекунад. Вале ин пулро ба дӯсти заруратманди худ қарз медиҳад. Аммо бо гузашти замон маблағ ба ӯ боз гардонида намешавад. Падар худро дар назди фарзанд гунаҳкор меҳисобаду шарманда медонад. Лекин баъд аз ошкор шудани ҳақиқати воқеа онҳо якдигарро мебахшанд. Дар натиҷа падар аз бемории равоние, ки мубтало шуда буд, раҳо меёбаду ба зиндагӣ идома медиҳад.
Ҳамин тавр, муаллиф дар маҷмуаи бо овардани ҳикояҳои “Кутта” (Саг), “Инҷанӣ раҳун ка мусафир” (Мусофири роҳҳои ноошно) ва “Маа ки як раз” (Рози як модар) масоили мубрами ҳаёти одамонро тасвиркушоӣ кардааст.
Мирзо Адиб ғаму дарди онҳоро дарк карда хело моҳирона барои хонанда баён кардааст.
Мирзо Адиб яке аз нависандагони бузурги адабиёти урдузабони Покистон буда, санаи 4-уми апрели соли 1914 дар шаҳри Лоҳур таваллуд шудааст. Номи аслии ӯ Диловар Алӣ буда, Мирзо Адиб тахаллусаш мебошад. Ӯ солҳои 30-уми асри ХХ ҳамроҳи адибони машҳур ба монанади Премчанд (1880-1936), Файз Аҳмад Файз (1911-1982), Саодат Ҳасан Манто (1912-1955), Кришан Чандар (1914-1977), Раҷендра Сингҳ Бедӣ (1915-1984) Аҳмад Надим Қосимӣ (1916-2006), Рашид Амҷад ва дигарон қадам ба арсаи адабиёт мемонад ва саҳифаҳои онро дурахшон мегардонад. Ин гуна адибон дар асл офарандагони адабиёти нав, ки олами воқеию ҳақиқат доштаро ба худ дошт, дар асарҳояшон тасвир кардаанд.
Мирзо Адиб дар замони навҷавониаш аз ташкилёбии Конгресси Миллӣ огоҳӣ ёфта, ба суханрониҳои роҳбарони машҳури он давр аз ҷумла Муҳаммад Иқбол, Мавлоно Абулкаломи Озод, Зафаралихон, Сайид Ҳабиб, Мавлоно Сайид Атоуллоҳ Шоҳ Бухорӣ, Оғо Ҳашр Кашмирӣ ва гӯш дода, аз онҳо таъсирпазир гаштааст. Нависандаи покистонӣ Амҷад Ислом Амҷад дар бораи хонаводаи Мирзо Адиб чунин овардааст: “…Обову аҷдодаш аз манотиқи сафеду барфпӯш ва сарди Туркистони Рус ба сарзамини Ҳинд омадаанд”.
Асарҳои дигари Мирзо Адиб ба монанди “Озодӣ” (дар бораи як духтари нобино ба номи Фохирон), драмаҳои “Шаҳноӣ” ва “Аҷнабӣ”, “Матоъи дил”, маҷмуаи ҳикояҳо зери номҳои “Лава” (“Lawa”), “Ҷангал” (1952), “Камбал” (1957), “Деворҳо” (“Diwareen”) (1947), “Ҳасрати таъмир”(1979) ва “Чароғи ҳафтум” (“Satwan Charagh” (1983) мебошанд. Асарҳои драммавии ӯ бо номҳои “Ашк ва ситора”(“Ansu aur sitare”), “Хун ва қолин” (“Lahu aur qalin”), “Сутун”, “Фасили шаб”, “Maamukhan aur Maamujan”, “Паси парда” (1967), “Хокнишин”, “Шиша ва санг” ва мақолаи интиқодӣ зери номи “Чанд паҳлуе аз омӯзиши шахсияти Муҳаммад Иқбол” (“Mutaliae Iqbal ke chand pehlu”) низ эҷод шуданд, ки масоили мубрами ҷомеаро баён мекунанд.
Ҳамин тариқ, эссе ва мақола зери номи “Қарзи нохун” (“Nokhoon ka qarz”), тарҷумаҳо, аз ҷумла “Ҳикояҳои нав” (“Jadeed afsane”), “Пур асрор водӣ”,“Уфуқи кӯҳ” (“Ufuq ki phar”) дар бораи нависанда ва дипломат Вашингтон Ирвинг эҷод шуда, хазинаи адабиётро урдуро ғанитар гардониданд. Дар маҷмуаи ҳикояҳояш зери унвони “Чароғи ҳафтум” (“Satwan charagh”) нависанда бо овардани 12 ҳикояи хурд-хурд хело ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт моҳирона тасвирсозӣ шудааст. Хусусан ҳикояҳои“Амонат”, “Аробаи дастӣ”,“Лутфи Иноят Бибӣ” ва “Мушкили хиёбони баста”аз ҳақиқати зиндагӣ бо тамоми ҷузиёташ дарак медиҳанд, ки ибратомӯз мебошанд. Дар ҳақиқат бо мутолаи ин ҳикояҳо аз пеши назари хонанда чеҳраҳои гуногун бо кирдорҳои гуногун, ғаму шодии гуногунранг ва манзараҳои ҳар навъ эҳсосро ба вуҷуд меовардагӣ мегузаранд, ки ҳатман дар дили хонанда ягон таъсуроти хотирмонро ба вуҷуд меоранд.
Дар Тоҷикистон яке аз ҳикояҳои Мирзо Адиб дар маҷаллаи Садои Шарқ зери номи “Пас аз сиюҳафт сол” аз рӯсӣ бо тарҷумаи Азимқул Насимов низ ба чоп расидааст. Бо кӯшиши Мирсаид Раҳмонов драмаи Мирзо Адиб бо номи “Дастак”, ки оиди гирифтор шудани табибе ба бемории равонӣ бахшида шудааст, аз китоби “Паси парда”-и муаллиф аз забони урду ба тоҷикӣ низ тарҷума шуда дар маҷаллаи Ахбори Академияи миллии илмҳо нашр гардид.
Ӯ чун шахсияти қавиирода ва адиби сермаҳсул дар адабиёти муосири урдузабон ҷомеаи таълимёфтаву мардуми озодихоҳу озодандешро ҷонибдорӣ карда, таълимоту андарзи дигар гузаштагонро сармашқи фаъолияти худ медонист. Ҳукумати Покистон хидматҳои пурарзиши Мирзо Адибро ба эътибор гирифта, ӯро бо чандин ифтихорномаҳои давлатӣ, аз ҷумла барои китоби «Паси парда» дар соли 1968 бо Ҷоизаи адабии “Одамҷӣ” (Adamjī Adabī Ēwārḋ) сарфароз намудааст. Дертар соли 1969 барои асарҳои драммавӣ ва соли 1981 барои рушди адабиёти урду сазовори ҷоиза гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки шинохти дуруст ва тарҷумаи асарҳои адибон аз як забон ба забони дигар хело муҳим арзёбӣ шуда, он чун воситае мардумони кишварҳои гуногунро ба адабу фарҳанги якдигар шинос менамояд. Аз натиҷаи баррасиҳо метавон чунин хулосабарорӣ кард, ки дар минтақаи Осиё Ҷанубӣ аз ҷумла Покистон, Ҳиндустон ва Бангладеш қавмҳои гуногун аз ҷумла тоҷикон зиндагӣ ва ҳумронӣ карданд. Миёни онҳо олимону орифони зиёд мебошад, ки бо асарҳои безаволи худ аҳли башарро ба суи хираду маърифат роҳнамоӣ карданд. То ба имрӯз дар ин минтақа мардумоне зиёде зиндагӣ мекунанд, ки шахсияту номҳои онҳои худ ба монанди Мирзо Ғолиби Деҳлавӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Мирзо Адиб, Аҳмад Бухорӣ, Хон, Охунхзода ва будани пасванди “Тоҷик” дар чандин номҳо ба мисли Суҳайл Ҳабиб Тоҷик ва ғайра баръало мушоҳида мегарад.
Чунин шиносоӣ заминаҳоро барои наздиктар ва қавитар шудани дӯстии байни халқҳову ҷамъиятҳо ва равобитии адабию фарҳангии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шибҳи Қораи Ҳинд аз ҷумла Покистону Ҳиндустону Бангладеш саҳми арзанда гузошта, дипломатияи фарҳангии кишварҳоро дар рушди забону адабу фарҳанг ва дар партави хираду меҳру муҳаббат ва сулҳу инсондӯстӣ тавсеа ва тақвият мебахшад. Маҷмуаи ҳикояҳои нависандаи покистонӣ “Дастҳои асири шуъои офтоб” маҳсули қалами Мирзо Адиб мебошад, ки бевосита аз забони урду ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Китоби мазкур кӯшишҳои бисёрсола ва талошҳои мутарҷимро дар таҳқиқу баррасӣ ва омӯзиши забон, адабиёт, фарҳанг, таърих ва масоили иҷтимоии мубрами Ҷанубӣ Осиёро фаро мегирад. Муаллиф дар доираи имконоти маводи дарёфтшуда ҷаҳду талош намудааст масоили мубрами иҷтимоии Осиёи Ҷанубиро барои хонандаи тоҷик фароҳам овардааст.
Мирсаид Раҳмонов, муҳаққиқ