Масъалаи муҳим дар санъати филмсозӣ, пеш аз ҳама тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, аз қабили кинодраматургон, сенаристон, коргардонҳо, рассомон, актёрҳо ва наворбардорони филм мебошад. Имрӯзҳо дар соҳаи филмистеҳсолкунӣ кадрҳои соҳавиро МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» аз рӯи ихтисоси драматургия, режиссураи филми бадеӣ, санъати актёрӣ ва телеоператор тайёр мекунад. Дар анҷоми соли таҳсил имиҳони хатми онҳо дар асоси талабот аз рӯи нақшаи таълимӣ, филмбардорӣ, коргардонии филм, иҷрои нақш дар филм ва пешниҳоди асар барои филм ва ё театр сурат мегирад. Масалан, имтиҳони хатм аз рӯи ихтисос дар шуъбаи режиссураи филми бадеӣ пешниҳод кардани филмҳои бадеӣ бо коргардонии хатмкунандагон мебошад. Дар баробари мустаҳкам гардонидани пояи моддӣ ва техникӣ, дарёфти устодони собиқадор дар соҳаи кино низ масъалаи асосӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад омӯзгорон – Юнус Юсупов, Носир Раҳмон, Шералӣ Нағзалиев, Саид Қодирӣ, Асҳоб Низомов, Хусрав Худойназаров, Озод Малик, Сулаймон Рашидов, Алишер Нигматов, Ҳалим Сангинов, Асҳоб Низомов, Файзулло Файзов, Некрӯзи Абдуҷалил, ки таҷрибаи амалӣ дар соҳаи кино ва телевизион доранд, барои таълими ихтисосмандони соҳаи режиссураи кино, телевизион ва наворбардорӣ ба кор ҷалб шудаанд. Дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаи санъати актёрӣ Ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошим Гадо, Марям Исоева, Тағоймурод Розиқов, Мирзоватан Миров, Зафар Ҷаводов, Давлат Убайдуллоев, Абдулҳафиз Қодиров, Бурҳон Раҷабов, Қурбони Собир, Нозим Меликов, Сабоҳат Қосимова, Саодат Азизова, Муҳаммадҷон Шодиев, Рустам Воҳидов, Моҳпайкар Ёрова ва насли нисбатан ҷавони соҳа Аъзам Розиқов, Сорои Собир, Асадуллозода Шуҷоат, Алимов Сомон, Қурбонзода Баҳром ва Қараев Нурулло, дар самти драматургия (шуъбаи навтаъсис) бошад, драматургон Ато Ҳамдам, Ҷумъа Қуддус, ноқид -Маҳмадулло Табаров ба кори таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки донишу маърифат ва истеъдоди баланди ҳунарию нигорандагии онҳоро нисбат ба касбашон камол медиҳад. Кадрҳое, ки ба ҳайси корманди соҳаи кино тайёр карда мешаванд дар муддати таҳсил аз нозукиҳои касби коргардонии филми бадеӣ бархурдор гардида, тарзи саҳнавӣ кардани ҳикояҳо, романҳо, повестҳо, интихоби қаҳрамононии филм, истифодаи мусиқӣ, рушноӣ, овоздиҳӣ дар филм (дубляж), интихоби сару либос, рассомӣ ва танзимро аз худ мекунанд ва натиҷаи дониши андӯхтаи худро дар офаридани филмҳо истифода мебаранд.
Чор насли кинорежиссёрон дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»-ро хатм карданд. Нахуст хатмкунандагони ихтисоси режиссёри филми бадеӣ ба соли хатми 2018 рост меояд. Дар ин сол филмҳои коргардоникардаи 7 нафар Азизов Ҳусейн бо филми бадеии «Гули бахт», Шарифов Пайрав, Қодиров Муминджон бо филми бисёрқисмаи «Миллиардер» (серияҳо дар алоҳидагӣ), Раҳимова Фотима бо филми «Тангаҳо», Ҳасанзода Муқимҷон бо филми «Маъюб», Ҳамидов Комрон бо филми «Қалби зинда», Қурбонов Исмоил ва Камолов Камолиддин бо филми «Чоҳкан зери чоҳ» ба комиссияи имтиҳони давлатӣ пешниҳод гардид. Таҳлилҳо атарофи филмҳои донишҷӯӣ сурат гирифт ва ба баҳои сазовори комиссияи имтиҳони давлатӣ мушарраф гардиданд. Роҳбари бадеии курсро Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Юнус Юсупов бар зима дошт. Ҳамин тавр нахустин ихтисосмандон дар саҳаи коргардони филми бадеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои худӣ рӯи кор омаданд.
Соли 2019 хатмкунандагони ихтисоси режиссураи филми бадеӣ Асоев Фирӯз аз рӯи ҳикояи А.П. Чехов «Кадоме аз ҳар се» филми «Гули бишкаста» дар ҳаҷми 14 дақиқа, Бибираҳима Ғоибова аз рӯи ҳикояи Тахмина Муъминова «Паррандаи сеҳрнок» дар ҳаҷми 9 дақиқа, Фақир Сафаров аз рӯи ҳикояи Парвиз Абдурашидов «Зодрӯз» дар ҳаҷми 4 дақиқа, Марҷона Азизова аз рӯи асари Ҷек Ричи «Ҳаштум» дар ҳаҷми 12 дақиқа ва Комилҷон Шералиев аз рӯи асари Н. Терешенко «В заперти» («Дар маҳкама») дар ҳаҷми 17 дақиқа манзури ҳайати комиссияи имтиҳони давлатӣ ва устодону донишҷӯён карда шуд. Дар соли 2020 шуъбаи режиссураи филми бадеиро 5 нафар хатм карданд. Хронометражи филмҳои ин хатмкунандагон нисбат ба соли гузашта дарозтар буд. Набизода Самандар аз рӯи асари М. Бойҷиев дар ҳаҷми 50 дақиқа филми ҳунарии«Дуэл», Толибов Содиқҷон филми мустанади «Садои най», Ҳакамов Бахтиёр аз рӯи сенарияи С. Қосимов филми ҳунарии «Зиндонии ихтиёрӣ» дар ҳаҷми 35 дақиқа, Наврӯзов Сайфиддин филми ҳунарӣ аз рӯи асари М. Ғоиб «Номус» дар ҳаҷми 50 дақиқа ва Бобоев Бахтимурод аз рӯи асари СипеҳрМусавӣ «Дар роҳи Ағба» дар ҳаҷми 40 дақиқа филми ҳунарӣ коргардонӣ намуданд. Ихтисоси режиссураи филми бадеиро 4 нафар дар соли 2022 хатм карданд. Талаботи имтиҳони давлатии хатмкунандагони шуъбаи мазкур чун солҳои қаблӣ коргардонии филми бадеӣ буд. Мутахассисони ояндаи соҳаи кино кори амалӣ- дипломии худро бо номгӯи зер анҷом доданд:
Саидов Аюбҷон аз рӯи асари В.М. Шукшин «Офтоб, пирамард ва духтар»;
Воҳидзода Некрӯз аз рӯи сенарияи Р. Воҳидов «Шикаст» филми ҳунарӣ;
Бибӣ- Оминаи Назирмад аз рӯи сенари Ю. Юсупов филми ҳунарии «Интизорӣ»;
Рамазони Маҳмудзода аз рӯи сенарияи Бибӣ- Оминаи Назирмад «Интихоб» филми бадеӣ.
Маълумоте, ки мо аз се насли ихтисоси режиссураи филми бадеӣ дар боло овардем, ангуштшумор будани онҳоро муайян карда метавонад, лекин хусусияти ин ихтисос ҳам ҳамин аст.
Аз ин бар меояд, ки МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» ҳамчун базаи асосии тайёр кардани режиссураи филми бадеӣ дар соҳаи киноистеҳсолкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро пайдо кардааст. Ҷалби кормандони соҳаи кино ба ҳайси омӯзгор дар касбу ихтисосҳои режиссёри филми бадеӣ, наворбардори кино ва телевизион, санъати актёрӣ дониши касбии донишҷӯёнро мустаҳкам гардонда, ба мавқеву мақом пайдо кардани ихтисоси мазкур ва рушди кинои тоҷик то андозае мусоидат менамояд. Агар ҷалби омӯзгорон аз ҳисоби кинорежиссёрон ва кинооператорони маъруфи ҷаҳонӣ тариқи шартнома сурат гирад, он гоҳ шумораи хоҳишмандон барои таҳсил кардан дар ин ихтисосҳо меафзояд ва донишкада низ нуфузи аз ин ҳам баландро соҳиб гашта, дар амалӣ гардондани Барномаи рушди кинои тоҷик саҳм гузошта метавонад ва дигар ҳоҷат ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи кино дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар: Донишкадаи давлатии синамонигории ба номи С. А. Герасимови шаҳри Маскав, Донишкадаи давлатии кино ва телевизиони шаҳри Санкт-Петербург, ҳамчунин, дар донишгоҳу донишкадаҳои кинои давлатҳои Фаронса, Англия, Италия ва дигар кишварҳо намемонад, ба шарте ки лабараторияҳои таълимӣ бо техникаи зарурӣ таъмин карда шаванд. Муҳайё сохтани шароит имконият медиҳад, ки дар ҷузъу сохтори “Тоҷикфилм” норасоии мутахассис, филмноманавис, коргардон, коргардони овоз, садобардор, танзимгари филм ва садо, оташбоз (хлапушка), наворбардор ва пардозгари филм таъмин намояд, ҳамчунин воситаи ҷалби бештари мутахассисони соҳа ба фаъолияти филмофарӣ дар «Тоҷиккино» гардида, санъати тоҷикро дар истеҳсоли филм дар бозори кинои ҷаҳонӣ ракобатпазир намояд.
Бобоҷон РАҲИМОВ, омӯзгори кафедраи маҳорати актёрӣ, нутқ ва ҳаракати саҳнаи факултаи санъати театрӣ ва режиссураи МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»