Соли 1986 буд. Боре устод Лоиқ Шералӣ бо мақсади назди модар ба шаҳри Панҷекат рафтанд, аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) меоянд ва мехоҳанд дӯсти деринаашон Ёқубҷон Рӯзиев, ки ба тозагӣ прокурори шаҳри Ӯротеппа таъин шуда буд, табрик намуда, баъд ба сафар бароянд. Аз сабаби он ки рӯз бегоҳ шуда буд Рӯзиев аз устод Лоиқ илтимос мекунанд, ки бегоҳирӯзӣ ба сафар набароед ва як шаб ба хонаи мо меҳмон шавед. Устод Лоиқ таклифро қабул мекунанд ва шарт мегузоранд, ки дар ин зиёфат Сайфуллоро хабар мекунӣ. Прокурор, ки нав ба ин вазифа таъин шуда буду ҳоло маро намешинохт, мепурсад, он шахс дар чӣ вазифа? Сайфулло мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ӯротеппа шуда, кор мекунад, посух медиҳанд устод Лоиқ.
Шахсе аз тарафи прокурор ба мақомот омада ва аз мудир мепурсад, номатон Сайфулло? Ҳа, ҷавоб медиҳад. Устод Лоиқ шуморо пурсида истодаанд. Сайфулло бо шахси омада ба хонаи Рӯзиев меравад. Баробари аз дар даромадан устод Лоиқ ҳолпурсӣ мекунанд ва мегӯянд, ба ман Сайфулло Маҳкамов лозим, он кас дар куҷо? Он шахс ҳоло сармуҳаррири рӯзномаи минтақавии «Заҳматкаш» ба ҷояшон ман мудир таъин шудагӣ,-мегӯяд Сайфулло Файзуллоев. Ёқубҷон меҳмонро гусел кунед, ба ман ҳамсуҳбати қадрдонам Сайфулло Маҳкамовро даъват кунед, мегӯянд устод Лоиқ.
Соати даҳи шаб ба хонаи ман прокурор одам мефиристанд. Ман бошам ҳамон шаб бо ҳамроҳии журналистон Ҳусейнҷон Нарзуллоев ва Бахтиёри Воҳидпур ба ноҳияи Зафаробод барои таҳияи рӯзномаи «Заҳматкаш» рафта будем. Ҳамон солҳо рӯзномаи «Зарбдор»-и ноҳияи Зафаробод дар озмуни минтақавии «Водии Фарғона» ғолиб омада, соҳиби компютер бо принтераш гашта буд. Мо рӯзномаро бо компютер тайёр карда, баъд ба матбаа оварда чоп мекардем. Ҳамон шаб навбати тайёр кардани ҳафтанома буд. Ба ин хотир, мо ба ноҳияи Зафаробод рафтем. Мо дар аввал дар идораи рӯзномаи «Зарбдор» боқимондаашро дар хонаи Бахтиёри Воҳидпур то соати дуи шаб кор кардем ва рӯзномаро ба плёнка гирифта шудем ва дар он ҷо хоб кардем. Саҳар соатҳои ёздаҳ ба Ӯротеппа омада плёнкаҳоро барои чоп ба матбаа супорида, барои истироҳат ба хонаҳои худ рафтем. Баробари вориди хона гаштанам, завҷаам хабар дод, ки ҳамин шаб аз прокуратураи шаҳр ду маротиба шуморо омада пурсиданд. Назди прокурор рафтанатон лозим будааст. Хеле дар ҳайрат шудам, ки прокурор барои чӣ маро даъват кардаанд. Зуд ба прократура омадам ва ба прокурор Ёқубҷон Рӯзиев худро шиносонидан замон, аз ҷой бархоста, маро ба оғӯш кашиданду гуфтад:
– Устод Лоиқ омада буданд ва шуморо дидан мехостанд. Ду бор ба хонаатон одам фиристодам Шумо набудед. Он кас аз ман гила карданд, ки 10-12 рӯз шудааст ба кор омаданату ҳанӯз дӯсти азизи маро, ки дар Ҳукумати шаҳр кор мекард, намешиносӣ. Ман аз устод узр пурсидам. Саҳарии барвақт устод Лоиқро ба шаҳри Панҷекат гусел кардам. Бовар кунед, устод борҳо гуфтанд, афсӯс, дидани дӯстам ин дафъа муяссарам нашуд. Ман ҳам узри худро ба прокурор гуфтам. Шиносоии Шумо бо устод Лоиқ аз кай сар шудааст- пурсиданд прокурор. Ин таърихи дурру дароз дорад, гуфтам. Ба ман ҳам муяссар гардид, ки соли 1962 донишҷӯи курси аввали факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко гардам ва аввалин шахсе ки шинос гаштам, ин Аббос Саидмуродови панҷекатӣ буд ва ин шиносоии мо то имрӯз идома дорад ва дар соли 2022 60-сола мешаванд. Баътар маълум гашт, ки Аббос Саидмуродов бо устод Лоиқ дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷекат таҳсил кардаанд ва каме хешу таборӣ ҳам доштанд. Он солҳо устод донишҷӯи курси панҷуми факултаи номбурда буданд. Бо шарофати Аббос ман бо устод Лоиқ Шералӣ шинос шудам.
Баъди хатми донишкада устод Лоиқ аллакай аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикисон буданд ва аз тарафи ин ташкилоти бонуфуз, ки Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, баъдтар Қаҳрамони Тоҷикисон Мирзо Турсунзода ба он сарвари мекарданд, аз паси Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ аз ҳисоби хонаҳои навсохти бисёрошёна ҳуҷраи якхонагие ҷудо мекунанд. Мо борҳо бо ҳамдеҳаашон (Аббос Саидмуродов, ки баъдтар бо хоҳари Лоиқ Шералӣ хонадор мешаванд), ба хонаи устод Лоиқ рафта, хӯрок пухта соатҳо сӯҳбат карда, менишастем. Ҳамин тарз дӯстии мо устувор мегашт.
Хотираҳо хеле бисёранд, вале ҳамаи онҳоро нақл накарда ду лаҳзаи дидорбиниро мехоҳам баён кунам.
Ростӣ гап солу моҳаш ба хотирам намондааст. Боре акои Аббос занг зада, гуфтанд, ки ягона писарам Маҳдиҷонро тӯйи хатна медиҳам, бисёр хоҳиш мекунам бо оила ва фарзандони худ иштирок кунед. Таклифро бо ҷону дил қабул карда, пурсидам устод Лоиқ ҳам меоянд? Чаро не, охир, он шахс барои писарам тағои ҳозир, барои ҳамсарам акои ҳозир мебошанд. Як рӯз пеш аз рӯзи муайяншуда, бо оила ва ҳарду фарзанди хурдсолам Саъдуллоҷон ва Вайдуллоҷон ба шаҳри Панҷекат (он солҳо ҷамоати Колхозчиён (ҳоло ба номи устод Лоиқ Шералӣ), ки аз Панҷекат 25 км дуртар аст), нисфирӯзи расидем. Ҳамон бегоҳ устод Лоиқ низ бо автомашинаи «Москвич»-и худ ба тӯй расида омаданд ва аз бордони мошин ҳадяи тӯёнаи худ, як сар гӯсфанди фарбеҳро фароварда, ба тӯйхона равон карданд. Меҳмонро пеш аз ҳама модарашон, хоҳарон ва акаашон Қорӣ Шарифи табиб ва дуредгари номӣ, почояшон Аббос ва дигар дӯстонашон истиқбол гирифта, ба тӯйхона таклиф карданд. Устод Лоиқ хоҳарашонро бо тӯйи хатнаи писари ягонаашон табрик гуфта, ба ҷиянашон Маҳдиҷон тӯёна гӯён, каме маблағ ҳам доданд. Аз сабаби дар тӯйхона меҳмонон-занон хеле зиёд ҷамъ шуда буданд, мо мардҳоро ба хонаи ҳамсоя ҷой карданд. Дар он ҷо аллакай ба қабули меҳмонон хона ороста буд.
Наздик 20-25 нафар вориди хона гашта, нишастем. Базм бо сӯҳбати шоирона, шеърхонӣ ва тановули таому нӯшокиҳо идома меёфт. Гули сари суҳбат устод Лоиқ буданд. Соати 2-и шаб шуда бошад ҳам, касе аз ҷой хестан намехост. Оқибат акои Қорӣ Шариф ба базм фотиҳаи нек хонда, ҳамаро боз хабар доданд, ки ба оши наҳор аҳли деҳаро соати 6-и саҳар хабар кардагӣ, омаданӣ шумоён ҳам моро шод мегардонад.
Усто Лоиқ аз ҷой бархоста ба акаашон гуфтанд, ман ба Панҷекат меравам. Ҳамсарам маро интизор. Ҳарчанд садди роҳ шуданд ва таклиф карданд, ки то саршавии оши наҳор ҳамагӣ 4 соат вақт мондааст, то Панҷекат 25 км роҳ. Устод Лоиқ аз якравии худ намонда, назди завҷаашон ба Панҷекат рафта истода, ваъда доданд, ки соати 6 саҳар ба тӯйхона расида меоянд.
Ба меҳмонони аз роҳи дуру надик омада, ба мисли мо, ки аз Ӯротеппа рафта будем, рахти хоб тайёр карданд. Як-ду соат хоб рафта будем, ки аллакай соати 5-и саҳар шуда буд. Мо аз хоб хеста дасту рӯй шуста, бинем дар таги дари тӯйхона устод Лоиқ пайдо шуданд. Соатро бинем ба 6-и пагоҳ наздик расидаст. Тарафи шом меҳмонони аз дуру наздик омада, ба манзилҳои худ ба рафтан сар карданд. Устод Лоиқ худи ҳамон рӯз бо ду-се ҳамнишинҳояшон ба Душанбе баргаштанд. Мо бошем, фардо саҳарӣ бо автобуси «Панҷекат-Ӯротеппа» ба Ӯротеппа баргаштем. Мақсади нақли ин воқеа, ин нишон додани меҳрубонии ҳоҳару додарон ва дӯстони дар деҳа будаи устод Лоиқ бошад, аз тарафи дигар ин меҳрубонӣ ва меҳру садоқат ба завҷаи худ ва ба ваъдаи худ вафо намуданро бори дигар ман аз устод омӯхтам.
Ҳар боре устод Лоиқ аз Душанбе ба Панҷекат барои дидани модару бародар ва хоҳарашон оянд ва баъд ба Хуҷанд сафар кунанд, албатта, дар Истаравшан вомехӯрдем, саотҳо сари як пиёла чой сӯҳбат мекардем ва агар фурсат медоштанд, албатта, аз оши палави Истаравшан тановул мекарданд. Дар ягон ҷой ба мисли ошпазҳои Ӯротеппа ош тайёр карда наметавонад, – мегуфтанд Устод.
Воқеаи дигар ин соли 1989 амали гашта буд. Устод Лоиқ Шералӣ номзадии худро ба Маҷлиси намояндагони Шӯрои Олии СССР аз округи интихоботии минтақаи «Ӯротеппа» пешбарӣ карда буданд. Ҳарифашон аз ноҳияи Зафаробод, механизатори номдор Зиёваддин Ҳакимов буданд. Вохӯриҳо бо интихобкунандагон аз 18-уми феврал то 26-уми марти соли 1989 оғоз гардид. Аввалин вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар Қасри боҳашамати А. Маҳмудов гузашт. Баробари вориди толор гаштани устод Лоиқ ва ҳамроҳонашон мавҷи қарсакзанӣ ба само расид. Ин нишонаи он буд, ки мардуми Истаравшан устод Лоиқро ҳурмат мекарданд, шеърҳояшонро азёд мехонданд ва ба дилу дидаи онҳо шеърҳои Устод ҷой гашта буданд. Рӯзи вохӯрӣ ҳам бо шеърхонӣ ҳам аз тарафи устод ва ҳам аз тарафи интихобкунандагони ба поён расид. Ҳар як баромадкунанда ваъда медоданд, ки мо шуморо дастгирӣ мекунем. Назар ба нақли собиқ парткоми озоди колхози «Роҳи Ленин»-и шаҳри Ӯротеппа, ҳоло раиси ҳаракати ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ҳоҷӣ Шариф Гадойбоев дар ҳар як сафару вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ӯротеппа, Шаҳристон, Айнӣ, Панҷекат ва Зафаробод устодро бо дилу ҷон истиқбол мегирифтанд ва бисёр хоҳиш мекарданд, ки шеъри «Модарнома»-ро қироат кунанд.
Шоҳиди он гаштам,- нақл карданд, ҳоҷӣ Шариф Гадойбоев, – баъди шунидани модарнома аз забони устод аз чашмони баъзе интихобкунандагон қатраҳои ашк ҷорӣ гашта буданд.
Шукри Худо мардуми одамшиноси тоҷик, алалхусус шаҳру ноҳияҳои дар боло номбурда ба тарафдории устод Лоиқ Шералӣ 71%-и овозҳоро дода буданд. Устод Лоиқ Шералӣ Депутати Совети Олии СССР интихоб шуданд, ки хурсандии на танҳо мо, балки ҳамаи ихлосмандони устод гашта буд.
Устод Лоиқ бо ҳамроҳии шоир, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Ширин Бунёд ва дигар ҳамроҳони худ нахустин «Музейи китоб», ки 23-уми феврали соли 1986 дар шаҳри Ӯротеппа кушода шуда буд, дидан карданд. Бояд ёдовар намуд, ки ин «Музейи китоб» на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ягона буд. Ҳатто ҳангоми ифтитоҳи «Музейи китоб» чонишини авали раиси ҷамъияти умумиттифоқи дӯстдорони китоб А. Шувалов аз шаҳри Москва, собиқ вазири корҳои хориҷии РСС Тоҷикистон Лафиз Қаюмов, нависандагон Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҳазратқул Файзиев ва даҳҳо дигар меҳмонони олиқадр иштирок доштанд.
Баъди тамошои музей устод Лоиқ ба дафтари қайдҳои музейи китоб («Осорхонаи китоб») соядаст гузоштанд.
Сикандар сад намебастӣ, ки номаш човидон монад,
Ду мисраро тавонистӣ агар ба ҳамдигар бастан.
Музейи китобҳои шаҳри Уротеппа кадамгоҳи аҳли назар бодо.
Лоиқ Шералӣ, 06.03.1989с.
Дар муддати пешбарӣ ба номзад ба Депутати Совети Олии СССР устод Лоиқ Шералӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷекат, Айнӣ, Шаҳристон, Зафаробод баъди гузаронидани вохӯриҳо, ки рӯз бегоҳ мешуд, бештар дар ҳавлии падари ҳоҷӣ Шариф Гадойбоев манзил карда буданд, ҳавлии ҳоҷӣ дар деҳаи Маҳаллаи Ясӣ, ки ба маркази шаҳри Ӯротеппа наздик буд. Баъди вохӯриҳо бо интихобкунандагон ба ҳавлии ҳоҷӣ Шариф Гадойбоев омада бо падари табъи шоири доштаи акои Гадойбой, ки майори милитсия буда, дар шуъбаи корҳои дохилии ш. Ӯротеппа хизмат мекарданд, то нисфи шаб суҳбат меоростанд.
Дар рӯзи дигар, баъди яке аз вохӯриҳо мо устодро ба китобхонаи шахсии Аълочии тандурустии СССР, дорусози номӣ Акбар Бобохӯҷаев «Кошонаи Саъдӣ» таклиф намудем. Устод ва ҳамроҳонашон ин таклифро пазируфта, ҳамроҳи мо вориди китобхонаи шахсии «Кошонаи Саъдӣ» гардиданд. Китобхонаи хусусии Акбар Бобохӯҷаев хеле писанд омад ва устод дар дафтари қайдҳо чунин соядаст гузоштанд:
«Дар қироатхонае, ки хидматаш Акбар кунад,
Кош коми ташнаро шеъри шоир тар кунад».
Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ
Шоир Ширин Бунёд, ки ҳамроҳи Устод буданд, низ соядаст гузошанд:
«Кошонаи Саъди ба назар чунин яктост,
Кошонаи Саъдии ту шуд гулшани дилҳост».
Устод Лоиқ Шералӣ ва ҳамроҳонашон китобхонаи шахсии Тоҷинисо Абдуҷалилова ва Ғафурҷон Аҳроров «Кошонаи Дилшоди Барно»-ро аз назар гузаронида, ба дафтари қайдҳо чунин навиштаанд:
«Ифтитоҳи «Кошонаи Дилшоди Барно» гувоҳи барҷастаи он аст, ки Ӯротеппа шаҳри қадимӣ, гаҳвораи тамаддуни мардуми мост ва китоб сарвати бефанои ӯ будааст. Орзу дорам ҳар кӣ дар ин кошона китоберо кушояд, гӯё барои худ ҷаҳонеро боз кунад.
Бо ихлоси бепоён Лоиқ Шералӣ 19.09.1989с.
Корманди шоистаи Маданияти Тоҷикисон шоир Ширин Бунёд чунин навиштаанд: «Ҳамеша дилшод бошед, фарзандони Дилшод».
Ҳамин тавр устод Лоиқ Шералӣ баъди Депутати Совети Олии СССР интихоб шуданашон, борҳо ба Истаравшан омада, бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо гузаронида, аз иҷрои ваъдаҳои додаашон ба инихобкунандагон ҳисобот медоданд. Шабҳои базми шеъру шоирӣ ташкил мекарданд. Дар бораи устод Лоиқ Шералӣ, хислатҳои неку суханони ҳакимонаи он шахс гуфтану навишан варақҳо камӣ мекунанд, вале мо бо хотираи навиштаи худ қаноат карда умед мекунам, ки ҷояшон дар ҷаннат шуда бошад.
Сайфулло Маҳкамов,
рӯзноманигор, Аълочии матбуо ва
маорифи ҷумҳурӣ, аълочии бойгонии СССР,
барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии журналистон
ба номи А. Лоҳутӣ