Аз 3 марти соли 2023 то 12 март замоне аз тақвими рӯзгор аст, ки бо кӯшиши ду инсони эронӣ оқои Муҳаммадшоҳи Қосимӣ ва хонум Зиннати Дарёӣ аз ҷанубитарин қисмати сарзаминҳои фарҳангии Шоҳнома, Шоҳномае, ки сурудаи сутургӣ мероси фарҳангии ҷомеаи башарӣ мебошад, шоҳкории Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ аст. Акнун гурӯҳе аз инсонҳои эронӣ аз ду шаҳри фарҳангӣ дар вилояти Ҳурмузгон ба марказияти Бандар Аббос: яке аз шаҳри зебо бо мардуми деҳқонпеша бо номи Тирури Миноб ва якеи дигар аз шаҳри камназир бо номи Салахи Қишм бо мардуми дарёнавард ва дарёпеша, воқеъ дар ҷуғрофиёи сиёсии имрӯзи кишвари Эрон, ки онҳоро бо ҷуғрофиёи сиёсии имрӯзи кишвари Ӯзбекистон кашонид, то дар шаҳри таърихии ҷодаи абрешим мавсум ба Самарқанд дар деҳаи Чаҳоршанбе дар базми фархунда ширкат ҷӯянд.
Ба хушюмнии рӯзгор мусофирати онҳо ҳамзамон шуд бо маросими издивоҷи ду ҷавони Раъно ва Рашид, Сарвиноз ва Ҷовидон Оқои Ҷовидон фарзанди Амина Шарофиддинова яке аз шахсиятҳои фарҳангии ин шаҳри бостонӣ ва номовару номошнои дирӯз, ки имрӯза ҳам шаҳри дӯстдоштанӣ ва шукӯҳманд аст, мебошад. Онҳоро насиб гашт, ки дар ин маросим ширкат кунанд ва шоҳиди муфтахар ба ҳузур дар фархурдаҷашни самимӣ бошанд, ки он ду дилдода дар паймони заношӯии худ ба базм пардохтанд.
Оқои Муҳаммадшоҳи Қосимӣ дар ростои алоқамандиҳои ҳунарӣ ва фарҳангии худ бо баҳрагирӣ аз зӯҳри донишвари андешаманд ва пажуҳандаи фарҳангии муосири ҷанубии кишвари Эрон устод Алии Ризоӣ фестивали арзишмандеро дар шаҳри ҷанубии Тирури Миноб поягузорӣ кардааст, ба номи “Сур, сурно ва зиндагӣ” ва ҳар сола бо ҳамкории ниҳоди шаҳрдории Тирур теъдоде аз мусиқинавозони маҳаллӣ дар устони ҳурмузгон ва теъдоде аз мусиқинавозони суннатӣ аз бақияи сарзаминҳои Эрон гирди ҳам меоварад, то дар чанд рӯзи шодиовар дар айёми наздики баҳор ҳар сол пеш аз Наврӯз бар гирди ҳам қитъаоте аз мусиқиеро, ки ҳосили офаринишҳои мусиқинавозони суннатӣ аз гузашта то ба ҳол будааст, худ бишнаванд ва ҳамин, ки ҳосили кори худро ба гӯши мардум бирасонанд. Дар ин фестивал ойинҳое, ки аз гузашта то ба ин ҳол роиҷ будааст, намоиш дода мешавад ва ҳамчунин вуҷуде аз мусиқӣ ҳаст, ки ба зиндагӣ ва маишати мардум иртибот дорад, иҷро мегардад ва ба маърази намоиш гузошта мешавад.
Лозим ба тавзеҳ аст, ки пеш аз ин барои ширкат дар ин фестивали солона аз ду шахсияти фарҳангӣ ва мусиқии Осиёи Миёна, яъне Ҷӯрабеки Мурод аз кишвари Тоҷикистон ва хонум Амина Шарофиддинова аз кишвари Ӯзбекистон низ даъват ба амал омада буд, вале ба ҷиҳати таътилии чандсолаи фестивал ба воситаи шиваю беморӣи куруно Ковид-19 рух дод ва таҳмилот ва илзомоти хосе талабид, вақфае пеш омад ва маҷоли иҷро пайдо нашуд. Ба ҳамин ҷиҳат то кунун ширкати онҳо дар ин фестивал имкони иҷобат наёфтааст, вале умеди фаровон меравад, ки дар соли ҷадиде, ки пеши рӯ дорем, ин ҷашнвора дубора по бигирад.
Бону Зиннат Дарёӣ низ бо аҳдоси як сарои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва иқомате дар шаҳри Салахи ҷазираи Қишми вилояти Ҳурмузгон бо номи “Боғи оинҳои Зиннат” дар корномаи худ дорад. Ҷазираи Қишм яке аз бузургтарин ва зеботарин ҷазоири ҷаҳонӣ дар ҷануби Эрон ва дар минтақаи Осиёи Ҷануби ғарбӣ ҳаст ва ҳарсола ҷашнвораҳои мутаадиди суннатӣ дар он баргузор мегардад. Аммо дар шаҳри Салахи он ҷазира бо ҳиммати бону Зиннати Дарёӣ намоишҳои зиёду зебои оинӣ назири “Зор”, “Ҷабборборон”, “Наврӯзи сайёд” ва мусиқиҳои роиҷи ҷанубии Эрон ва мусиқиҳои хоси дарёнавардони Эронӣ дар он баргузор мешавад. Ва ҳоло имсол ин ду инсони ҷусторгар ва дилбастаи фарҳангу ҳунар Муҳаммадшоҳ Қосимӣ ва Зиннати Дарёӣ илова бар худашон гурӯҳеро аз иёолоти ҷанубии Ҳурмузгон дар кишвари Эрон ба сарзаминҳои таърихии водаи абрешим Самарқанду Бухоро оварданд, ки муташаккил буданд, ки аз хонум Оминаи Ханҷарӣ ва оқоён Муҳаммад Меъмори Салахӣ, Муслиҳи Аҳмадии Қишмӣ, Ёсири Раҷабалӣ, Абдулло Баҳрии Тунбонӣ, Аҳмади Дидабон, Аҳмади Чобук, Яҳёи Эронӣ, Иброҳими Эронӣ, Пӯё Тимост. Дар гирдиҳамоии ин гурӯҳ бо мардуми Самарқанд ва Бухоро, хусусан дар деҳаи Чоршанбе ту гӯӣ, ки фарзандони Ҳофиз, Саъдӣ ва Фирдавсии бузург ба меҳмонии фарзандони Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Самарқандӣ омада буданд ва аз паси солиён ва таърихи гузашта чи базми хушяворе шуд, базме шуд фаромӯшношуданӣ.
Аммо хонум Амина Шарофиддинова ҳамон фарҳехта инсони ошиқу ҳуввиятталаби фарҳангӣ аст, ки дар сарзаминҳои Ховарии ин мулки зархез ва олимпарвар ҳамчунон мустаҳкам бар сари нашри забони роиҷ ва шириние, ки аз Абӯабдуллоҳ то ҳамин, ки омили иртиботи мо дар ду сӯи Амударё будааст, саъйе вофир доштааст ва ҷаҳди балеғ. Ӯ кутуби бисёреро барои тадриси навниҳолони сарзаминҳои ховарӣ ва ошноии навбовагони он ҳудуд дар синфҳои (пояҳои таҳсилии) донишомӯзони тоҷикӣ дар риштаи таҳрир даровардааст, ки мо дар ин хусус бисёр бар азамати кори фарҳангии эшон воқифем ва қадрдон бошад, ки худованди оламиён ин вуҷуди нозанинро барои мо дар он хита нигаҳбон бошад ва тавассуташ ҳамкориҳои фарҳангии мо устувор бимонад.
Муҳаммадшоҳ Қосимӣ