Баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва байни мардум, доир ба таъсири силсилафилмҳои хориҷӣ хело зиёданд. Бархе бар он назаранд, ки силсилафилмҳои хориҷӣ ба фарҳанги мардуми тоҷик таъсири манфӣ мерасонанд. Зумрае аз филмҳои хориҷӣ пуштбонӣ менамоянд.
Замоне ки силсилафилмҳои хориҷӣ пайдо шуд ва ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамагон дастрасӣ пайдо карданд, тақлиду бегонапарастӣ асосан аз насли наврасу ҷавон бармало ба мушоҳида мерасад.
Даврони Шӯравиро ҳарчанд беҳувиятсозии миллатҳо унвон мекунанд, вале бо ин вуҷуд барои рушду нумӯи санъати касбӣ ва фарҳанги миллии тоҷик диққати ҷиддӣ дода мешуд. Махсусан, ба таълиму тарбияи мутахассисони ихтисоси риштаи санъат ва фарҳанг аҳамияти муассир дода мешуд. Ҷавонписарону ҷавондухтарони замони мо рӯ ба фарҳанги бегона мениҳанд, ки ин натиҷаи таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва силсилафилмҳои хориҷӣ мебошад. Ҳамингуна раванд агар мунтазам идома ёбад, фардо чи хоҳад шуд?
Ба сужету мазмуни филмҳо мебоястӣ аҳамият дод, зеро муҳтавову маънии филмҳои хориҷӣ ба фарҳангу ахлоқ ва идеалогияи миллати мо хос нест, агарчи ба истиснои чанд филме, ки ҷанбаи гуманистиву ахлоқи умумибашариро тарғиб менамоянд. Албатта, ин хуб аст, вале ин шумора филмҳо ангуштшумор ҳастанд, наметавон хубу бадро бар сари ҳам рехт…
Барои мисол, силсилафилмҳо нишон медиҳанд, ки қаҳрамони асосӣ одами хуб аст, вале чандинкасҳоро мекушад ва гӯё “қаҳрамонӣ” намудаасту ҷазо намегирад;
духтари хонавода ишқварзӣ карда, пеш аз ҷашни висол ҳомиладор мешаваду гӯё кори баде нашудааст;
Албатта, дуруст аст, ки ҳар як филмофарон ҳадафу мақсади худро доранду дар филмашон инъикос мекунанд.
Барои чӣ мо ба сатҳи филмҳои хориҷа филм офарида наметавонем?
Дар ин савол бисёре аз шахсон, коргардонҳо, актёрон камбудиро аз маблағ медонанд.
Дар бораи тасъири силсилафилмҳои хориҷӣ ба фарҳанг ва камбудии мо барои офаридани силсилафилмҳо аз кормандони фарҳангу санъат пурсон шудем.
Некқадам Хушназаров, ҳунарпешае, ки дар соҳаи синамои тоҷик чандин солҳо фаъолият кардаасту дар дубляжи силсилафилмҳои хориҷӣ овоз додааст, дар ин бора фикри худро чунин баён кард:
- Интихоби силсилафилмҳо, ё филми муқаррарӣ ин аз табъу завқи худи мардум вобастагӣ дорад. Дар ин давр ба тамошобинони силсилафилмҳои хориҷӣ фарқ надорад, ки филм ба онҳо чизе медиҳад ё намедиҳад, тамошо мекунанд. Албатта, имрӯзҳо силсилафилмҳое ҳастанд, ки таъсири мусбат мерасонанд, мо дубляж мекунему овоз медиҳем. Мисол, мегирем филми туркии “Сарбоз”, ки таваҷҷуҳи мардум ба ин филм хело зиёд аст. Дар ин филм шуҷоату далерии сарбозонро нишон додаанд, ки ҷавонон ғизои хуби маънавӣ мегиранд. Ҳисси ватандорӣ, ҳисси садоқат ба ватанро бедор мекунад.
Ҳамагон медонанд, ки аз ҷиҳати синамо Ҳиндустон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрон ва дигар кишварҳо бо силсилафилмҳои худ тиҷорат мекунанду хело ҳам пешрафта ҳастанд. Албатта, ин филмҳо дар худ ишқ, муҳаббат, вафодорӣ доранд, ки ба тамошобон мақбул мешавад. Ба фикри ман, ба фарҳанги мо таъсири хуб мерасонанд. Яъне тамошобин баҳрае гирифта, ба қаҳрамони ҳамон филмҳо ҳаёти худро шабоҳат дода, зиндагияшро пеш мебарад. Як нозукии асосӣ дар он аст, баъзе филмҳо тасъири манфӣ мерасонанд. Инҳо дар бораи терроризм ва экстромизм, тактикаи махсуси ҷангӣ, ғорати бонкҳо, куштани одамонро ёд мегиранд.
Сабаби надоштани силсилафилмҳо ба сатҳи силсилафилмҳои хориҷӣ танҳо набудани маблағи кофӣ ва таваҷҷуҳи мутасаддӣ кам аст.
Мо камбудӣ надорем, ҳатто ҳунармандони хубтаре дорем аз ҳунармандони ҳинду турку дигару дигар, ки филмҳои сатҳи олӣ меофаранд. Манзурам ин аст, ки вақтҳои охир филмҳои ба навор гирифташуда ба фестивалҳои гуногун роҳ ёфта, ҷоиза мегиранд.
Камбудии ягона набудани таваҷҷуҳ аст, агар ҳукмат низ таваҷҷуҳ кунад, мо ҳунармандон силсилафилмҳоро дар сатҳи хориҷа ба навор мегирем, ки аз хориҷа низ харидорӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, коргардон ва актёри ҷавон Далер Имомалӣ бар ин назар аст, ки:
– Силсилафилмҳои хориҷӣ, хоҳем нахоҳем чанд сол таъсири худро мерасонанд. Давраи ҷанги шаҳрвандӣ як филме буд, қаҳрамони марказиаш Мария ва бо ин ном тамоми мағозаву корхона ва ширкатҳо номгузорӣ шуданд. Дар ин баробар бисёре аз мардум ба фарзанду ақрабояшон номи Мария мегузоштанд.
Чанд сол пештар силсилафилми Ҳомиён муд шуд. То футболкаву номи бисёриҳо Наҷиб шуд. Вале то ин ҳад мо бояд фоҷиа насозем, ки як силсилафилм мисли як идеологияи бузурги динӣ ё сиёсӣ дар руҳияи мардуми мо таъсир бигзорад. Танҳо барои як муддати хело кутоҳ таъсир мегузораду халос.
Мушкил як чӣ аст. Маблағгузор нест! Бачаҳои хуби мо ҳастанд, ки филмҳоро дар сатҳи бозор ба навор мегиранд. Мисли Музаффар Шодиев, Набиҷон Пирматов ё гуруҳи дигаре ҳастанд, ки силсилафилмҳои ҳунарӣ ба навор мегиранд. Инҳо метавонанд барои телевизион, ютуб филмҳои хуб бигиранд. Инҳо худмаблағгузоранд ё кадом як соҳибкоре маблағ медиҳад ё аз ҳисоби ютуб маблағ кор мекунанд, силсилафилм мегиранд. Дар ин самт бояд телевизионҳои мо таваҷҷуҳ кунанд барои офаридани силсилафилмҳо ва харидорӣ кунанд филмҳоро ё ингуна коргардонҳоро маблағгузорӣ кунанд.
Яъне ягона роҳи ҳалли мушкил ин таваҷҷуҳи телевизинҳо аст. Маблағ нест ки силсилафилмҳои хуб бигиранд, то ин ки аудиторияи силсилафилмҳои туркиву русиро банд кунем. Агар маблағ бошад, фазои Тоҷикистон ки атрофи 10 млн. бинанда дорад, дар он дохил ҳам шавад, 5 -6 млн. тамошобини асосӣ пайдо мешавад. Барои ин ҳама даҳ коргардон басанда аст, ки мо дорем даҳ коргардон. Ҳар яки онҳо ҳар ҳафта як серия филм ба навор гиранду пешкаши тамошобин кунанд. Ҳафтае дар каналҳои гуногун 10 серия, дар моҳе 40 серия филм мебарояд, ки дигар ҳоҷат ба тамошои филми туркӣ, русӣ, кореягӣ, ҳиндӣ ва ғ намемонад.
Номзади илми педагогӣ, дотсент Дилором Сангинова бошад, дар ин бора чунин ибрози назар кард:
- Албатта филмҳои хориҷӣ таъсир мерасонанд, хусусан ба духтарон, ки баъд аз тамошои филми туркӣ тарзи либоспӯшии худро ба онҳо монанд мекунанд. Филмҳо сабаб шуда истодаанд, ки ҷавонон одобу ахлоқашон рӯ ба косташавӣ овардааст. Рафтору кирдорашон аз инсонигарӣ берун мешавад, ки ин аз таъсири филмҳои хориҷиву шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ коргардону актёрони маруф дорем, ки филмофари хубанд. Аммо аз сабаби набудани маблағгузории кофӣ онҳо силсилафилм офарида наметавонанд.
Дар ҳамин ҳол назари декани факултаи фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Саидов Қобилҷон чунин аст:
– Дар ин ҷо камбудӣ дар он дида мешавад, ки имрӯзҳо филмҳои тоҷикӣ мақбули бинанда намешаванд. Ҳамон ҷои холигие, ки бояд мардуми мо бо тамошои филми тоҷикӣ истироҳати худро гузаронад, нест. Масалан, филми “Рустам ва Суҳроб”-ро гирем, он ҳеҷ вақт дилгиркунанда нест, ҳеҷ вақт куҳнашаванда нест. Чунки дар онхо эҳтироми падару модар, эҳтироми фарзанд, ҳам эҳтироми минтақаю расму оини қадимаи мардуми тоҷик нишон дода шудааст. Шахс аз тамошои ин филм ба худ маърифати баланди фарҳанги мегирад. Имрӯзҳо аз филмҳои туркӣ чи мегиранд? – ваҳшиёнат, зулм, ситамкорӣ, куштор, ки умуман, дар фарҳанги мардуми тоҷик ҷой надошта, ҷавононро ба сӯи гумроҳӣ бурда истодааст.
Ҷавонони мо бисёр тақлидкори санъатанд, ки ба ягон актёри дӯстдоштаашон тақлид мекунанду рафтор, гуфтор, либоспӯшии онҳоро ба худ қабул мекунанд. Ба ин хотир, бояд дар ин самт аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Барои ба ин сатҳ расидани ҷавонон худи падару модарон гунаҳгоранд, ки дар назди фарзандони ноболиғи худ филмҳоеро тамошо мекунанд, ки дар он филмҳо саҳнаҳои фаҳшу зӯроварӣ зиёд ба чашм мехурад ва онҳо барои синну соли болоӣ муқаррар шудаанд. Бояд худи падару модарон фарзандони худро на ба тамошои силсилафиомҳои хориҷӣ, балки ба хондани китобҳо банд кунанд. Он гаҳ ин мушкилӣ каме ҳам бошад бартараф мешавад.
Дуруст аст, ки дар мо коргардонҳои ботаҷриба ҳастанду ҳаёти худро барои офаридани филм бахшидаанд. Шабу рӯз заҳмат мекашанд, то актёрони бомаҳоратро ба филмҳои худ ҷалб намуда, дар соҳаи синамои тоҷик як навгоние ворид созанду мардумро аз тамошои филмҳои хориҷа баргардонанд. Аммо аз сабабе, ки маблағи кофӣ надоранд, силсилафилми хуб гирифта наметавонанд. Бояд шахсони саховатманд ва соҳибкорон дар соҳаи синамо саҳми худро гузоранд, он гаҳ филмофарон қадами худро як зина ба пеш мегузоранд.
Хусрави Мурод