Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз муосиртарин донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, 5-уми августи соли 1992 таъсис дода шуд ва нахустин маротиба дар соли таҳсили 1992-1993-юм 200 нафар донишҷӯёнро дар ду факултет (гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ) ба таҳсил фаро гирифт. Таъсиси донишгоҳи мазкур дар ҳаёти маданӣ, маърифатӣ, илмӣ ва фарҳангии на танҳо Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, балки дар кулли кишвар рӯйдоди фараҳбахшу дорои аҳамияти бузурги сиёсию фарҳангӣ маҳсуб меёбад, ки дар китоби таърихи илму маориф ва фарҳанги кишвар як санаи навро боз намудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ иқдом ва хизмати раиси онвақтаи Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ, доктори илмҳои таърих, шодравон Моёншо Назаршоев басо бузург аст. Бесабаб ҳам нест, ки баъдан ин донишгоҳ ба номи ин фарзанди барӯманд ва сарсупурдаи миллат гузошта шуд.
Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар даврони истиқлолият чун маркази илмӣ-маърифатӣ неруҳои зеҳнӣ-илмиро муттаҳид намуда, ба ташаккули кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ва пешрафти соҳаҳои дигари хоҷагии халқ мусоидат кард ва дар зарфи 26 соли фаъолияташ ба як маркази тавонои илмию таълимӣ ва тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ табдил ёфт. Дар ин муддат донишгоҳро зиёда аз 10 ҳазор нафар бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор нафар бо ихтисосҳои педагогӣ хатм намуданд, ки аксарияти онҳо дар мактабҳои миёна, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, созмонҳои дохили кишвар ва берун аз он кор мекунанд. Феълан дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ 4567 нафар муҳассилин таҳсил менамояд, ки 5 нафари онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ба онҳо 326 нафар устодон, аз ҷумла 10 доктори илм, 51 номзад ба илм ва зиёда аз 150 нафар аълочии маориф ва илм дарс мегӯянд.
Факултетҳо ва кафедраҳо
Донишгоҳи давлатии Хоруғ дорои 8 факултет – факултетҳои “Математика”, “Биология”, “Забонҳои хориҷӣ”, “Илмҳои табиӣ”, “Таърих ва ҳуқуқ”, “Филология тоҷик”, “Иқтисод ва педагогӣ” буда, дар шуъбаи рӯзона аз рӯи 51 ихтисос – 24 ихтисоси омӯзгорӣ ва 27 ихтисоси соҳавӣ, дар шуъбаи ғоибона аз рӯи 17 ихтисос – 8 ихтисоси омӯзгорӣ ва 9 ихтисоси соҳавӣ мутахассисони дорои маълумоти олии зинаи бакалавр, мутахассис ва магистрро тайёр мекунанд. Муҳассилин дар кафедраҳои “Таҳлили математикӣ”, “Таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсионалӣ”, “Тарбияи ҷисмонӣ”, “Забонҳои шарқ”, “Забони тоҷикӣ”, “Адабиёт ва санъат”, “Биоэкология ва туризм”, “Биологияи умумӣ”, “Фанҳои табиии илмӣ”, “Назарияи иқтисод”, “Менеҷмент ва маркетинг”, “Таърихи умумӣ”, “Таърихи халқи тоҷик”, “Забонҳои хориҷӣ”, “Филологияи англис”, “Забон ва адабиёти рус”, “Фалсафа ва сиёсатшиносӣ”, “Педагогикаи равоншиносӣ”, “Методикаи таълими ибтидоӣ”, “Фанҳои муҳандисӣ” ҳаматарфа ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Низоми таҳсилоти кредитӣ ва дарсҳои амалӣ
Фаъолияти таълимӣ дар донишгоҳ дар асоси барномаҳо ва нақшаҳои таълимии ихтисосҳо, ки дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, амалӣ карда мешавад. Донишгоҳ аз соли 2012 қисман ба низоми нави таҳсилоти кредитӣ шуруъ намуда, соли 2015 ҳамаи гуруҳҳои академикӣ пурра ба ин низом гузаштаанд. Бо мақсади пайвасти донишҳои назариявӣ бо амалия ва истеҳсолот, азхудкунии дарсҳои амалӣ ва таҷрибавӣ донишгоҳ бо корхонаю ташкилотҳои вилоятӣ алоқаи мустаҳкам барқарор намудааст. Дар пойгоҳи лабораторияи хоҷагии оби вилоят, ширкати «Помирэнерҷӣ», Пажуҳишгоҳи биологии Помир, Боғи ботаникии Помир, беморхонаи вилоятӣ, идораи стандартизатсияи давлатӣ, ширкати «Ҷамаст», экспедитсияи геологии «Помир» ва дигар муассисаҳои шаҳру вилоят таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ гузаронида мешавад.
Пойгоҳи моддӣ – техникӣ
Системаи омӯзиш, шаклу усулҳои таълим дар донишгоҳ бо талаботи давраи бозорогонӣ мунтазам такмил ёфта, утоқҳо бо таҳҷизоту техникаи навтарин муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои истифодаи самарабахши омӯзгорону донишҷӯён 4 синфхонаи таълимии компютерӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, 1 маркази Интернетӣ, 2 маркази технологияи инноватсионӣ ва 2 китобхонаи махсусгардондашудаи электронӣ, 1 адад синфхонаи лингофонӣ ва 8 лабораторияи таълимӣ фаъолият менамоянд.
Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ
Ҳайати профессорон ва омӯзгорони 20 кафедраи донишгоҳ дар айни ҳол аз болои 20 самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва 2 мавзуи фармоишӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, кор мекунанд. Танҳо дар соли ҷорӣ омӯзгорони донишгоҳ дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар зиёда аз 323 мақолаи илмӣ – оммавӣ нашр намудаанд.
Соли равон маҷаллаи “Паёми Донишгоҳ” дар ду бахш – бахши гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ бо мақолаҳои омӯзгорон, магистрантон ва аспирантон ба табъ расид. Омӯзгорони донишгоҳ Абдуллоева Сафина – д.и.ф. – 1 монография – “Ономастикон суфийской поэзии; структурный сематический и ункционалный аспекты”, Душанбе – 2018, 280 саҳ. ва Содатқадамова Таҳмина – н.и.б. китоби дарсии “Ботаника” – “Логос”, 2018 барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ аз чоп бароварданд.
Танҳо соли ҷорӣ ду нафар омӯзгорон – Холиқназарова Сакина аз рӯи ихтисоси филология ва Тауров Қурбонназар аз рӯи ихтисоси фалсафа ва сиёсатшиносӣ рисолаҳои номзадиро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Аз рӯи ихтисоси доктор PhD аз рӯи ихтисоси филология, таърих ва биология 4 нафар таҳсил карда истодаанд. Дар шуъбаи магистартура 138 магистрантон ба таҳсил фаро гирифта шуда, соли ҷорӣ 59 нафар магистрант магистратураро бо муваффақият хатм намуда, ҳоло дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кор ва фаъолият карда истодаанд. Дар соли ҷорӣ 65 нафар омӯзгорони донишгоҳ аз курси такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар гузаштаанд.
Хобгоҳ
Донишгоҳ дорои ду хобгоҳи донишҷӯён буда, онҳо барои 672 нафар пешбинӣ шудаанд ва нархи миёнаи хобгоҳҳо дар як сол 600 сомониро ташкил медиҳад. Раёсати донишгоҳ ба 17 нафар донишҷӯи ятими кулл ва 3 нафари сокинони шаҳр, ки ба донишгоҳ вобаста шудааанд, кӯмаки пулии яквақта расонида, онҳоро бо хобгоҳ таъмин менамояд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади рушди минбаъдаи донишгоҳ сохтмони бинои асосии таълимии донишгоҳро маблағгузорӣ намуд, ки он моҳи октябри соли ҷорӣ оғоз ёфт ва баъди ба истифода додани он ҳам шумораи синфхонаҳои комилан муосир ва ҳам ҳуҷраҳои хобгоҳ бештар хоҳанд шуд.
Чорабиниҳои илмию техникӣ
Дар соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев чорабиниҳои илмии сатҳашон гуногун баргузор гардидаанд. Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони ”Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ”, “Захираҳои обиии Тоҷикистон ва роҳҳои истифодабарии онҳо” дар Кафедраи Биоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хоруғ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, конфронси илмӣ-оммавӣ бахшида ба Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони “Саҳми Ҷалолиддин Балхӣ дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии умумибашарӣ”, конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Давлатзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Амирбекзода Назира, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ф. Шарофзода Гавҳар, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин, Назарзода Р. – муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз – ноиби президенти АИ ҶТ ва дигар олимони муассисаҳои олии шаҳри Душанбе аз ҷумлаи чорабиниҳое ҳастанд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ гузоринида шуданд.
Лоиҳаҳо
Дар соли 2018 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев аз рӯи барномаи “Эрасмус плюс” бо 2 лоиҳа – «MIND – Рушди навовариҳои идоракунии донишҷӯён бо роҳи омӯзиши онҳо дар марказҳои махсус ташкилкардашуда тавассути гузаронидани тренингҳо ва курсҳои омӯзишӣ» ва «TACES – Гузаронидани тадқиқотҳои байнифаннии (трансдисциплинарные) аврупоӣ дар Тоҷикистон», барномаи Эрасмус Мундус – лоиҳаи gSmart “Геоинформатика и пространственные науки” кор карда истодааст. Аз рӯи ин барномаҳои байналмилалӣ донишҷӯён ва устодони донишгоҳ дар семинарҳо, конференсияҳо, тренингҳо, форум ва мактабҳои тобистона таҳсил менамоянд.
Аз рӯи барномаи Эрасмус Мундус – лоиҳаи TACES аз 15.02.2018 то 25.02.2018 ассистенти кафедраи назарияи иқтисод Назархудоева Г. дар Донишгоҳи Тарту (Эстония) дар семинари байналмилалӣ иштирок кард. Магистрони ин барнома бошанд, аз 15-уми феврали соли 2018 то 15-уми апрели соли 2018 дар донишгоҳҳои Аврупо, аз он ҷумла дар Донишгоҳи Тарту (Эстония), Донишгоҳи Палакехо Оломоучи (Чехия), Донишгоҳи техникии Дрезден (Олмон) таҳсил кардаанд.
Дар соли ҷорӣ аз рӯи барномаи Erasmus+ лоиҳаи MIND таърихи 17.04.2018 то 18.04.2018 дар Донишгоҳи Генуаи давлати Италия ҷаласаи танзимгарони лоиҳаи MIND баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев дар ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ декани факултети биология, номзади илми биология, профессор Мамадризохонов Акбар ҳамчун танзимгари лоиҳа даъват шуд.
Тибқи барномаи Erasmus+ лоиҳаи TACES барои иштирок дар семинари байналмилалӣ оид ба “Коркарди барномаҳои нави таълимӣ” барои донишгоҳҳо дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ Мамадасламов М., ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ Сафдарқулова Ф., аз 04.06.2018 то 08.06.2018 дар Донишгоҳи техникии Дрезден (Олмон) иштрок намуданд.
Аз рӯи барномаи Эрасмус Мундус – лоиҳаи gSmart устодони донишгоҳ – муаллими калони кафедраи Сохтмони гидротехникӣ Хуҷаназаров Маҳбуб дар соҳаи магистратура муддати як сол ва ассистентони кафедраи биологияи умумӣ Карамхудоев Ҳалим ва Назарбекова Рамзия дар бозомӯзӣ ба мӯҳлати 18 рӯз дар Донишгоҳи Залзбург (Австрия) таҳсил карда истодаанд.
Инчунин, донишҷӯи курси якуми факултети забонҳои хориҷӣ, шуъбаи англисӣ Толибшоева Руҳафзо бо мақсади бозомӯзӣ, омӯзиш аз рӯи Барномаи Womens Global Leadership ба муддати 3 моҳ, аз 28.05.2018 то 28.08.2018, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, таҳсил кард. Ба ғайр аз ин, донишҷӯи курси дувуми факултети иқтисод Хушдилова Фарида низ бо мақсади бозомӯзӣ аз рӯи Барномаи Global Undergraduate Exchange Program (Global UGRAD) ба муддати як сол, аз 13.08.2018 то 11.05.2019, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мегардад, таҳсил хоҳад кард.
Рӯзи 21-уми июни соли 2018 шартномаи тарафайн байни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва Донишкадаи давлатии Новосибирск оид ба ҳамкорӣ ва мубодилаи донишҷӯён бо иштироки намояндагони донишгоҳҳои мазкур ба имзо расид.
Иштирок ва ғолибият дар озмунҳо
Дар донишгоҳ барои ҷалби донишҷӯён ба олимпиадаи фаннӣ диққати зиёд дода мешавад. Донишҷӯёни донишгоҳ ҳамасола дар олимпиадаҳои фаннии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Соли таҳсили 2017-2018 муҳассилини Донишгоҳ Тоқмамадов Давлат -донишҷӯи курси сеюми шуъбаи таърих аз фанни таърихи халқи тоҷик ва Суфишоев Саидоқил – донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ аз фанни назарияи иқтисод дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ зинаҳои дуюмро соҳиб шуданд. Ҳамчунин, соли гузашта донишҷӯи курси сеюми факултети забонҳои хориҷӣ Мародасейнов Дидор аз фанни забони англисӣ дар олимпиадаи байналмиллӣ дар шаҳри Карағандаи Қазоқистон сазовори ҷойи аввал гашт.
Аз тарафи Раёсати Донишгоҳ ба донишҷӯёни беҳтарин, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, мукофотпулӣ ва ифтихорномаҳо дода шудааст.
Соли равон аз факултети филологияи тоҷик донишҷӯи бахши рӯзноманигорӣ Рафоат Қудратбекова дар тренинги омӯзишии ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, аз байни 12 нафар донишҷӯёни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ сазовори ҷои аввал гардид ва бо мукофот ва сертефикат қадрдонӣ карда шуд.
Ба наздикӣ бо дастгирии Раёсати ДДХ ба номи М. Назаршоев донишҷӯёни курси 4-уми шуъбаи саёҳат ва меҳмондорӣ Тоҳиров Абдусалом ва Нусайриева Гулбегим ва дар доираи фаъолиятҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми якуми ҷумҳуриявии илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мавзуи “Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ», ки дар таърихи 9-10-уми ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок ва баромад намуданд. Донишҷӯ Нусайриева Гулбегим бошад, дар озмуни «Бизнес – нақшаи беҳтарини сайёҳӣ» иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гашт ва бо диплом ва мукофоти хотиравӣ сарфароз гардид.
Мусобиқаҳои варзишӣ
Дастпарварони донишгоҳ дар чорабиниҳо ва мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд. Бояд таъкид дошт, ки дар соли 2019 дар намуди волейбол ва баскетбол тими писарбачаҳои ДДХ ҷойи аввал ва тими донишҷӯдухтарон аз намуди волейбол ҷойи дувумро соҳиб гардиданд. Инчунин, аз намуди бокс як нафар донишҷӯ ҷойи аввалро касб карда, ду нафар муҳассилин ҷойҳои дувуму савумро ишғол намуданд.
Ба ҷои охирсухан
Ба ҳамагон маълум аст, ки сифати таълим ба сифати кадрҳои педагогӣ, дараҷаи кордонию қобилияти эҷодкории онҳо вобастагии зич дорад. Имрӯз бо камоли қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ устодони ҳақиқии касби худ буда, доимо дар ҷустуҷӯи шаклу усулҳои самарабахши таълим мебошанд ва ба шогирдони худ донишҳои кофӣ дода, аз рӯи ихтисосҳои замонавӣ онҳоро чун мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ тарбия менамоянд. Донишгоҳ дорои нерӯи пурқуввати кадрӣ ва пойгоҳи хуби моддӣ – техникӣ буда, довталабоне, ки онро интихоб мекунанд, хато нахоҳанд кард. Бо дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ муҳассилин бо сарзамини афсонавии “Боми Ҷаҳон” ва мардуми сарбаланди он шинос хоҳанд шуд.
МТЖТ