(Хотираҳои хоҳари Олим Бобоев)
Вақте тағоям аз дунё гузаштанд, аз сӯзишҳову нолаҳои модарам дарёфтам, ки сангин будааст аз даст додани шахси азиз, хоса бародар. Бехабар аз он ки рӯзе ин фоҷиа ба сари ман ҳам меояд.
Бародарам, ҳофизи номдор Олим Бобоев бароям гавҳари ноёб, идеали зиндагиям буданд. Ҳар гоҳ ба хонаам меомаданд, гӯё даруни кӯзаҳо гулҳову даруни синаҳо дилҳо мешукуфт. Аммо чи зуд, ин гулҳову ин дилҳо аз шукуфтан бозмонд. Сад афсӯс, ки боз чандин баҳор омаду ман ҳанӯз чашминтизори омаданаш ҳастам. Ашк гулӯгирам мекунад. Хотираҳо ба рӯйи ман ханда мезананд.
Тахминан солҳои ҳафтодум устод Ҷӯрабек Муродов ба хонаи мо меҳмонӣ омаданд. Он вақтҳо сими тамбӯру тор камёфт буду падарам онро ба воситаи дӯстонашон аз Самарқанд дастрас мекарданд. Он рӯз якчанд тор сим ба устод Ҷӯрабек ҳам доданд. Устод торашонро ҷӯр карданду суруди “Кош дар базми аҷам ман дилбаре медоштам”- ро хонданд. Ман давида берун баромада, модарамро ба оғӯш гирифта, гуфтам, ки Ҷӯрабек дар бораи ман суруд хонданд, дар сурудашон номи маро гирифтанд. Ҳама хандиданд. Баъди ин акоям ҳангоми ҳунарнамоӣ дар саҳна, агар дар матни сурудашон калимаи “дилбар” бошад, маро мекофтанду механдиданд. Ин ишора ба ҳамон хотираҳо буд.
Мо ҳамдигарро бо зодрӯз хеле самимӣ табрик мекардем. Дар зодрӯзи худ он касро бегоҳ интизор мешудам, то дергоҳ менишастему хурсандӣ мекардем. Дар зодрӯзи он кас ман саҳар мерафтам, ки аллакай чанд кас омадааст ба табрикашону ман каме дертар. Расулов Абдушукур, духтури номии шаҳр меҳмони ҳамешагии зодрӯзи он кас буданд. Сад ҳайф, ки духтур низ бармаҳал моро тарк гуфтанду ҳамнишинии бародарамро ихтиёр намуданд.
Аммо дигар мавлуди бародарам бароям гарон аст. Ба табрикашон бо дили садпора сари қабр меравам, танҳо дастагуле туҳфаи зодрӯзӣ ба даст.
Зодрӯзи туст бе ту,
Рӯзи андуҳи гарон аст.
Тори хомӯши ту шоҳид,
Дар сукути ғам фиғон аст.
Гуё дар суруди “Халқи ман” тамоми ҳаёташон ҷой гирифта бошад. Ин сурудро бисёр гӯш мекунам, хотираҳо пеши назар зинда мешаванд. Хонаи мо ҷойгохи ҳофизони номӣ буд. Аз ин сабаб мо ҳофизони зиёди номиро аз наздик дида будем. Рӯзе Барно Исҳоқова овози маро гӯш карда, баҳои баланд дода буданд ва гуфтанд, аз ин сарояндаи хуб мебарояд. Падарам шӯхиомез гуфтанд, “аз хонаи булбул як то булбул мебарояд”. Албатта, “булбули якто” гуфта, падарам акаамро дар назар доштанд. Ҳайф, ки ин булбули боғи ҳунар дигар аз наво монд.
Гӯё аз марги худ воқиф буданд, ки пеш аз маргашон гуфтанд: “Агар ман мурам, дар сари қабрам ончунон фарёд кун, ки тамоми мазор ба ларза ояд ва он гоҳ ман туро мешунавам, пас ба болои қабр нигар, чӣ гуна хоктӯдаҳо резон мешаванд, чунки ман ҳам фарёд мекунам”. Ҳар боре ба мазорашон меравам, аз дил фарёд мекашам, то шояд як бораки дигар садои акоҷонамро шунавам. Аммо фарёдҳои беҷавоб.
Агар ман ҷойи шумо мемурдам, бароям хеле осонтар буд, чунки пас аз шумо ман ҳар рӯз мемирам, Акоҷон. Аммо ба қавли Саъдӣ, “мурда онест, ки номаш ба накӯӣ набаранд”. Шукри азизон, шукри пайвандон, шукри мухлисон, ки ҳар лаҳзаву ҳар соат номи акоҷони маро ба накӯӣ ёд мекунанд. Пас Шумо намурдаед, Акоҷони ҳунармандам. Номи Шумову ёди Шумо дар дилу дидаҳои мо ҷовидонист!
Дунё ба мисоли тири партофтанист,
Одам ба мисоли чизи ноёфтанист.
Ҳар чизе бихоҳӣ, ту биёбӣ ба ҷаҳон,
Фарзанди падар меваи ноёфтанист.
Дилбар Бобоева