Ҳазлу шӯхтабъӣ, ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ дар сиришти инсонӣ ҷойгузин аст, вале онро корбаст кардан, аз дарун бурун овардан ва ба манфиати мардумӣ истифода бурдан аз инсон ҷуръат, ҷасорат, маҳорат ва малакаи фавқулодаро тақозо менамояд. На ҳама ҷуръат, маҳорат ва ё ҳунари ҳазлпардозиро дорад, ҳарчанд ки дар ниҳоди ҳазлу шӯхӣ мисли тухмаи некию бадӣ нуҳуфтааст ва онро бедор кардан аз инсон ҳунару ҷуръати махсусро тақозо мекунад.
Албатта, на ҳама ҳазл қодир аст, уқдаҳои равонӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ ва фарҳангии ҷомеаро бозкушоӣ кунад ва инсонро дар ҳолати эътидоли рӯҳӣ қарор диҳад. Вақте ки инсон дар ҳолати эътидоли равонӣ қарор дорад, ба яъсу ноумедӣ ва ғаму андӯҳ муқовимат карда метавонад, иқтидори зеҳнияш фаъол аст ва муҳимтар аз ҳама, ба зиндагӣ беш аз пеш эътимод мекунад. Дар ин замина, ҳадафи ҳазлгӯйиву шӯхтабъӣ ҳам ба зиндагӣ арҷ гузоштан, аз он дифоъ кардан аст, ба он меҳр варзидан аст, дӯст доштан аст ва мунтаҳо арзанда умр ба сар бурдан аст.
Дар таърихи фарҳанги иронитаборон ҳазлу шӯхтабъӣ ва латифагӯйӣ собиқаи тӯлонӣ дорад. Ба қавли донишманд ва фарҳангшиноси шаҳири ҷаҳонӣ Вил Дуронт, байни ақвоми иронӣ латифагӯйӣ ва нуктапардозӣ ривоҷ доштааст ва онҳо ҳунари нуктапардозӣ ва зарофатписандиро аз соири саноеъ афзалтар дониста, ба он арҷ мегузоштанд. Ин аст, ки тамаддуни форсӣ-тоҷикӣ дар баробари хирадгустарӣ, ҳазлу шӯхтабъиро низ ба масобаи унсури муҳимми зиндагӣ тавлид намудааст.
Инсоният аз замоне ки худро шинохт, огоҳона ва нохудогоҳ дар баробари мушкилоти ҷаҳону ҳастӣ қарор гирифт ва аз рӯйи имкону тавони фикрию эҷодӣ ба ҳалли тадриҷии мушкилоти рӯзмарраи бо ӯ мунтазам даргирбуда пардохт. Дар ин замина, бояд тазаккур дод, ки аз қадим то имрӯз инсон пайваста бо мушкилот ва даҳшатҳои табиӣ ва иҷтимоӣ мувоҷеҳ аст ва қисми зиёди ин фалокатҳоро худи инсон аз нодонӣ, ҷаҳолат ва навоқиси равонию фикриаш ба дӯши хеш бор кардааст. Мушкилот ва фалокатҳои ба сари инсонӣ боргардида ӯро ҳушдор медиҳанд, ки доимо дар ҷустуҷӯю такопӯ бошад, то роҳу равиши наҷот ёфтан аз ин хатаротро пайдо намояд.
Таҷрибаи фикрии башар собит сохтааст, ки инсон бар асари камбуду навоқиси фикрӣ на танҳо тариқае барои рафъи мушкилоти хатарзо пайдо карда наметавонад, балки ба доми яъсу ноумедӣ афтода, саранҷом аз назари ҷисмию равонӣ ба шикаст мевоҷеҳ мегардад. Ин шикаст ҷисму равони инсонро аз лаззату зебоиҳои зиндагӣ маҳрум сохта, завқи зебоиписандии ӯро кунду заиф мекунад ва ба хӯсаи дар ҳукми мурда қарордошта табдил медиҳад.
Албатта, дар ҳама давру замон гурӯҳҳои хурде вуҷуд доранд, ки ба мушкилот, ҳаводиси фалокатбор ва фаҷоеи ҷаҳони инсонӣ бо дидае бино менигаранд ва дар асоси донишу биниши зинда алайҳи онҳо набард эълон мекунанд.
Донишмандону муҳаққион бар ин назаранд, ки табақаҳои иҷтимоие, ки бо ҳушёрӣ, зиракӣ, доноӣ, ҳазлу шӯхтабъӣ ва ҳаҷву зарофатгӯйӣ ба мушкилоти рӯзгор посух додаанд, дар раъси ҷомеаҳо қарор доранд, чунки онҳо бо машъали ҳазру зарофат торикистони вуҷудро мунаввар месозанд ва барои ба шикасти равонӣ мувоҷеҳ нашудани вуҷуди инсонӣ иқдом меварзанд.
Ҳадафи овардани муқаддимаи то андозае тӯлонӣ ошкор сохтани моҳияти бунёдии ҳазлу шӯхтабъӣ дар ҷомеаи инсонӣ мебошад.
Ҳанӯз аз бомдоди зиндагӣ инсон бо роҳ, восита ва тариқаҳои гуногун мехост ба мушкилот, фоҷеот, мусибот ва билохира хатароти ҷаҳон фикру эҷодашро фаъол сохта, дар қолаби «ҷиҳоди эҷодӣ» роҳандозӣ намояд. Ин навъи ҷиҳоди инсонӣ бо табиат ва ҷаҳони бенизом, ки хатароту мусиботи зиёдеро ба бар дорад, таври худогоҳ ва нохудогоҳ, фаъол ва ғайрифаъол сурат мегирад. Яке аз ин гунна роҳу василаҳо ҳазлу шӯхтабъист. Бар мабнои он инсон ба мушкилот ва фаҷоеи зиндагӣ бо ҳазлу шӯхӣ писханд мезанад ва бад-ин тартиб тавассути оптимизм худро тасалло дода, мусиботи рӯзгорро нодида мегирад, ба он беэътиноӣ мекунад, бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамояд. Вале дар асл чунин нест; ҳар як мусибату мушкилот дар зеҳни инсонӣ маъво мегирад, реша медавонад, ӯро азоби равонӣ медиҳад, чун устухон гулӯгираш мекунад, хатти эътидоли умрашро мебурад ва билохира ба қаъри дарёи яъсу ноумедӣ ғуттавараш месозад. Ҳамаи ин, ба истилоҳ уқдаҳои равониро ҳозилону шӯхтабъон бо ҳазлу шӯхӣ ва зарофату мутоиба таҳаммул мекунад. Ба сухани сареҳтар, ҳазлу шӯхӣ дарду ранҷурӣ ва бемориҳои равонию иҷтимоиро то ҳадде дармон мебахшад ва инсонро дар ҳолати табиӣ қарор медиҳанд.
Чих еле ки қаблан ишора кардем, ҳар гунна ҳазл наметавонад дархӯри ҷомеа боша два аъзои ҷомеаро ба таври мусбат таъсир расонад. Одатан, ҳазлу зарофатҳое, ки имрӯзҳо тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш мешаванд, беҳунарона, ноогоҳона ва орӣ аз фалсафаанд, Ғолибан, ин гунна ҳазлҳо беҳадафанд ва на танҳо ба ҷомеа манфиат намеоранд, балки завқу зеҳнияти мардумро комиланд кунд месозанд. Ин аст, ки наваду панҷ дар сади мардуми мо камнигоҳу кӯрзавқанд.
Ҳазлу зарофат ҳунар аст, таълим аст, ҳадаф аст, фалсафа аст ва ҳозил касест, к ибо илму ҳунар ва маҳорату таълими худ камбуду навоқиси иҷтимоӣ, фикрӣ, идеологӣ, ахлоқӣ, динӣ, фарҳангии ҷомеаро ошкор сохта, барои ислоҳи он замина мегузорад ва шароити мусоид фароҳам меоварад. Ҳозил бо лафзу забоне хос аз камбуду нуқсонҳои мардумӣ ва табақоти гуногуни иҷтимоӣ ҳарф мезанад. Беҳуда нест, ки Мавлоно ба ин нукта бо ҷиддият ишора кардааст:
Қавли ҳозилро баёне дигар аст,
Ҳазлу шӯхиро забоне дигар аст.
Ҳазл ду тараф дорад: аз як тараф, агар мардум бо шунидани он лаҳзае болидахотир гашта, ба камбуду нуқсоноти иҷтимоӣ лаб ба ханда бикшоянд, аз тарафи дигар, онҳо бо ҷиддият ба умқи нуқсоноти хатарноки дар ҷомеа зуҳуркарда сар дароварда, барои ислоҳу рафъи онҳо ба таври худ чораандешӣ мекунанд. Сареҳтар, бо ҳазл шӯхию ҷиддият тавъаманд ва маҳз дар ин тавъамӣ асли фаҳмиши масъалаи ҳалгӯйӣ, ҳаҷвнигорӣ ва латифапардозӣ ғунҷоиш ёфтааст.
Дар сарҳои миёна дар фарҳанги мо ҳазлпардозӣ ва зарофатгӯйӣ дар осори Убайди Зоконӣ вусъати тоза касб мекунад. Баъдтар Саъдӣ, Мавлоно ва дигарон ин суннатро камокон идома медиҳанд. Мавлоно тавассути ҳазлу шӯхӣ ба баррасӣ ва манзур сохтани мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, динӣ-мазҳабӣ, ирфонӣ, ахлоқӣ, умуман маънавӣ мепардозад. Қабл аз Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ Ҳаким Саноӣ масъалаи ҳаҷву шӯхтабъиро ба унвони василаи таъсиррасонӣ ва ифшою ислоҳи камбуду навоқис матраҳ намудааст. Ба назари Саноӣ, ҳазл таълим аст ва ба зоҳири он набояд фирефта шуд, балки аз он мебояд панд омӯхт ва таълим гирифт:
Ҳазли ман ҳазл нест, таълимест,
Илми ман илм нест, иқлимест.
Мавлоно ба пайравӣ аз Саноӣ ҷиддӣ қабул намудани ҳазлу ҳаҷвро ба миён гузошта мегӯяд:
Ҳазл таълим аст, онро ҷид шав,
Ту машав бар зоҳири ҳазлаш гарав.
Мутаассифона, мардум аз рӯйи одати шахшудаи дар тӯли замонҳо ба зеҳн нишаста, ҳазлро танҳо зоҳиран мепазиранд ва ботинан дар фақри маънавӣ боқӣ мемонанд. Барои он ки ба моҳияти ҳазлу шӯхтабъӣ сарфаҳм равем, мебояд ки огоҳ шуд, бедор шуд, завқписанд шуд ва ба ҷиддият ба дарёфти нукоти он пардохт.
Ҳазлгӯ ва шӯхтабъро ҳозил мегӯянд ва ҳозил бо дигарандешӣ, латофату назокати сухану баён, биниши воқеӣ, ҳушёрӣ ва зиракӣ дарду бемориҳои иҷтимоӣ, ахлоқи, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаро ташхис мекунад ва бад-ин васила огоҳии иҷтимоӣ ва фикриро таъмин месозад. Ин рисолати ҳозил ӯро дар баробари рӯшанфикрон қарор медиҳад.
Хулоса, ҳазлу шӯхтабъии асил, воқеӣ ва ҳадафманд метавонад ҷомеаро аз хастагиҳои равонию ҷисмонӣ наҷот диҳад ва раванди огоҳии иҷтимоӣ ва фарҳангиро таҳкиму вусъати тоза бахшад.
Нозим НУРОВ,
устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода