Некрӯз ҳамчун сароянда хеле шинохта буда, ба маънои томаш дар дили мухлисони сурудҳояш ҷо гирифтааст. Ҳар дили пурдард, ошиқ, мафтуни зиндагӣ, гирифтори ғам, ғурбат, шодӣ ва ҳасрати ёр, гирифтори мушкилӣ, рафоқат, садоқат ва хушбахтӣ ҳатман Некрӯз Мамадамоновро мешиносад. Зеро ӯ аз дили шунаванда огоҳ асту бо овози нотакрор, интихоби дурусти матни шеър, услуби хониш ва навохтани гитору оҳанг бастан аз дигар ҳунармандон ба куллӣ фарқ мекунад. Ӯ бо қалбҳо ҳамроз аст ва дар синаҳои ҳазорон нафар маскан дорад. Вақте Некрӯз мегӯянд, бе ҳеҷ исту бист овози марғуладори гитораш, ки бо тамоми вуҷуд онро менавозад, инчунин, суруду оҳангҳои “Қаландарам дарбадарам”, “Манам маҷнун, гадои кӯҳӣ Лайло”, “Ту му шинто ца вене”, “Рӯ дару девори ин шаҳр”, “Зиндагӣ аз нав ца сӯд сар”, “Во зимистон во Харағ”, “Мунд му дил кулбайе вайрӯна”  ва дигар оҳангҳояш аз олами хаёлот ба дуриҳои дур  пеши чашми кас чун навори филме мегузаранд.

Копияи Лидуш…

Некрӯз зодаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, баъдан, аҳли хонаводаи ӯ ба ноҳияи Ёвон тағйири макон мекунанд. Маълумоти ибтидоиро дар ноҳияи мазкур гирифта, баъди хатми мактаби миёна, таҳсилро дар Донишгоҳи славянии Руссиву Тоҷикистон идома медиҳад ва ба ҳайси иқтисодчӣ онро хатм мекунад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Шавқи сурудхонӣ ҳанӯз аз овони хурдсолӣ дар дили ӯ ҷӯш мезад ва ҳар гоҳе, ки овозхонӣ мекард, атрофиёнашро бо истеъдоди худ дар ҳайрат мегузошт. Офтобро бо доман пӯшонда намешавад ва истеъдоди бузург ҳам зиёд пӯшида намонда,  рӯзе фаро мерасад, ки он ҳадду сарҳадҳоро убур мекунад. Некрӯз низ аз рӯзе, ки худро шинохт, мафтуни санъат ва олами шеъру суруд гашт. Лидуш Ҳабиб, шоиру сарояндаи бонуфуз ва Муборакшоҳ сарояндаи соҳибистеъдоди баландкӯҳи Помир дар он вақту соатҳо идеалу кумири Некрӯз буданд. Ӯ аз муҳаббату шавқи зиёд ба санъату ҳунар сурудҳояшонро барои худ ва дар ҷамъ месуруду менавохт. Ин буд, ки аз ҷониби шунавандагону мухлисон хеле хуб пазироӣ ёфт ва гоҳе ӯро копияи Лидуш мегуфтанд.

“Гиторнавозӣ – оҳанги зиндагиам гашт…”

Барои он ки сурудат писанди ҳамагон гардад, бояд оҳанги он ҳам аз вуҷуди худи сароянда фаввора занад. Барои аз таҳи қалб баромадан ва ба умқи дил расидани суруду мусиқӣ овозхонро мебояд, ки оҳанги онро дуруст интихоб намояд. Аз ин рӯ, қаҳрамони мо тасмим мегирад, ки гиторнавозиро аз худ намуда, худ оҳангсозу навозандаи сурудҳояш бошад. Бо кумаки амакаш, ки навозандаи хуби гитор буд, навохтани онро аз худ мекунад ва ин иттифоқ солҳои 1998  афтода буд.

– Оҳанги гитор аз он ба баъд навозандаи рӯҳ ва таскини қалбам гашт, ҳар гоҳи бо худу бе худ будан гитор менавохтам. Муҳаббатам нисбати гитор ба ҷое расид, ки агар рӯзе онро ба даст намегирифтам, гӯё чизеро гум ё фаромӯш карда бошам, сарсон мешудам, – мегӯяд Некрӯз.

Ӯ гарчанде ки ба сурудхонӣ ва навохтани гитор барвақт шурӯъ карда буд, лекин аввалин сурудашро соли 2008 сабт намуд. Суруди аввалине, ки доираи васеи одамон онро хуб писандиданд ва дар байни халқ муаррифгари Некрӯз гашт, ин суруди “Мунд му дил кулбае вайрӯна” буд. Он бо забони шуғнонӣ суруда шуд ва аз ҷониби шунавандагон хуш пазирифта шуд.

“Овоз не, “просто” тилло…”

Шурӯъ аз замони сурудани ҳамон суруд мухлисони ҳунари Некрӯз афзуданд. Ёд дорам,  талабаи мактаб будам, ки номи қаҳрамони мо вирди забонҳо буд. Дар деҳаамон он замон аз шабакаҳои умумиҷаҳонии интернет хабаре набуд ва мавҷи интернетӣ ҳам дер барқарор гашт. Маҳз дар ҳамон замон номи Некрӯз дар забони ҷавонони маҳал садо медод ва суруди “Қаландарам…”, “Манам маҷнун…”-ро зери лаб замзама мекарданд.

Некрӯз, на танҳо ба забони помирӣ, балки тоҷикӣ ва русӣ низ суруд месарояд. Мухлисонаш аз манотиқи гуногуни кишвар ва берун аз он зери сурудҳояш шарҳҳо бо ҷумлаҳои “Салом аз Самарқанд”, “Овоз не, просто тилло”, “Просто душа летает небесам”, “Уважаю тебя за твою скромность”, “Мусиқиҳоят ҳамеша хотираҳоро зинда мекунанд, мухлиси туем”, “Салом аз Кӯлоби бостон, салом аз Озарбойҷон”, “Мусиқии гиторро дӯст медорам, Некрӯзҷон онро бо навохтану овози ширинаш дучанд зебо гардонд” ва даҳҳо шарҳи дигари ба ин монанд гузошта, истеъдоди Некрӯзро баҳои баланд медиҳанд ва ҳамеша интизор будани сурудҳои нави ӯро таъкид менамоянд. Барои як ҳунарманд аз ин дида чизи дигаре хурсандибахш буда наметавонад. Вақте аз ҷониби омма хуш пазируфта мешавӣ, давлати бузург аст. Некрӯзро, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ мешиносанду сурудҳояшро гӯш мекунанд. Инро аз шарҳи зери сурудҳояш метавон хуб муайян кард. Ҳамеша аз хоксор будани ӯ ҳарф мезананд, дар баробари истеъдоду овози нотакрор доштан, ҷавони хоксору ҳалим аст. Дар радифи интихоби зебои шеър ва бозхонди сурудҳои сарояндагони соҳибном ӯ худ низ гоҳе шеър менависад ва онро ба оҳанг дароварда, бо гитор месарояд. Сурудҳое, ки ба қалами худи Некрӯз тааллуқ доранд, “Ар вахта сафар кинум пе Помир”, “Шаҳло турдта зеб вид”, “Ар ту дарборум сут равон”, “Бодиққат нғӯғ му гапен” ва “Живҷум амеха, ай санамо” мебошанд. Ӯ тавонист, дар роҳи санъат бо услуби хоси худ ном бароварда, дар байни дигар санъаткорон фарқкунанда бошад. Қариб ҳамаи сурудҳояшро худ оҳанг баста, бо тамоми ҳастӣ аз самими қалб месарояд.

Аз дафтари хотирот…

 – Соли 2018 буд. Дар маҳфиле бо сарояндаи шаҳир Баҳроми Ғафурӣ шинос шудам. Наздам омада, “ман мухлиси ашадии  шумоям” гуфта, дастамро сахт фишурд ва дар ҷавоб “ман ҳам мухлиси  шумоям” гуфтаму табассум дар лабонамон гул кард ва якдигарро гарму дӯстона ба оғӯш кашидем. Он лаҳза худро хушбахт эҳсос кардам, зеро зери таваҷҷуҳи ҳунармандон ва чеҳраҳои шинохтаву муваффақи ватанам қарор доштам, ки истеъдодам аз назари онҳо дур намонда, хуб баҳогузорӣ гардид. Равони бародарамон Баҳром шод бод, ки баҳори умрашон мутаассифона, дар ҷавонӣ хазон гашт, – ёдовар мешавад Некрӯз.

– Дар маҳфили Фарзонаи Хуршед, сарояндаи маъруфи кишвар, ки соли 2017 шуда гузашта буд, даъватӣ будам. Он лаҳзаҳо аз хотираам ҳеҷ фаромӯш намешаванд. Суруди “Пуштунӣ”–амро бо гитор сароидам ва аҳли нишаст, ки ҳама сарояндагону ҳунармандон ва рӯзноманигорони шинохтаи ҷумҳурӣ буданд, аз сурудам хуб пазироӣ карда, хеле зиёд кафкубӣ намуданд. Самимияти мухлисони худро нисбати ҳунару истеъдодам ҳамон вақт дарк кардам ва ин ҳама муҳаббат бароям тавону нерӯи чандинкарата бахшиду эҳтиромамро нисбати мухлисонам бештар намуд, – мегӯяд ӯ.

Некрӯз соҳиби ду духтарчаи зебост ва ҳамроҳи модару ҳамсар дар шаҳри Душанбе истиқомат дорад. Ӯ барои оянда нақшаҳои зиёд кашида, ба мухлисонаш хабарҳои хуш низ дорад. Ҳоло бошад, дар пайи омода кардани сурудҳои наву клипҳо буда, банди кори худ аст.

Интихоби дурусти шеър ҳам ҳунар аст

Рӯйхати сурудҳои маъруфи Некрӯз, ки сершунавандатаринанд, тартиб дода, шеъру оҳанги кӣ будани онҳоро пурсон шудам. Таърихи сароидани чанд суруди маъруфи худро, ки байни мардум маҳбубияти хос доранд, Некрӯз ба мо чунин қисса кард.

– Суруди “Манам маҷнун”-ро худам оҳанг баста, соли 2013 сароидам. Муаллифи шеърро ёд надорам, вале маҳбубияти бештару хосеро миёни мухлисонам пайдо кардам. “Рӯ дару девори ин шаҳр” суруду оҳанги Сиёвуши Қумайшӣ, сарояндаи маъруфи Эрон  буда, соли 2013 онро бо оҳанги сохтаи худам навохтам, ки писанди ҳаводорони ҳунару санъат гашт. Суруди “Қаландарам”, ки пазироӣ ва ҷонибдории ғайричашмдошт ба бор овард, соли 2012 сабт гашта буд.  Суруд моли сарояндаи афғон Мангали Шавқист, ки бо оҳанги нав бозхонӣ кардам. “Майда-майда хиромон” ҳам суруди Мангали Шавқӣ аст, онро ҳам соли 2012 сабт кардам. Ҳунари сарояндагии ин овозхони афғон ба ман писанд аст, аз ин рӯ бештар ба ӯ ва сурудҳояш таваҷҷуҳ дораму мехонам.

“Ту му шинтов” ва “Зиндагӣ аз нав ца сӯд сар”  сурудҳои Лидуш Ҳибиб мебошанд, онҳоро соли 2011 сабт кардам ва муваффақияти ин сурудҳо дар он буд, ки баъди сароидан аз ҷониби банда, аз тарафи дигар сарояндаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, вахонӣ баргардон ва дигарбора суруда шуданд. Албатта, бароям ин чиз хурсандибахш буд. “Я гулакен” шеъри Наими Карим ва оҳангсоз Акмал Ошурмамадов буда, соли 2020 сабт кардам, ки зиёд писанди шунавандагон гаштанд.

“Во зимистон…” ва “Чизам чуд хато” ҳар ду суруди Лидуш Ҳабибанд, аввалаашро соли 2008 ва дигарашро соли 2020 сароидам. “Ар ту дарборум сут равон” ин суруди худам буда, соли 2017 сабт кардам. Гоҳҳо вақтҳо сурудҳо баъди дубора сароида шудан ба авҷи баланди маъруфият ва маҳбубият мерасанд, – Нақл кард Некрӯз

Некрӯз хушбахтӣ ва маънии зиндагиро дар қалби бузурги ҳар инсон, рафтори дуруст дар ҷамъият, ҳалимӣ, хоксорӣ, дӯст доштани ҳар мавҷуди Худо, эҳтироми ҳамдигарӣ ва шод будан аз додаҳо ва лутфи беинтиҳои Парвардигор медонад. Аз ин рӯ, аз зиндагии хеш ризост ва мегӯяд, ҳеҷ орзуе дар дилам намонда, ки амалӣ нагашта бошад.

Оламбегими НЕКҚАДАМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here