Зи роҳи дур меорад, сабо бӯйи баҳор имрӯз,

Пас аз сардии фасли дай, навои чангу тор имрӯз.

Замин дар бар намуда куртаи садранги гулпечон,

Зи абри навбаҳорон резад атри мушкбор имрӯз.

Наврӯз  идест, ки аз қадимулайём дар миёни мардуми Шарқ ва Эронзамини бостон ҷашн гирифта мешавад ва он ба ҳеч дине пайвастагӣ надорад. Худи калимаи Наврӯз форсӣ буда, маънои рӯзи навро дорад. Ҳамасола пас аз фасли сармо, ҳангоми зиндашавии табиат, ки аз оғози фасли зеботарини сол, ки онро арӯси сол низ ном мебаранд, яъне дар баҳор, иди Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар миёни мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, ки ин пеш аз ҳама ба мо миллати тоҷик боиси ифтихор аст, зеро Наврӯз иди аҷдодии мост. Иди Наврӯз таърихи қадима дошта, ҳанӯз аз замони ҳукмронии сулолаи Пешдодиён таҷлил мегардад. Аз он замон то инҷониб иди Наврӯз дар миёни форсизабонон ва умуман дар миёни аҳолии Осиёи Марказӣ, Қафқозу Шарқи Наздик, соҳили Баҳри Сиёҳ ва Шарқу Ғарб сазовор ҷашн гирифта мешавад. Ин мамлакатҳо Наврӯзро бо номҳои гуногун, ки як маъноро ифода мекунанд ва муаррифгари як фарҳангу тамаддун ҳастанд, ба мисли «Наврӯз, Новрӯз, Ноорӯз, Неврӯз, Наурӯз, Найрӯз, Раббиъ» ид мекунанд.

Мувофиқи гуфтаи Фирдавсӣ ҷашн гирифтани иди Наврӯз аз замони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед ба мо мерос мондааст. Абӯрайҳони Берунӣ дар бораи иди аҷдодии ориёиҳо бахусус мо тоҷикон чунин гуфтааст: «Ҳарчанд подшоҳони Эрон ҳангоми иди Наврӯз аз раият хироҷ мехостанд, вале Наврӯз ҳангоме фаро мерасид, ки ҳосилот ба даст наомада буд». Чи хеле ки дар китобҳои таърихии Умари Хайём «Наврӯзнома» ва Абӯрайҳони Берунӣ  «Ал-тафҳим» зикр гардидааст: Наврӯз дар даврони гуногун таҷлил карда мешудааст ва албатта, бо шаклҳои гуногун таҷлил мегардидааст. Дақиқ аст, ки рӯзҳои баргузории ин ҷашни таърихии мардуми ориёӣ низ фарқ доштанд.

Тибқи баъзе аз ривоятҳо асосгузори сулолаи Пешдодиён- Каюмарс дар аввалин рӯзи моҳи Фарвардин девро куштааст ва Наврӯзро асос гузоштааст. Дар ривояти дигар қайд мешавад, ки шоҳи сулолаи Пешдодиён- Ҷамшед дар ин рӯз ба одамон шодиву сурур овард ва маҳз ба ҳамин хотир ин рӯзро Наврӯзи бузург мегуфтанд.

Одати дигари мардуми ориёинажод дар рӯзи иди Наврӯз он будааст, ки ба якдигар ширинӣ ҳадя мекардаанд. Ба гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ Найшакарро дар Эронзамин маҳз дар рӯзи иди Наврӯз шинохтанд, аз ин рӯ, ҳадя намудани ширинӣ дар миёни онҳо роиҷ шудааст. Наврӯз дар замони салтанати Сосониён бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ва марҳамати беандоза таҷлил карда мешуд. Ҳарчанд дар даврони Ҳокимияти Шӯравӣ иди Наврӯз аз тақвимҳои расмӣ бароварда  шуда буд, вале  ин амал меҳри мардумро аз ин маъракаи аҷдоди дур карда натавонист. Имрӯз Наврӯз дар бештари кишварҳои олам таҷлил карда мешавад, зеро бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони як зумра аз давлатҳои дигар «30-юми сентябри соли 2009 СММ-ЮНЕСКО Наврӯзро ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии инсоният ворид сохт ва сипас ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ бо Қатъномаи А/64/L-ро пешниҳоди кишварҳои ташаббускор бо унвони “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” барои муҳокима қабул кард, дар иҷлосияи 71-уми Ассамблеяи Генералӣ 23-юми феврали соли 2010 санаи  21-уми мартро рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд». Аз он рӯз инҷониб дар мамлакатҳои гуногуни олам Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад.

Анъанаҳои ниёгонамонро ба инобат гирифта, миллати сарбаланди тоҷик, ин иди фарҳангиро ба таври арзанда истиқбол гирифта, сол аз сол таҷлили онро инкишоф додаистодааст. Бо дарназардошти ақоиди наврӯзӣ ҳангоми таҷлили иди Наврӯз, дастархони идона густурда мешавад ва онро бо ҳафт «Син»-у ҳафт «Шин»-и наврӯзи оро медиҳанд. Оини гулгардонӣ то ҳол роиҷ буда, дар миёни мардуми деҳот оташпарак низ дида мешавад. Мардум дар ин рӯз гулхан афрӯхта, дар гирди он сурудхони мекунанд. «Сардии рӯямро бигир гармии рӯятро бидеҳ. Зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ». Дар гузашта ва имрӯз пеш аз омадани Наврӯз мардум ба тоза намудани хонаву дар ва гирду атроф мепардохтанд, ки ин амал ҳозир «Хонабарорӣ» унвон гирифтааст. Дар ин рӯз одамон либосу палоси хонаи худро дар Офтоб мегузоранд, дару девори худро сафед мекунанд, то ки иди Наврӯзро бо риоя аз қоидаҳои гигиенӣ (тозагӣ) дар сатҳи зарурӣ пешвоз бигиранд.

Аз сабаби он ки Наврӯз дар фасли баҳор меояд ва ин фасл, фасли зиндашавии табиат ба ҳисоб меравад, дар чорабиниҳои идона нақши асосиро ба Бобои деҳқон медиҳанд, чунки Бобои деҳқон рамзи пири кори кишоварзист.Яке аз рукнҳои асосии иди Наврӯз дар Тоҷикистон ин омода намудани ғизои ширин мебошад, ки муҳимтарин ва асоситарини он суманак мебошад, ки онро рамзи Наврӯзӣ меноманд. Суманак маҳз дар айёми Наврӯз пухта мешавад. Онро дар Тоҷикистон суманак, дар Афғонистон сумалак ва ё сумала, дар Эрон бошад саману ном мебаранд. Ҳангоми таҷлили ин ҷашн дар миёни ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили бандкашӣ, гӯштингирӣ дастхобонӣ ва монанди инҳо гузаронида мешавад.

Анъанаҳои гузаштагонро ба инобат гирифта, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди Наврӯз панҷ рӯзро рӯзи истироҳатӣ эълон намудааст. Давоми ин панҷ рӯз мардуми соҳибтамаддун ва бофарҳанги тоҷик, иди Наврӯзро бо тамоми рукнҳояш сазовор ҷашн мегиранд. Ҳангоме ки иди Наврӯз байналмилалӣ гашт, дар дигар мамолик низ ин маъракаи аҷдодии мардуми ориёӣ ҷашн гирифта мешавад.

 Наврӯз дар Эрон

Мардуми ин сарзамин дар рӯзи иди Наврӯз аз хонаҳояшон баромада, ба дашту саҳро мераванд, то ин ки наҳсиро аз худашон дур кунанд. «Ҷашн аслан як рӯз аст, мувофиқи тақвими расмӣ панҷ рӯз». Мардуми Эрон хони Наврӯзиро бо ҳафт «Син» оро дода, интизори соли нав, яъне Наврӯз мешаванд. Чун рӯзи Наврӯз фаро мерасад, калонсолон ба хурдон тӯҳфаҳо медиҳанд ва хурдон дар ин рӯз ба аёдати бузургон мераванд. Эрониён низ пеш аз таҷлили иди Наврӯз расми «Хонатаконӣ»-ро ба ҷо меоранд. Онҳо ақида доранд, ки нафаре, ки хонаашро тоза накард руҳу арвоҳи гузаштагонаш ношод мегардад ва аз хонадони ӯ баракат дур мешавад.

Рӯзи чоршанбеи охири Наврӯз «Чоршанбеи сурӣ» ном дорад. Дар ин рӯз оташ афрӯхта, аз болои он мепаранд ва ин амалро шод кардани руҳи гузаштагони худ маънидод мекунанд. Рӯзи баъди онро «Рӯзи мурдагон» номидаанд, зеро дар ин рӯз ҳама ба сӯйи оромгоҳ мераванд ва ба арвоҳи гузаштагони худ дуо мехонанд. Ҳамчунин, дар ин рӯз мардуми сарзамини Эрон кинаҳоро аз дил зудуда мегардонанд ва дасти сулҳ ба сӯи ҳамдигар дароз мекунанд. Эрониён ғизои асосии иди Наврӯз-суманакро аз мағозаҳо дастрас менамоянд.

 Наврӯз дар Афғонистон

Дар қаламрави Афғонистон низ Наврӯзро бошукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил менамоянд. Дар вилояти Балхи Афғонистон иди Наврӯз чиҳил рӯз ҷашн гирифта мешавад. Онҳо нахуст дар ҳарами Ҳазрати Алӣ ҷамъ омада, барои сазовор истиқбол намудани иди Наврӯз парчами бузурге меафрозанд ва дар гирди он хурсандӣ мекунанд. Чун баҳор фасли зиндашавии табиат аст, ин рӯзро «Иди гули сурх» низ меноманд. Дар баробари таҷлили иди Наврӯз ба он нафароне, ки дар арафаи ин рӯзи фархунда издивоҷ намудаанд, тӯҳфаҳо тақдим карда мешавад. Баъди чиҳил рӯз, замоне ки таҷлили иди Наврӯз ба анҷом мерасад, парчами Наврӯзиро фароварда дар порчаи зар мепечонанд ва то соли дигар нигоҳ медоранд.

 Наврӯз дар Туркманистон

Баъди ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Туркманистон таҷлили иди Наврӯз ба расмият дароварда шуда, он рӯз, рӯзи истироҳатӣ эълон карда шуд. Дар Туркманистон ин иди аҷдодиро «Наврӯз байрам» ном мебаранд ва нахустин рӯзи Наврӯз Рӯзи зан қабул шудааст. Мардуми туркман дар иди Наврӯз базм ороста, рақсу бозӣ ва сурудхонӣ мекунанд. Онҳо рақси «Ханҷар»-ро ҳамчун рақси миллӣ хоси Наврӯз мешуморанд ва онро дар таҷлили ин иди фархунда, бо маҳорати баланд иҷро мекунанд.

 Наврӯз дар Қазоқистон

Аҳолии Қазоқистон нисбат ба дигар ҷашну маросимҳо Наврӯзро бештар интизор мешаванд ва ба он арҷ мегузоранд. Мақоми Наврӯз дар миёни мардуми қазоқ волост. Дар ин сарзамин санаи 22-юми март баҳри сазовор таҷлил намудани Наврӯз мардум ба кӯча баромада, ин идро бо хусусиятҳои ба худ хос таҷлил менамоянд. Баҳри истиқболи Наврӯз суманак пухта, дар ҳафт зарф, ки ранги сафед доранд, гирифта, ба мардум тақсим мекунанд. Базм ороста шодӣ мекунанд. Дар баробари базм, боз мусобиқаи аспдавонӣ  сурат мегирад, ки саворагон сиккаҳои тиллоиро бо тири пайкон ба нишон мегиранд.

Мардуми қазоқ дар арафаи иди Наврӯз, зарфҳои кӯҳнаро мешикананд, либоси нави идона ба бар мекунанд ва ба якдигар гул ҳадя мекунанд. Ҳамчун рамзи рӯшноӣ дар девори хонаҳояшон расмҳо мекашанд, ки шабеҳи Офтоб аст. Ақидаҳои мардуми ин сарзамин гуногун аст. Перомуни ин рӯз чунин назар доранд:

«Наврӯз рӯзест, ки мо тамоми сол онро интизорӣ мекашем», «Наврӯз рӯзест, ки замин пур аз хайру эҳсон мегардад», «Наврӯз рӯзест, ки нури чеҳраи Ҳазрати Хизрро гирифтааст».

 Наврӯз дар Ӯзбекистон

Дар қаламрави кишвари ба мо ҳамсоя, яъне Ӯзбекистон Наврӯз бо як шаҳомати хоса ва завқи беандоза таҷлил карда мешавад. Рӯзи Наврӯз дар ин сарзамин таътили расмӣ эълон гардидааст. Мардуми кишвари ба мо дӯст ва ҳамсояи ӯзбек, Наврӯзро ҷашни дӯстии миллатҳо меноманд.

Бо арҷгузори ба ин ҷашни таърихӣ бархе аз ноҳияву шаҳрҳо ва рустоҳои ин мамлакат Наврӯз номгузори шудааст.

Дар шаҳрҳои тоҷикнишини Самарқанду Бухоро шаби чаҳоршанбеи Наврӯз гулхан афрӯхта мешавад ва он шабро «Шаби оташафрӯз» меноманд. Дар ин шаб мардум дар гирди оташ сурудхони мекунанд. Яке аз оинҳои дигари мардуми Самарқанду Бухоро, ин қулфкушои мебошад, ки бо номи «Кушоиши қулфи бахт» дар миёни аҳолии ин сарзамин маъруф аст. Мувофиқи суннати ин оини аҷдодӣ, дӯшизагон қулф дардаст ба кӯча баромада, аз роҳгузарон хоҳиш мекунанд, ки онро кушоянд ва агар аввалин нафаре, ки онро боз мекунад ҷавони муҷаррад бошад, пас он фоли нек ҳисобида мешавад. Мардуми ӯзбек ин рӯзро бо ширинии Наврӯзи-суманак истиқбол мегиранд.

Наврӯз дар Қирғизистон

Мардуми қирғиз ба Наврӯз он қадар таваҷҷӯҳ надоранд ва ҳатто фаро расидани Наврӯз дар Қирғизистон мушаххас нест. Ба гуфтаи баъзе аз муаррихон дар ин сарзамин Наврӯз субҳи 21-уми март оғоз мегардад ва шоми ҳамон рӯз ба анҷом мерасад.

Наврӯзро дар пойтахти кишвар ҳукуматдорон ва дар деҳа аҳолии деҳа бо пешниҳоди пирони солхӯрда таҷлил менамоянд. Дар рӯзи Наврӯз мардуми қирғиз бозиҳои варзишӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ ва адабиро роҳандози мекунанд. Ҷавонон дар деҳот ба аспдавони машғул мешаванд. Дар шаҳрҳои Бишкек, Ҷалолобод, Ош ваТалас бозори фурӯши маҳсулот доир мегардад. Занон бошанд дар ин рӯз таомҳои Наврӯзӣ пухта ба наздикону дӯстони худ, ҳамчун ғизои идона тақдим мекунанд.

Наврӯз дар Озарбойҷон

Дар Озарбойҷон Наврӯз яке аз ҷашнҳои муҳим ба ҳисоб рафта, се рӯз (аз 20 то 23) таҷлил мегардад. Мардуми Озарбойҷон бовар ба он доранд, ки ҳар касе дар рӯзи Наврӯз хайру сахоро пешаи худ қарор намедиҳад, аз саодати рӯзгор маҳрум хоҳад монд. Яке аз суннатҳои мардуми Озарбойҷон ин овехтани кулоҳ дар тирезаи хона мебошад, ки ба мақсади дарёфти ҳадяи Наврӯзӣ гузошта мешавад.

Яке аз вижагиҳои дигари ин ҷашн оростани  базм ва  шодӣ намудан мебошад. Махсусан таронаи «Бирав-бирав» ва «Рух бинмо»  мебошад, ки инҳо дар миёни мардуми Озарбойҷон чунин маънӣ дорад: гӯё инсон ба моҳ мегӯяд, ки бирав вагарна  муҷозот хоҳи шуд ва ба Офтоб мегӯяд  «Рух бинмо», яъне  рӯятро ба мо бинамо. Мувофиқи бовари мардум Офтоб  рамзи баҳор ва Наврӯз аст.

Наврӯз дар Покистон

Мардуми Покистон Наврӯзро хеле самимӣ ва шоён пешвоз мегиранд. Рӯзи аввали Наврӯзро «Олами рӯшноӣ» номида, бар он боваранд, ки бо омадани Наврӯз олам мунаввар мегардад. Баъзе аз аҳолии Покистон Наврӯзро ҳамчун ҷашни динӣ пазируфтааст ва онро бо ояту дуо пешвоз мегиранд.

Дар Покистон ҳангоми фарорасии иди Наврӯз шаби шеъру суруд ва рақс баргузор мегардад. Наврӯз дар миёни мардум «Ҷашни гули сурх» ва дар тақвими расмӣ «Иди Наврӯз» номида мешавад. Дар рӯи хони идона гузоштани Қуръон, оина, шамъ, гул, сабзавот ва парчам рамзи ин сарзамин буда, ба номи Ҳазрати Алӣ ғизо ва ширинӣ (суманак) хайр мекунанд. Аёдати хешу табор, зиёрати оромгоҳ ва дидор бо дӯстон аз суннатҳои ҳатмии ин кишвар мебошад.

 Наврӯз дар Арабистон

Дар кишварҳои арабнишин бахусус Ироқу Сурия иди Наврӯз ҳамчун иди миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳфили савту наво барпо мегардад. Дар ин кишварҳо Наврӯз бо номи «Найрӯз» ва «Раббиъ» яъне «Баҳор» мегузарад. Натанҳо мардуми Ироқу Сурия балки курдҳои муқимии Арабистон низ ин рӯзро ҷашн мегиранд. Наврӯзи курдҳо, шабеҳи Наврӯзи эрониҳост.

Гулпӯш гашта олам аз файзи Иди Наврӯз,

Дунёст пуртароват аз меҳру набзи наврӯз.

Эй дӯстон, биёед, шодӣ кунем бо ҳам,

Дар партави дурахши гулбоғи рамзи наврӯз.

Оғӯши худ кушода бо меҳр ҳол пурсад,

Ҳар лолаи шукуфта дунёи сабзи наврӯз.

 

Зиёвиддин БӮРИЕВ,

омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь