Ба истиқболи 125-солагии шоир Обидхӯҷаев Лутфӣ

«Мо таъриқи назмро аз нозимон омӯхтем,

Шеър гуфтанро зи шеъри шоирон омӯхтем».

-Навиштааст шоири зиндаёд Обидхӯҷаев Лутфӣ (Лутфулло). Ин мисраҳо шаҳодати он аст, ки шоир Лутфӣ аз хурдсолӣ ба хондан ва азбар кардани шеърҳои шоирон оғоз кардааст.

Бино ба навишти пешгуфтори «Асарҳои мунтахаб» (Душанбе, нашриёти давлатии Тоҷикистон соли 1959) аз тарафи адиби шинохта шоир ва нависанда Разиюлло Абдуллозода.

О. Лутфӣ соли 1898 дар шаҳри Уротеппа (ҳоло Истаравшан) дар оилаи аҳли савод таваллуд ёфтааст. Аҳли байташ ӯро дар синни 6-солагиаш ба мактаби кӯҳнаи саводомӯзӣ медиҳанд. Дар синни 8 солагӣ соҳиби хату савод шуда, ба мутолиаи асарҳои Ҳофиз, Фузулӣ, Ҷомӣ ва ғайраҳо оғоз намуда, ба эҷоди шеър машғул мешавад. Омӯзиши асарҳои классикон ба назми шоир мадад мекарданд. Чи тавре ки худи шоир О. Лутфӣ мегӯяд:

«Мо тариқи назмро аз нозимон омӯхтем,

Шеър гуфтанро аз шеъри шоирон омӯхтем.

Назми мо бо мардумон таълими мардӣ медиҳад,

Мард буданро зи кори мардумон омӯхтем.

Таъби Лутфӣ ҳамчу булбул нағмапардозӣ кунад,

Мо усули нағмаро аз булбулон омӯхтем».

О. Лутфӣ гарчи аз хурдсолӣ аз меҳри падар маҳрум бошанд ҳам, ӯро тағояш марди босавод ва яке аз ходимони ҳамонвақтаи давлатӣ Муллоҷон Қосимов ба тарбияи худ мегирад ва бо якчанд ҳамсолонаш Лутфиро ба шаҳри Тошканд мефиристанд. Онҷо баробари дар корхонаи хиштбарорӣ кор кардан, боз бо аҳли адаби шаҳри Тошканд шинос мешавад ва шеъргӯйиро такмил медиҳад. Инқилоби Октябрро дар шаҳри Тошканд истиқбол гирифта, чунин гуфтааст:

Октябр гар набудӣ, ҷуз чашми тар набудӣ,

Октябр агар набудӣ, фатҳу зафар набудӣ.

О. Лутфӣ баробари васф кардани Инқилоби Октябр боз ба даст яроқ гирифта, ба муқобили босмачиёни Холбӯта Алиқул ва Саидмурод ба майдон мебарояд ва то маҳв шудани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Истаравшан, Мастчоҳ, Шаҳристон ва ғайраҳо муборизаи беамон мебарад. Баъди ҳифзи музаффариятҳо ба кори органи суди ва прокурорӣ пешбарӣ карда мешавад.

Дар куҷое набошад, шоир Лутфӣ аз даст қалами тези худро ба канор нагузоштааст. Аз соли 1949 сар карда, дар рӯзномаи шаҳрии «Роҳи сотсиализм» (ҳоло «Паёми Истаравшан») кор сар карда, бештар ба кори эҷодӣ машғул мешавад. Дар назди идора ба даҳҳо ҷавонон роҳи эҷод, навиштани ҳикоя ва хабарҳо ба рӯзномаро ташкил медиҳад.

Шодравонҳо Ҳ. Баротов, Муродов Баротҷон, Абдуҳафиз Ғафуров, Солеҳ Худойбердиев яке аз аввалин шогирдони устод ба шумор мераванд.

Яке аз хислатҳои О. Лутфӣ дар он буд, ки нисбат ба ҷавонон, дӯстон ҳамнишинон ғамхор бо меҳру муҳаббат дасти ёрӣ дароз мекарданд, шеърҳояшро таҳлил ва камбудии шеъру ҳикояҳояшонро нишон медоданд. Аз тарафи дигар тангии рӯзгор ва нобудиҳои замона маҷбур мекард, ки шеърҳои худро ба тарзи одӣ, сода ва ба фаҳмиши ҳамонвақтаи мардум наздик карда, менавишт. Аз соли 1925 сар карда, ба рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Мушфиқӣ», (баъдтар «Бигиз») шеърҳо чоп карда, ба муқобили душманони синфӣ ва феълу атфоли онҳо мубориза мебурд.

Шоир Обидхӯҷаев Лутфӣ дар умри кӯтоҳи худ достонҳои зиёде навиштаанд. Натиҷаи кӯшишҳои зиёде буд, ки баъди нашр шудани достони «Салим партизан» -1938 асарҳои дигар он шахс «Сатрҳои муҳаббат» (маҷмӯаи шеърҳо, нашри соли 1940, достони «Назмунисо» (соли 1941) маҷмӯаи дигари ӯ «Муҳаббат ва зафар» (соли 1947), достони «Назар паҳлавон» (қисми 1 соли 1945) қисми дуюми ҳамин достон (1948), маҷмӯаи сеюми ӯ «Тӯҳфаи шоир» (бахшида ба 29-солагии Республикаи советии Тоҷикистон соли 1949) ба таъб расидаанд.

Дар солҳои охир О. Лутфӣ ба навиштани қисми сеюми достони «Назар паҳлвон» дар бораи ғолибони Ҷанги Бузурги Ватанӣ шурӯъ карда буданд, вале марги беамон шоирро дар синни 58-солагӣ аз мо гирифт ва кори саркардаи шоир ба итмом нарасида монд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар эҷодиёти шоир ба ғайр аз жанрҳои дар боло гуфта, боз дар маснавӣ ва ғазал низ пешравиҳо дида мешавад.

Мураттиб Р. Абдуллозода қайд карданд, ки ба ғайр аз асарҳои нашргардидаи О. Лутфӣ дар «Ганҷи равон», ки аз 7 ҳазор мисраъ иборат аст, достонро бахшида ба ҳаёти гузашта ва имрӯзаи азхудкардаашон водии Вахш бахшида навиштаанд.

Шеърҳои ишқӣ-лирикии шоир аз ҷиҳати фасоҳати забон равонӣ ва содагии худ зуд ба дили хонанда роҳ меёбад.

Қадами нахли баҳори орзуям,

Сари кӯяш муродам, абрӯям.

Висолаш давлатам, нашъунамоям,

Ҷафояш хуштар аз неши душман.

* * *

… Ба рухсори гулаш Лутфӣ бимирад,

Кунун дар аҳд падар аст, ба ман.

Шоир Обидхӯҷаев Лутфӣ ҳамчун шоири боз дар ҷанрҳои мухаммас ба шеърҳои Ҳофиз, Саъдӣ, Ҳилолӣ мухаммас бастааст. Шоири сермаҳсули тоҷик буда, аз худ мероси бойе боқӣ гузоштааст. Бояд қайд кард, ки аз чопи «Асарҳои мунтахаб»-и шоир наздик 64 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, Иттифоқи нависандагон агар ба нақша гирифта, достонҳои шоирро ба як маҷмӯа гирд оварда, ба чоп расонад, кори хайре мешуд.

Фолклоршинос, номзади илми филология Сангин Норматов дар китоби худ «Анбари сетори Суҳайлӣ» (нашр 2010с. Душанбе, саҳ. 49) навиштааст: «Маро барои қабул карда гирифтани бойгонии шоири маъруфи тоҷик Обидхоҷаев Лутфӣ ба Уротеппа фиристоданд (Ишора ба академик Раҷаб Амонов С.М) гуфтанд, ки Разиюллоҳ Абдуллозода хеши наздики Лутфианд ва ба ин кор кӯмак хоҳанд расонид. Ман ин марди ҳалиму хоксор, донишманду закибаёнро пеш аз ба Душанбе рафтанам мешинохтам. Лекин он кас маро намешинохтанд. Ба Уротеппа расидам. Ба Комитети шаҳрии ҳизб рафтам. Санади иттиҳоди забон ва адабиётро ба яке аз роҳбарони ҳизб супоридам. Онҳо устод Разиюллоҳ Абдуллозодаро ба идори ҳизб хостанд. Дар ҳамин идора худро ба муаллим шинос кардам. Субҳи дигар дар манзили Лутфӣ ба кори барӯйхатгирии бойгонии шоир ҳусни оғоз бахшидем. Ин кор панҷ-шаш рӯз давом кард. Баъд бойгонӣ ба ихтиёри инҷониб гузашт. Ҳамаи расмиятҳои даркориро ба ҷо овардем. Бойгонии Лутфӣ сиҳат саломат ба Институт расид ва умри дубора пайдо кард» (саҳ -45-50).

Аз ин суханон маълум гашт, ки санати ҳуҷҷатҳои гирифта, нишон дода нашудааст. Акти қабул ба соҳибтан маълум нест.

Баъди вафоти Обидхӯҷаев Лутфӣ соли 1957 завҷаашон Нисолатбону ба Иттифоқи нависандагон мактуб навишта, хоҳиш мекунад, ки 70-солагии зодрӯзи О. Лутфӣ қайд карда шавад. Дар як вақт китобашон рӯи чопро бинад. Ариза ба Иттифоқи нависандагон мерасад. Иттифоқи нависандагон аризаро ба Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба рафиқ Носирҷон Маъсумӣ мефиристанд.

Моҳи марти соли 1958 директори институт Н. Маъсумӣ ба завҷаи О. Лутфӣ мактубро ба тарзи зайл мефиристанд:

«Муҳтарама Обидхӯҷаева!

Аризае, ки ба Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рафиқ Мирзо Турсунзода фиристонида будед, ба воситаи он кас ба дасти мо расид, зеро достони О. Лутфӣ «Ганҷи равон» дар архиви адабии Инстути забон ва адабиёт маҳфуз аст. Мо ба мақсади чоп кунонидани достон якчанд маротиба ба Иттифоқи нависандагон муроҷиат кардем, вале азбаски он дар шакли мусаввада аст ва мутаассифона, муаллиф аз нав кор карда натавонист, маслиҳат шуд, ки чопи онро мавқуф гузошта истем.

Имсол ба рӯзи таваллуди О. Лутфӣ 70 сол пур мешавад. Ба ҳамин муносибат мо ба Иттифоқи нависандагон таклифҳои зеринро пешниҳод кардем:

Дар охири моҳи сентябри соли ҷорӣ 70-солагии О. Лутфӣ ҷашн гирифта шавад.

Ба нашриёти «Ирфон» тавсия карда шавад, ки чопи маҷмааи мунтахаби шоирр дар ҳаҷми 5-6 ҷузъи чопӣ ба план (нақша) дароранд». Дар ин маҷмӯа аз достони «Ганҷи равон» ба тариқи интихоб баъзе порчаҳо дохил кардан мумкин аст.

Ҷашни Лутфӣ дар зодгоҳи ӯ шаҳри Уротеппа бо иштироки нависандагон ва олимони республика гузаронида шавад. Таклифи моро дар Иттифоқи нависандагон маъқул донистанд.

Бо эҳтиром:

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ

дотсент Носирҷон Масъумӣ

Бино ба гуфти хоҳари О. Лутфӣ ҷашни 70-солагии акоям қайд карда нашуда буд ва набераашон Фарҳодҷон ҷашни 70-солагӣ гузаронида нашуд ва асарҳои мунтахаби шоир аз нав чоп нашудааст.

Аз Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки барои чопи китоб ва гузаронидани ҷашни 125-солагии шоир О. Луфӣ чораҳои мушаххасро дида бароянд. Боз як ҳуҷҷати дигар, ки аз тарафи кормандони бойгонии Уротеппа (ҳоло Истаравшан) дар ҳайати Султон Ҳомидов, Алиҷон Зокиров ва писари устод Шавкат Лутфуллоев барои маҳфуз нигоҳ доштан ва оянда ба шакли китоб даровардан 282 адад ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва шеърҳои шоирро ба бойгонии Уротеппа (Истаравшан) қабул карда буданд, аммо дар асоси он кормандони бойгони ягон мақола ё китобчае чоп накардаанд.

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Иттифоқи нависандагон хоҳиш карда мешавад, ки барои гузаронидани ҷашни 125-солагии зодрӯз ва чопи асарҳои мунтахаби шоир чораҳо андешанд.

Намуна аз ашъори шоир:

ОМӮХТЕМ

Мо тариқи назмро аз нозимон омӯхтем,

Шеър гуфтанро зи шеъри шоирон омӯхтем.

Гулшани ашъор дорад рангу буи соҳири,

Сеҳрро аз чашми шӯхи соҳирон омӯхтем.

Хондем илми вафо, ҳастем дар аҳду вафо,

Мо тариқи ишқро аз ошиқон омӯхтем.

Обу ранги шеъри мо аз дилбарон дил мебарад,

Дилбариро мо ҳам аз ин дилбарон омӯхтем.

Назми мо бо мардумон таълими мардӣ медиҳад,

Мард буданро зи кори мардумон омӯхтем.

Бар Ватан содиқ шавему ҷонсупорӣ мекунем,

Ин ҳунарро мо зи хеле қаҳрамон омӯхем.

Мо ба кори зиндагӣ, албатта, равнақ медиҳем,

Равнақи ҳар корро аз раҳбарон омӯхтем.

Табъи Луфӣ ҳамчу булбул нағмапардозӣ кунад,

Мо усули нағмаро аз булбулон омӯхтем.

ОФТОБИ ЗИНДАГӢ

Хоҳам, эй ширинзабон, аз рӯй бардорӣ ниқоб,

Чун қамар оӣ падид, аз сар барандозӣ ҳиҷоб,

Баҳравар гардӣ ту ҳам аз шӯълаҳои офтоб,

То ба кай монӣ ба зиндони фаранҷӣ дар азоб?

Моҳи ман, бархез акнун роҳи дониш пеш гир,

Чашми худ бикшо ту ҳам, ҷоно, ҳуқуқи хеш гир.

Омада дар мактаби нав манфаатҳо беш гир,

Хоҳаронат ҷумла дар мактаб хамехонанд китоб.

Даст бар кори ҷамоат зан ба меҳнат ёр бош.

Меҳнати озод мекун дар миёни кор бош.

Хобу ғафлатҳо гузашт акнун ту ҳам бедор бош,

Бою муллоро бирон дар селҳои изтироб.

Сайри гулзори чаман мекун ба боғи анбарин,

Кор мекун дар саноатҳо ту ҳам мардон барин.

Зиндагӣ вобаста бо кор аст, ёри нозанин,

Дар ҷаҳон меҳнат диҳад роҳат, раҳонад аз азоб.

Ташна будӣ, солҳо менӯш оби зиндагӣ,

Аз фаранҷӣ берун о, бар офтоби зиндагӣ,

Менавозад табъи озодам рубоби зиндагӣ,

Шеъри Лутфӣ аз ту, эй дилдор, мехоҳад ҷавоб!

ҶОНИ ПАДАР

Ҷони падар, зи боғи адаб по берун манеҳ,

По дар раҳи ҳаёт ту бераҳнамун манеҳ.

Илм аст раҳбари чамани изу эътибор,

Аз илм метавон бишавӣ марди номдор.

Макаб бирав ту, эй писари халқи кордон,

Чашми хирад кушо, ба дабистон қадам бимон.

Ҷони падар, бихезу ба мактаб равона шав,

Аз олиму адибтарини замона шав.

Аз илм умри хеш ба шодӣ ба сар барӣ,

Аз илм кас расад ба ҳаёти ҳунарварӣ.

Аз илм дил хуш асту зи илм аст иззу ноз.

Аз илм кас шавад ба ҳама умр сарфароз.

Аз илм метавон ба фазо ҳамчу лочинон,

Дар сайру гашт бол занӣ то бар осмон.

Аз илм метавон мадад орӣ ба кори халқ,

Дар сохтмони тоза ба мулку диёри халқ.

Аз илм метавон ту ба дарё шино кунӣ,

Ҳар он чи хуб ҳаст дар олам, бино кунӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь