(Андешаҳо перомуни китоби  «Ашкҳои зери борон»)

«Муҳоҷират як қатраи хуни миллат аст, ки барои ташхис гирифта мешавад»

(Мария Розанова)

Қариб ҳар моҳу ҳар рӯз расонаҳо дар ахбор омори интиқоли маблағҳои муҳоҷиронро бо воҳимаю дабдаба нашр мекунанд. Оре, барои иқтисод, нафсу шикам ин омор басо хуб ва гуворост. Вале то ҳол касе нашуморидааст, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ чӣ қадар маънавиёт ва бағочи маърифатӣ ба кишвар ворид мешавад. Бузургтарин шоҳасарҳои дунёи 18 барандаи мукофоти Нобелӣ дар чанд соли охир дар ҳиҷрат иншо шудаанд.

Аз фазои кайҳонӣ лаҳзае ба замин мефароем. Имрӯз беҳтарин ашъори тоҷикии форсии мо дар беруни Ватан саройида шуда, даҳҳо қиссаву достонҳо аз муҳоҷирони дур аз ватан иншо гардидааст. Шояд 6 қарн пеш марзу гумруки дидбонгоҳ набуд, аммо бузургони мо Камоли Хуҷандию Бедил, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ рӯ ба ҳиҷрат ниҳода, шоҳасарҳои ҷовидонӣ офаридаанд.

Инак воридоти охирин китоби «Ашкҳои зери борон» аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба дасти ҳаводорони адаб  расид. Адиб ва журналисти дақиқкор ва фарохандеш Холиқназар Ҷумъазода он чиро ба тану ҷисмаш ва ақлу заковаташ дидаву эҳсос кардааст, бо лаҳни гуворо, содаю ҷолиб ба дастархони маънавии омма гузошт. Қабл аз андешарониҳо оид ба китоб ва аз зикри салиқаи Холиқназар ва моҳияти маънавии китоб зикр мекунем, ки бояд аз тафаккур, андешаи мардум ҳисси бадбинӣ ба муҳоҷират, айб донистони ин шуғли муфидро пароканда кунем. Имрӯз аз давлатҳои абарқудрати Фаронса, Испания. Чин, Ҳиндустон, Филипин миллонҳо нафар муҳоҷирон дар кишварҳои дунё дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд. Магар коргарону роҳсозону бинокорони Хитой дар Тоҷикистон дипломат ҳастанд? Онҳо низ муҳоҷири меҳнатӣ буда, барои иқтисоди кишварашон манфиатдоранд. Барои ин таънаву маломати як идда  бо ном мухолифон тоҷик дар Аврупо беасос аст. Муҳоҷирати меҳнатӣ ин содироти нерӯи кории арзишманди ҳар кишвар аст.

Мавзуи муҳоҷирати меҳнатӣ дар адабиёти мо нав нест. Вале  новеллаҳо, қиссаҳо ва ҳикояҳои Холиқназар Ҷумъазода нав мебошанд. Китоби «Ашкҳои зери борон» аз рӯзгори пуртазоди муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Руссия қисса мекунад. Бештари новеллаҳо ва қиссаҳои моҷароӣ (детективӣ)  аз ҳаёти воқеӣ гирифта шуда, бо ороиши тахайюли адиб моҳирона сайқал ёфтаанд. Адиб онро аз шабакаҳои иҷтимоӣ, китобҳо, бойгонӣ нагирифта, шахсан машаққати лаззати муҳоҷирати меҳнатиро кашидааст. Аз ин лиҳоз дар ҳикояҳо ва қиссаҳои адиб ҳарфи сохтаю изофӣ мавҷуд нест. Ҳар сатри китоб хонандаро ба андешаи амиқ ҳидоят мекунад.

Рамзист, ки  7 боби китоб ба осори мавзуи ҳиҷрати Бернард Шоу, Ҷеймс Оддриҷ, Теодор Драйзер шабоҳат дорад. Дар ин 7 равзана рӯзгори  мушаххаси муҳоҷирон бо  чолишҳои ҳунарии жанри моҷарономаҳо тасвир шудаанд.

Асари марказии китоб “Ашкҳои зери борон” ном гирифтааст. Зери борон ашкро ниҳон кардан мушкил аст. Аммо боз гуворо аст, ки борон ашкро мешӯяд. Маҳз ҳамин фалсафа, яъне машақати кутоҳи муҳоҷирро манфиати меҳнати барои Ватан оянда, хушбин менамояд. Ягон муҳоҷири меҳнатӣ хоҳ аз Аврупо хоҳ аз Руссия ба ватан бо дасти холӣ барнамегардад. Ҳарчӣ ҳам набошад, ҳунару касби дар ғурбат ёд гирифтааш дар Ватан, зодгоҳ коршоям мешавад.

Қаҳрамонони қиссаҳо Мавҷуда, Шоҳсаид, Аброр, Саида имрӯз дар паҳлуи мо мебошанд. Онҳо дар зиндагии воқеии ҳаёти имрӯзаи мо бо саргузашту тақдири худ муаллими рӯзгор мебошанд.

Қиссаи “Орзуҳои хокистаршуда” беҳтарин асари моҷароии адабиёти муосири тоҷик мебошад. Муҳтавои он ҷанбаи воқеӣ дошта, ба иттилои расонаҳо моҳи декабри соли 1914 дар вилояти Свердловски Русия рух додааст. Ин муҳоҷир аз тарафи скинхедҳо кушта шудааст.Тасвири қисмати  Аброри  43 сола ва ҳамсари ӯ Саидаи 37 сола мудҳиштарин амалест, ки дар Руссия тӯли 70 сол рух надода буд. Адиб фашизми навро хеле амиқ ва воқеӣ тасвир намуда, ақлу заковатро барои мубориза ба зуҳуроти мудҳиш  бедор мекунад. Қиссаҳои  “Бозгашт аз он дунё” ,“Доми фиреб, “Рӯзи сиёҳи муҳоҷир”, “Қафас”, “Даҳшат дар таҳхона” аз дунёи фасод, зулмати маънавӣ ва тамоили имрӯзаи башарият барои зиндамониро таблиғ мекунад.

Вале хонанда аз мутолиа ин қисаҳои фоҷиаовар хаста намешавад. Зеро пас аз рехтани “Ашкҳои зери борон бо хондани беш аз  100 латифаҳо, хотираҳои танзии Холиқназар ханда мекунад. Дар омади сухан Холиқназар дар танзу ҳаҷв низ салиқаи худодод дорад. Танзи ӯ барои ханда нест. Ин танз барои тамасхур ба доғҳои зиндагӣ мебошад.

Китоби Ашкҳои зери борон” беҳтарин насри соли сипарӣ маҳсуб мешавад. Умедворем ашки шодии Холиқназар Ҷумъазода шашқатор хоҳад шуд.

Боймуҳаммад Содиқов,

Наҷмиддин Шоҳинбод

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here