Дар зери борон қадам мезанам, ба манзили хомӯшон равонам. Мехоҳам ба сари хокдони модарам раваму дардҳои диламро гӯям, диламро ба модарам холӣ созам.

Манзили хомӯшон оҳанги андӯҳ дорад, рӯҳро пок созад.

Борон беист меборад, ман чун нахли боронхӯрда саропо тар шудаам.

Ана, манзили охирати модарам. Онро борон шустааст, об задаст.

Ҳоҷат ба ашкҳои ман ҳам нест.

-Модар, ҳамон писари бепарвою бесари шумо омадааст. Мехоҳад бо шумо гуфтугӯ кунад.

Вуҷудам меларзад, рухсораҳоямро ашку қатраҳои борон мешӯянд.

Ёрои сухангӯӣ надорам.

Чӣ қадар раҳораҳ суханҳоро дар дилам ҷамъ оварда будам.

Хостам ҳамаи он меҳрномаҳоро, пушаймониҳоро ба модар мегӯяму рӯҳу равони худро сабук меёбам.

Вале нашуд, гунгу лол мондаам.

Танҳо байти Сармад дар хаёлам гирд мегарданду халос.

Онҳоро зери лаб гӯё худ ба худ нимшунаво мехонам:

Гӯри модарро ба марзи синаам овардаам,

То дилам сӯзад ба рӯи марқадаш ҳамчун чароғ…

***

Хаёл кардам, ки ҳама суханҳои дилам дар ҳамин байтҳо ҷой ёфта. Аммо боз як гӯшаи дилам оромӣ надорад.

Охир, натавонистам дар лаҳзаҳои охири умри модарам дар бараш бошам, нигаҳбонаш бошам.

Дар сафар будам. Модарамро хоб дидам. Аз ман мепурсиданд:

«Кай меоӣ, писарам, дилам ноором, ду чашмам ба роҳат чор, кош бо хости худованд дида ба дидори ҳам расад…».

Бедор шудам, шаб буд, борон мерехт, то саҳар хобам набурд. Хаёлан бо модарам гуфтугӯ доштам. Аз ҳамон вақте, ки худро шинохтам, аз ҳамон давроне, ки мактабхон шудам, аз он замоне ки барои хондан ба пойтахт омадам.

Ҳар боре ки модарамро хабаргирӣ мерафтам, аз шодӣ ҷойи нишастан намеёфтанд.

-Дар қадамот садқа,

-Барои писари доноям мирам.

-Агар хонадоршавии туро бинам, баъд беормон мемирам.

Бо хости модарам хонадор шудам. Ҳамон духтаре, ки модарам хуш карда буданд…

Тӯй шуд, шодию хурсандӣ хонаву дарро пур кард.

Лекин вақте, ки боз ба сафар баромадам, модарам гуфтанд:

-Шаҳлоро бо худ бубар, танҳо нагузор, арӯси нав бояд аз шавҳараш дур набошад.

Вале ман барои бо худ гирифтани ҳамсарам омода набудам.

Ваъда додам, ки пас аз ду ҳафта меояму мебарам ва шуморо низ ҳамроҳ мегирам.

Ин умеду орзуи ман дар нимароҳ монд. Бемор шудам. Модарам бо азобе худро ба болои сари ман гирифтанд. Арӯси нав наомад, ҳатто ба зорию илтиҷои модарам падару модараш аҳмият надода, мегӯянд:

-Писаратон касалӣ бошад, духтари мо чӣ гуноҳ дорад, мо чӣ кор кунем.

Пас аз як моҳи табобат падарарӯсам ба кулбаи иҷоравии ман омад.

Ману модарамро дар ҳоли фақирона дарёфту гуфт:

-Писари олимат дар чунин ҳол зиндагӣ мекунад? Шумо ба ман нагуфтед, ки Шодмеҳр фақир, нодор, бечора.

Дигар ба умеди духтари ман нашавед…

Модарам илтиҷо кард, тавалло намуд, ки моро аз ҳам ҷудо накунад. Вале раис аз асби ғурур нафаромаду рафт.

Пас аз сиҳат шудан ману модарам ба деҳа омадем… Хоҳараконам бо шодӣ ба пешвозамон давиданд, аз хурсандӣ гиря мекарданд.

Ба хонаи худ даромадам. Хона холӣ. Ҳар чизу чорае, ки модарам бо нӯги сӯзан ҷамъ намуда, барои ин рӯзи мурод тайёр карда, хонаи маро пур сохта буданд, падару модари Шаҳло бо худ бурдаанд.

-Зиқ нашав писарам, ба по хестӣ барои ман давлат аст.

Аммо дили модарам сахт шикаста буд. Шабҳо хобаш намебурд. Охир, маро пас аз кӯҳ паридаи падари чӯпонам, танҳо калон кард, умедаш ба ояндаи ман буд.

Хоҳараконам Гулрӯю Гулсара тез хонаи бахти худро ёфтанд. Вале ба ман тақдир созгор нашуд.

Ба модарам гуфтам:

-Акнун ман меравам, худро ба даст гиред, ҳеч гап нест…

Вале аз дарвоза берун нашуда Шаҳло бо модараш бо шаст даромада омаданд.

-Ҳа, кампир, ту чӣ кор кардӣ, ки духтарам шабу рӯз барои ин писари бебарорат гиря мекунад, падараш гуфт, ки агар ба ҳамон хона боз гардад, дигар ту духтари ман нестӣ, гапи ҳечкасро гӯш намекунад.

Ман ба Шаҳлои заъфаронгашта нигаристаму худ ба худ гуфтам: «Худоё, оё хушбахтӣ дар пулу мол ва дороӣ бошад».

Шаҳло худро аз модараш ҷудо карду омада модарамро оғуш карду гуфт:

-Маро бубахшед модар, ман бешавҳарам зиндагӣ карда наметавонам. Ман чӣ қадар шуморо эҳтиром мекунам, дӯст медорам.

Ба ман нигаристу нохост худро ба пеши поям афканд ва пойҳоямро оғуш карду ҷигарреш фиғон кашид.

Шумо ҳам баробари Шаҳло гиристед, фиғон кашида, гуфтед:

-О, Марям ба фарзандат раҳм кун, ту худатро фаромӯш кардӣ, ту духтари кӣ будӣ? Ва ё шӯят пеш чӣ касб дошт, имрӯз раису аз боло ба поин менигарад.

-Ту ба гузаштаи мо корат набошад, писаратро гӯ ҷавоби духтари маро диҳад.

-Чӣ хел ҷавоб, о, худат бо шавҳараш напурсидаю писанд накарда, ҳама чизро бурдӣ, боз чӣ мехоҳӣ?

-Ҷавоби мусулмониашро.

-Нав худро мусулмон ёфтӣ…

-Э, ин қадар насиҳат накун, камбағли гадо…

Ман аз ин муносибату аз ин сахтгӯии модари Шаҳло ба шигифт омада, гуфтам:

-Шарм бод шуморо!

-Туи бечизро шарм бод, рафтем духтарам, боз забон дорад гап мезанад.

Шаҳло гирён-гирён бо ҳоли зор, бо дили кашол аз дарвоза берун шуд.

Модарам сари худро дошта, сахт гиристанд.

Осмон абракӣ буд, ногаҳ дар аввали тобистон барқ заду борони калон-калон бо шиддат ба боридан сар кард.

Хостам модарамро ором созам ва аз зери борон бардорам.

Вале модарам гӯё боридани боронро ҳис намекарданд.

Баъди каме ором шудан, гуфтанд:

-Аз ниятат нагард, роҳат сафед бод, писари рӯзнадидаам…

Пас аз ҳимояи докторӣ маро барои таҷрибаомӯзӣ ба Олмон аз тарафи Вазорати тандурустӣ равон намуданд.

Пеш аз сафар тавонистам бо телефон бо модарам хайру хуш кунам. Вақт басо танг буд.

Аммо ҳамин вақти танг маро аз шумо ҷудо сохт.

Пас аз моҳе омадам, ҳамон рӯзе, ки шуморо ба хок месупориданд.

Он рӯз пас аз сари хокдони шумо баргаштам ҳаво ҳам гиря кард…

Бубинед модар, чӣ қадар гапҳо дар дилам.

Дилам менолад, мегиряд ва худро сахт гунҳгор медонам, ки ҳангоми ҷон супориданатон дар болои саратон набудам.

Боз ба шеъри шоир мехоҳам диламро таскин диҳам:

Куҷоӣ модари ғампарвари ман,

Худои умри ман пайғамбари ман.

Сарам дар бистари марг аст, имрӯз,

Биё аз гӯру биншин бар сари ман.

Баргаштаму рӯ ба рӯи худ Шаҳлоро дидам. Ӯ ҳам шуморо зиёрат омада.

Бесухан рафту оромгоҳи шуморо оғуш карду бо тамоми дилу ҷон гирист.

Саропо тар буд, лой шуд.

Хостам аз ҷо бардорамаш ӯ ризо нашуд… Рафтам…

Баъди ҳафтае хабар расид, ки Шаҳло дар болои қабри шумо ҷон дода.

-Худоё, ин чи рӯзе…- гуфтаму бо абру борон нола кардам…

Шуморо модар дар хоб дидам, бо Шаҳло механдидеду маро шодбош мегуфтед.

Бедор шудам. Болиштам тар.

Ҳамсарам Сабо бо фарзандонам Шаҳбозу Шаҳноз дар болои сарам.

-Нағз шудед…

-Ҳа.

Он рӯз рӯҳам каме осуда буд. Худро сабук ёфтам.

Бори аввал бо дили сафед аз хоб бедор шудам.

Ҳаво боронӣ буд…

Шаҳобиддин Ҳақназар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь