Ҳуқуқи муаллиф
Аз ҷониби эҷодкорон ҳангоми офаридан ва истифодаи асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат, фонограмма, намоиш ва барномаҳои ташкилоти пахши эфирӣ ва кабелӣ, корҳои илмӣ, мақолаву гузоришҳо, сабти видеоҳо ва аксҳо, ихтироот, лоиҳа ва дигар намуди асарҳои офаридашуда моликияти зеҳнии эҷодкор ба ҳисоб меравад. Ҳама он моликияти зеҳние, ки аз ҷониби эҷодкорон офарида мешавад, бе иҷозати муаллиф ва ё бе иқтибос истифода бурдани маводи онҳо, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он”, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудааст, ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст.
Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ
Дар меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистии Тоҷикистон бошад, омада: “Журналист бояд дар фаъолияти касбиаш асардуздӣ накунад. Асардуздӣ – ин гирифтани матн, тасвиру садо аз манбаи дигар ва ҳамчун моли худ муаррифӣ кардан аст. Журналист бояд ба заҳмати ҳамкасбонаш арҷ гузорад”. Бале, ин ҷо танҳо сухан дар бораи журналист ва асарҳои эҷодкардаи ӯ нест, балки ҳар нафаре, ки асаре меофарад, ҳуқуқи муаллифӣ дорад ва онро ҳеҷ кас бе иҷозаи ӯ ҳуқуқи истифода бурдан надорад.
Асардуздӣ дар замони муосир
Дар замони муосир муштариён ба рӯзномаҳо назари хос доранд. Агар ҳайати эҷодӣ аз ҳисоби журналистони қаламашон гирову нигоҳашон тоза гирд омада бошанд, саҳафоти рӯзномаҳо масоили сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангиро аз дидгоҳи ростон бо далоили муътамад баррасӣ мекунанд.
Имрӯз дар адабиёти муосир ва матбуоти даврӣ асардуздӣ ба мушоҳида мерасад. Бояд пеши роҳи ин фоҷеаи маънавиро бигирем ва перомуни вазъи адабиёт мубоҳисаҳои судманд ба миён биёрему парда аз рӯйи беҳунарон бардорем.
Дар масъалаи асардуздӣ тақрибан панҷ сол қабл маводи калонҳаҷме дар рӯзномаи “Имрӯз нюс” ба табъ расонида будам, ки дар ҷомеа сарусадоҳоро баланд намуда буд. Имрӯз, гарчанде факту далелҳои зиёде дар ин бора дорам, вале мушаххасан дар бораи нафаре намегӯям…
Назари мутахассис
Профессор Боймурод Шарифзода – директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва яке аз мунаққидони соҳаи адабиётшиносӣ дар як суҳбати ихтисосӣ баён дошт, ки яке аз масоили муҳим дар илми нақди адабӣ масъалаи сирқат (дуздӣ) аст, ки аз қадим боз атрофи он ҳам суханварон ва ҳам суханшиносон изҳори назар кардаанд. Дар атрофи ин масъала то кунун тадқиқоти комиле ҳам сурат нагирифтааст.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, бо пешравии илму техника масъалаи сирқат аз мавзуоти муҳими рӯз шудааст. “Чанд сол боз тавассути «Диссернет» рисолаҳои илмии муҳаққиқони тоҷикро ба дуздӣ айбдор карда истодаанд. Аспирантону докторантон рисолаҳои илмии худро қабл аз ҳимоя аз барномаи «Антиплагиат» мегузаронанд. Дар кишварҳое, ки ҳамаи маводи илмию адабӣ шомили сайт шудаанд, ҳалли масъала осон аст. Бо вуҷуди ин, онҳое, ки ба дуздии маҳсули зеҳни дигарон машғул ҳастанд, роҳашро ёфтаанд. Масалан, китоберо аз русӣ аввал ба тоҷикӣ тарҷума мекунанд, сипас аз нав онро русӣ мекунанд. Дар чунин ҳолат барномаи антиплагиат дуздиро пайхас намекунад”,- зикр намуд мунаққид ва адабиётшинос Боймурод Шарифзода.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи адабиётшиносӣ, дар Аврупо ҳам масъалаи сирқатро муҳаққиқон дар асрҳои миёна ва ҳам дар садаҳои охир мавриди пажуҳиш қарор додаанд ва тавре бармеояд, дар ин масъала бузургтарин адибон, аз қабили Шекспир, Карней, Дюма, Гёте, Мюлер, Волтер, Вергилийро бо ҷурми асардуздӣ айбдор кардаанд.
Бо мақсади канораҷӯйӣ кардан аз сирқат ва ё плагиат дар кишвар Маркази миллии патентдиҳӣ фаъолият мекунад. Ҳар нафаре, ки кори илмӣ карданист, мавзӯи худро дар он ҷо ба қайд мегирад. Агар он кори илмӣ таҳқиқ ва ё наздик ба ҳамон мавзуъ бошад, дарҳол Маркази патентдиҳӣ муайян месозад.
Асарҳое, ки ҳуқуқи муаллифӣ надоранд
Воқеан, дар замони муосир, ки техникаву технология тараққӣ кардааст, барои муаллифон ҳам мушкил гардида, зеро ҳар нафаре метавонад маводи эҷоднамудаи шуморо аз тариқи интернет дастрас намуда, фаровон истифода намояд. Вале, барои пешгирӣ намудан аз ин падидаи номатлуб чӣ корҳоро бояд ба анҷом расонид, баъдан ишора хоҳем кард.
Ин ҷо мехоҳем дар бораи он асарҳое сухан кунем, ки ҳуқуқи муаллифӣ надоранд. Яъне, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” омада: «Ин асарҳо объекти ҳуқуқи муаллиф нестанд:
1) асноди расмӣ (қонунҳо, қарорҳои судӣ, дигар матнҳои дорои хислати қонунӣ, маъмурӣ ва судӣ), ҳамчунин тарҷумаи расмии онҳо;
2) рамзҳо ва нишонаҳои давлатӣ (Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, орденҳо, пули миллӣ ва нишонаҳои дигари давлатӣ);
3) хабарҳо оид ба ҳодисаву фактҳое, ки хислати иттилоотӣ доранд;
4) асарҳои эҷодиёти халқ».
Кадом шоиронро ба дуздӣ муттаҳам карда буданд?
Маврид ба зикри хос аст, ки дар адабиёти мо низ масъалаи сирқат баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст. Суханварони классики мо Муиззиро ба дуздии девонҳои Унсуриву Фаррухӣ айбдор кардаанд, Анвариро ба дуздии девони Абулфараҷи Рунӣ, Ҳасани Деҳлавиро ба дуздии девони Амир Хусрав, Камоли Хуҷандиро ба дуздии девони Ҳасан ва амсоли ин. Ин ҷо мисоле аз Устод Рӯдакӣ ва Абутоҳири Хусравонӣ меорем. Рӯдакӣ гуфтааст:
Ришу сиблат ҳаме хизоб кунӣ,
Хештанро ҳаме азоб кунӣ.
Абутоҳири Хусравонӣ аз ӯ бурдаасту гуфта:
Аҷаб ояд маро зи мардуми пир,
Ки ҳаме ришро хизоб кунанд.
Бо хизоб аз аҷал ҳаме нараҳанд,
Хештанро ҳаме азоб кунанд.
Ба назар бояд гирифт, ки аз ҷониби шоирон ибораҳову маъниҳо такрор меёбанд. Мутахассисини соҳа бар ин назаранд, ки агарчанде аз ҷониби шоирон шеър дуздида нашавад ҳам, вале бо истифодаи маънову ибора наметавон шоиронро ба дуздӣ муттаҳам кард.
Ба ҷойи хулоса
Нафаре, ки намехоҳам номашро зикр кунам, соли равон наздам омада, илтиҷо намуд, ки як-ду мақолаамро пешниҳод намоям, чунки онро дар яке аз маҷаллаҳо, ки мураттиби он аст, аз номи банда нашр менамояд. Бо гузашти тақрибан ду ҳафта маҷалла нашр гардид. Мутаассифона, як мақолаи ман аз номи яке аз ҳайати роҳбарикунандаи вазорате бо ҳамон номе, ки онро дар рӯзномаи “Ҳомии Ватан” нашр карда будам, ба табъ расонида шуд. Дар ибтидо хостам он нафареро, ки чунин рафтори зиштро раво дид, ба додгоҳ кашам, вале боз бо ҳамон шиори “Бо бадон бад кардан на аз оқилист…” амал намудам. Иддаои ман ҳам дар он буд, ки чаро ӯ ҳамчун ҳуқуқшинос пайваста лоф зада, аз қонуну қонуният мегӯяд ва хуб медонад, ки нисбат ба чунин рафтори ношоиста ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст, ба ин амал даст зад? Ва ё ӯ аз рӯйи мақоли “Гуфти муллоро куну корашро накун” амал карда бошад?
Азимҷон БАДАЛОВ