Дар дунё арзишҳо умуми башарӣ ва ҳамчунин арзишҳои миллӣ ибораҳои мавҷуд ҳастанд ва мо дар ин мақолаи худ сари арзишҳои миллӣ ва мероси ниёгон чанд нукта ба хонандаи азиз ироа медорем, то хонанда худ қазоват бикунад, ки ҳифзи онҳо то кадом андоза арзишманд хоҳад буд.
Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо моҳияти арзиши миллии худро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Бо эълон гаштани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин ҷалби бештари ҳунармандон мусоидат хоҳад намуд. Яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Ба ҳамагон равшан аст, ки дар кишвар атласу адраси дилрабои мардуми Суғд, гулбасту куртачаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдӯзиҳои шигифтоварӣ чеварони минтақаи Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои дилрабои занҳои ҳунарманди Бадахшон хеле овозадор буда ва ин ҳама либосҳои миллӣ бо хусусиятҳои хоси худ миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
Дар ҳақиқат ҳам чакан ё чакандӯзӣ – яке аз намудҳои санъати бадеӣ-амалӣ, ҳамчун шакли ҳунари бадеӣ яке аз навъи гулдӯзист. Чакан ҳамчун номи куртаи занона машҳур шудааст. Вожаи “чакан”-ро бо калимаҳои «чеканит», “чеканка”-и русӣ ва “чакома”-ву “чакомак”-и авестоӣ муҳаққиқон ҳамреша мехонанд. Дар ин маврид вобастагӣ ба нақшро дар назар доранд, яъне чакан – ин нақш аст. Вожаи «чакан»-ро фарҳангномаҳои мӯътабартарини куҳан,чун «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», “Мадор”, «Рашидӣ», «Кашф» шарҳу тавзеҳот додаанд. Ибтидоан дар кашидадӯзии аҷдодони қадимии эронӣ нақши «свастика» нишони махсус буд. Он ифодагари ростию росқавлӣ, ифодагари чор унсури арбаъаи сабаби пайдоиши одаму олам мебошад. Агар дар ибтидо мардуми ориёӣ дар либосҳояшон танҳо нишони свастикаро истифода мебурда бошанд, бо гузашти айём ин нақш такмил ёфта, элементҳои нав аз қабили давра, ифодакунандаи офтоб рамзи рӯшноию гармӣ, гулҳои ҳамешасабз – ифодаи садоқату эҳтиром ба сарзамини хеш ва монанди инҳо пайдо гардиданд. косагул (ба сурати офтоб) – нақши асосии чакан аст. Ҳамаи ин далели он аст, ки заминаҳо ва ҷанбаҳои гуногуни нақшҳои чакан ба заминаи хуршедпарастии эрониаслон иртибот дорад. Падидаи чакан дар фарҳанги тоҷикон бо шаҳри Кӯлоб ва минтақаҳои атрофи он пайвастагии амиқ дорад. Воқеан нақши чакан дар сӯзаниҳои Самарқанду Бухоро, Истаравшан, Дарвозу Ванҷ, Вахёву Ғарм дар нақшҳои лаби остину лаби домони тоҷикони Шуғнону Рӯшон низ акс ёфтаанд. Барои чакан аслан матоъҳои сафед, зард ва сурх истифода мегардиданд. Дар интихоби пилла ва ё худ абрешими матоъ низ аҳамияти хосса медоданд. Дар шаҳри Кӯлоб ин ҳунар ҳунари меросӣ, яъне аз насл ба насл мегузашт ва ононе, ки ин ҳунарро доро буданд ба ворисони худ меомӯзониданд , ҳамин минвол ин ҳунар аз қарн ба қарн то замони мо омада расид. Дар ҳар замон ба рушди он шахсиятҳои баргузида дар ин ҳунар, саҳм мегузоштанд. Чеварони кӯлобӣ, ҳунари гулдӯзӣ ва чакандӯзияшонро асосан дар куртаю почаи чаканӣ, рӯймоли миён, тоқии чакан, бардеворӣ, рӯкӯрпагӣ, рӯгаҳворагӣ, таксарӣ, парда, салла (дастор) хуб нишон додаанд.
Тарзи духти куртаҳои чакан амдан дароз буда, остинҳои фарохи аз панҷаи даст поёнтар дорад. Дар якчанд маҳалҳои ҷанубу ғарбии Дарвоз бошад, камари курта каме тангтар ва аз он поён васеътар шуда меравад, ки остини чунин духти либос танг мешавад.Аслан нақшу нигори пираҳан ба ҷашну маросимҳо вобастагӣ дорад. Масалан, дар рӯзҳои ҷашн пираҳанҳоеро бабар мекунанд, ки тамоми қисми пеш ва баъзан пушти он гулдӯзӣ шудааст. Аксаран гулдӯзиро дар кисми пеши пираҳан бо ду хати васеи амудӣ аз китф ба сӯи домон ҷой медиҳанд. Пираҳанҳое низ ҳастанд, ки гулдӯзиашон таркибан дар атрофи гиребон ҷой гирифта, то камар мерасад. Навъи дигари гулдӯзии пираҳан дар поёни доман ва остин мебошад. Он бо шерозаи васеи (аз 20 то 50 см) пурнақшу нигор мешавад. Дигар мавзуи муҳимтарини чакан истифодаи нақши косагул мебошад, ки (ба сурати офтоб) – нақши асосии чакан аст. Онҳо бо андоза ва таҳияи дохилии худ мухталиф буда, одатан бо ду қатори амудӣ дар мутаносиби бо меҳвари марказӣ ҷой гирифта, дар нақши тасмашакли пай дар пай ҷамъ омадаанд. Албатта, дар ҳар пироҳан нусхаҳои косагул гуногун тасвир ёфтаанд. Пироҳанҳои пешашон бо ду косагул ороиш ёфта, ки қутрашон то ба 70 – 90 см мерасад, таасуроти амиқе мебахшанд. Доман дар ин маврид аз шероза озод мемонад, вале остинҳо аз китф то поён бо ранги нақшу нигори қасми пеши пироҳан ба тамом гулдӯзӣ мешавад.
Дар Кӯлоб ва атрофи он косагулҳои майда, бештар навъи “гирдбод” маъмул аст, ки аксаран шерозаи доман надорад. Дар Қаротегину Дарвоз баръакс, доман ба таври ҳатмӣ шерозаи васеи зебо дошта, бо гулдӯзии қисми пеши пироҳан васл мегардад. Дар гулдӯзиҳои бадахшонӣ бошад, ин намуди нақшунигор кам ба чашм мерасад. Яке аз унсурҳои ороишии бисёр аҷиб дар Бадахшон хурус ё товус мебошад, ки яке аз қадимтарин ороиш ба ҳисоб рафта, шарҳу тафсири мухталифе дорад. Думи болобаланди сархам, ки дар рӯи он паррандаҳо нишастаанд, мисли гулдастаи зебои пурҷилост, ҳамаи ин бо дандоначаҳои шаклҳои геометриро тақвиятдиҳанда, ба намуди умуми як ранги ҷашнӣ мебахшад. Бо вуҷуди монандии умумӣ доштани парандаҳо шаклҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Онҳо гоҳе мавзун қомату дарозпо ва гоҳо пасту вазнинанд. Баъзан орому хомуш ва ё баръакс ошуфтаву парешон бо риштаҳои сурх гулдӯзӣ шудаанд. Ранги сурх инҷо аломати оташ аст, ки тозаарусро аз хатар ва фалокат нигоҳ медорад.
Интихоби ҷасурона ва фаровони риштаҳои ранга дар дӯхтани чакан, рангомезии умумии куртаро дурахшон месозад. Рангҳои сурх, заҳрогини гулобӣ ва сабз писандида аст. Онҳо бо рангҳои зард, нилуфарӣ, кабуд ва сиёҳ ҷазобона таъкид мешаванд. Омезиш ва таносуби рангҳо аксаран ба табиати зинда наздики мекунад, ки ба ҳар як гулдӯзӣ хосияти ҳаёти табии мебахшад. Дар Панҷакент бештар рангҳои қаҳваранг, хокистаранг ва сурх нимрангро истифода мекунанд, ки дар гулдӯзии дигар манотиқҳои кишвар хеле кам дида мешавад.
Куртаю почаи чаканро аслан занҳо ҳамчун рамзи хурсандӣ, рӯзҳои сӯрии арусиву домодӣ, иду ҷашнвораҳо, махсусан дар Наврӯз ба бар мекарданд. Асоси гулдӯзии чаканро шакли гулбандина ташкил медиҳад. Намудҳои маъруфи нақши чакан аноргул, аштак, барги бед, бодомак, каҷак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, думи товус, моҳу ситора, пойи гунҷишк мебошанд, ки хислатҳои гуногуни худро дорад. Гоҳо пурҳаракатӣ, тағйирнопазирӣ ва гоҳ равонро мефаҳмонад.
Имрӯзҳо бошад тарроҳони машҳури мо дар кишварҳои хориҷ маҷмуи либосҳои офаридаашонро ба намоиш гузошта, соҳиби ҷоизаву унвонҳои фахрӣ гардидаанд. Бо эҳё кардани фарҳанги либоси қадимаи тоҷик, таҷассум намудани нақшу нигори миллӣ дар либосҳои муосир, дар шакли замонавӣ офаридани пероҳани тоҷикона бо омезиш додани шакли либоси миллӣ бо аврупоӣ дар муд инқилоби эҷодие ба вуҷуд оварда,Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Ҳамасола дар кишвар бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати ҳунари чакандӯзӣ, тарғиби ҳунари чакандӯзии миллии занон ва ҷавондухтарон, намоиш додани ҳунари волои тароҳон ва густариши санъати баланди чеварон-дӯзандагони чакану қаламкашони моҳири чирадас, озмуни «Сад ранги чакан» баргузор мегардад. Тавассути баргузории чунин озмунҳо фаъолияти корҳои хонагии занон, эҳёи ҳунарҳои волои ниёгон ва арҷгузорӣ ба ҳунарҳои дастӣ ва дигар ороишоти либоси занонаю мардона густариш ёфта, сифати тарроҳию духтани пироҳани миллӣ боз ҳам бехтар мегардад.
Гузашта аз ин, сафи духтарону занони ҳунарманд дар кишвар беш аз пеш меафзояд ва ин ифодагарӣ рушди ҳунарҳои миллӣ, ба вижа ҳунари дӯзандагии лисбосҳои миллӣ аст. Имрӯзҳо мо мушоҳида мекунем, ки ҳатто ба лисбосҳои миллии мо таваҷҷуҳи мардуми сайёра бештар гардида, эшонро зебогӣ ва дилрабоии либосҳои миллии тоҷикон ба худ ҷалб кардааст. Онҳо бо як завқи тамом тоқӣ, пироҳану куртаҳои миллии моро ба бар мекунанд ва дар сафҳаҳои иҷтимоӣ аксҳои худро бо хушнудӣ ва хушписандӣ дар намоиш мегузоранд. Албатта, ин ҳама ифтихори мо хоҳад буд, зеро мероси моддӣ ва маънавии тоҷикон имрӯз ҷаҳониёнро шефтаву волаи худ гардодааст. Аз ин нуктаи назар, моро аз ҳар вақта дида, бештар зарур аст, ки ба қадри ганҷинаҳои бебаҳои худ бирасем ва ҳамчунин барои ташфиқу тарғиби онҳо тамоми имкониятҳоро истифода бибарем. Ин амал метавонад моро боз ҳам бештар ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Дар ақсои олам зиёд халқу ҳалқиятҳои мавҷуд ҳастанд, ки аз гузаштаи худ ҳеч меросе ба ёдгор дар даст надоранд, вале мекӯшанд, ки аз ҳеч чиз як чизи ҷаълӣ омода намуда, худро ба ин роҳ ба олам ошно намоянд. Хушбахтона, мо ниёз ба чунин сохтакориҳо надорем, танҳо моро зарур аст, ки ончи аз гузаштагон ба мерос мондааст, ба таври шоиставу боиста ҳифз намоем ва дар ин баробар барои рушду нумӯъи он камари ҳиммат бибандем. Ҳар кадом минтақаи кишвари мо аз лиҳози маънавӣ ва ахлоқӣ аз худ вижагиҳои хосеро доро мебошанд ва ин шоҳодат бар он медиҳад, ки миллати фарҳангофару тамаддунсози тоҷикон дар олами маънавиёт ва иҷтимоиёт ҷойгоҳи хосеро касб намудаанд. Агар мо имрӯз беаҳамияти нисбати мероси гузаштагони худ намоем, бетардид фардо насли мо аз решаву асолати аҷдодии худ канда хоҳанд гардид ва ин фоҷиае хоҳад буд. Бинобар-ин бо саъю кушиши зиёд барои ҳифзи мероси аҷдодон, ки коло яке аз он арзишҳои моддӣ маҳсуб меёбад, камари ҳиммат бандем. Ҳар кадом либоси миллии мо як ҷаҳон маъно дар худ ғунҷонидааст, ки то ҳол ба таври комил ҳатто донишварон шарҳу тавзеҳ надодаанд. Тавсиру рақамгузориҳое, ки дар колои миллии мо нақш ёфтааст, ҳар кудом фалсафаи вижаи худро дорад, ки агар мо тавсир намоем ҷилд-ҷилд китобҳое хоҳанд эҷод гардид. Хулоса, дар баробари ҷаҳонишавӣ, пешрафти илму техника, ғасби арзишҳои миллӣ аз ҷонибӣ зӯргӯён устувор ва побарҷо истодагарӣ бояд намоем. Ин амал тақозои замон аст ва ҳар фарди худшиносро набояд бетараф бигзорад, ё худ бетарафиро ихтиёр намояд.
Ғашова Умеда