(Гуфтугӯйе дар ин моҳ, даме аз бохудию гаҳе аз бехудӣ…)

– Рамазон, омадӣ? Аниқ?!

–   Аллакай инҷойӣ?! Чанд ҳафтае шуд?!

–   Хуш омадӣ ё…

–  Вориди кошонаҳо шудию вориди қалбҳо чӣ, не?! Нагузоштанд?! Онҷоҳо ҳоло ҳам яху сард, тираю тор монда… Воаҷабе!

–  Чӣ, чӣ наёфтӣ?! Имон, виҷдон, мусулмон ё муъмин ва ё муъмуну мусулмон?

–   Мусулмониро ба забон ва ё бар дил?! Дар чӣ ёфтӣ?

– Ҳайронӣ, чаро? Чӣ бо гузашти чанд даҳсола хароҷоти зиёдатию хурофотро бештар мебинӣ?

–   Аҷабо! Дунёи мо, ҷаҳони мо тамоман дигар нашудааст?!

– Мардум тӯда-тӯда, села-села, мавҷ-мавҷу фавҷ-фавҷ рафтанду раванд ва меоянд, баҳри дарёфти Худои худ, баҳри пок гаштану пок мондан ва покиза кор кардан, чарх заданду санг заданд… Касе нест ба мо санги маломат занад?! Барои ин қадар аъмол, ки некаш нашояд гуфтан?!

Аммо… Ҳайронӣ, ки иддае онро ба сайру саёҳат ва туризму савдо муббадал кардаю ба тану сар аз ранги сафед пираҳану кулоҳ ниҳодаю ҳамоно сиёҳдилу сияҳкор монданд?! Чаро ҳайронӣ?! Пас, мо чӣ гӯем, аз кӣ ва ё аз чӣ гила кунем?!

Имрӯз, ин моҳ бо шарофати ту шояд иддае сӯфизода, покмазҳаб, машрабмаоб, дарвешу чилланишин шаванду зикру шукри Худо кунанд?! Давоми минбаъдаи рӯзу ҳафта, моҳу сол чӣ?! Аҷиби аҷоиботу аҷаб! Яъне «ман дар аҷабу аҷаб ба ман дар аҷаб аст»!

Даме бо мо будан дар куҷоҳо будӣ? Масҷиду мадраса, хоса ба вақти намози ҷумъаю шому хуфтан серодам, ҳама дар кори хайр… Ин хубу вале…

Боз аз чӣ гила дорӣ? Боз қисмате аз онҳо бозорнишину «баракат»-е дар кори худ доранду молу колои «мусулмони»-и хитойиро ғайримусулмонӣ пешниҳоди дигар мусалмонон мекунанд?!

Тасбеҳу ҷойнамоз, сарпӯшу тоқӣ, миёнбанду ҷома, сатру пойафзол ва ин ҳама истеҳсоли корхонаҳои Пекину Гуанҷоу, Шанхаю Нанкин, Урумчию Сиан ҳама аз мардуми буддоию пайравони Конфутсий меоянду… берун аз ҳама дину адён, берун аз ҳама адлу инсоф соҳиби нархҳои мо мешаванд? Охир, роҳ дур-ку?!

Наход, бо тай кардани ин қадар роҳ, арзиши онҳо ин қадар набояд шаваду шудааст?!

Боз дар куҷоҳо будӣ, боз дар бозор?! Дар кадомаш? Дар «Саховат»-у «Баракат», «Қиёмат»-у «Касофат» ва «Арасот»?! Оббо, баъзе номҳо тамоман ғалатӣ?!

Чӣ гӯшту равған, меваю сабзавот бо ин нарху наво гӯё аз боғи Ирам оварда бошанд? Иддае дар фикри он дунё ҳам нестанд. Аҷабо…ҷойи савобро суду фоида ва ба ҷойи раҳму шавқат худнамоишдиҳӣ меафзояд.

Чӣ, аз он ҳам хабардорӣ, ки дар охири ҳамин моҳ, дар арафа ва айёми ид нархҳо боло мераванд, аниқтараш мепаранд бо суръати кайҳонию аз аслиҳаҳои муосири русию амрикоӣ бартарӣ доранд?! Худобехабарию бепарвофалакиро дидаӣ?! Худат воқифӣ, ки дар он рӯзҳо чӣ тавр чанд нафар бо ном «туҷҷору савдогар», «бизнесмену бонкир»-ҳои мо намоишкорона тавассути телевизиону радио, интернету садҳо сомона ба ятимхонаю чанд бепарастор бо ҳамҳамаю бо дағдаға як халта сабзию картошка, либосу дигар чизе дода, ба қавле гӯшаи ободеро дар назди ҳавзи Кафсару биҳишт ба худ «мӯҳр» мезананд?!

– Чӣ, аз сабру таҳаммул ва тоқату қавируҳии мардум воқиф гаштӣ?! Офаринашон, офаринамон гуфтӣ?! Дигар илоҷе надоштӣ?!

– Намемонӣ, меравӣ, охир ақалан ду-се моҳ меистодӣ… Шояд бо моҳи шариф буданат мо одат намуда, дар асл корҳои хайрро иҷро мекардем ва онро сармашқи зиндагии худ дониста, якҷоя ба низом медаромадему одамгариро ба хотир оварда одам мешудем. Шояд одамияту инсон мемонем. Бовар надорӣ?  Наход ба ягон кас? Кам ҳастем? Ба инаш ҳам шукр…

– Меравӣ, аниқ?! Бобои Рамазон, куҷо?!…

Бонги муаззин баланд гашт… Даме ба худ омадам, ба гирду атроф назар кардам, танҳоям… Ё тавба! Ин кӣ буду куҷо шуд?! Иди моҳи Шарифи Рамазон асту баъди таҳорату намоз гузоштан, акнун ба бозор мераваму… Ё тавба! Аранг-аранг он гуфтӯгӯ ба ёдам меояд… мардум зиёд… Ба хайр бошад хуб аст…

Сабзаалӣ АСОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь