Бо фаро расидани фасли баҳор аллакай мо духтаракон беқарор мешудем ва ташвишамон зиёд шудан мегирифт. Бале, барои мо гӯё як масъалаи ҷиддии ташвишовар буд. Охир барои 7 март куртаи нав дӯзондан ва аз ҳама муҳимаш мусобиқаи “аз кӣ зеботар”-ро дар сар парваридан кори осон набуд. Бар замми ин, рӯйхат кардани номгӯи арӯсакони нав низ як кори дигар буд. Чаро мегӯед? Чунки мо ба “Хонагаштак” тайёрӣ медидем.

“Хонагаштак”  як анъанаи басо аҷиб дар деҳаи мо буд. Махсусан, барои арӯсакону духтаракон. Наварӯсоне, ки давоми як соли охир арӯсӣ мекарданд, мебоист, ки хонаашонро поку тамиз намуда, ҳар гуна хӯрданиву хӯроку шириниҳои милливу хонагӣ омода намуда, дастархони идонаро басо моҳирона оро диҳанд. Саҳари барвақти 7 март дарвозаҳоро боз карда худро орову торо медоданду интизори меҳмонон мешуданд. Меҳмонони онҳо бошанд, тамоми занону духтаракони деҳа буданд.

Мо духтаракон ҳамроҳи ҳамсинфон як гурӯҳ мешудем. Номгӯи арӯсонро рӯйхат мекардему аз хонаи киву аз кадом тарафи деҳа сар кардани гаштакро ҳаллу фасл менамудем.

Саҳари барвақти рӯзи 7 март новобаста аз он ки вазъи обу ҳаво чӣ гуна аст (зеро дар барфу борон ҳам мерафтем), ба даст ҳино мондаву муйҳоро майдакокул карда, аксаран чакану атлас ба бар намуда, ба ҷойи таъиншуда ҳамроҳи ҳамсинфон ҷамъ мешудем ва “хонагаштак”-ро оғоз менамудем.

Арӯсакон моро бо саломдиҳии арӯсона пешвоз мегирифтанду ба хонаи оросташуда даъват менамуданд. Мо бошад як – як хонаи калонро пур карда менишастем. Баъди чашидан аз нозу неъматҳои гуногуни дастархон арӯс ба ҳар яки мо тӯҳфаҳои рамзӣ ҳадя мекард, чун гӯшвору ангуштарину шонаву оина, собуну атр, руймолчаву сачоқча, сақичу дафтар, ручкаву қалам, ороишотҳо барои муй ва дигар намуди ашёҳое, ки барои ороиши духтаракон ба кор мераванд. Чун аз хонаи ин арӯсак мебаромадем, роҳи хонаи арӯси дигареро пеш мегирифтем ва ба ин минвол то бегоҳ тамоми деҳаро сайр мекардему “аз чашмамон хонаи ягон арӯс дур намемонд”.

Мо на танҳо нозу неъмат мехӯрдему соҳиби тӯҳфа мешудем, балки ба либосу тарзи оростани хонаву дастархони арӯсакон аҳамият медодем ва байни худ муҳокима мекардем, ки куртаҳои фалон арӯс чӣ хел хушрӯй буду пухтупазҳои фалонӣ болаззат. Бо ҳамин тартиб қариб, ки тамоми арӯсони деҳаро мешинохтем.

Аслан моро дар мактаб таъкид мекарданд, ки ҳатман ба дарс биёед, вале наход мо ин фурсати хурсандиеро, ки соле як бор ба мо имкони ҷашн гирифтан ҳаст, аз даст диҳем?!

Баъзан дар хонаи ягон арӯсак муаллимамонро медидему гӯё моро намедида бошанд, худро пинҳон карданӣ мешудем. Вале баъзан фикр намекардем, ки худи муаллима ҳам дар мактаб нестку.

Рӯзи дигар ба “теппача”, ки як мавзеи махсуси сабзазор барои баргузор намудани ҷашни арӯсон аст, мерафтему  он ҷо арӯсакон боз ид мекарданд, вале барои мо духтаракони хурд он қадар шавқовар набуд. 9 март боз ба мактаб мерафтем ва баъд ана таърифро сар мекардем, ки ман фалон қадар собун ҷамъ кардаму фалон дона шонаву оинаву атр. Тӯҳфаҳои ҷамъкардаамонро то “хонагаштак”-и соли оянда истифода мебурдем.

Толеи мо баландӣ карда буд, ки дар кӯдакии мо ин анъана пурра ҷашн гирифта мешуд ва мо иди худро бо хурсандӣ ҷашн мегирифтем. Вале баъди қабул гардидани Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” доираи ин анъана хеле маҳдуд гардид ва ҳоло ба хонаи арӯс 7 март танҳо хешовандону дӯстони наздикашон ташриф меоранд.

Аҷаб давраҳои хуш ва анъанаҳои аҷиб буданд…

Шоираи Қудрат, донишҷӯ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь