Субҳони Аъзамзод. Ин ном ба ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати шахси кӯшову пӯё ва муҳаққиқи дақиққор шиносу ошност. Ӯ зодаи Конибодом буда, дар шаҳри Исфара назди модарбузург, ки пешаи омӯзгорӣ доштанд, тарбияву ба камол расидааст. С. Аъзамзод аз тифлӣ бо китобу ҳикмат ва маърифат робитаи мустақим дошт. Илова ба он модарбузург – Латофат Самадова омӯзгори муваффақи Исфара ва модар Раҳбар Аъзамова (Қодирова) – таҳсилкардаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом аз омӯзгорони шинохта маҳсуб меёфтанд. Ҳосили заҳмати мавсуф ҳамчун «Муаллимаи хизматнишондодаи мактабҳои РСС Тоҷикистон» ва «Аълочии маорифи СССР» шоҳиди бевоситаи мақому мартабаи инсониву омӯзгории модар аст. Натиҷаи заҳмати пайваставу шоистаи модар буд, ки нафақагири дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ низ буданд. Ёди он рӯзҳо гиромӣ, ки ба дидор ва суҳбати ин бонуи орифаву оқила расида будем.
Субҳони Аъзамзод даврони кӯдакиву наврасии худро ёд намуда, бо муҳаббат ҳикоя мекунад, ки волидон ҳар сол ба рӯзномаву маҷаллаи зиёди русиву тоҷикӣ обуна мешуданд ва ҳар ду-се рӯз фарзандон раҳи “газеткашон”-ро интизорӣ мекашиданд. Чун бастаи калонеро аз дарвоза “ҳаво медод”, фарзандон аз рӯйи мақоли “гушна ба шер задааст”, худро ба баста зада, маҳбубтарину мақбултарин нашрияашонро мегирифтанд. “Бародари калонӣ, – нақл менамояд С. Аъзамзод, – ба сиёсат ва варзиш майл дошт ва ҳамеша рӯзномаҳои “Известия”, “Правда”, “Аргументы и факты”, “Советский спорт”-ро аввал мехонд. Ман мухлиси маҷаллаи адабии “Садои Шарқ”, ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ва нашрияҳои дигар будам. Мутолиаи маводи ин нашрияҳо кам-кам маро ба ҷаҳони пурафсуни илму адаб мебурд ва аз ҳар сатри осори адибон садои дили онҳоро эҳсос менамудам…”.
Таҳсили ибтидоиро С. Аъзамзод дар шаҳри Исфара гирифт. Ҳикоя мекунад, ки ишқу ҳаваси бештар ба фанҳои забон, адабиёт, география, химия, риёзиёт, таърих дошт. Илова бар ин, ба мусиқӣ низ меҳр варзида, то имрӯз мафтуни навозиши рубоб аст.
Дар давраи таҳсили мактаби миёна адо намудани корҳои ҷамъиятие, чун ҷонишини раис, раиси Совети дружинаи пионерӣ, ҷонишини котиб, котиби комитети комсомолӣ, президенти Клуби дӯстӣ-интернатсионалӣ аз масъулиятшиносиву эътибори С. Аъзамзод дар муҳити мактаби миёна дарак медиҳад.
Муҳаббат ва садоқату самимият ба сухану адабиёт С. Аъзамзодро ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) овард. Дар ин даргоҳи бузург забоншиносӣ, забони адабии тоҷик ва таърихи забонро аз устодони номваре монанди Мукаррама Қосимова, Толиб Хаскашев, Саид Ҳалимов, Ардашер Каримов, Бегмурод Сиёев, Мадиброҳим Норматов, Шаҳбоз Кабиров, Абдуҷамол Ҳасанзода (Ҳасанов), Савринисо Ғанизода; адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти гузаштаву имрӯза, назарияи адабиёт ва нақди адабиро аз Худоӣ Шарифов, Абдунабӣ Сатторзода, Раҳими Мусулмониён, Султон Воҳидов, Турсунбой Неъматзода, Қурбон Восиев, Худойназар Асозода, Абдулҳай Маҳмадаминов, Муртазо Зайниддинов ва дигарон омӯхта, аз лексияву суҳбатҳои олимони забарбаст баҳра бардошта қадам ба қадам сӯйи ҷаҳони илм равзанаи наверо боз менамуд. Донишманди зиндаёд Саъдоншоҳ Имронов ин донишҷӯи ҷавонро дар курси дувум бо маърӯзаи “Афкори адабиётшиносони гузаштаву ҳозира оид ба ташбиб, насиб ва тағаззул” ба конфронси илмии донишҷӯёни факултет пешбарӣ мекунанд, ки дар ҷамъбаст ба дарёфти ҷойи аввал сазовор мегардад.
Субҳони Аъзамзод дар чанд аз мақола оид ба устодону ҳамдарсони донишгоҳиаш имконияти муҳити илмиву таълимии фарогири донишгоҳ ва миқёси баҳрамандиашро аз давраи донишҷӯӣ равшан баён кардааст. Аз ҷумла, ҷое аз он нигоштаҳо ӯ даврони донишҷӯиро давраи шаклёфти “худшиносии донишҷӯӣ” таъбир намуда ва барҳақ таъкид менамояд, ки “донишҷӯи пурбардору сертакопӯи ин давра донишҷӯи ба маънои тому ҳаматарафа мутолиагар буд, худро ба дарки ҳар қазияи ҳаёту мамоти миллат ва илму адаб мезад, аз ҳар қазияи ҳаёти адабиву илмии кишвар огоҳиашро ба намо меовард”. Афсӯс, имрӯз ин рисолатро дар симои кам донишҷӯе мушоҳида мекунем.
Итмоми донишгоҳ ба нимаи аввали солҳои 90-и асри ХХ, давраи вазнини Тоҷикистон – замони ҷанги бародаркуш иттифоқ афтод. Ба таъбири С. Аъзамзод, дар давраи тақдирсоз “баъзеҳо аз зиндагӣ ва кор рӯҳафтода шуданд, аз мизи донишҷӯӣ на ба арсаи кор аз рӯйи ихтисос рафтанд, балки роҳашонро дар анҷоми корҳои дигар диданд, муҳоҷир шуданд, дар дохили кишвар худро ба ҳар кор заданд. Баъзе нафароне, ки кор оғоз карда буданд, дар андак муддат тарки кор намуданд”. Вале С. Аъзамзод бо вуҷуди тангии рӯзгор ба тарбияи насли наврас рӯй овард ва бо ин ният фаъолиятро аз муассисаи таълимии №12-уми шаҳри Исфара ба сифати омӯзгор оғоз кард ва пасон дар гимназия-коллеҷи Исфара онро идома дод. Ҳамзамон Маркази илмиву фарҳангии “Паёми Ҳофиз”-ро таъсис дода ва вазифаи котибии масъули онро адо намуд.
Оғози солҳои 2000-ум Субҳони Аъзамзоди соҳибқаламу соҳибном ба шаҳри бостонии Хуҷанд даъват мешавад ва дар кафедраи навтаъсиси журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба кори омӯзгорӣ идома медиҳад. То имрӯз ӯ дар вазифаҳои мухталиф фаъолият намуда, ба вусъати корҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии кафедраҳои журналистика ва назарияи тарҷума, адабиёти муосири тоҷик саҳм гузоштааст. Як навбат мудирии кафедраи адабиёти муосири тоҷикро низ адо намуд.
Шаҳри Хуҷанд ва муҳити солиму созандаи он, ки мадюни хизматҳои муҳаққиқони шинохта, аз ҷумла пири суханварону суханшиносони вилоят профессор Атахон Сайфуллоев, олимони шинохта, профессорон Фарҳод Зикриёев, Абдулманнон Насриддинов (равонашон шод бод!), академик Носирҷони Салимӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Низомиддин Зоҳидӣ, профессорон Матлубаи Мирзоюнус, Неъматҷон Файзуллоев, Абдуҷамол Ҳасанзода, Толибҷон Ваҳҳобов ва дигарон аст, барои рушду сайқали тафаккури С. Аъзамзод хеле мувофиқу муносиб афтод. Аз ҷумла, табиати ҷӯяндагӣ ва кӯшоии мавсуф аз назари профессор М. Мирзоюнус дур намонд ва дар муддати муайян дар мавзӯи «Ташаккули адабиётшиносии тоҷикии солҳои 30-40-уми садаи ХХ ва бозҷустҳои филологии Лутфулло Бузургзода» рисолаи илмӣ таълиф намуд. С. Аъзамзод мавзӯи мазкурро дар сатҳи назаррас ба анҷом расонид ва дар Шӯрои илмии назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хеле сарбаландона дифоъ намуд ва сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ гардид. Дар ёд дорем, ки С. Аъзамзод бо ковишҳои илмӣ ва суҳбати гарми худ маҷлиси хуби илмие доир намуда, ба муҳаббат аз рисолаи худ дифоъ мекард…
Солҳои 30-40-и садаи ХХ ба забону адаб ва фарҳангу маънавияти миллӣ солҳои санҷишу пурфоҷиаест, ки то ба имрӯз «шаҳд»-и он солҳоро мечашем. Дар муддати кӯтоҳ ду маротиба иваз намудани алифбо, сӯзиши осори зиёди илмиву адабӣ, зуҳури нестангароии фарҳангӣ моро аз саргаҳу сарчашмаи маънавият хеле дур андохт. Дар ин солҳои пурошӯбу пурфитна даҳҳо зиёиёни тоҷик қурбон шуданду садҳо нафар тамғаи «душмани халқ»-ро ба гардан гирифтанд.
Дар ин давраи тақдирсоз олими номӣ Лутфулло Бузургзода, ки ба қавли ҳамкорон ва ҳамсафону шогирдон «гӯшу ҳуши тезу нозуке» дошта «тамоми назокату вежагиҳои лаҳҷаву шеваҳои тоҷикиро зуд эҳсос» мекард (Е. Э. Бертелс), «филолог-лингвисти модарзод» буду «қобилияти баланди забонфаҳмӣ дошт» (С. Ҷ. Арзуманов), «забоншиноси модарзод буд: забони модарии худро хуб медонист ва эҳсоси баланди дарки қонунияти овозӣ ва гӯиши мардумро дошт» (Л. Успенская), «кашшофи илми фонетикаи забони тоҷикӣ буд» (А. Колпаков), «дар дилу шуураш оташи ишқу ихлос ба халқаш, фарҳанги беназири он забона мезад ва равони саркаш ҳар соату ҳар рӯз дар роҳи фидокорӣ баҳри фардои беғашу ғурбат ва дурахшони миллати тоҷик месӯхт ва мепухт» (В. Самад), барои илми суханшиносии тоҷик хидмати шоистаи таҳсинеро анҷом дод. Мутаассифона, чунин истеъдод ва қобилияти хеле фавқулода ба ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристода шуда 12-уми ноябри соли 1942-юм шаҳиди ин ҷанг гардид…
Ҳамагон огоҳанд, ки дар асл номи Лутфулло Бузургзодаро олими адабиётшинос Валӣ Самад эҳё карда буд. Аз баракати кӯшишу пайкори илмии муҳаққиқи тозакор С. Аъзамзод ин ном бори дигар сари забонҳо қарор ёфт, хидмати шоистаи таҳсинаш дар илми адабиётшиносии тоҷик низ барои аҳли завқ муаррифӣ гардид. Агар аз ин пештар Л. Бузургзода «яке аз бунёдгузорони забоншиносӣ» (Р. Ғаффоров) эътироф мекарданд, ба воситаи ковишҳои Валӣ Самад, хусусан Субҳони Аъзамзод заҳмати бедареғи Лутфулло Бузургзода дар адабиётшиносӣ ва таърихи адабиёт (дар маҷмӯъ) ва саҳми ин олими номӣ дар ҷустуҷӯи мазори Рӯдакӣ ва гирдоварии фолклори диёри Рӯдакӣ, таҳқиқу баррасии рӯзгору осори Носири Хусрав, гирдоварии маводи фолклорӣ доир ба шӯриши Восеъ ва ғ. (дар ҷудогонагӣ) рӯнамо шудаанд.
Аз ҳаракат ва муҳаббату ихлосе, ки С. Аъзамзод ба суханшиносӣ дорад, эҳос мегардад, ки рӯҳу равони Лутфулло Бузургзода ҳамдаму ҳамрози ӯст. С. Аъзамзод низ чашми тез ва ақли даррок дошта, қаламаш сабз аст. Натиҷаи заҳмати С. Аъзамзод дар чандин китоб, аз ҷумла «Адабиётшиносии тоҷик ва ҷустуҷӯҳои илмии Лутфулло Бузургзода» (2009), «Адабиёт ва маърифати нақд» (2012), «Фурӯғи нақд» (2018), «Пайкараи сӯзони миллат» (2019 ва ғ. ҷамъбаст гардида, онҳо гӯшае аз илми суханшиносии моро обод намуда ва симоҳои фаромӯшшудаи адабу фарҳанги миллиро умри дубора бахшидаанд…
Банда бо С. Аъзамзод аз оғози солҳои 2000-ум шиносоӣ ва ифтихори ҳамкорӣ дорам ва шоҳиди онам, ки кӯшишу пайкори созанда ва қалами сабзаш дастгтир ва мояи ифтихораш аст. Ин ҷо лозим медонам, ки ду лаҳзаро ба ёд биорам. Банда вазифаи мудири шуъбаи илми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро адо менамудам. Соли 2011-ум бо маслиҳати устодон ба қароре омадем, ки барои таълифи рисолаи докторӣ ба докторантура бароям. Раёсати вақти донишгоҳ розӣ шуд ва пешниҳод намуд, ки ба ҷои худ мудири илмро пешниҳод намоям. Чун чанд нафарро пешниҳод намудем, аз онҳо дили раҳбарият об нахӯрд ва ҳар бор таъйини мудири илми донишгоҳ ба таъхир меафтод. Бо ин ҳол то моҳи феврали соли 2012-ум худ вазифаи мазкурро адо намудем. Вақте қурраи фол ба номи С. Аъзамзод афтод ва мавсуфро ба ин вазифаи пурмасъулият пешниҳод намудем, раёсат розигии худро изҳор дошт ва дотсент С. Аъзамзод як навбат дар ин вазифа фаъолият намуданд…
Соли 2015-ум. Банда дар вазифаи декани факултети филологияи тоҷик кор мекардам. Моҳи марти ҳамон сол мудири кафедраи адабиёти тоҷик профессор Н. Файзуллоев ба нафақа мебаромаданд. Чанд муддат пеш дар ин маврид маслиҳат намуда, таклиф ниҳоданд, ки дотсент С. Аъзамзод вазифаи мудирии кафедраро адо намояд. Банда бо пешниҳоди мазкур ба қабули ректори вақти донишгоҳ, дотсент А. Мақсудӣ рафтам. Вакте пешниҳодро диданд, гуфтанд, ки аз масъала огоҳанд ва пасон аз дониши тахассусии С. Аъзамзод пурсон шуданд. Вақте огоҳ намудем, ки мавсуфро на фақат дар миқёси вилоят, балки дар ҷумҳурӣ ба сифати пажӯҳишгари донову тавоно мешиносанд, ба пешниҳод қайди «ба фармоиш»-ро гузоштанд. Принсипи дотсент А. Мақсудӣ ҳамин буд, ки кафедраро муҳаққиқи донову босавод ва соҳибтахассус бояд раҳбарӣ намояд, зеро, – меафзуданд мавсуф, – одами доно дар атрофи худ доноёнро ҷамъ меорад… Дотсент С. Аъзамзод як навбат дар ин вазифа низ адои хидмат намуданд…
Дар мавриди хислатҳои ҳасанаи дотсент Субҳони Аъзамзод ҳарфу сухани меҳрбори зиёд дар дил дорем, ки ифшои он фурсати бештар ва мавриди дигарро талаб дорад, зеро Субҳони Аъзамзод аз ҳарчи гӯем, бартар аст. Дар охири ин чанд ҳарфи парешон ҷойи он мемонад, ки дар фасли обонмоҳ барои Субҳони Аъзамзод баҳори гулафшонеро таманно дорам ва, аз забони устод Айнӣ меафзоям, ки забону адабиёти тоҷик «аз шумо сарсабзиҳои бисёр аълоро умедвор аст». Дар ин кори пуршараф, вале мондагор ба эшон саломатии аладдавом ва саодати бепоёнро орзумандам. Ба таъбири Шайх Саъдӣ:
Умрат дароз бод, ки чархи атиябахш
Аз ҳар атияе, ки диҳад, умр хуштар аст!
Мӯсо ОЛИМҶОНОВ,
номзади илмҳои филологӣ,
дотсенти МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»