Хостам меҳрномае навишта бошам ба инсони шарифу латиф, инсоне, ки зи чеҳрааш метавони вожаи мубораки одамгариро хонӣ. Сухан дар бораи ҶДММ «Рухом», ки сарвараш Муфарроҳ Муҳаббатов аст меравад. Рӯзе, ки бо мавсуф дар дафтари кориаш вохӯрдем чанд тани дигар низ ҷамъ омада буданд. Ба суҳбати гуворо ва пурмазмуни ӯ гӯш дода, дарк мекардам, ки сарҳади дониш, заковат, ҷаҳонбинӣ ва инсондӯстиаш хеле васеъ ва қавист.
Ин табиист, зеро ӯ дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтаву ба воя расидааст. Таълиму тарбияро нахуст дар хонавода гирифтааст. Муҳаббатов Муфарроҳ Муминҷонович 20-уми январи соли 1964 дар деҳаи Вишхарви ҷамоати Ровани ноҳияи Ванҷ дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Дар давраи мактабхонӣ иштирокчии фаъоли корҳои ҷамъиятӣ буда, аввалан сардори дружинаи пионерии мактаб ва аз синфи 7 то 10 масъулияти котиби ташкилоти комсомолии мактабро ба уҳда дошта, ду маротиба ба вакилии конференсияҳои вилоятӣ, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардид, интихоб шудааст.
Аз соли 1981 то соли 1982 дар Хоҷагии давлатии ба номи Федченкаи ноҳияи Ванҷ ба ҳайси коргари сохтмончӣ кор карда, аз соли 1982 то соли 1984 дар сафи Артиши Шӯравӣ дар қӯшунҳои дохила воқеъ дар ҶШС Қазоқистон хизмат намуда, соҳиби рутбаи сержанти калон шудааст. Соли 1984 ба факултети геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро соли 1989 бо дипломи аъло хатм намуд. Солҳои донишҷӯи ба корҳои илмӣ рағбат нишон дода, мунтазам дар дарсҳои иловагии соҳавӣ ва конференсияҳои илмӣ иштирок мекард. Ду маротиба дар конференсияҳои байналхалқии донишҷӯён дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия иштирок намудааст. Дар соли 1987 дар конференсияи номбурда бо роҳбарии устоди донишгоҳ, номзади илми геология ва минералогия Ниёзов А.С. дар мавзӯи «Таҳлили муқоисавии петрохимияи инструкзияҳои гранитоиди шимолу шарқи Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистони Марказӣ баромад намуда, соҳиби дипломи байналмилалии дараҷаи дуюм гардидааст.
Дар давраи ду соли таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар шаҳри Магадан, дар экспедитсияи кофтуковӣ ва аксбардории Калимаи боло ҳамчун техник- геолог кор кардааст. Соли 1989 баъди хатми бомуваффақияти донишгоҳ дар кафедраи геология ва палеонтология дар вазифаи лаборанти калон ба кор шурӯъ намуд. Соли 1991 ба аспирантураи донишгоҳ дохиш шуда, онро соли 1994 хатм кардааст. Кори илмиашро ба мавзӯи «Комплекси гастроподаҳои таҳшинҳои давраи палеогении миқёси Тоҷикистон ва аҳамияти стратиграфии онҳо» бахшидааст.
Аз соли 1994 то соли 1996 дар вазифаи ассистенти кафедраи геология ва палеонтология кор кардааст. Соли 1998 рисолаи номзадиашро дар шурои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳи геологии Академияи улуми Тоҷикистон ба роҳбарии узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон, доктори илмҳои геология ва минералогия Салибоев Г.Х. ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои геология ва минералогия шудааст.
Муаллифи чандин тезису мақолаҳо ва як монография мебошад. Инчунин, якчанд дастурамал ва китобҳои дарсиро барои донишҷӯёни ихтисоси геологӣ ва география тайёр намуда, аз чоп баровардааст.
Соли 1994 Ширкати муштараки илмӣ- истеҳсолии «Рухом»-ро, ки сипас ба ҶДММ «Рухом» мубадал гашт, таъсис дод. Фаъолияти он асосан ба омӯзиш ва коркарди сангҳои ороишию ранга равона карда шудааст. То ҳол дар ин корхона вазифаи директори генералии онро ба уҳда дорад. Дар ин муддат корхона ба чунин дастовардҳо ноил гаштааст:
– корхона асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истифоданамуда, бо маснуъотҳои аз он тайёрнамуда ҷумҳуриро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуда истодааст;
– технологияи нави коркарди сангҳои қимматнок, ороишӣ ва ранга ҷорӣ шуда, молу маснуъотҳои истеҳсолшуда рақобатпазириро касб намудаанд;
– аз ҳисоби ҷавонони маҳаллии насли нав мутахассисони баландпояи коркарди сангҳо тайёр ва ба воя расонида шудаанд;
– дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони ҳунарҳои халқӣ, анъанаҳои ҳунармандони бобоӣ зинда гардонида шудаанд;
– дар намоишгоҳи сатҳи баланди байналмилалӣ, «ЭКСПО-2005» дар Япония «ЭКСПО-2010» дар шаҳри Шонҳойи Хитой» 15-солагии ИДМ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ва намоишгоҳ- чорабиниҳои ҳамасолаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифи намуда, соҳиби чандин ҷоизаю дипломҳои ватанию хориҷӣ гаштааст;
– сарпарастии ду мактаби таҳсилоти ҳамагониро ба уҳда дошта, чорабиниҳои соҳаи маориф ва фарҳанг, маъюбон ва камбизоатонро пайваста дастгирӣ менамояд.
Муҳаббатов бо унвони «Аълочии фахрии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор дониста шудааст. Моҳи феврали соли 2007 дар ҶДММ «Рухом» ячейкаи ҳизбӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Рухом»-и КИ ноҳияи Исмоимли Сомонии ҲХДТ таъсис дода шуд.
Ҳамзамон раёсати ин ташкилотро ба уҳда дорад, феълан аъзои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ мебошад.
Оламгули МАЗЛУМ