14-уми июн рӯзи таваллуд ва марги султони қалбҳо Аҳмад Зоҳир аст. Ба ин муносибат мо доир ба шахсият ва таъсири ӯ ба санъати ҳунарии тоҷик чанд назар аз дилбохтагони ҳунару садои шодравон Аҳмад Зоҳирро манзури хонандагони “Фараж” мекунем.

Фурқат САИД, ҳунарманд

– Ҳунарманди шӯридадиле, ки бо ҳунар ва садои махмалинаш фалакро ба сари андеша овард. Дилҳоро тасхир намуд ва дунёи ҳунарро бо омаданаш рангоранг сохт. Ӯ рафту олами ҳунар бе рангу бӯ шуд, аммо таронаҳои ҷовидонааш дар қалбҳо маскан ёфт. Аз устодони варзидаи ҳунари тоҷик то насли имрӯз таронаҳои мондагори Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ мекунанд. Ин шаҳодат аз он аст, ки садои марғуладори ин нобиғаи ҳунар ҳамаро моту маҳбут сохтааст. Метавон гуфт, ки ӯ дар адвори мусиқӣ пардаи дилро кашф карду бо навои малакутӣ рӯ сӯи хонаи ишқ намуд. Агар замоне бигӯянд, ки таронаи Аҳмад Зоҳир аланга надорад, пас поёни ишқ омадааст.

Парвин ЮСУФӢ, сароянда

– Аҳмад Зоҳир яке аз ситораҳои рахшандаву бузурги Афғонистон буд ва ҳамеша хоҳад монд! Чунки то ҳол суруду таронаҳояшро тамоми мардуми форсзабон гӯш мекунанд ва дӯсташ медоранд. Дар фарҳанги тоҷик ҳам санъати волои Аҳмад Зоҳир саҳми худро гузоштааст. Ҳазорсолаҳо даркор аст, ки ҳамин хел ситораҳои дурахшон як бор ба дунё биёянд. Равонаш шод бод!

Муқимҷон АБДУФАТТОЕВ, ҳаҷвнигор

– Аҳмад Зоҳир як озодипараст, санъаткоре буд, ки ба онвақта шароити вазнини ватанаш нигоҳ накарда, доимо эҷод мекард ва мардум туфайли сурудаҳои вай ба оянда боварӣ пайдо мекарданд. Сурудаҳои Аҳмад Зоҳир, гумон мекунам, барои мардуми форсу тоҷик додаи Худост. Сарояндаи дилҳост, булбули хушовози санъат аст.

Иззат ШАРИФӢ, ҳунарманд

– Аҳмад Зоҳир нобиғае дар олами санъати мардуми форсизабон аст. Кам ҳунармандеро вохӯрдан мумкин аст, ки қариб ҳамаи суруду оҳангҳояш муваффақу мондагор шудааст. Аҳмад Зоҳир аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки оҳангҳои сароидааш ба пуррагӣ мондагоранд. Гарчанде аз вақти вафоташ солиёни зиёде гузаштааст, мутмаинам, ки ин насл, насли ояндаву ояндаҳои дигар ин ҳунарманди асили моро дӯст хоҳанд дошт. Аҳмад Зоҳир барои ҳамаи ҳунармандон як мактаби бузург, саропо истеъдод аст. Кашиши овоз, мизони оҳанг, матну маънои беҳтарини сурудҳоро аксаран ҳунармандони мо аз устод омӯхтаанд. Шодравон Аҳмад Зоҳир барои мо то абад як ҳунарманд ва инсони нобиғаи ҳунар дар дилу дидаҳо то абад боқӣ хоҳад монд.

Субҳиддини СУЛТОН

– Аҳмад Зоҳир овозхон, муаллим, адиб, шоир, дар санъати мо таъсири хело зиёд гузоштааст. Бисёр овозхонҳои ҷавони мо ба Аҳмад Зоҳир пайравӣ мекунанд ва дар санъати тоҷик мавқеи худро меёбанд. Аз ҷумла Садриддини Наҷмиддин, Суҳроби Маҳмуд ва дигарон ҳастанд, ки пайравӣ аз Аҳмад Зоҳир мекунанд.

Парвиз ПУЛОДӢ, ҳунарманд

– Фикр мекунам Аҳмад Зоҳир хунёгари дилҳо буд, ҳунарманде буд, ки тавонист дар як ҳузури кӯчакаш дар дунё ба қалби садҳо одамон маскан бигирад ва имрӯз месазад бигӯем, ки Аҳмад Зоҳир яке аз поягузорони санъати эстрадии миллати тоҷик низ ҳаст, зеро сарсупурдатарин ҳунармандони тоҷикистонӣ низ аз эҷодиёти Аҳмад Зоҳир баҳравар гардида, сурудҳои Аҳмад Зоҳирро сурудаанд. Аҳмад Зоҳир пуле сохтааст миёни қалбҳои ҳунарӣ ва имрӯз хушбахтона дар сарзамини мову шумо 75-умин солгарди Аҳмад Зоҳир таҷлил мегардад, ки ин боиси сарафрозист ва ин санаи муборакро ба тамоми ҳаводорони Аҳмад Зоҳир шодбош мегӯям.

Абдуллоҳи РАҲНАМО, сиёсатшинос

– Аҳмад Зоҳир як нуқтаи пайванд байни бахшҳову минтақаҳои тамаддуни форсизабонҳо буд. Аҳмад Зоҳир як шахсияти чандҷамбаӣ буд, ҳам адиб, ҳам оҳангсоз, ҳам шахсияти иҷтимоӣ ва ӯ тамоми ҳавзаи тамаддуни форсиро фаро гирифта буд. Аҳмад Зоҳир дар интихоби шеър, дар сурудан, дар ифодаи дард, эҳсос, ғурур, номус як овозхони истисноӣ буд. Ӯ арзишҳоро, эҳсосҳоро нашр кард, умумӣ кард. Мо имрӯз бо шарофати Аҳмад Зоҳир бисёр бахшҳову шеърҳову дигар самтҳои фарҳангро мешиносем. Аҳмад Зоҳир як пули пайванде байни ҳамаи мо буд ва як падидаи адабию фарҳангӣ-таърихӣ дар ин ҳавза буд.

Зеваршоҳи МУҲАММАД, журналист

– Аҳмад Зоҳир як пуле буд миёни фарҳанги Тоҷикистону он сӯйи Ому. Вақте ки сиёсатмадорон марзҳоро бастанд, Аҳмад Зоҳир бо ҳунару бо истеъдоду бо оҳангҳои худ як пулеро сохт, ки ин ду фарҳангро, Афғонистону Тоҷикистонро бо ҳам пайваст кард ва на ин ки Афғонистону Тоҷикистонро, балки тамоми форсизабонону машриқзабононро бо ҳам муттаҳид кард. Бузургии як ҳунарманд, бузургии ҳунару истеъдод дар чӣ аст? Дар он аст, ки ӯ метавонад иттиҳоди мардумро пайваст бикунад. Вақте ки ҷангандаҳо ҷанг мекунанд, як ҷоеро хароб мекунанд, фарҳангу ҳунар бузургиашон дар он аст, ки иттиҳодро пайваст мекунанд, меҳру муҳаббатро дар дилҳо бештар месозанд. Дар симои Аҳмад Зоҳир имрӯз мо тамоми мардуми Афғонистонро дар назар дорем ва он қадар муҳаббате, ки мо мардуми тоҷик ба Аҳмад Зоҳир, ба оҳангҳояш дорем, ин муҳаббати моро баз ҳам бештар мекунад. Нақши Аҳмад Зоҳир дар фарҳангу ҳунару мусиқии тоҷик хело баланд аст. Вай мактаби хоси худашро дорад. Дар сабки Аҳмад Зоҳир чандин насли овозхонҳои мо ба воя расидаанд ва ҳар овозхони ҷавони тоҷике, ки имрӯз шуруъ ба овозхонӣ мекунад, ҳатман аз оҳангҳои Аҳмад Зоҳир шуруъ мекунад.

Муҳаммадзарифи АСИР, муовини сафири Афғонистон

– Аҳмад Зоҳир як маҷмуае аз зебоиҳо, маҷмуае аз истеъдодҳо, аз зарофатҳо, як падидае буд, ки марз надошт ҳунараш. Зарофатҳо дар вуҷудаш буд ва тавонист ӯро ба ҳайси як инсон чеҳранамо созаду аз марзҳо бигзаронад ва ин зебоиҳо намунааш ҳамин буд, ки имрӯз як маҳфили бузурге мо дар инҷо доштем ва ҳунармандон ба ёди ӯ овоз хонданд ва аз зебоӣ, аз хубӣ, аз ҳунарманд будани ӯ ташреҳу тавзеҳ карданд.

Шуҳрат САЙНАКОВ, овозхон

– Аҳмад Зоҳир ҳунарманди беҳтарину нотакрор буд, ки имрӯз овозашу сурудҳояш ҳамеша бо мост ва тамоми форсизабонҳои дунё бо сурудҳои Аҳмад Зоҳир зиндагӣ мекунанд. Тамоми форсизабонони дунё бо сурудҳои Аҳмад Зоҳир зиндаанд ва дар тамоми маҳфилҳое, ки мо иштирок мекунем, ҳар як ҳунарманд аз сурудаҳои Аҳмад Зоҳир месарояд ва ҳар рӯз дар ҳар хонадон Аҳмад Зоҳирро ёд мекунанд.

Ораши БОРИЗ, сарояндаи афғон

– Аҳмад Зоҳир мусиқии минтақа буд, Афғонистон, Тоҷикистон ва Эронро бо садояш пайванд сохт. Ба назари ман, Аҳмад Зоҳир мутааллиқ ба тамоми кишварҳои форсизабон аст. Аҳмад Зоҳире, ки метавонад робитаи отифиашро бо мусиқиаш, бо садояш барои тамоми шунавандагонаш дар ҳар кишвари форсизабон пайванд созад. Аҳмад Зоҳир як пуле, як пайванде, як рамзест ва мо хеле зиёд алоқаманд ҳастем, ки боз ҳам битавонем барномаҳои муштараке, барномаҳои бузургтаре бо ҳам дошта бошем. Боиси хушҳолии мост, ки имрӯз ба муносибати ёдвораи Аҳмад Зоҳир ҷамъ шудем.

Фарҳод ОДИНА, овозхон

– Инсон будан яке аз муқаддамоти истеъдод аст. Маълум аст, ки Аҳмад Зоҳир пеш аз ҳама инсони комиле буд. Чаро буд? Ҳаст! Шахсан ман дар ҳар сурудаҳои Аҳмад Зоҳир бузургии Худовандро мебинам. Бо сурудҳои ӯ чандин насл қомат рост кардаанд, таҳти сурудҳояш пирон ҷавон мешуданду ҷавонон ба пирӣ мерасиданд. Аз мазмуни сурудҳояш номаҳои ошиқӣ менавиштанду ошиқони ноком дар танҳоӣ ба шаршараҳои сурудаш ашки худро низ зам мекарданд. Дар Тоҷикистон нест хонаводае, ки дар қалби худ маҳбубияти ин марди ҳунарро надошта бошаду бо машъали фурӯзони сурудаҳояш хонаи дили худро фурӯзон накарда бошад.

Мард намирад ба марг,

Марг аз ӯ ном ҷуст.

Ном чу ҷовид шуд,      

Мурданаш осон куҷост?…

Таҳияи Ҳалима ШОБЕКОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь