Ҳунарманди маъруфи мардуми порсизабон Аҳмад Зоҳир, ки бузургтарин овозхони сад соли охири мардуми порсизабон маҳсуб меёбад, дар тамоми гӯшаю канори сарзаминҳое, чун Ирон, Афғонистон, Тоҷикистон, Курдистон, Ҳиндустон, Покистон, Доғистон, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Русия ва ғайраҳо маҳбуби ҳамагон аст. Аз сеҳри ханҷари довудии мавсуф , оҳангҳои барҷастаю дилкаш ва ашъори баландмазмуни сароидааш бештар аз 60 сол боз инсоният ва хосатан бештар аз 200 миллион порситабор лаззат мебаранд. Ба назар чунин мерасад, ки мероси гаронбаҳои ҳунарии ин овозхони маъруф мисли рӯди софу беғубору ноби кӯҳистон аст, ки мавҷҳои он ба сангу шахҳо бархӯрда ба кафкҳои монанд ба чакраҳои сафеди шир табдил ёфта, ҳамеша равонанд ва ин рӯд ҳеч гоҳ рӯи хушкӣ  надорад ва чашму хуши инсон ҳама вақт ба ин манзараи афсунгари табиӣ нигаронида шудаву он ҳеч серии тамошои онро надорад. Бояд гуфт, ки Аҳмад Зоҳир дар тӯли умри кӯтоҳ ва пурбаракати худ ба садҳо шеъру ғазалу тарона оҳанг баставу онҳоро сароидааст. Доираи ҷуғрофиёи шеъру оҳангҳои хондаи ин овозхони хушилҳо марзи бисёр васеъи ҷуғрофиро дарбар мегирад. Ин доира аз эҷодиёти шоирони Ирону Афғонистону Тоҷикистону Ӯзбекистони кунунӣ то оҳангҳои ин кишварҳо ва ҳамчунин Туркия, Фаронса, Амрико, Испания, Англия, Ҳиндустон, Покистон ва Русияву дигар кишварҳоро дарбар мегиранд. Бояд гуфт, ки намояндагони кишварҳои Аврупо ва Амрико бо созу оҳангҳояшон дар эҷодиёти ин устоди забардаст нақши мондагоре доранд. Дар ин асос, агар ба номҳои ҷуғрофию мавзеъҳои ба фаъолияти Аҳмад Зоҳир иртибот дошта, назар афканем, пас дар байни номҳои мавзеъҳои ба фаъолияти ин нобиға иртибот дошта, мавзеъи ҷуғрофии Дарвоз низ пайвастагии ногузастанӣ дорад ва ин амал низ боиси ифтихори мо тоҷикон низ бояд бошад, зеро намояндагони ин минтақаи таърихии тоҷикон дар ҳаёту фаъолияти ин булбули хушнавои Шарқ гуфтан мумкин ҳаст, ки нақши калидӣ низ доранд. Бояд гуфт, ки номи Дарвоз бо зодагону дар ин ҳамбастагӣ мардуми тоҷики дарвозӣ дар ҳаёту фаъолияти ин нобиғаи давру замонҳои мардуми порситабор мавқеъи хоса ва мустаҳкаме дорад. Қайд бояд кард, ки вобастагии Аҳмад Зоҳир ба музофоти Дарвоз ва худи мардуми Дарвоз хело барвақт оғоз гаштаву ин пайвастагии ӯ то давраи фоҷиабори ҳалокати ин шахсияти бузург давом кардааст ва ҳоло низ давом дорад!

Нахуст пеш аз ҳама, аз он бояд ёдовар шавем, ки яке аз авлодони Аҳмад Зоҳир аз музофоти Бадахшони Афғонистон аст ва табиист, ки Аҳмад Зоҳири бузург ба ин марзи бузургу баландовозаи тоҷикнишину тоҷикони аслии ин макон арҷи зиёде мегузошту дилбастагии хосе низ дошт. Сониян аз таърихи Дарвоз ба мо маълум ҳаст, ки бузургтарин марди тоҷикасли арсаи сиёсат дар асри ХХ бешаку шубҳа аз ҳисоби тоҷикон ин Шоҳ Муҳаммад Валихони Дарвозӣ, яке аз пайвандони охирин шоҳи Дарвоз, охирин шоҳи тоҷик дар авохири асри Х1Х , Шоҳ Сироҷиддиншоҳ аст. Бояд гуфт, ки фарзанди барӯманди тоҷик Шоҳ Муҳаммад Валихони Дарвозӣ яке аз симоҳои барҷастаи на танҳо Афғонистони мустаъқили ибтидои солҳои 20- 30-юми асри ХХ-и Афғонистон, балки сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ низ будааст. Ин шахсияти бузург, аввалин тоҷикест, ки чун вазири корҳои хориҷиву сарвазири Афғонистон, аввалин маротиба аз байни тоҷикон ба таври расмӣ бо гулу гулдаста ва шайпурнавозӣ аз тарафи ҳукумати нави болшевикии Русия, ки аз соли 1917 баъди Инқилоби Ӯктабр ба сари ҳукумат омадаву дар зарфи ду соли ба сари қудрат омаданашон онҳоро ягон кишвари ҷаҳон ҳеч давлате ба расмият нашинохта буду хеле хору залилу хаста гашта буданд, қабул гашта, чун намояндаи кишвари Афғонистон, барои аввалин бор байни кишварҳои олам ҳукумати шӯравиро байни кишварҳои олам ба расмият шинохт ва аз он баъд кори Давлати Шӯравӣ ҷӯр гирифту пешрав гашт. Оҳиста-оҳиста дигар кишварҳо онро ба расмият шинохтанд. Аввалин вохӯрии ин тоҷики диловар ва сиёсатмадори барҷаста женерол Шоҳ Муҳаммад Валихони Дарвозӣ бо Ленин санаи 14-уми октябри соли 1919 ба вуқӯъ пайвастааст(тазодро бубинед, ки расо баъди 5 соли аввалин вохӯрии тоҷик бо Ленин, санаи 14.10.соли 1924 ҶМШС Тоҷикистон таъсис ёфт)! Шартномаи сулҳ ва муносибатҳои ҳамкориҳои басташуда, дар ин асос то солҳои 1978 ва 1979, то замони ташкили инқилоби аблаҳонаи ва дурӯғини Савр аз тарафи мақомоти КГБ-и СССР ва амали ворид намудани қушунҳои шӯравӣ ба ин хоки кишвари ба мо дӯст муддати 60 сол бечунучаро бо ҳамдигарфаҳмии том давом намудааст (дар ин хусус мақолаи банда бо номи «Аввалин вохӯрии тоҷик бо Ленин» ҳанӯз соли 2007 дар нашрияи «Миллат» ба табъ расида буд). Ба гуфте замони инқилобҳо ва ҷанги гражданӣ дар хоки шӯравӣ аз мардуми гурезаи тоҷик ва дигар мардуми гурезаи Осиёи Миёна бисёр дастгирӣ намудаву дасти кӯмакеро ба онҳо аз ҷумла фарҳангиёну шуарои гурезаи Аморати  Бухоро низ расонидааст, ки ин масъалаҳо бояд оянда ҳатман мавриди таҳқиқи олимону таърихшиносони тоҷик қарор бигиранд. Ин шахсияти бузург аз байни тоҷикону форсигӯёни Афғонистон ахиран аз тарафи шоҳи вақти Афғонистон Муҳаммад Нодиршоҳ бо баҳонаи он, ки гӯё ӯ тарафдори ҳукумати тоҷикии Ҳабибуллохон (маъруф ба Бачаи Сақо) будааст ва аз обрӯи баланди ӯ дар Афғонистон сахт ҳарос дошт, ба зиндон кашида мешавад ва соли 1933 ба дор кашида мешавад.Тибқи бархе аз сарчашмаҳо, аз ҷумла навиштаҳои олими намоёни афғоншиноси шӯравӣ, ховаршиноси маъруф, зодаи ноҳияи Дарвоз, устоди зиндаёд Ҳақназар Назаров, шояд дар зиндон ба ӯ заҳр дода, ба ҳалокат расонида бошанд. Мақсади овардани номи ин шахсияти бузург ба он хотир ҳаст, ки маҳз ҳамин марди бузург ва сиёсатмадору ноиб-ул салтанати давлати Афғонистон мисли ҷадди бузурги худ -шоҳони Дарвоз бисёр адабпарвар, шоирдӯсту фарҳангпарвар буд. Ҳамин мактаби бузурги сарояндагии лоақал 200 соли охири Дарвози имрӯзаи Тоҷикистону Афғонистон (синтези маҳаллӣ-бухорӣ-хуросонӣ-ҳиндӣ) аслан манша аз ҳамон сиёсати фарҳангдӯстиву адабпарварона, орифона ва маорифпарваронаи сулолаи шоҳони Дарвоз, ягона силсилаи доимии тоҷикии шоҳон аз соли 999 то соли 1878 дар минтақаи Осиёи Вустои имрӯза манша мегирад. Ҳамон мактабу доираи адабии мустаҳкаму фарҳанги ғании минтақа, ки шоирону санъаткорони бузургеро низ барои миллати тоҷику порсизабонон чун шоирони бузурге мисли Баҳрини Дарвозӣ, Фитрати Дарвозӣ, Гаранги Дарвозӣ, Кайфии Дарвозӣ, Ҳабои Дарвозӣ, Муҷрими Дарвозӣ, Лиқои Дарвозӣ, Волаи Дарвозӣ, Ноҷии Дарвозӣ, Ёрии Дарвозӣ, Ғофилии Дарвозӣ… Ҳамчунин, санъаткорони номвареро чун Хотир Хушбош, Иззатшоҳ, Ака Шариф, Чол Сулама , Абдулло Назрӣ…. тарбия намудаасту баъдан ин мактаби хоссаи мутрибию сарояндагии онҳоро ҳунармандоне, чун Ҷӯрабек Назрӣ, Исмоил Назрӣ, Дона Баҳором,Озодаи Муҳтарами Дарвозӣ, Додии Дарвозӣ, Раҳматҷони Дарвозӣ, Назриддини Дарвозӣ, Давлати Дарвозӣ, Мунаввари Дарвозӣ, Каримҷони Дарвозӣ, Диловари Дарвозӣ, Амриддини Дарвозӣ, Олими Дарвозӣ, Тобиши Дарвозӣ, Ҳақназари Дарвозӣ, Саъдии Дарвозӣ, Шодии Дарвозӣ ва дигарон давом додаанд. Маҳз аз сиёсати садсолаҳо давом намудаи фарҳангпарваронаи сулолаи шоҳони ориёиасли Дарвоз ва муҳити то андозае ба истиллоҳ дворянии ташкилнамудаи онҳо манша мегирад. Доманаю таърихи  ин фарҳанг то ба замони Борбади бузург, ки тибқи бархе аз сарчашмаҳо аз Нусайи Маҳистони қадима, Дарвози кунунӣ аст, рафта мерасад. Женерол Шоҳ Муҳаммад Валихон дар Кобул низ ҳамин анъанаи шоирдӯстиву фарҳангпарварии шоҳони Дарвозро давом дод. Писари кӯчаки ӯ бо номи Шоҳ Валӣ, дар хонадони ин падари бузург ба фарҳангу санъату шеърдӯстӣ майли томе пайдо мекунад. Ахиран, ин писари Шоҳ Муҳаммад Валихон, бо номи Шоҳ Валӣ Валии Таронасоз дар Афғонистон ва дигар кишварҳои порсизабон бисёр машҳур гардид. Бояд гуфт, ки ин шахсият яке аз чеҳраҳои мондагори ҳунарии Афғонистони асри пор маҳсуб меёбад. Мавсуф яке аз бузургтарин оҳангсозони сад соли охири Афғонистон низ дониста мешавад. Ин шахсияти бузург, ки шоир низ буд ашъори зиёди ноберо эҷод кардаву оҳанг баставу худ низ зам-зама кардааст. Оҳангҳою таронаҳои офаридаи ӯро бисёре аз ҳунармандони маъруфи Афғонистон, мисли Сорбон, Аҳмад Валӣ, бонувон Жило, Рухшона, Ноҳид, Салмо, устод Маҳваш ва дигарон бисёр хуш сароидаанд. Ана ҳамин оҳангсозу шоири тавонманду фарҳангпарвар дар ҳаёту фаъолияти Аҳмад Зоҳир бисёр нақши калидӣ дорад ва Аҳмад Зоҳири бузург аз ашъори ӯ дар асоси оҳангҳои худи ӯ бештар аз 50 суруд хондааст, ки ҳамаи ин оҳангҳои сохтаву таронаҳои эҷодкардаи Шоҳ Валӣ Валии Таронасоз зиёда аз 60 сол боз ба тамоми мардуми порсизабон, аз ҷумла мардуми тоҷик хуб шинос ҳастанд ва аз шунидани онҳо ҳамарӯза ҳазорон нафар оромишу рӯҳу равони тозае меёбанд.

Аҳмад Зоҳир оҳангҳову таронаҳои отифонаю ширини офаридаи устод Таронасоз, ба мисли “Ту бо манӣ”, “Ту бароям муқаддасӣ”, “Мара, мара май бидеҳ”, “Худо буват ёрат”, “Не, не ҳаргиз, харгиз”,”Дӯстат дорам валлоҳ биллаҳ”, “Дӯстат дорам ҳамеша”, “Ба оташи хӯи худ”, “Мегум, ки дӯстат дорум”, “Кай бошаду кай”, “У бону бону бону”, “Ай худо, модари ман боз ба ман деҳ”, “Имшаб харобам соқӣ”,”Чашми сиёҳ дорӣ”, “Рам кун, рам кун”, ҳамчунин оҳангҳои офаридааш аз ашъори бону Фурӯғ, “Рафтам маро бибахшу магу ӯ вафо надошт”, Бедил, “Набарӣ гумон, ки муфтӣ ба худо расида бошӣ”, Мавлои Балх, “Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест”, Бежани Тараққӣ, “Агар ишқ бошад”, Баҳодури  Ягона, “Имшаб аз бода харобам”, Меҳрдоди Авасто, “Агар зи ишқ маломат”, Алии Аштарӣ, “Аз ноз чӣ механдӣ” ва ғайраҳоро бо санъати баланд хондааст, ки имрӯз маҳбуби хонадони миллионҳо мардуми форсизабон ва мардуми фарҳангии ҷаҳон ҳастанд.

Ин хонадони салтанатии шоҳони Дарвоз ва роҳбарони вақти Афғонистони солҳои 20-уму ибтидои солҳои 30-и асри пор, ҳамагӣ соҳибфарҳанг ва адабпарвар буда, бародарони устод Таронасоз, аз ҷумла бародари бузургаш Амонуллоҳ Валии Дарвозӣ низ то андозае аз аҷргузорони санъати мусиқии бобоӣ (мусиқии сирф тоҷикии мактаби “Мавригихонии Дарвоз” сабки устод Акашариф) низ будааст. То имрӯз обрӯи устод Валии Таронасоз ва думонаш дар байни порсизабонҳои Афғонистон ончунон баланд ҳаст, ки ҳангоми барномаҳои телевизионҳои хориҷии афғонҳо вобаста ба фаъолияти Аҳмад Зоҳир, аз онҳо бо ифтихори махсус ёд карда мешавад. Масалан, Халили Роғиб, ки дудмонаш низ то ба ҳамин музофоти кӯҳистон рафта мерасад ва худ оҳангнавозу дӯсти наздики устод Аҳмад Зоҳир аст, ҳангоми баромадҳои телевизонияш оиди ҳунари Аҳмад Зоҳир, аз устод Валии Таронасоз бо некӣ ёд кардаву бо як ғуруру ифтихори баланди ошкоро оид ба дудмони баланди тахти салтанатии шоҳони Дарвоз ва аз ин насл будани Валии Таронасоз сухан мегӯяд. Беҳуда нест, ки Валии Таронасоз устоди бузурги ҳунари Афғонистони муосир дониста шудааст ва барои вафоташ дур аз Афғонистону Дарвоз дар кишвари ИМА, шоирони Афғонистон марсиягӯии зиёде кардаанд. Масалан, шоири шинохтаи афғонӣ Холиди Сиддиқ чунин нигоштааст:

 Шоҳи тараби ҷаҳони ҳунар аз миён бирафт,

Бо як ҷаҳон омаду бо сад ҷаҳон бирафт…!

Оҳангсози бузурги дигари Афғонистон, ки ба гуфтае бо Валии Таронасози Дарвозӣ қаробати хешӣ доштааст ва эҷодиёти ин оҳангсози бузурги давр дар фаъолияти эҷодии Аҳмад Зоҳир низ нақши мондагоре доштааст, бе шубҳа ин устоди зиндаёд Фазлаҳмади Найнавоз мебошад. Оҳангҳои зиёдеро ин марди накӯном офаридаву дар ин асос таронаҳои зиёде зери ин оҳангҳои малакутӣ аз тарафи Аҳмад Зоҳир сароида шудаанд, ки ҳамаи ин оҳангҳо зиёда аз 60 сол бо иборае узви ҳар як хонадони тоҷику порсизабонони ҷаҳон гардидаанд ва аз насл ба насл, падару писару набера онҳоро гӯш намуда, ғизои маънавӣ мегиранд ва аминам, ки ин амал дар оянда, садсолаҳо низ давом хоҳад кард.

Аҳмад Зоҳир шогирдони зиёдеро аз гӯшаву канори Афғонистон замони зинда буданаш тарбия намудааст, ки яке аз чунин шогирдонаш овозхони маъруфи асри пори Афғонистон Аҳмад Мурид, ки решабайнди Дарвоз ҳаст мебошад. Ин овозхон низ замони шӯравӣ дар кишвари мо маъруфияти зиёде дошт. Дар ин асос устоди зиндаёд, яке аз бузургтарин овозхонону озангсозони тоҷик устод Ҷӯрабек Назирии дарвозиасл  шахсан бо устод Аҳмад Зоҳир дар Афғонистон шиносоӣ пайдо кардаву робитаи дӯстӣ доштанд ва ҳамроҳ овозхонӣ низ кардаанд. Аҳмад Зоҳир ба истеъдоди овозхонии ин санъаткори он вақт ҷавону номвари тоҷик арҷи зиёде мегузошт ва ба хотири ин дӯстӣ барояш акордеони шахсии худашро низ тақдим намудааст. Қайд бояд намуд, ки дар ин асос, дар роҳи дар кишварамон паҳн намудани тарзи овозхонию мактаби сарояндагии Аҳмад Зоҳир нақши на танҳо устод Ҷӯрабек Назриев, балки нақши ховаршиноси маъруфи тоҷик, устод Савлатшоҳ Мерганов, зодаи деҳаи Ҷорфи Дарвоз, ки дар доираи пеш аз ҳама ҳукумати Муҳаммад Зоҳиршоҳ ва шахсан назди ин шоҳ ва дигар ҳукуматдорон бисёр обрӯи калон дошту (ҳоло низ мардуми Афғонистон ва бахусус мардуми паштун нисбати ин олими бузурги паштуншиноси тоҷик эҳтироми хосае доранд), сарвазири давр доктор Зоҳиру писараш Аҳмад Зоҳирро нағз мешинохту риштаи дӯстӣ низ дошт, бисёр калон аст. Баъдан овозхонони маъруфе мисли устодон, Дона Баҳором, Додии Дарвозӣ, Раҳматҷони Давлатҷон  ва дигарон низ аз мактаби фарҳангии Дарвоз аз охири солхои 60-и сари ХХ дар миқёси кишвар яке аз аввалинҳо шуда бо акордену фоема ба хондану навохтани оҳангу таронаҳои Аҳмад Зоҳир шурӯъ намуданд, ки ин пионерони даври аввали аҳмадзоҳирхонӣ дар қатори чанде аз бародарони дигар аз  гӯшаҳои гуногуни кишвари азизамон тавонистанд, ки бо иборае мактаби ахмадзоҳирхониро эҳё намоянд, ки дар ин мактаб пайравони ҳақиқии устод Аҳмад Зоҳир, мисли гурӯҳи бародарон аз ансамблҳои “Анис” ва “Мунис”, Абдухолиқ Сӯфиев, Асдуллои Шамсзод, Али Сабурӣ, Шералӣ Ашур, Абдулло Холиқов, Рустам Ғуломов, Каримҷони Дарвозӣ ва дигарон, ки бархеашон мутаасифона, вафот кардаанд, хушбахтона, солҳо фаъол будаанду онро пок нигоҳ доштаанду фаъолияти Аҳмад Зоҳиру мактаби онро бародари ҷони мо Ғаниҷон Мӯъминов дар осорхонааш бо экспонатҳои нодири ҷамъовардааш пос медорад. Дар ин асос, метавон аз муҳаққиқони Аҳмад Зоҳир, ки ба таҳқиқи ҳаёту фаъолияти Аҳмад Зоҳир машғул гаштаву ёди ӯро гиромӣ доштаанд, мисол овард. Худи устоди зиндаёд Ҷӯрабек Назрӣ дар бисёре аз муколаммаҳою навиштаҳо ва ҳамчунин баромадҳои телевизионияш аз Аҳмад Зоҳир ва мактаби эҷодии ӯ қиссаҳои аҷибе намудааст. Устод Мӯъмин Қаноат низ оиди ҳаёту эҷодиётии ин нобиғаи давр ҳам тариқи телевизион ва ҳам дар навиштаҳои худ қайдҳои ҷолибе дорад. Аз ҷумла, ба гуфти рӯзноманигори шинохтаи кишвар ва марди ҳунар Ғайратшоҳи Дарвозӣ, ки таронаҳои Аҳмад Зоҳирро низ хуб иҷро мекунад, устод Мӯъмин Қаноат оид ба вохӯриҳояш бо Аҳмад Зоҳир нақлҳои аҷибе кардааст ва ин вохӯриҳои устод Мӯъмин Қаноат бо Аҳмад Зоҳир солҳои арафаи инқилоб ва ё баъди инқилоби апрелӣ ба андешаи банда бояд анҷом ёфта бошанд. Аз ҷумла, устод Қаноат қисса намудааст, ки дар шаҳри Кобул, Валии Таронасоз, ки устод Қаноатро хуб мешинохтааст, бо як муҳаббати хоса ва дӯстдории ватани аҷдодияш Дарвози шоҳиҷаҳон, устодро ба меҳмонию ба сари як «пиёла чойи дарвозигӣ» ба гуфти Валии Таронасоз ба хонааш даъват менамояд. Онҷо устод Қаноат бори нахуст бо Аҳмад Зоҳир вомехӯрад ва устод Валии Таронасоз онҳоро бо ҳам шинос намуда, иброз медорда, ки Мӯъминшоҳ оҳангҳою таронаҳои эҷоднамудаи манро ана ҳамин ҷавони соҳибистеъдод месарояд. Дигар, мисли ин ҷавон касе оҳангу таронаҳои манро дар Афғонистон хонда наметавонад, аз ин рӯ, таронаю оҳангҳои сохтаамро ба Аҳмад Зоҳир ҳоло барои иҷро медиҳам. Он рӯз онҷо базме низ ташкил кардаанд, сари «як пиёла чойи дарвозигӣ» ва Аҳмад Зоҳир истеъдоди худро ба намоиш гузоштааст. Баъдан, чанд рӯзе, ки устод Қаноат дар Кобул будааст, Аҳмад Зоҳир ҳама вақт бо чеҳраи кушода ва бо як эҳтироми хоса, ҳангоми вохӯрӣ устодро ба оғӯш мегирифтааст. Бояд гуфт, ки тибқи ибрози устод Қаноат, устод Валии Таронасоз дар хонааш зимни шинос намудани Аҳмад Зоҳир иброз доштааст, ки пайвандони модари ин ҷавони соҳибистеъдод аслан ҳамшаҳриҳои худамон, аз Дарвози Бадахшон ҳастанд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки ҳамон суханҳое, ки модари Аҳмад Зоҳир аз Бадахшон будааст, ба ҳақиқат наздикӣ дорад. Фикри ман бошад ин ҳаст, ки модари Аҳмад Зоҳир шояд бо сулолаи шоҳони пешини Дарвоз, ки бар асари як табадуллоти дарборӣ дар авохири солҳои ҳафтодуми асри ХV1 аз тахти шоҳии Дарвоз сарнагун гаштаву баъдан ба Кобулу Парвону Дараи Панҷшеру Навбаҳор ҳиҷрат намудаву дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии Афғонистон, баъдан нақши мондагоре ба ҷой гузоштаанд ва ҳоло мардуми Парвону Кабисову Навбаҳор бо ифтихор мегӯянд, ки «гузоштагони мо аз дудмони шоҳони Дарвозанд», пайвандие дошта бошад. Чун оиди модари Аҳмад Зоҳир мегӯянд, ки аз як хонадони дворянӣ будааст ва дар ин асос, ин андеша ба ҳақиқат хело наздик низ меафтад. Ҳамчунин, тибқи гуфтаи устод Қаноат, дар суҳбат он замон Аҳмад Зоҳир падарашро «боба» ва хоҳарашро «хорак» мегуфтааст ва ин калимаҳо дар лаҳҷаи дарвозӣ низ хело зиёд корбаст мешаванд, шояд ин суханҳо дуруст низ бошанд (бояд гуфт, авлодони Муҳаммад Валихони Дарвозӣ баъди ҳамон табадулоти дарбории солҳои охири асри ХV1 ба тахти шоҳони Дарвоз нишаставу то соли 1878 то дами сарнагун намудани ин сулолаи шоҳони тоҷиктабор аз тарафи муғулҳои манғитӣ ва Русияи подшоҳӣ хукумат рондаанд). Дар ин асос, муҳим он нест, ки модари Аҳмад Зоҳир аз Дарвозу Бадахшон буда бошад, муҳим он аст, ки синтези оҳангсози бузург Валии Таросоз бо  нобиғаи бузурги овозхонии мардуми порсизабон Аҳмад Зоҳир, ки ин модари биҳиштӣ ба дунё овардааст, солҳои тӯлонӣ сурат гирифтаву аз худ “Ганҷи бодовардӣ” борбадиро барои башарият боқӣ гузоштааст.

Камина низ солҳо боз мухлиси Аҳмад Зоҳир ҳастам ва тариқи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оиди ҳаёту эҷодиёти ин нобиғаи олам баромадҳо анҷом дода, вобаста ба ҳаёту фаъолияти ин шахсияти бузург як қатор мақолаҳоро дар расонаҳои даврии маҳалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба табъ расонидаам, ки охирин мақолаи дар ин асос чоп намудаам, «Аҳмад Зоҳир ва Сергей Есенин» мебошад, ки он бояд дар Русия ба наздикӣ бо  забони русӣ ба чоп расад. Дар хусуси таъқиқгарони эҷодиёти Аҳмад Зоҳир сухан кардану аз устод Султони Ҳамад, ки ҷаддаш аз амлокдориҳои болооби шоҳигарии Дарвоз, аз амлокдории Вахёи Боло ҳаст, чизе нагуфтан, билкул нобахшиданист. Устоди зиндаёд Султони Ҳамад дар роҳи аҳмадзоҳиршиносӣ дар кишвари мо дар 20 соли охир якатози даврон буд ва аз худ асарҳои модагореро мерос гузоштааст. Гуфтан мумкин ҳаст, ки маҳз мактаби аҳмадзоҳиршиносиро бо тамоми нозукиҳояш анна ҳамин шахсияти накӯном дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст ва умед аст, ки ин мактаб устувор хоҳад монд.

Асарҳои навиштаи устод оиди Аҳмад Зоҳир ва худи шахсияти устод Султони Ҳамад, аз доираи Тоҷикистон баромада, ба дасти порсизабонони олам расидаву номи устод дар ин асос хело машҳур гаштааст, ки ин боиси ифтихори мо тоҷикон низ ҳаст.

Бояд гуфт, ки устод Аҳмад Зоҳир ба ғайр аз навиштаҳои Шоҳвалӣ Валии Таронасоз аз доираи шоирони Дарвоз низ шеърҳоро ба оҳанг даровардаву сароидааст, ки сари ин масъала шояд оянда корҳон анҷом дода шаванд. Ин буд чанд навишта оиди пайвандии Аҳмад Зоҳир бо сарзамини кӯҳистони Дарвоз ва умед мебандем, ки ин навиштаҳои банда ба ошиқони ҳунари Аҳмад Зоҳири бузург қадре ҳам бошад маъқул хоҳанд афтид.

Боқӣ саломат ва дар паноҳи худованди пок бошед, хонандагони азиз!

Варқаи ЗАЙНИДДИН,

ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,

аълочии фарҳанг ва матбуоти ҶТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here