Барои мусиқии дунё ҳамааш шуда ҳафт садо вуҷуд дорад, яъне: до, ре, ми, фа, сол, ля, си. Такя ба ҳамин ҳафт садо созу наво ва тағанию мусиқӣ биофаранд. Ва тамоми созу навои дунё танҳо аз фарогирии ҳамин ҳафт садо ба ҳам омадаанд. Ҳатто навою мусиқаҳои азимтарин ва нотакрори дунё аз ҳамин ҳафт садо шакл гирифтаанд…
Фақат эҷодкорони беҳамто ин ҳафт садоро чунон истифода бурда тавониста, ки ҳангоме гӯш фаро медиҳӣ, гумон мекунӣ ҳазорон ҳазор садо ба ҳам омада, уқёнусҳо барин паҳнои азим доранд. Вақте ки онҳоро самъ мекунӣ, гӯё болу пар мебарорӣ, парвоз кардан мехоҳӣ, фарогирии олами худат низ беҳудуд мешавад. Созу навое, ки чунин қудрат дораду гӯё ҳазорон-ҳазор, балки бештару бештар садою овозро фарогир гардида…
Аммо онҳо ҳамааш шуда аз ҳафт садо иборатанду бас, яъне: до, ре, ми, фа, сол, ля, си.
Ҳафт садо, ки бо тарзҳои гуна-гуна ва ҳайратбахш ба ҳам омадаанд ва оламҳои дигар офаридаанд.
Ба тасвираҳо ва расмҳои кашидаи мусаввирон бошад, ҳамчунин менигариву гумон мекунӣ аз ҳазорон тобишу ҷилову ранг ба ҳам омадаанд, ки туро шефта ва шайдо ва мафтуну баста мекунанд.
Аммо дар асл онҳо ҳамааш шуда аз ҳафт ранг иборатанд:
сиёҳ, ҷигарӣ, сурх, зард, сафед, кабуд, сабз.
Ва ҳафтранги гуна-гуна, ки онҳо ба ҳафт сайёра нисбат дода мешаванд:
сиёҳ ба Зуҳал;
ҷигарӣ ба Муштарӣ;
сурх ба Миррих;
зард ба Офтоб;
сафед ба Зӯҳро;
кабуд ба Уторуд;
сабз ба Моҳ.
Тирукамони осмон низ аз ҳафт ранги фалак иборат аст, ки ҳамто надорад ва дилрабою мӯъҷизабор бошад.
Мусаввире аз ҳамин ҳафт ранг тасвиру расм меофарад, ки гӯё аз ҳазорон рангу тобиш офарида, балки дар асл аз омезиши фақат ҳафт ранг сеҳр гирифта. Сеҳр гирифта ҳамагӣ аз мӯъҷизаҳои рангу истеъдоду лаёқату бозёфтҳои эҷодӣ…
Санъат низ, ба фикри зумрае, аз ҳафт ҳисса иборат аст: овозхонӣ, мусиқӣ, рақс, расм, нақшсозӣ, ҳайкалтарошӣ, театр ва кино…
Ва ҳар яке аз онҳо сеҳр ва асрори худро дорад.
Басо чизҳои покизаи дигар низ зери рақами ҳафт қарор гирифтаанд.
Барои ҳамин рақами ҳафт муқаддас бошад, яъне ҳафт осмон, ҳафт авранг, ҳафтдодарон, ҳафт андом (ҳафт узви инсон, ки ба онҳо сар, сина, шикам, ду дасту ду пой шомиланд), ҳафт ганҷ (ба мисли тилло, нуқра, қалъагӣ, сурб, оҳан, мис ва биринҷӣ).
Подшоҳони Эрони қадим ҳафт хазина доштанд, мисли ҳафт хазинаи машҳури Хисрави Парвез.
Ва боз ҳаст: ҳафт қабати осмон, ҳафт қабати замин ва ҳафт иқлим.
Тариқати роҳи суфия низ аз ҳафт дараҷа иборат, яъне роҳи ба Худо расидан ва худ низ баъзе сифатҳои Парвардигорро гирифтан. Яъне:
аввалан бошад водии талаб;
дуввумаш водии ишқ (аввал талабу баъд ишқ!);
севвумаш водии маърифат;
чаҳорумаш водии истиғно (бениёзӣ);
панҷумаш водии тавҳид (ваҳдат ва ягонагӣ);
шашумаш водии ҳайрат;
ҳафтумаш водии фикру фаност (аҷаб, ки фикру фано якҷо ва паҳлуи ҳамдигаре!).
Яъне барои симурғ шудан, яъне ба пояи Парвардигор расидан ва ба офаридгор наздик шудан ҳафт водиро тай намудан зарур мешуда.
Ҳафт ё ҳафтгона.
Ҳатто хони бузургтарин таомулу тантанаи ҷаҳонӣ – Наврӯз, ки ибтидои соли нави табиӣ бошад (он ба 19-21-уми март рост меояд), бо ҳафтгонае ороста мешуда, яъне ҳафт ғизои бо ҳарфи шин иборат, яъне шакар, шамъ, шарбат, шароб, шинӣ, шир, шона, ки баъдан ба ҳафт син табдил дода шуда, яъне сирко, сабзӣ, сумоқ, санҷит, сир, себ, ва сипанд…
Дар қаҳрамонӣ ва майдондорӣ низ «ҳафт» муқаддасот бошад, яъне мисли Ҳафтхони Рустам, ки ҳафт саргузашти пурнабарди Рустами достонро дар бар мегирад.
Дар сайёҳӣ низ ба мисли «Ҳафт саёҳати Синбоди дарёгард».
Ҳатто ҳафта низ аз ҳафт рӯз иборат аст.
Ривоятест Худованд тамоми фалаку ҷурмҳои осмонро ва табиату ҷузъҳои онро ва набототу ҷондоронро дар шаш рӯз сохту офарида ва рӯзи ҳафтумин истироҳат карда, чунон ки ҳар ҳафтаро як рӯзи истироҳат бошад.
Хуллас ҲАФТ шумораи муқаддас ангошта шудааст.
Чунонки ҳафти баъди тавлид, ҳафти баъди марги ҳар инсон низ чизи муҳим зикр гардад.
Ҳатто дар ибтидо ҳангоме, ки Аллоҳ таъоло Одамро (ъ) ва Ҳаворо (р) халқ кард, аз ашёи ҳафтгона зиннаташон бахшид.
Якум: латофатро ба рӯҳи онҳо ниҳод;
Дуввум: малоҳатро ба забон;
Севвум: зиёро ба рӯй;
Чаҳорум: нурро ба чашм;
Панҷум: зулмотро ба мӯй;
Шашум: рақтро (нармӣ, мулоиматро) ба дил;
Ҳафтум: дафтро (якрӯ шуданро, ростқавлиро) дар сар.
«Инсонро аз ҳамин чизҳо аҳсант бошад»,- омадааст дар «Дуррат ул воъизин» (саҳ. 121).
Эҷод ҳам ба ҳафт санъату ҳафт рангу ҳафт мусиқа ва ҳафтҳои дигар сарукор дорад, ки дар боло зикрашон кардаем.
Ва мӯъҷизаи эҷоду эҷодгарӣ низ ҳамин аст, ки ба мӯъҷизаҳои ҳафтгонаҳои муқаддас пайвастагӣ ва равобит дорад.
Дар эҷодгарӣ, ки ба ҳафтгонаи муқаддас шомил аст, миқдори мавзуҳо чанд бошад?
Инашро дар бахши оянда таҳлил мекунем.
Аз китоби севвуми «Эҷод чист? Эҷодгар кист?»
Шераки ОРИЁН,
дорандаи ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ