Маъниву моҳият ва чигунагии шахсияти ҳар донишманд ва зиёӣ, пеш аз ҳама ба осору офаридаҳои ӯ марбут аст. Мо дараҷаи шахсияти инсонҳоро метавонем бо навиштаҳояшон, пажӯҳишҳояшон, бозёфтҳои илмиашон ва таъсиргузории маънавию фарҳангиашон ба ҳамзамонону ҳаммиллатон ва ояндагон мушаххас намоем. Вагарна, дар ин олами ҳастӣ ҳар инсоне тавллид мешавад, зиндагонӣ мекунад, насл боқӣ мегузорад ва мемирад. Вале шохиси асли шинохт пеш аз ҳама, на тулонияти умр, балки моҳияти мондагорӣ ё офаридаву осори фард буда метавонад.
Ҳар нафаре, ки таълифоти ва осори илмию таҳқиқотии доктори илми филология, профессор Қурбон Восеъро мавриди омӯзиш қарор бидиҳад, мутмаин хоҳад гардид, ки бешак, ин марди равшанзамир, яке аз пуркортарин донишмандони чандбуъдии муосир ба ҳисоб меравад. Дар дарозои замони фаъолияти илмиву педагогӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва бадеии худ номбурда ҳеҷ гоҳ аз омӯхтану навиштан даме наосудаву дар баробари дарёфти вақт шитоб намудааст. Дар навиштаҳои ин донишманди пуркори фарогир равшан хоҳем дид, ки номбурда ҳар масъаларо дар доираи андешаи амиқ ва сарчашмаҳои боэътимоди илмӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додааст. Далели сермаҳсуливу чандбуъдӣ будани ин донишманди фозилро дастабандии таҳқиқот ва осори ҳунариаш собит менамояд. Бояд таъкид намуд, ки зиёда аз 600 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методию андарзӣ, наздики ҳафтод китобу рисола ва 12 монография (асари якнавишти илмӣ) навиштаву дастраси мардум гардондааст, ки онҳоро метавон ба панҷ бахши умда тақсим намуд: 1. Адабиётшиносӣ ва мероси адабӣ (монография ва маҷмӯаи мақолаҳои таълимӣ, аз ҷумлаи «Номаи ҷавонмардӣ» (1985), «Ғазали муосир» (1985), «Достони Амир Арслони Румӣ» (1986); «Оини ҷавонмардӣ» (Кобул, 1988), «Оини риндӣ ё маслаки Ҳофиз» (1991), «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Футувватномаи султонӣ», «Рисолаи Ҳотамия» (1991), «Абӯмуслимнома» (ҷ.1,2; 1994,2001), «Литература джавонмарди» (1995), «Одоби муошират» (1997), «Одоби муошират дар Искандарномаи Кабир» (1999), «Абӯмуслими Хуросонӣ» (2001), «Чаҳор китоби насри ҷавонмардӣ» (1996), «Таджикская рыцарская литература» (2004), «Сарчашмаҳои адабиёти ҷавонмардӣ» (ҷ. 1, 2008), «Адабиёти ҷавонмардӣ» (ҷ.2,2007); 2. Методию таълимӣ («Омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти Абӯалӣ ибни Сино дар синфи VIII» (1980), «Албому схемаҳо дар бораи ҳаёт ва фаъолияти С. Айнӣ» (1985), «Дарси мунозиравии адабиёт» (1993), «Академик Иброҳим Обидов» (1998), «Мактабдори бузургмеҳр» (2007). 3. Илмию оммавӣ («Садриддин Айнӣ» (1984), «Оини оламафрӯзӣ» (Айбак, 1987), «Айёрони ҷавонмард» (Ҳирот, 1987), «Номбардори хиради муқаддас» (Ҳирот,1988), «Озодамарди инқилоб» (Ҳирот, 1988), «Зинданом» (1996), «Ринди ҷавонмард» (1996), «Ухувват» (1998), «Ифшогари роз» (Исломобод, 2000), «Ҳашт манзар» (2002). 4. Иҷтимоию сиёсӣ («Абармарди дунёи сиёсат» (2001), «Нақши ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар раванди демократикунонии ҷомеа» (2001), «То чашм кушодем, ба хеш оина дидем» (Теҳрон 2002), «Сиёсатмадори таърихнигор» (2003), «Корномаи Ваҳдат» (2007), «Сиёсати давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ (2010), бист ҷилдаи «Ваҳдат, Давлат ва Президент» (1997-2013), «Садафи Ваҳдат ва Пешвои миллат» (2016). 5. Бадеӣ «Коғази сиёҳ» (1973), «Фиғони дарахт» (1998), «Беномус», (2001), «Рашк» (2001), «Андарзи дарё» (2002), «Ҳақталоши Зарафшон» (2010), «Масири саодат» (2010) ва ғайра ба масъалаҳои мубрами адабиёт, сиёсат ва ҳаёт бахшида шудаанд.
Қобили таъкид аст, ки тамоми таълифоти ин донишманд закӣ ва зиёии асил арзиши баланди илмиву сиёсӣ ва бадеиву ҳунарӣ доранд ва таҳлилу таҳқиқи онҳо як пажӯҳиши фарогирро талаб менамояд, ки баррасии он дар доираи як мақола имкон надорад. Бинобар ин, мо дар ин навиштаи кӯтоҳ ба таври иҷмолӣ чанд андешаеро оиди мондагортарин ва арзишмандтарин бозёфти илмии устод “Адаби ҷавонмардӣ” иброз хоҳем дошт.
Вақте ба таърихи миллати тоҷик назар меафканем, хоҳем дарёфт дар раванди гирудорҳои таърихӣ, махсусан даврони ҳуҷумҳои аҷнабӣ, аз ҷумла ҳуҷуми арабҳо ду навъи муборизот бар муқобили онҳо ҷараён доштааст. Яке, ин ки муборизаи рӯёрӯ, яъне тавассути созмон додани гурӯҳҳои гуногун бар алайҳи ғосибону бегонагон, муборизаи ҳарбию ҷангӣ бурдан ва дигаре, муборизот бо қаламу сухан будааст. Дар 200 соли аввали шаклгирии Ислом дар манотиқи Мовароуннаҳру Хуросон ҳамин гуна муборизот идомат пайдо мекард.
Дар таърихи зуҳур ва густариш Ислом аз сарзамини арабҳо ба тамаддуни румию мисрӣ ва суриёнию эронӣ паҳн мегардад. Чунин ба назар мерасад, ки пас аз забти ин минтақаҳо аз ҷониби аъроб сиёсатҳои махсуси саркӯбгарона пеш бурда шудаанд, ки ба воситаи онҳо забон, фарҳанг ва ҳаммияту ҳувияти мардумони зери султаи арабҳорафта аз байн бурда мешавад. Далели равшани ин гуфтаҳо аз байн рафтани забон, фарҳанг ва ҳувияти мисрию суриёнист. Ҳарчанд мисриёну суриёниҳо дар баробари арабҳо дорои забону фарҳанги ниҳоят баланд буданд, аммо тавассути зулму истибдоди арабӣ забону фарҳанги ин мардумон аз байн рафт ва онҳо табдил ба Мисри араб ва Сурияи араб шуданд. Яъне ба тарзи дигар, онҳо асолати мардумӣ ва миллии худро аз даст дода, табдил ба миллату мардуми дигар гардиданд. Акнун ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чӣ гуна гузаштагони мо тавонистаанд ҳадди ақал забон ва ҳувияти эрониро ҳифз намоянд. Вақте чунин навъи суолгузориро ба яке аз адибон ва донишмандони Миср Тоҳҳо Ҳусейн пешниҳод месозанд, ҷавоби ӯ чунин аст: Мо ба мисли эрониён марди фарҳангии бузурге чун Фирдавсӣ ва ҳамасрони ӯ надоштем, то чунин навъи ҳаммоса ва адабиёте биофарад, ки побарҷо мондани забон ва ҳувияти мисриро таъмин созанд. Ин ҷо мерасем сари матлаби асосӣ, ки дар таърихи мондагории мардуми форсу тоҷик рисолати адабиёт ниҳоят муҳим ва ниҳоят ҳалкунанда будааст. Воқеан, ҷараёни шуубияи маънавӣ ҳанӯз дар садри ислом ташаккул ёфт ва иддае аз эрониён тавассути шеъру адабиёт бар алайҳи арабҳо тавассути эҷоди худ ба забони арабӣ мубориза бурдаанд, ки дар ин радиф метавон Башор ибни Бурд, Абунувос ва даҳҳои дигарро мисол зад. Дар даврони баъдӣ, ҳамин ҷараёни шуубияи маънавӣ, махсусан дар даврони Тоҳириёну Саффориён ва бахусус дар даврони Сомониён ба забони форсии тоҷикӣ сурат мегирад. Дар як муддати кӯтоҳ тамоми осори қаблие, ки ба забони паҳлавӣ, то омадани арабҳо буданд, дубора ба забони форсӣ бознависӣ мешавад. Анвои гуногуни саноати шеърӣ бо забони форсӣ ривоҷ пайдо карданд ва нумӯъ гирифтанд. Тавассути “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ду марҳилаи таърих ба ҳам пайваст шуд, яъне “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ тавонист даврони қабл аз ҳамлаи арабҳоро бо даврони баъд ба мисли як пуле пайваст намояд. Таърихи Эрони кӯҳан, асотир, анъана, ҷашну маросим ва то андозае ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии гузаштагони мо тавассути “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба наслҳои баъдӣ яъне ба имрӯзиён интиқол гардид. Ҳамин тавр, муҳити адабии мустаҳкаме шакл гирифт, ки дар он арзишҳои баланди инсонӣ махсусан, арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва зебоишиносӣ тавассути адабиёт ба наслҳои баъдӣ вогузор карда шуд. Ҳамин тавр, маҳз дар давраи Сомониён адабиёти миллии форсу тоҷик бо дарназардошти арзишҳои қабл аз исломии мардуми мо ташаккул меёбад. Рисолати бузурги адабиёт на танҳо ба ҳамин давр, балки барои давраҳои баъдӣ низ интиқол мешавад ва ҳатто баъд аз шикасти давлатҳои миллӣ, яъне пас аз давлати Сомониён ҳарчанд дар минтақа салтанатҳои гуногуни туркию муғулӣ ва манғитӣ ҳукм рондаанд, вале ин адабиёт тавонистааст аз як тараф вуҷуди ҳувияти тоҷикию эрониро ҳифз кунад ва аз тарафи дигар густариши забону адабиёт туркҳову муғулҳоро таҳти таъсир қарор дода, сабаб гардидааст, ки ҳавзаҳои адабӣ бо забони форсӣ дар манотиқи гуногуни таҳти салтанати ин қавмҳо буда, ривоҷ пайдо кунанд. Аз ҷониби дигар, аксар аз намояндагони хонадонҳои туркию муғулӣ маҷбур шудаанд, ба забони тоҷикӣ шеъру рисолаҳои хешро иншо созанд. Ин ба маънист, ки адабиёт яке аз сабабҳои асосии боқӣ мондани миллати мо дар баробари ғосибони ин сарзамин будааст.
Ҳатто дар марҳилаи навин замони тақсими милливу маъмурии Осиёи Миёна, ки он замон даъвоҳои пантуркистӣ ниҳоят боло гирифта буд ва аксар вуҷуди тоҷиконро дар Осиёи Миёна нодида гирифта, онҳоро туркҳои форсшуда меномиданд, дар ҳамин маврид низ устод Айнӣ бо таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик” собит менамоянд, ки тоҷикон аз кӯҳантарин мардумони бумӣ ва соҳибтамаддуни Осиёи Миёнаанд ва маҳз яке аз омилҳои асосие, ки дар соли 1929 Тоҷикистонро ҳамчун Ҷумҳурии мустақили Шӯравӣ эътироф намудаанд ва маҳз дар заминаи ҳамин қаламрав давлати мустақили Тоҷикситон дар соли 1991 шакл гирифтааст, бо таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод С.Айнӣ алоқаи ногусастанӣ дорад.
Тавре дар боло ишора шуд, барои мондагории ҳуввияти миллии мо нақши адабиёт ниҳоят муҳим аст. Адабиёти моро вобаста аз мавзӯъбандӣ метавон ба навъҳои адабиёти ғиноӣ, ки он бештар фарогири мавзӯоти лирикию зебоипарастӣ аст ва ҳамчунин ба адабиёти паҳлавонӣ, ки фарогири арзишҳои паҳлавонию қаҳрамонӣ ва инчунин, адабиёти таърихӣ, ки бозгӯкунандаи таърихи пуштисаркардаи халқи мо, ҳамчунин инъикоси осори таърихӣ арзёбӣ намуд. Дар баробари ин, адабиёти сӯфиёна, ки баррасии тарзи ботинии худошиносӣ, ҷаҳоншиносӣ ва муносибати инсону олами ҳастиро аз дидгоҳҳои ваҳдати вуҷудию ваҳдати шуҳудӣ баррасӣ менамояд, тақсим намуд. Навъи дигари аз шакли адабиёт, ки бо адабиёти қаҳрамонӣ ва ахлоқию арзишҳои миллӣ сахт тавъам аст, адабиёти ҷавонмардӣ мебошад. Адабиёти ҷавонмардӣ бузургтарин ахлоқи эрониёнро дар тарзи муносибат риояи меъёрҳои адолат, ҳамзистӣ ва анвои гуногуни муносибатҳои иҷтимоӣ инъикос месозад. Адабиёти ҷавонмардӣ воқеан, инъикосгари бузургтарин арзишҳои ахлоқии инсонист, ки аз принсипи ҷовидонаи ахлоқии зардуштӣ маншаъ мегирад. Вақте ба умқи равишу ахлоқи ҷавонмардӣ назар меафканем, дармеёбем, ки меҳвари асосии онро “Пиндори нек, рафтори нек ва гуфтори нек” ташкил дода, мафҳуми меҳварии ин адабиёт “инсон ва зиндагонии инсонӣ” ба ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки дар ҳама навъи шинохт, маърифат, арзишгузорӣ, амалкард болотар аз инсон, меҳвар, меъёр ва ченаке вуҷуд надорад, маҳз ҳамаи шаклҳои адабӣ ва арзишҳои маънавӣ ба хотири инсон ба вуҷуд омада, шакл гирифта маъниҳои инсониро дар баробари олами ҳастӣ таҷассум менамоянд.
Муҳимтарин пажӯҳиши Қурбон Восеъ адабиёти ҷавонмардӣ ба ҳисоб мераванд. Қобили зикр аст, ки адаби ҷавонмардӣ таърихи ниҳоят куҳан дошта, асосҳои он ба даврони қабл аз ҳамлаи арабҳо мансуб аст. Ҷавонмардӣ қабл аз ин ки ба ҳайси як адабиёт шинохта шавад, дар ибтидо бештар ҷанбаи ахлоқӣ, амалӣ ва иҷтимоӣ дорад. Муаллиф дар асарҳои хеш онро ба бомдоди ба синфҳо ҷудошавии ҷамъият мансуб дониста, дар он ба ҷиҳатҳои халқӣ, гуманистӣ ва демократӣ ишорат мекунад. (Номаи ҷавонмардӣ. Қ.В. Душанбе, Ирфон 1986, саҳ. 44.)
Тавре дар боло ишора шуд, ҷавонмардӣ як рукн ва шеваи аслии зиндагонии мардуми эронӣ то омадани арабҳо будааст. Чун ин мардум такя ба принсипҳои асосии ахлоқи зардуштӣ доштаанд, барои онҳо ростӣ, некхисолӣ ва риояти адолат аз ҳама арзиши муҳим ба ҳисоб мерафтааст. Дар бораи ҷанбаҳои алоҳидаи адабиёти ҷавонмардӣ донишмандони Ғарб Фун Хомер, Гортман, Ритер, Фрос Тешнер ва шарқшиносони собиқ шуравӣ Веа Гордлевский, Бартолд, Е.Э. Бертелс. И.С Брагинский пажӯҳишҳое анҷом додаанд. Дар ин росто баъзе донишмандони Шарқ, аз ҷумла Сайид Нафисӣ, Парвиз Нотили Хонларӣ, Маликушшуаро Баҳор, Абулҳусайни Заринкуб, Муҳаммад Чаъфари Маҳҷуб, Муҳаммад Риёзихон ва дигарон низ изҳори назару андеша намудаанд.
Устод Қурбон Восеъ унсурҳои ҷавонмардиро дар садаҳои қабл аз исломӣ ҷустуҷӯ карда, давраи аввали зуҳури онро асрҳои 3-4 ва замони шаклгириашро асри 8 ва рушду нумуяшро асрҳои 13-14 медонанд. (Қ.Восеъ. Номаи ҷавонмардӣ. -Душанбе, Ирфон. -Саҳ 15, 23,24,34,35).
Бо такя ба далелҳои овардаи муҳақиқ метавон ба чунин натиҷагирие расид, ки пас аз ҳамлаи арабҳо ба Мовароуннаҳру Хуросон сараввал ҷавонмардӣ дар шакли иҷтимоию амалӣ ба вуқуъ пайвастааст. Чунин ба назар мерасад, ки пас аз ҳамлаи арабҳо, ки онҳо бо ваъдаи баробарии инсонҳо аз назари муқаддасоти динӣ вориди Эрон шуда буданд, вале воқеан онҳо сатҳи ахлоқу тафакурро бар пояи эрониён надоштанд ва табиист, ки наметавонистанд, ниёзҳои маънавии эрониёнро бароварда созанд. Ин боиси он мегардад, ки зинда нигоҳ доштани рӯҳияи эронӣ ва арзишҳои муҳими ахлоқию инсонӣ ба воситаи равияи ҷавонмардӣ нигоҳ дошта шаванд. Муаллиф дуруст қайд менамояд, ки мафҳуму маънии ҷавонмардӣ ҳанӯз дар Авастои давраи Сосониён мавҷуд будааст. Ин мафҳум ҷойгоҳи муҳимеро дар сатҳи муносибати иҷтимоӣ ва ахлоқу тафаккури эронӣ доштааст.
Муаллиф маънию мафҳуми ҷавонмардиро дар қомусҳои даврони баъдӣ яъне пас аз мустақар шудани ислом мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва махсусан фарҳангномаҳоеро мисли фарҳанги паҳлавӣ, фарҳанги форсӣ, бурҳони қотеъ, фарҳанги онадроҷ, фарҳанги луғат ва таъбироти маснавӣ, фарҳанги Нафисӣ, фарҳанги Амид, фарҳанги забони тоҷикӣ, ғиёс-ул-луғот ва амсоли ин мавриди баррасӣ қарор дода ба натиҷае расидааст, ки вожаи ҷавонмард дар забони паҳлавӣ ба маънии азиз ва ёр мушаххас шудааст ва онро дар ду маънӣ “яке ҳадди миёнаи умри инсонӣ ва дигаре иттиҳодияи одамони ҳамфикру ҳамақида, ки дар мазмунҳое бо калимаҳои сахӣ, соҳибҳиммат, шикастанафс, шуҷоъ, далер, бузургвор ва барною аёр ба он зам шудааст”.
Муаллиф собит месозад, ки ҷавонмардӣ реша дар фарҳанги куҳани эронӣ дорад ва он бо ҳамин мафҳуми тоҷикӣ форсии ҷавонмардӣ ёд шудааст. Вобаста ба ин навъ натиҷагирии муаллиф метавон ба чунин хулосае расид, ки ҳанӯз дар фарҳанги тоисломии мардуми тоҷик саховатпешагӣ, соҳибҳимматӣ, шикастанафсӣ, шуҷоъу далер будан, ба мардуми дармонда дасти кӯмаку ёрӣ дароз кардан ва дар маҷмӯъ нек будану накӯандешӣ ҷойгоҳи ниҳоят баланд доштааст. Гумони ғолиб ин аст, ки бо омадани арабҳо ва фарҳанги кӯчияшон натавонистаанд ҷойгоҳи он арзишҳои баланди инсониро ба чизи дигаре иваз созанд. Ҳамин аст, ки ҷараёни ҷавонмардӣ ҳам дар шакли муборизоти сиёсӣ ва ҳам дар шакли зиндакунандаи рӯҳияи эронӣ дубора тарвиҷ шудааст ва ба ҳайси як ҷараёни маънавию сиёсӣ табдил ёфтааст. Шояд ба хотири каме тобиши арабию исломӣ гирифтан дар баробари мафҳуми ҷавонмардӣ мафҳумҳои арабии ахию фаттӣ ба он мавриди истифода қарор гирифтан. Ин як тактикаи сиёсии нигоҳ доштани фарҳанги гузаштаи эрониён ба ҳисоб меравад, ки онро метавон дар дигар ҳолатҳо дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида намуд. Махсусан, ба муқаддасот ва унсурҳои фарҳангии қаблазисломӣ тобишҳо ва маъниҳои исломӣ доданро метавон дар урфу одат ва баъзе аз шохисҳои зиндагонии мардуми Бадахшон ба мисли “равзанаи нур” ва амсоли ин бармало мушоҳида намуд, ки он метавонад як баҳси ҷудогонае бошад. Чунин ба назар мерасад, ки ба ҳамин шева навиштани футуватномаҳо ба як мероси эҷодии мутафаккирони баъдӣ табдил ёфта, ҳамчун як ҷузъи фарҳангии мардуми эронӣ то садаи 20 ва имрӯз поянда мондааст.
Маҷмӯи таърихномаҳою футуватномаҳое, ки муҳаққиқ ҳамчун сарчашмаи таърихӣ, ахлоқӣ ва адабии ҷавонмардӣ ба мисли “Таърихи Сиистон”, “Зайнул ахбор”, “Таърихи Байҳақӣ”, “Сиёсатнома”, “Кобуснома”, “Футуватнома”-и Аттор” ва ғайра зикр менамояд, далели равшане ба гуфтаҳои болост. Раванди футуватноманависӣ асрҳои 14-15 ба авҷи худ мерасад ва шарту дараҷаҳои футуват низ мушаххас карда мешаванд ва онҳо дар баъзе аз сарчашмаҳо то ба 72 шарт ёд карда мешаванд. Ҳамин тавр, муаллиф футуватномаҳои зиёдеро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад. Аз ҷумла, “Футуватнома”-и манзуми Аттор”, “Китоб-ал-футуват”-и ибн ал Меъмор, “Футуватнома”-и Носирӣ ва “Футуватномаи султонӣ”-и Ҳусайн Воизи Кошифиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Дар баробари ин, муҳаққиқ инъикоси ҷараёни ҷавонмардиро чӣ аз назари арзиши ахлоқӣ ва чӣ аз назари сиёсию иҷтимоӣ дар ашъори поягузори адабиёти классикии тоҷик Рудакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хисрав, Сӯзании Самарқандӣ, Саноии Ғазнавӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигар шоирони бузурги форсу тоҷик арзёбӣ менамояд.
Аз пажӯҳишҳои анҷомдодаи профессор Қурбон Восеъ дар самти мушаххас намудани адабиёти ҷавонмардӣ ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки:
Ҷараёни ҷавонмардӣ як рӯҳияи бедор ва муқовиматии мардумони сарзамини мо дар баробари муҳоҷимини арабу турку муғулӣ буда, он дар худ арзишҳои баланди инсониро инъикос намудааст ва барои мондагории ҳуввияти миллии мардуми мо як заминаи асосӣ будааст. Аз тарафи дигар, ҷараёни сиёсӣ, иҷтимоӣ, адабӣ ва ахлоқии ҷавонмардӣ то андозае тавонистааст, ба муҳоҷимине, ки ба ин сарзамин омадаанд, аз ҷумла арабу турку муғулҳо таъсир гузошта, ононро то андозае ба қабули дидгоҳу арзишҳои ахлоқӣ ва инсонмеҳвари эронӣ водор сохтааст.
Гумони ғолиб ин аст, ки тавассути футуватномаҳо арзишҳои асили эронӣ ҳифз гардида, ҳамон бовармандии инсонмеҳвари эронӣ дар тобишҳои исломӣ зуҳур кунад ва ҳамеша бардошти мардумони сарзамини моро аз дину бовармандӣ ба ҳамон андешаи некимеҳвари авастоию зардуштӣ пайваст нигоҳ дорад.Имрӯз низ мардуми мо аз назари бовармандӣ бештар дунболаи некуӣ ва некукориест, ки маншаъ аз боварҳои кӯҳани эронӣ мегирад.
Рисолати дигари адабиёти ҷавонмардӣ дар он аст, ки он сирфан хусусияти миллӣ ва эронӣ дошта, тавонистааст дар баробари ҳуҷуми фарҳангҳои бегона, аз як тараф ҳуввият, ҳаммият, тарзи андеша, ҳақоиқи зиндагӣ ва муносибати ахлоқи ҳасанаи эрониро нигоҳ дошта ба наслҳои имрӯза мерос гузорад.
Арзишмандӣ ва нотакрории дигари таҳқиқи устод Қурбон Восеъ дар он ифода меёбад, ки тавонистааст ҷавонмардиро ҳамчун навъи муайяни адабиёт, ё як шакли хоси адаби тоҷикӣ, ки сад дарсад фарогири унсурҳои миллӣ аст, бо далелҳои муътамад собит созад.
Номбурда адабиёти шарқу ғарбро таҳлил намуда, ба чунин натиҷае мерасад, ки адабиёти ҷавонмардӣ инъикос ва таъсири худро ба адабиёти аврупоӣ расонида, он чи ки барои аврупоиён дар шакли адабиёти ритсарӣ маълуму маъруф аст ва он заминаи ташаккулаш асрҳои 14-16 ба ҳисоб мераванд, намунаи дигаре аз адабиёти ҷавонмардист.
Воқеан ҷараёни ҷавонмардӣ дар шакли сиёсию иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқӣ тавонистааст асолати миллии моро нигоҳ дорад ва дар худ тамоми арзишҳои муҳими миллию иҷтимоиро таҷассум намуда, миллати моро дар баробари ҳуҷуми сиёсию маънавии бегонагон эмин нигоҳ дорад. Изофа бар ин, имрӯз низ дар шароити давлати мустақил, раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангие, ки сурат мегирад, маҳз адаби ҷавонмардӣ дар худ тамоми арзишҳои баланди миллӣ, маънавӣ ва инсонмеҳвари мардуми ориёиро ифода кардааст ва он метавонад боз ҳам ҷиҳати тақвияти рӯҳияи миллӣ, муқовимат ба фарҳанги аҷнабӣ ҷиҳати нигоҳдошти асолати миллӣ хидмат намояд. Дар ин замина, метавон пажӯҳиши густурдаи устод Қурбон Восеъро дар самти адаби ҷавонмардӣ яке аз муҳимтарин таҳқиқоти адабиётшиносии муосир арзёбӣ намуд.
Ҳоло, ки устод дар остонаи 80-умин солгарди умр қарор доранд, эшонро ба ин шодрӯзии умр табирику муборакбод мегӯем ва барояш тамоми хубию хушиҳо, давлати пириву сиҳатмандии комилро орзу намуда, таманно мекунем, ки дигар ҳадафу ниятҳоеро, ки дар самти шинохти арзишҳои миллӣ доранд, ба он комгор шаванд.
И. Шарифзода, файласуф