Таҳсилро дар мактаб – интернати №1 – и шаҳраки Данғара аз синфи панҷумӣ идома бахшидам (1970). Боис он буд, ки маро модар дар 9 – солагӣ тарк гуфтаву падар ночор ин амалро ба худ раво дид. Дар шаҳрак хешовандон, барандагони сулолаи Қозӣ Кароматуллоҳи Валии Кангуртӣ кофӣ буд. Гоҳу ногаҳ ҳамроҳи падар рӯзҳои истироҳат ба хонаи хешовандон мерафтем. Ин сайру дидорбинӣ ба он хотир буд, ки ман бемодариамро эҳсос накунам. Сар аз ҳамон овон (1970 – 1975) борҳо ба хонаи тағоии Абдулваҳҳоб, хешовандон – акаи Ислом, Шомурод, Маҳмадсидиқ, акаи Солеҳ, холаи Сангимоҳ (завҷаи Файзулло Салим), акаи Абдулҳамид, раиси маҳалла ва дигар аҳли ақрабо меҳмон шудаам. Аз он боис, ки маро падару модар ва хусуру хушдоман аз як кунда, набераҳои бобои Ҳайдарбойи кангуртианд, ағлаби аршади мардони солори аҷдодро тағоӣ мехонам. Қиблагоҳӣ холаи Момаҷонам, хуллас аҳли ақрабои алиҷониамон, бобои Абдулваҳҳобро бо меҳри беандоза тағоӣ ном мегирифтанд.
Аз тамоми хешони данғарагӣ ба тағоии Абдулваҳҳоб меҳри хосса доштам. Ҳар гоҳи хабаргириамон, аз хонаи бузургбародари модарам Алихони Бӯрихон ӯро меҳрубону хушсухан дарёфтаам. Риши ғӯлии мошубиринҷ, дастори рах – рахи зебоашон ӯро ҳусн меафзуд. Ба хаёлам, агар тағоии Назрулло (равонашон шод бод) риш мемонду дастор мебаст, ба тағоии калонӣ як себи ду кафонро мемонд.
Мурод аз ин дебоча киву айёми хурдсолӣ, муаррифии пайвандон асту бас, зеро дар замони прогресси техникӣ ва олами сармоядорӣ, кунун дар қисме аз суру маъракаҳо на бештар аз 25 – 30 дарсади хешовандонро мебинеду халос. Аз ин ба баъд, бо гузашти 1 – 2 даҳсола равуои хешовандон ба ҳадди ниҳоӣ мерасад. Дигар ягон каси бекор дар ҷамъият намемонад, баъдан, дар олами сармоя меҳр гум мешавад, савум, танзими маъракаҳо низ бетаъсир намемонад. Аҳволпурсӣ насиб бошад, тавассути интернет маъмул мешавад, хешутаборӣ ҳам…
Аз девори мактаб – интернат то ба хонаи тағоии Абдулваҳҳоб дусад метр беш масофа нест, аммо рафтуомад ба ин хонадон танҳо ҳамроҳи падар сурат мегирифт, солҳои баъдӣ бо роҳбаладии бародарам Нурулло Алихон. Аслан, дидору вохӯриҳои баъдиро боис маъракаҳои хурсандӣ буд. Аз он рӯзгорон – солҳои навҷавонӣ, чанд лаҳзаро дар хотир нақш бастаам.
Лаҳзаҳо
Якум. Ҳуҷраву ҳавлии тозаву озодаи холаи Хуросон аз назари бинанда ниҳон намемонд. Аҷиб рафтор, соҳибхона болои кӯрпачаҳо суфи сафед мепартофтанд, мисли пойандоз. Инак, бо гузашти чаҳор даҳсола, то ба ҳол чунин тарзи озодагиро хонаи дигар надидаам. То ҷое, ду тан аз бунаи ҳайдарбойӣ бо тозагиву озодагӣ ба хола қаробат доранд. Аввалӣ, усто Мустафо (равоншон шод бод), баъдӣ, Сунаҳварбону, духтари тағоии Алихони Бӯрихон…
Дувум. Суҳбат, ҳазлу шӯхиҳои гирди дегу самовор, ҳини баргузории тӯю маъракаҳо, саволу ҷавобҳо хотирмонанд. Дар маркази мубоҳисаҳои шавқангез ду тан аз бародарон, набераҳои тағоии Абдулваҳҳоб ҷавонмардони ростин Нурулло Алихон ва Хайрулло Сафар мақоми шоиста доштанд. Хайрулло шеърфаҳму адабиётдӯстдор, муаммоҳои зиёде медонист ва мудом ба миён саволҳои рағбатангез мепартофт, ки дар ҳалли он душворӣ мекашидем. Ниҳоят, он ҳама шӯхиву базлагӯиҳо, баҳсу мунозираҳои адабӣ бо хандаҳои ширину самимӣ ва зарбаи торсаст ба ҳам бархӯрдани кафи дастони Нурулло ва Хайрулло анҷом меёфт. Акаи Нурулло дастфишориро нағз медид ва ҳоло ҳам сари завқ аз он одат сар намепечад, зеро ӯ он овон ронандаи автомобили боркаши ЗИС буду тоб додани чамбараки он бас сангин меафтод. Аз ин боис, дастони боқуввати машқдида дошт. Шукрона, ҳоло ҳам тавонманд аст. Хайрулло низ аз ака монданӣ надорад, зеро ӯ аз хурдсолӣ дар кӯраи меҳнат обутоб ёфта…
Савум. Симои ҷиддиву омирона, оромтабиативу самимият ва, ҳамзамон, лафзи ширини фарзанди бузурги хонадони холаи Хуросон марди поксиришт акаи Файзулло дар ёдҳо нақш бастааст.
Ошноӣ
Файзулло соли 1955 (20 феврал) дар деҳаи Ҷинистон (ҳозира Чанор) ва ман соли 1957 (5 июн) дар деҳаи Чашмаи Чӯҷаи собиқ ноҳияи Кангурт зода шудаем. Аслан, он қадар фарқияти синнусолӣ надоштем, аммо он ҷонибро бузургу солор меҳисобидам…
Файзулло марди порсо, поксиришт, парҳезкор, накукирдор, бовиҷдон ва ҳам шариф буд. Кӣ аз пайвандӣ бо чунин фарди заминӣ ҳам намефахрад? Ҳарчанд дар аҳди шуравӣ афроди зиёди заҳматкаш, пешсафу бологузар буданд, даст болои сина, дар ин муддат аз Файзулло Амиралӣ дида, бо шахси бавиҷдону ҳалолкор варнахӯрдаам.
«Генсек»
Овони шуравӣ дар ҷомеа нафарони парҳезгору поксиришт, ростқавлу заҳматкаш ва баинсоф, ба қавли онрӯзиён «коммунист» – он кам набуданд, аммо ӯ батамом дигар буд. Сар аз солҳои 80 -и асри гузашта Файзулло Амиралиро на танҳо «коммунист» (ба маънии бовиҷдон), балки «генсек» (котиби генералӣ) низ ном мебурданд, ки дар ин унвон маънии баланд ва мартабаи сазовор нуҳуфта аст.
Рӯзе аз бузургбародарам Нуралӣ Алихон аз боби тахаллуси болозикр пурсон шудам. Гуфт ин унвонро ба ӯ роҳбарамон Эмомалӣ Раҳмонов лоиқ дидаанд. Файзуллои мо ба ин унвон шоиста аст, зеро шахси бовиҷдон ва дар кор басо масъулиятшинос, бошараф, хайрхоҳ ва ҳалолкор аст…
Шуруъ аз соли 1976, бо Файзулло танҳо дар маъракаҳои хешовандон вомехӯрдем, зеро пас аз ду соли хизмати аскарӣ ва сокини пойтахт шудан аз соли 1979, ӯро дер – дер медидам. Ин муддат ҳар яке аз пайи рӯзгори хеш саргардон будем.
Мужда
Моҳи декабри соли 1999 мужда расид, ки ӯ ба пойтахт меояд. Аз ин навиди фараҳбахш шод гаштам. Файзулло Амиралиро ба Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат хонда будаанд. Дидорбинӣ рафтам, дар шуъбаи комплекси агросаноатии дастгоҳ лаҳзае суҳбате хуш ороста, аз рӯзгори якдигар воқиф гаштем. Ҳини фаъолияташ ба симати мушовири Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо (аз соли 2000 – ум) тақозои вазифа зуд – зуд дидор медидем. Ман низ дар яке аз сохторҳои дастгоҳ масруфият доштаму баҳри иҷрои супоришҳо пайваста ба идораи болоӣ мерафтам. Баъдан, ҳуҷраи кории мушовирони кадрӣ дар қабати якуми қаср, ба гуфте, дар дамаки раҳ қарор дошт ва сари як пиёлаи чойи сабз аз ину он масоил ёд мекардем. Ӯ ҳамон буду ҳамон, серташвишу масъулиятшинос, серкор…
Фаъолият
1977 – хатми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур (агрономи олим). 1977 – 1978 – агроном оид ба корҳои зидди эрозияи замини идораи кишоварзии ноҳияи Данғара. 1978 – 1982 – агрономи калон, сардори бригадаи хошоктайёркунии совхози ба номи В. И. Ленин. 1982 – 1985 – котиби комсомолии ҳамин совхоз. 1985 – 1987 – инструктори шуъбаи тарғиботу ташвиқоти комитети Ҳизби коммунисти ноҳияи Данғара. 1987 – 1991 – котиби озоди ҳизбии совхози ба номи В. И. Ленин. 1991 – 1999 – муовини директори совхоз, раиси раёсати хоҷагии коллективии ба номи Ленин. 1999 – 2000 – сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ. 2000 – 2001 – мушовири Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо. 2001 – 2005 – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2005 баъди ба охир расидани ваколат, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ҷангали ҷумҳурӣ таъин шуд. Мавсуф ба тараққиёти соҳаи ҷангал масъул буд. Бо ахлоқи ҳамида дар дилу дидаи кормандону мутахассисони Кумита мақом ёфт. Раиси Кумита Абдувоҳид Каримов аз меҳнати шоиста ва дилсӯзонаи ӯ нисбат ба иҷрои вазифа изҳори қаноатмандӣ мекард. Моҳи ноябри соли 2007 бо сабаби ба дарди сактаи дил гирифтор шуданаш, Файзулло Амиралиев аз вазифа истеъфо дод.
Ёдвора
Назруллои Абдулваҳҳоб, собиқ роҳбари Дастгоҳи МН МО ҶТ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон:
– Боре аз Душанбе ба Кӯлоб мерафтам. Сари роҳ апара хабар гирам гуфта, ба ҳавлӣ даромадам (шаҳраки Данғара). Назди дарвозаи ҳавлӣ болои гилем як миқдор гандуми шуста офтоб мехӯрд. Дидам, ки баробари гандум ғаллаи болои он аз мушунг иборат аст. Аз апа (холаи Хуросон) пурсидам:
– Ин чист? Гуфт: – Ба фаҳми Файзуллои мо ин гандум аст, ки бояд ба осиёб барем…
Аз ҷавоби апа хандаам омаду ҳайрон гуфтам: – Магар Файзулло, роҳбари як хоҷагии овозадор, наход зӯраш ба 100 кило гандуми тоза нарасад?
Апа: – Мерасад, вале мегӯяд, ки гандуми тозаро барои тухмӣ нигоҳ медоранд, барои мо бошад, ҳаминаш ҳам басанда аст…
Баъдтар, фаҳмидам, ки Файзулло аз саволи ман дар хусуси гирифтани гандуми тоза чунин посух додааст: «Тағоии ман маст аст. Одамҳо аз гуруснагӣ мурда истодаанду ман бояд ғами худро хӯрам!…». Аз гуфтаи Файзулло хафа нашудам, чунки дар он шароити тангу номусоид вай сухани ҳақро гуфта буд…
Алимурод ТАҒОЙМУРОДОВ, директори совхози ба номи Ленин, собиқ директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон»:
«… Файзулло ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегуфт, ғами мардумро мехӯрд, рӯзҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ онҳоро ба сабру таҳаммул даъват менамуд, чанд буна гурезаҳоро аз водии Вахш дар хонааш ҷой дод. Ғалла кам буд, ба ҷои музди меҳнат, агар дигарон 100 кило гандум гиранд, ӯ 50 кило мегирифт. Нисфи дигарашро бигзор муҳтоҷе гирад, мегуфт…».
Нуралӣ АЛИХОНОВ, собиқ сарбайтори хоҷагии ба номи Ленин:
«Файзулло дар аввали фаъолияташ дар саҳро пиёда мегашт. Роҳбари хоҷагӣ супориш дод, ки барояш як аспи саворӣ аз гала ҷудо карда биёрам…
Роҳи ба короии Файзулло аз паси хонаи Саид Шамсуллоев (раиси Иттифоқи касабаи хоҷагӣ) ва директор Эмомалӣ Раҳмонов мегузашт. Ҳар субҳдам, ҳини бо аспи резапояш аз пушти ҳавлии директор гузаштан, аз шарфаи пойҳои аспи «генсек» (наълкардашуда) калонҳо аз хоб бедор мешуданд. Аввалҳо ба ин воқеа чандон эътибор намедиҳанд. Баъди такрор ёфтан, директор мефаҳмад, ки ин шарфаи пойҳои аспи Файзулло Амиралиев аст. Роҳбарамон дар яке аз ҷамъомадҳо бо фаъолони хоҷагӣ мегӯяд: – Хуб шуд, ки мо ба Амиралиев мӯза ва асп ҷудо кардем. Акнун, аз шарфаи наълҳои аспи Файзулло аввал Шамсуллоев ва баъд ман барвақт аз хоб мехестагӣ шудем…».
Парҳезгор
Бародари хушбин, поксиришту парҳезгори мо Файзулло Амиралӣ талқин мекард: луқмае, ки мехӯрем, бояд ҳалол бошад. Яъне, касеро нафиребем, нону моли ҳалол ба даст оварем:
Луқма, ки дар асл набошад ҳалол,
З – ӯ нафитад, мард магар дар залол.
Дар ҷомеаи имрӯза, ки онро ҷомеаи сармоядорӣ унвонаш медиҳанд, дарёфти чунин афроди парҳезкор амрест муҳол…
Ӯ дили ҳассос дошт, аз нобаҳангомиҳо ғусса мехӯрд, дилтанг мешуд, аммо вазъи руҳиашро ошкор намесохт, онро дар умқи қалбаш нигаҳ медошт. Ҳамин буд, ки ин ҳолат ӯро ба бемории сактаи дил гирифтор кард. Бори нахуст сусттар (микроинфаркт) гирифт. Баъди муолиҷаи кӯтоҳмуддат ба кор баромад. Чанде пас, беморӣ аз нав хуруҷ кард ва табобат тул кашид ва қариб ҳашт сол дардмандӣ кашид…
Субҳи 24 ноябри соли 2013 Файзулло Амиралӣ баъд аз бемории 8 – сола дар 59 – солагӣ дунёи фониро тарк гуфт. Мувофиқи васияташ, дар сарманзили ҳазрати Мавлавӣ (Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ) – и қасабаи Кангурт, дар шафати гӯри падар, мадфун гашт.
Аҷаб ҷавонмарде буд ӯ, ки назирашро надидем. Аз фарзонагон буд ва ҳар як шахси огаҳ орзу мепарварад, ки чунин бародари поксиришту парҳезкор ва поквиҷдон дошта бошад. Бо гузашти нуҳ сол ҳар бори дидор бо азизони дил симои бародари фозилу поксиришти мо Файзулло пеши назар ҷилвагар мешавад. Ба қавли Адиб Собири Тирмизӣ, ҳақ дидему гуфтем ба чашму забон…
Умар АЛӢ