Минҳоҷ Ғуломов 3 сентябри соли 1923 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада, соли 1952 факултети муолиҷавии Донишкадаи тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро бо “Дипломи аъло” хатм намудааст.
Солҳои 1952 – 1954 Минҳоҷ Ғуломов ординатори Институти психиатрияи назди Вазорати нигоҳдории тандурустии ИҶШС, солҳои 1954 – 1957 аспиранти Институти умумииттифоқии тадқиқотии илмии психиатрияи умумисудии ба номи В. П. Сербский, солҳои 1957 – 1960 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии клиникии психиатрия, солҳои 1960 – 1996 мудири кафедраи психиатрия ва наркологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва аз соли 1974 то соли 1996 ноиби ректор оид ба илм ва нашрияи ҳамин донишгоҳ буд.
Минҳоҷ Ғуломов то охири умр ба сифати сармутахассис-психиатри Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, аввалин шахсе мебошад, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беморхонаи наркологӣ бо шӯъбаи эҳёгариро ташкил намудааст. Ӯ муддати 26 сол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ фаъолият намудааст. Номбурда муаллифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи расонидани кӯмаки психиатрӣ мебошад. Минҳоҷ Ғуломов инчунин ҷонишини раиси Ҷамъияти умумииттифоқии илмии психиатрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон ва солҳои охири ҳаёташ ноиби Президенти Федератсияи ҷамъиятҳои илмӣ ва Ассотсиатсияи психиатрҳову наркологҳои мамлакатҳои ИДМ, Президенти Ассотсиатсияи психиатрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ҳамзамон, соли 1986 Минҳоҷ Ғуломов ба ҳайси узви Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии психиатрҳо интихоб гардида, ягона олими давраи шуравӣ буд, ки дар ин ташкилоти бонуфузи байналмилалии тандурустӣ коршинос (эксперт) оид ба масъалаҳои психиатрия ва наркология таъйин гардид.
Минҳоҷ Ғуломов муаллифи зиёда аз 377 таълифоти илмӣ, 18 монография, 13 кашфиёт, 8 китоби дарсӣ, 48 дастури таълимӣ мебошад. Китобҳои дарсии «Луғати истилоҳоти эпиномикӣ дар равонпизишкӣ» (Киев, 1984), «Психиатрия» (Душанбе, 1993), «Равонпизишкӣ» (Душанбе, 1996), дастурҳои таълимии «Шакли таваҳҳуми алоими автоматизми равонӣ», «Таваҳҳуми даҳонуҳалқӣ», «Алоими Кандинский-Клерамбо» ба қалами вай тааллуқ доранд. Имрӯз китоби «Психиатрия»-и ӯ китоби рӯимизии равоншиносони тамоми сайёра маҳсуб меёбад.
Дар тӯли фаъолият Минҳоҷ Ғуломов беш аз 400 табиби равонпизишкро тарбият намудааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ 34 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.
Барои хизматҳои арзанда дар рушду тавомули илми тиб Минҳоҷ Ғуломов бо «Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино» (1977), ордени «Ленин», ордени «Револютсияи Октябр», ду ордени «Нишони фахрӣ», Нишони «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон» (пас аз марг), медал ва ифтихорномаҳои зиёди соҳавиро сазовор гардидааст.
Соли 1964 Минҳоҷ Ғуломов бо унвонҳои “Духтури хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Аълочии Вазорати саноати химияи Ҷумҳурии Халқии Булғористон” сазовор дониста шудааст. Ӯ соли 1986 эксперти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соҳаи психиатрия ва наркология таъин гардида, солиёни дароз ягона намояндаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ буд.
Китоби дарсии таълифнамудаи Минҳоҷ Ғуломов «Психиатрия», ки соли 1993 чоп шуда буд, дар тамоми олам истифода мегардад. Айни ҳол падидаҳои психопатологии гуногунияти психозҳо, ки онҳоро ин муҳаққиқи бузурги соҳаи тиб дарҷ намудааст, дар илми тибби муосир номи ӯро гирифтаанд. Инҳо: варианти галлюсинатории синдроми автоматизми психики Ғуломов (Гулямова галлюцинаторный вариант синдрома психического автоматизма), галлюсинатсияи даҳону гулӯгии Ғуломов (Гулямова ротоглоточные галлюцинации), Синдроми Кандински-Клерамбо- Ғуломов (Синдром Кандинского-Клерамбо-Гулямова) ва ғайра.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии наҳзати исломӣ ба куштори ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, олимон, шоиру нависандагон, рӯзноманигорон ва умуман шахсиятҳои маъруфу зиёиёни тоҷик, ки ақидаҳою идеяҳои ифротиро маҳкум менамуданд, даст мезаданд. Мутаассифона, дар қатори ин фарзандони фарзонаи миллати тоҷик Минҳоҷ Ғулом низ қарор дошт, ки 6 – уми майи соли 1996 гурӯҳи яроқноки аъзои ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бо роҳбарии Раҳмон Сангинов (Раҳмон Гитлер), Пираков Диловар Шохович ва дигар нафарони шахсияташон номаълум дар назди шаҳраки табибони шаҳри Душанбе ин олими тавоноро ҳамроҳи Юсуф Исҳокӣ, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.И.Сино ва ронандаи мошини хизматии донишгоҳи мазкур Виктор Худяков бо истифода аз яроки оташфишон ваҳшиёна ба катл расониданд.
Ин хунхорони наҳзатии аз ахлоқи инсонӣ дур, бо дастури хоҷагони хориҷии худ, ки онҳоро бо молу пул таъмин менамуданд, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд мамлакатро ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ созанд. Барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ хоинони миллати тоҷик шарафу виҷдон ва ҳатто мазҳаби худро фурӯхта, ният доштанд, ки ба сари мардуми тоҷик мазҳабу ғояҳои барои он бегонаро бор намуда, дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо намоянд. Барои ин разилони наҳзатӣ миллату давлат ва истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзиши олӣ вуҷуд надошта, бо дастури хоҷагони хориҷии худ дар ватани биҳиштосоямон сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардумро халалдор сохтанд.
Бешубҳа, мардуми Тоҷикистон, ки дар даҳсолаи аввали истиқлолияти давлатӣ аз дасисаву иғвоангезии ин ташкилоти террористии наҳзати исломии ба хоҷагони хориҷӣ фурӯхташуда дарси бесобиқаи таърихӣ гирифтааст, ҳаргиз фирефтаи ҳарфҳои дурӯғину иғвогаронаи саркардаи фирорӣ ва дигар аъзоёни бемиллату беватани ин ташкилоти террористии наҳзатӣ намешавад. Зеро дилхоҳ фард, ки худро фарзанди асили ин сарзамин меҳисобад, барои пойдории ягонагии марзу буми Ватан, мустаҳакам гардидани Ваҳдати миллӣ, баҳри баланд бардоштани нуфуз ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.
Имрӯз доктори илмҳои тиб, узви вобастаи Академияи илмҳои тибби ИҶШС ва ФР, профессор Ғуломов Минҳоҷ Ғуломович дар бари мо нест, аммо номи неки ӯ дар дилу дидаи мардуми тоҷик абадан боқи хоҳад монд.
Баҳри гиромидошти хотираи неки Минҳоҷ Ғуломов, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик гузошта шуд.
А. С. Саидов, устоди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино