Коршиносон ва таҳлилгарон, ғолибан Ҳаракати Толибонро, ки баъди солҳо ҷангу даргириҳо ва қатлу кушторҳо ахиран бар кулли манотиқи Афғонистон тасаллут пайдо намуд, ба унвони хатару таҳдиди воқеӣ барои кулли минтақа  муаррифӣ месозанд. Ҳузуру нуфузи Толибон ҳамчун ташкилаи зиддимардумӣ ва зиддиарзишӣ (манзур арзишҳои милливу демократию дунявианд) дар Афғонистон боиси танишу чолишҳои ҷиддие дар минтақа гардидааст. Аз як тараф, қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва побанди арзишҳои пӯсидаи асримиёнагӣ кардани мардум ва хусусан занон ва аз тарафи дигар, дар заминаи ташкили давлати ҳамашумул ва фарогир иқдоме нагирифтани онҳо авзои минтақаро асафбор кардаст.

Ҳанӯз аз ибтидои тасаллути Толибон бар Кобул (15 августи соли ҷорӣ) бонувони ҷасури афғонӣ алайҳи зулму истибдоди онҳо  қад алам карда, тариқи тазоҳуроти густарда аз вуҷуди худ дарак доданд. Пушти по задани ҳуқуқи занон ба кору таҳсилот ва дар навбати худ давом додани куштору шиканҷаи табақоти рӯшангари ҷомеаи афғонӣ, бахусус тоҷиктаборон симои воқеии Толибонро ба намоиш мегузорад. Қатлу кушторҳои дастҷамъии панҷшериён ва зери шалоқу шиканҷа қарор додани занону бонувони афғонӣ, ки алайҳи беадолатиҳои Толибон мешӯранд, ҷомеаи пешқадами ҷаҳониро беташвиш гузошта наметавонад.

Зимнан, ҳукумати толибонӣ, ки инак, зиёда аз дуюним моҳ боз Афғонистонро ба тангнои гуруснагӣ, қашшоқӣ ва бадбахтию мусибат мекашад, чистию кистии худро нишон дод. Дарвоқеъ, Ҳаракати Толибон гурӯҳи ифротгаро ва даҳшатафканеанд, ки аз ҷониби неруҳои муайян назорат гардида, бар зидди арзишҳои дунявӣ таҳрик дода шудаанд. Албатта, ин ҳам маълум аст, ки Толибон ва ҳар ташкилаи ифротгаройи динию мазҳабӣ алайҳи арзишҳои миллӣ ва дунявӣ мубориза мебарад ва барои тобеъ кардани мардум, маҳор кардани ҷунбишҳои миллӣ-озодихоҳӣ ва дар маҳдудаи тарсу ваҳшат қарор додани инсонҳо талош меварзад. Ин усул ва принсипи сиёсию идеологиро мо дар мафкураи Толибон ва ҳаракатҳои дигари ифротгаройи мазҳабӣ мушоҳида карда метавонем.

Метавон ҳадс зад, ки тасаллути Толибон ба кулли Афғонистон ҷиддитарин таҳдиду хатарро ба амнияти давлату кишварҳои минтақа дар пай дорад. Гузашта аз ин, неруҳои бадхоҳи давлати Тоҷикистон, хусусан ТТЭ ҲНИ, ки дар қолиби ташаккулаи зиддимиллии ба ном ПМТ даромадааст, дар берун аз кишвар ба пароканиши иғвою дасисаҳо машғул буда, ҳар як маълумоту иттилоот ва гузоришу ахборро ба манфиати сиёсати наҳзатӣ дуруст мекунанд, то ин ки ба ҳадафои шумашон бирасад.

Бояд таъкид кард, ки созмони террористию экстремистии наҳзати исломӣ бар мабнои таҷриботи сиёсию интизомии қаблӣ дар Афғонистон аз тариқи роҳандозӣ намудани амалҳои тахрибӣ аз худ дарак медиҳад. Ҳарчанд ки саркардаи наҳзатӣ М. Кабирӣ борҳо аз вуҷуду ҳузури неруҳои интизомии наҳзатӣ ва ё ба наҳзат иртиботдошта дар хоки Афғонистон изҳори беиттилоӣ мекунад, ҳақиқат ва воқеиятро пинҳон дошта наметавонад. Илова бар ин, созмони террористии “Ансоруллоҳ”, ки қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ маҳсуб меёбад, барои бароварда сохтани ниёзҳои сиёсию мафкуравии наҳзатӣ ҳанӯз  дар хоки Афғонистон фаъол аст. Ин созмони наҳзатӣ ҷиҳати анҷом додани амалҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон аз ҳар роҳу васила истифода мебарад. Ҳодисаи даҳшатоваре, ки як соли қабл дар вулусволии Моймайи Дарвози Болои Афғонистон ба вуқӯъ пайваст, симои воқеии созмони террористии “Ансоруллоҳ”-и наҳзатиро ба намоиш гузошт. Намояндагони ин созмони ифротгаройи наҳзатӣ ба вулусволии Моймайи Дарвози Боло ҳамла карда, тоҷикони ин минтақаро бераҳмона тирборон намуданд. Зиёда аз ин, ин гурӯҳи даҳшатафкан ҳамлаи худро ба вулусволии Моймай ба навор гирифта, дар фазои маҷозӣ паҳн кард. Қатлу куштори тоҷикони вулусволии Моймай дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои ҷиддиро ба бор овард ва корбарон ин навъ бераҳмии ҷангиёни худбохтаи наҳзатиро маҳкум намуданд. Бо ин амали зишту ваҳшиёна ансоруллоҳиёни наҳзатӣ  ба тамоми ҷаҳон нишон доданд, ки то чӣ андоза аз муҳаббату самимияти миллию инсонӣ дуранд ва ба хотири амалӣ кардани як ғояи бегона ва таҳмилӣ аз тамоми муқаддасоти миллию инсонӣ рӯ метобанд ва ҳамчун манқурт теша бар решаи миллат мезананд.

Афзун бар ин, чанд моҳ пештар раиси мақомоти пешини амнияти Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷ зимни суханрониаш дар доираи Конфронcи минтақавии мубориза алайҳи терроризм аз гурӯҳу созмонҳои ифротгаро ва террористӣ, хусусан “Ансоруллоҳ”-и ТТЭ ҲНИ ёдовар шуда, амалкардҳои тунду радикалии ин гурӯҳи террористиро ҳамчун хатар ба минтақа арзёбӣ намуд. Раиси мақомоти пешини амнияти Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷ дар баробари дигар созмонҳои террористии динӣ  аз гурӯҳҳои ҷангии  ТТЭ ҲНИ  низ ёдовар шуд, ки боиси аз байн рафтани суботу амнияти Афғонистон мегарданд.

Ба ин маънӣ, Толибон, ки ҳадафи ташкили аморати  исломиро дар кишвари худ дунбол карда, ҷуғрофиёи Афғонистонро масири ҳаракат ва нуфуз қарор додааст, оянда ба Осиёи Марказӣ низ хатар эҷод мекунад, чаро ки гурӯҳҳои дигари террористию экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ дар ин минтақа пайи по дуруст намуда, давлатҳои миллӣ ва низомҳои дунявиро ҳадаф қарор медиҳанд. Афзун бар ин, ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ, ки дар қолибу созмонҳои гуногун зуҳур мекунад, душмани асосии давлат ва миллати тоҷик аст. Раҳбари фирории наҳзатӣ, аз бозе ки дар хориҷ паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст, мудом дар қолаби иддаофурушии пуч созмони наҳзатиро ба унвони ташаккулаи мардумӣ ва дур аз ифроту тафритгарӣ ташвиқу тарғиб мекунад ва алайҳи давлати Тоҷикистон тавтеаву дасисаҳои нав ҷур месозад.

Пас аз он ки раҳбари ташкилаи террористию экстремистии наҳзати исломӣ ба хориҷа паноҳ бурда, таҳти пӯшиши сиёсию молиявии баъзе созмонҳои хориҷии манфиатдор қарор гирифт, аз тариқи таъсиси сомона ва пойгоҳҳои иттилоотию хабарӣ иғвогарию дасисачинӣ ва дурӯғпароканию тавтеабозиро алайҳи давлати Тоҷикистон идома дод ва то имрӯз ин масирро бешармона мепаймояд.

Тариқи расона, сомона ва торнамоҳое, ки бо сармояи пуштибонони хориҷии наҳзат таъсис ёфтаанд, террористони  наҳзатӣ бо раҳбарии М. Кабирӣ шабонарӯзӣ ба парокандани дурӯғу фитна, таҳрифи воқеиёти рӯзи кишвар, нодидагирии дастоварду комёбиҳои мамлакат, тафсири ғайримантиқии ҳаводиси имрӯзӣ, тавзеҳи муғризонаю яктарафаи рухдодҳо ва пахши иттилооти нодуруст машғуланд.

Хулоса, ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ аз рӯйи мақсаду маром ва тарзу усули фаъолияташ барои Тоҷикистон мисли Толибон хатарнок аст. Наҳзат ҳам монанди Толибон барномаи сохтани давлати исломиро дорад ва ин ташкилаи зиддимиллӣ ҳамеша орзуи ба салтанат расидан ва дар ихтиёр гирифтани дороиҳои миллатро дар сар парваридаст ва имрӯз, бо омадани Толибон бар сари қудрат бо ҳар роҳу восита мехоҳад, барномарезиҳои худро дар хориҷ аз кишвар пиёда сохта, ба раванди ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон халал эҷод намояд.

Хушбахтона, наҳзат ва доираҳои наҳзатӣ дар Тоҷикистон камтарин пуштувонаи мардумӣ надоранд. Муҳимтар аз ин, давлати миллӣ иқтидор ва тавонмандии онро дорад, ки алайҳи неруҳои зиддимиллие мисли ТТЭ ҲНИ муваффақона мубориза бубарад, аҳдофи нопоки онҳоро нақше бар об кунад ва пеши роҳи хиёнаткорони наҳзатиро бигирад.

Мардуми тоҷик бо чашми сар оқибатҳои тасаллути Толибонро дар Афғонистон мебинад ва хулосаҳои даркорӣ мебароварад. Асароти кору сиёсати толибониро ҳар рӯз аз тариқи сомона ва расонаҳои дохилию хориҷӣ ба мушоҳида мегирем: таҳдиду фишори ҳамарӯза сари табақаҳои иҷтимоӣ, куштори аҳли фарҳангу ҳунар, шиканҷаи бегуноҳон, дуздиву чаповулии моли мардумӣ, фақру қашшоқӣ ва мусибатҳои дигари инсонӣ, ки кишвари ҳамсояи моро дунболагирӣ мекунанд, ҳамагӣ ба истибдоди толибонӣ иртибот доранду бас. Агар чунин аст, пас, наҳзат ҳам, бидуни шубҳа, бо Толибон аз назари ақидатӣ ва фикрию идеологӣ як мебошад. Аз ин ҷост, ки миёни ин ду гурӯҳи ифротгаро аз фарқият дида мушобеҳоту муштаракот зиёд аст.

Дар ниҳоят, тасаллути Толибон дар Афғонистон ва бозиҳои наҳзатӣ дар хориҷ аз кишвар бори дигар ба мо ҳушдор медиҳад, ки сари ваҳдати миллӣ, тафоҳуми мардумӣ ва якпорчагию ҳамбастагӣ ҷиддӣ таваҷҷуҳ намоем ва дар роҳи ободии Ватан ва сарзабзию шукуфоии давлати миллӣ саъю талоши фаровон биварзем.

Ардамеҳр Ашурзода,

номзади илмҳои сиёсӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь