Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие, ки бо бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, онҳое ки мегӯянд терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст, беасос нест. Решаҳои терроризм хело жарф буда, ба базаи иҷтимоии он, дар асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва бо кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсӣ, мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафканӣ мехостанд, мақсадҳои худро ба души дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди одамони зиёд мегардид. Дар охири асри ХIХ ва ХХ амалҳои террористӣ, характери сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Махсусан, амалиёти террористӣ, ки 11-сентябри соли 2001 дар ИМА анҷом дода шуда, бо бераҳмӣ, густохӣ ва теъдоди одамони қурбон шуда, бесобиқа мебошад. Ҳанӯз як сол нагузашта, террористон 23-26-уми октябри соли 2002 дар Маскав кӯшиши гузаронидани чунин амалиётро бо гаравгон гирифтани зиёда аз ҳазор тан аз мардуми бегуноҳ намуданд, ки дар натиҷаи амалиёти зидди террористӣ даҳҳо нафар аз шаҳрвандони бегуноҳи шаҳри Маскав ба ҳалокат расиданд.
Терроризм ва экстремизм аз мафҳумҳоест, ки дар замони муосир вирди забонӣ ҳама гардидааст ва ин ду мафҳум ба ҳамдигар алоқаманд буда, ҷудоинопазир мебошанд. Истилоҳи “Терроризм” аз калимаи лотинии “Terror” гирифта шуда, маънояш тарс ва ваҳм мебошад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ овардан аст.
Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан, таҳдид эҷод менамояд. Айни замон масъалаҳои марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар баромадҳояшон аз минбари СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ иброз доштанд, ки “Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”!
Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон, гуруҳҳои террористии бо ном «Давлати исломӣ» руҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид карданд, ки амалкардҳои ин гуруҳҳои ифротгароӣ ва дигар гуруҳҳои экстремистиву террористӣ, ки бо ном «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд, бо исломи асилу ноб робитае надоранд. Дар натиҷаи амалётҳои нопоки онҳо, хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ рехта мешаванд, кӯдакон бесарпаноҳ ва занон ба ҳалокат мерасанд.
Чунон ки дар боло қайд карда шуд, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва эктремистӣ дошта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, як қатор санадҳои меъёрию ҳуҳуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза ба зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва эктремистӣ дошта, муваззаф гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16-ноябри соли 1999 кабул шудааст.
Мақсади қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:
Татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар терроризм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм, ташакулли вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм, ошкор ва пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои терроризм.
Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт татбирандешӣ намуда истодааст. Мо ҷавонон ҳамеша ба суханони Пешвои миллат пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шидатан маҳкум намоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои милатро дастгирӣ мекунем.
Бояд қайд намуд, ки назар ба давлатҳои абарқудрати дунё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта кам ба назар мерасад. Маврид ба зикр аст, ки ҳамаи ин аз заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари хирадманди давлати мо гувоҳӣ медиҳад.
Юсуфзода Қубод ЮСУФ,
корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе,
Алишери ХУРШЕД