Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм мафҳумҳое маҳсуб меёбанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудаанд.
Маънои терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Содир намудани амалҳое, ки ба одамон хатари маргро ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ терроризм ва экстремизмро чунин маҳкум кардаанд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноятӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки аз ҳама бештар терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ, экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва он дар тамоми гӯшаю канори сайёра ба мушоҳида мерасад, зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин пеш аз ҳама ба хотири сӯйистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад.
Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки ислом сӯйистифода намуда, даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл, аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам, онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.
Мутаассифона, аксари онҳое, ки ба асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезаву тундравӣ, таҷовузгароӣ, барқасдкорӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст.
Борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки бояд дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бошад. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар гуфта шуд: «Терроризм ва экстремизм имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон гардидааст».
Сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем. Танҳо ин гуна муносибат метавонад моро ба осоишу якдигарфаҳмӣ ва меҳнати бошарафу дастовардҳои беназири мардуми кишвар муваффақ гардонад.
Назира ХОЛМУРОДОВА,
омӯзгори МТМУ №1, шаҳри Душанбе