Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш ҳанӯз  соли 2017 қайд намуда буданд, ки: «дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртаззод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтанд».[1] Дар воқеъ, ин зуҳуроти номатлуб дар замони муосир хатари ҷиддие барои инсоният ба бор овардааст, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро фарогир аст. Терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа таърихи хеле тӯлонӣ дорад ва олимону сиёсатмадорон вобаста ба он таҳлилҳои гуногуну ҷолиб доранд, ки дар маҷмӯъ ҳама онро маҳкум менамоянд.

Президенти кишвар гаштаю баргашта таъкиду роҳнамоиҳо менамоянд, ки ба воситаи зӯроварӣ, ҷанг ва фишороварӣ ягон масъала ҳалли худро ёфта наметавонад. Хусусан ифротгароии динӣ ва бегонапарастию мазҳабгароӣ назар ба дигар омилҳо хавфу хатари зиёдеро ба бор меоранд. Худи мафҳуми «Terror» бештар ҳамеша ба маънои тарс, даҳшат, зӯроварӣ, куштор мавриди истифоа қарор дорад.

Баъзе муҳаққиқон онро ҳамчун аксуламал нисбати абарқудратону кишварҳои мазҳабию динситезон муаррифӣ менамоянд. Вале дар ҳама ҳолат терроризм ва ифротгароии динӣ бояд маҳкум карда шавад, чунки ин зуҳурот ҷинояти мудҳиш ва муқобили пешрафти инсоният ва ҷомеа мебошанд.

Тероризми сиёсӣ ҳамчун падидаи манфии иҷтимоию сиёсӣ, аз чаҳорчӯбаи сарҳадҳои миллӣ гузашта, ба амнияти ҷаҳонӣ таҳдид намуда, хусусияти байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Характери умумии терроризм воқеияте мебошад, ки инсоният имрӯз бо он рӯ ба рӯ шудааст. Махсусан, ин равандҳо бе мушкилӣ дар майдони экстремизм ва терроризм ҳамчун шакли ниҳоӣ рух медиҳанд.

Олимону муҳаққиқон чунин андеша доранд, ки масъалаи муайянкунии зуҳуроти «терроризм» яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба шумор рафта, ҳалли он барои муборизаи самаранок бо ин падида хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Имрӯз шарҳи мафҳуми «терроризми сиёсӣ», яке аз унсурҳои муҳимтарини модели таҳқиқотӣ ба шумор меравад, ки хеле масъалаи мушкил мебошад ва аз бисёр сабабҳои дигар вобастагӣ дорад.

Аввалан, душвор ва гуногунпаҳлу будани ин зуҳурот, ки ташаккули босуръати он дар ҷомеа ба мушоҳида мерасад. Дуюм, терроризми сиёсӣ ҳамаи паҳлуҳои ҳаётро дар бар мегирад. Сеюм, истифодаи муназзам ва истифодаи озодонаи истилоҳи «терроризм» дар соҳаи иҷтимоию сиёсӣ ба фаҳмиши илмии ин зуҳурот монеъ мегардад. Аксарияти олимон ва сиёсатмадорон шакли кории худро таҳия мекунанд, ки бо мақсад ва вазифаҳои онҳо мувофиқат намояд. Баъдан, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва нависандагон аз ин таърифҳо ҳамонеро интихоб мекунанд, ки ба нуқтаи назари онҳо мувофиқ бошад. Чаҳорум, терроризми сиёсиро саҳван ба чунин зуҳуротҳо ҳамчун ифротгароӣ, ҷанг, фашизм, шӯриш, ҳаракати ҳизбӣ ва ғайра монанд мекунанд.

Дар Энсиклопедияи Иттиҳоди Шӯравӣ омадааст: «Террор (терроризм) – амалҳои зӯроварона (таъқиб, нобудкунӣ, дастгир кардан, куштор ва ғайра) бо мақсади тарсонидан, бетартибиҳои мухолифини сиёсӣ, рақибон, ки як қатор амалҳоро ба вуҷуд овардаанд».

Луғати муосири калимаҳои хориҷӣ ба номуайянии мафҳуми террор ва терроризм ишора мекунад. Дар он ду шарҳ омадааст: «Терроризм сиёсати тарснок, аз байн бурдани мухолифини сиёсӣ тавассути чораҳои зӯроварӣ» ва «терроризм сиёсат ва амалияи террор».

Андешаи таҳлилгари масъалаи терроризм Е.П.Кожушко дуруст аст, вақте ки дар китоби худ «Терроризми муосир: таҳлили самтҳои асосӣ» ин ду андешаро муқобили ҳамдигар қарор медиҳад: «Террор сиёсати репрессивиест, ки аз ҷониби давлати алоҳида зоҳир мегардад ва он дар ин раванд ба қувваи институтҳои қудратии худ такя мекунад» ва «терроризм зӯровариест, ки аз ҷониби гурӯҳҳои сиёсӣ гузаронида мешавад. Силоҳи террор – репрессия, силоҳи терроризм – амали террористӣ мебошад». Дар китоби Э.Г. Ляхова «Терроризм ва муносибатҳои байнидавлатӣ» чунин омадааст: «Терроризм дар худ воқеаи мушкили хусусияти ҳуқуқӣ–сиёсидоштаро инъикос менамояд».

Дар ин раванд гурӯҳҳои ҷиноӣ, унсурҳои ҷиноии ҷомеа, аъзоёни гурӯҳҳои муайяни динӣ ва ғ. метавонанд ба сифати субъектҳои терроризм баромад намоянд. Бо дарназардошти онҳо намудҳои терроризмро ба таври зерин нишон додан мумкин аст:

  1. Терроризм ҷинояткории террористӣ, зӯроварӣ, ё ин ки таҳдиди зуроварӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ, ҷамъиятҳо ва ё ташкилотҳо, роҳнамоӣ дар ташкили фазои тарснок ва ноил шудан ба ин ҳадафҳои ғаразнок мебошад. Дар сатҳи дохилидавлатӣ, чун қадами охирин аз ҷониби унсурҳои ҷиноӣ дар робита бо суръат ва миқёси муваффақият, одатан хатари муайяни миллиро пешниҳод наменамояд.

Аммо вазъият фарқ мекунад, замоне,  ки ин намуди терроризм бо зӯроварии муташаккил алоқаманд аст ва субъектҳои терроризми авбошӣ – ҷиноятӣ дорои хусусияти миллӣ ё трансмиллӣ мебошанд. Аломати авбошӣ-ҷиноии терроризм ва ҷинояткориҳои муташаккил ҳанӯз муайян карда нашудааст. Ҳамзамон, онҳо якҷоя аз тарсонидан ва зӯровариҳои бевосита дар шаклҳои мухталиф ҳамчун воситаи асосии таъсиррасонӣ ба ҳокимият, намояндагони он ва рақибон дар тиҷорати қонунӣ ва ғайриқонунӣ бо мақсади аз нав тақсим кардани нуфуз, моликият ва ҷараёни молиявӣ истифода мебаранд.

Мушкилоти сиёсӣ, ҳавасмандии созмондиҳандагони терроризми авбошонаю ҷиноӣ ба сиёсат бо мақсади заиф кардани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташаббусҳои қонунӣ, дохил шудан ба мақомоти қонунгузорӣ ва иҷроия ва ғайра таъсир мерасонанд.

2.Терроризми психологӣ фаъолияти террористии шахси воқеие мебошад, ки фаъолияти террористии шахс, гурӯҳ ё ташкилотро (зӯровариҳои ғайриқонунӣ ё таҳдиди содир намудани ҷиноят) зери таъсири психологӣ қарор медиҳад.

3.Терроризми сиёсӣ усули ғайриқонунии муборизаи сиёсӣ дар асоси амалиёти террористиро дар назар дорад, вақте ки қурбониёни бегуноҳ олоти комёб шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ мебошанд. Муайянсозии консепсияи терроризми сиёсӣ метавонад чунин бошад: «Терроризми сиёсӣ зӯроварӣ ё таҳдиди зӯроварӣ мебошад, ки ба ташкили фазои тарс ва ноил шудан ба ягон тағйироти сиёсӣ нигаронида шудааст».

Ҳамин тариқ, терроризм – ин усули ғайриқонунии мубориза, шакли зӯроварии сиёсӣ, ҷинсӣ ё психологию ҷисмонӣ бо истифода аз усулҳои тағйир додани рафтор ба воситаи тарс мебошад. Чунин фаҳмиш имкон медиҳад, ки намудҳои зерини терроризмро бо хусусияти фаъолияти субъектҳо фарқ намоем: сиёсӣ, ғоратгароию ҷиноӣ ва равонӣ. Ғайр аз ин, барои муайян кардани зуҳурроти «терроризм» бояд як қатор хусусиятҳои фарқкунандаи он муайян карда шаванд.

Аломати якум – амалиётҳои мусаллаҳона, ки на бар зидди қувваҳои мусаллаҳи душман, балки бар зидди аҳолӣ, бо мақсади фишор ба ҳокимияти сиёсӣ ва элитаи он гузаронида мешаванд. Ба ибораи дигар, дар муҳорибаҳои ҷангӣ ва амалиётҳои ҳарбӣ ҷонибҳо барои мағлуб намудани душман кӯшиш менамоянд, ки қаламрави душманро ишғол кунанд, аммо терроризм қаламраве надорад, ки душман онро ишғол намояд. Ба қавли Президенти мамлакат, «террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».

Аломати дувум – мушоҳида ва номуайянӣ, тайёрии махфии амалҳои террористӣ мебошад.

Аломати сеюм – терроризм аксар вақт бо усули эҳсосотӣ муайян карда мешавад. Террорист дар фазои бераҳмонаи он тамошобин мебошад.

Асосан, идеологияи терроризм дар муҳтаво нисбатан заиф ифода карда шудааст ва ба воситаи психологияи иҷтимоӣ, принсипҳои динӣ ва догма амалӣ карда мешавад. Барои террористон муборизаи мусаллаҳона аз раванди асоснокии идеологӣ муҳимтар мегардад.

Ё. Ниёзӣ,

номзади илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь