Яке аз падидаҳои номатлубе, ки имрӯзҳо ба ҷаҳони муосир таҳдиду хатарҳои зиёд эҷод карда истодааст, ин истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Чунончи, аз тарафи баъзе ҷавонон ва гурӯҳҳои алоҳида ба таври носолиму номатлуб истифодабарӣ аз шабакаҳои иҷтимоии «Вайбер», «Имо», «Одноклассник», «Фейсбук», «Скайп», «Твиттер» ва ғайраҳо сулҳу суботи тамоми кишварҳои дунёро халалдор месозанд. Истифодабарии нодуруст аз шабакаҳои иҷтимоии дар боло зикршуда яке аз масъалаҳои мураккаб дар арсаи байналмилалӣ буда, сабаби ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил шудани бархе ҷавонони гумроҳи имрӯза ва ба амал овардани баъзе кирдорҳои носолим ва зараровар ба ҷомеаи башарӣ гашта истодааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш иброз дошта буданд: «Таъкид менамоям, ки вазъи сайёра дар ду-се соли оянда боз ҳам мураккаб мешавад».

Моро зарур аст, ки сари ин масъала ҷиддӣ андеша карда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони кишвар, махсусан ҷавонону наврасон пурзӯр намоем, то ки онҳо шабакаҳои иҷтимоиро барои баланд бардоштани мафкураи миллӣ ва дониши муосир истифода баранд. Бо ин усул мо метавонем, ки наврасону ҷавононро барои ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ, таърих, тамаддун, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ ҳидоят намоем. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ мувоҷеҳ гаштааст ва ин моро водор месозад, ки роҳу равишҳои нави муқовимат ба онҳоро дарёбем, зеро имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд.

Амалу фаъолияти созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ифротгароён дар миқёси глобалӣ ҷанбаи фаромарзӣ гирифта, қариб ҳудуди тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки «давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама барои решакан кардани сабабҳои зуҳуроти терроризм муборизаи муштарак ва ҳадафмандона баранд. Мо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро пайваста ба зарурати аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии терроризми байналмилалӣ ҷалб менамоем».

Тавре, ки аз воситаҳои ахбори омма маълум мегардад, яке аз сарчашмаи асосии таъминоти молиявии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ин маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардаи онҳо мебошанд.

Хулоса, мо-омӯзгорон низ дар дарсҳои тарбиявии худ ба наврасону ҷавонон беш аз пеш аз хатару таҳдидҳои терроризм фаҳмодадиҳӣ мегузаронем. Албатта, чунин дарсҳоро бояд бештар ба роҳ монд, то насли наврас аз таҳдидҳои экстремизму терроризм воқиф гарданд.

Саидова Гулнигор Шарифовна директори, МТМУА №120-и н. Рӯдакӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь