Баъд аз амали террористии 11-уми сентябри соли 2001 ҷаҳон шоҳиди тағйироти куллӣ дар тартиботи ҷаҳонӣ гардид ва ҳамин тавр, муҳокима дар бораи ҳодисаҳои террористӣ як ҷузъи ҳаёти мо гашт.

Ҳодисаҳои охири террористии дар кишвари Афғонистон рухдода аз он далолат мекунад, ки террористон бо ҳар роҳу восита мехоҳанд амалҳои касифу нобахшиданӣ ва бераҳмонаро анҷом диҳанд. Ҳалокати даҳҳо ҳазор мардуми осоишта, махсусан кӯдакону занон аз ин хатари марговар гувоҳ аз он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад.

Оид ба таърифи терроризм дар байни муҳаққиқону сиёсатмадорон андешаҳои гуногун мавҷуданд ва таърифи дақиқи ҳамаро қонеъкунандаи он вуҷуд надорад. Коршиносону сиёсатмадорон ва рӯзноманигорону кормандони амниятӣ таърифҳои гуногуни “терроризм”-ро истифода мебаранд. Шмидт ва Янгман дар китоби худ “Террори сиёсӣ” таърифҳои сершумори имконпазирро барои “терроризм” пешниҳод ва таҳлил кардаанд, ки дар як пурсише дар байни олимони соҳа ба даст овардаанд. Аз таърифҳои муаллифон бармеояд, ки дар 83,5% ин таърифҳо зӯрӣ ва зӯроварӣ ба назар мерасидаанд; дар 65%-и онҳо террори сиёсӣ; дар 51%-и таърифҳо тарс; дар 47% таҳдид; дар 41,5 % таъсири психологӣ; амали барқасдона, нақшавӣ, мунтазам ва муташаккилона дар 32% ва дар ниҳоят, усулҳои мубориза, стратегия ва тактика дар 30,5% ҳамаи таърифҳо оварда шудаанд.

Терроризмро дар маҷмуъ метавон ба таври зайл таъриф дод, яке аз роҳҳои баамалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо.

Дар ду даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоиштаи сайёра қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маҷруҳу маъюб ва садҳо кӯдак ятиму бепарастор шуданд.

Дар тӯли 5 соли гузашта даҳҳо ҳамлаҳои мусаллаҳона ба марказҳои таълимии пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул аз тарафи “Давлати исломӣ” иҷро шудааст. Соли гузашта дар натиҷаи таркиши моддаи тарканда дар назди даромадгоҳи шаҳраки Донишгоҳи Кобул ҳашт нафар ба ҳалокат расид. Дар соли 2016 бошад, ҳангоми ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба Донишгоҳи Амрикои Кобул 13 нафар кушта шуданд.

Имрӯз бераҳмию ваҳшонияти гуруҳҳои террористӣ, ки амалу кирдори онҳо мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст, наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузорад. Терроризм акнун на мушкили кишварҳои мушаххас, балки масъалаест, ки ҳамаи муносибатҳои байналмилалиро дар бар мегирад. Ба ибораи дигар, созмонҳои террористӣ беш аз ҳарвақта метавонанд дар кишварҳои мухталифи олам ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд, қурбониёни ин ҳамлаҳо метавонанд намояндагони миллатҳои гуногун ва коркунони қишрҳои гуногун бошанд.

Имрӯз танҳо мубориза ва ҳамкории дастаҷамъонаи ҳамаи акторони муносибатҳои байналмиллалӣ зарур аст, то пеши ин амалҳои ваҳшиёна гирифта шавад.

С. А. ТАИБОВ,

М. МУҲИДДИНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь