ЧАРО КАФКИДАҲАНҲОИ МО ВОБАСТА БА ҲАВОДИСИ ҚАЗОҚИСТОН МИЁНИ ОНҲО ФАРҚИЯТ НАМЕГУЗОРАНД?

Ҳаводиси Қазоқистон алъон дар сархати расонаҳои олам қарор дорад. Дар мавриди ин қазия фарзияҳо хеле зиёданд ва барои шарҳу тавзеҳ додани онҳо каме барвақт аст.

Тибқи иттилои дастрас, шеваи “тазоҳурот” ва қатли мардум далели террористӣ ва экстремистӣ будани гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки дар задухӯрдҳои кӯчагӣ дар шаҳри Алмаато ширкат доштанд, маҳсуб мешавад.

Хушбахтона, вазъият ба эътидол омада, рӯзи 7 январ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев эълом дошт, ки сохти конститутсионӣ дар тамоми манотиқи кишвар барқарор шуд ва вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Номбурда таъкид кардааст, ки “амалиёти зиддитеррористӣ то пурра нобуд кардани ҷангҷӯён идома меёбад”.

Чун ҳарвақта нотавонбинони миллату давлати мо, ки “корашон аз гиря гузаштааст”, дар робита ба вазъи Қазоқистон ҳангомасозиву сафсатахонӣ доранд. Ин тоифа боз ба ҳилаҳои солҳои навадуми қарни гузашта истифода кардаашон, ки тафриқаандозӣ яке аз онҳост, рӯ овардаанд.

Ҳарчанд хуб медонанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба ҳеҷ ваҷҳ фирефтаи афсонапардозӣ ва сафсатапароканиашон нахоҳанд шуд. Зеро аҳдофи муғризонаи ин қабилро, ки бо далелҳои раднопазир аз ҷониби сохторҳои дахлдор ошкор ва аз тарафи ҳамсафонашон фош шуд, таври бояду шояд дарк кардаву ба онҳо ҷуз нафрат дигар чизе надоранд…

Ҳамрадиф бо нотавонбинон, кафкидаҳанҳое Қазоқистонро дар хоби шабашон надидаанд, дар бораи таърихи ин кишвар маълумот надоранд, аз ҷаҳду талошҳои роҳбарияти он баҳри эъмори Қазоқистони навин огоҳӣ надоранд, моҳияти бархӯрди манфиатҳо ва ҳадафи дирижёрҳои паспардагиро дарк накардаанд, масъалаи мазкурро муғризона “шарҳу тавзеҳ” дода истодаанд.

Ҷанбаи асосии нигаронкунанда он аст, ки ин “аллома”-ҳо миёни террорист ва тазоҳургар фарқият нагузошта, таҳриф дар дилхоҳ андешаашон меҳвар аст. Дар бораи он ки беш аз 3 ҳазор нафар боздошт, 26 ҷинояткорон маҳв гардида, 18 нафар маҷрӯҳ шуданд, муҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд. Барояшон бефарқ аст, ки дар пайи тазоҳурот дар Қазоқистон 18 корманди мақомоти қудратӣ кушта ва 748 кас маҷрӯҳ шудаанд. Гӯё хабар надоранд, ки тамоми бинои ҳукуматҳои шаҳру вилоятҳо ва шуъбаҳои корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ таҳти назорат гирифта шудаанд.

Онҳоро фаҳмидан лозим, зеро чунин ранг гирифтани масъала табъи дили онҳо нест. Дарк накардаанд, ки “бо дуои курмуш борон намеборад” ва “ҳар ки бо душмании халқ равон аст, сари хеш чу гирдоб мехӯрад”.

Хушбахтона, мардуми тоҷик, ки ғурури баланд, дониши кофӣ, зиракии сиёсӣ, меҳри беандоза нисбат ба Ватан доранд, ба ягон сиёҳкуниву туҳмат, дасисаву фиреб бовар намекунанд. Шаҳрвандон хуб медонанд, ки ашхоси мавриди назар танҳо бо идеологияи хоҷаҳо ва меҳвар қарор додани аҳдофи муғризона амал менамоянду гумроҳ намудани мардум ва тафриқаандозӣ мароми онҳост.

Дар ҳоле ки нотавонбинону кафкидаҳанҳо бо ҳангомасозиву сафсатапароканӣ тасмими тафриқаандозӣ доранд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои роҳбарияти Қазоқистон ҷонибдорӣ намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд. Президенти Тоҷикистон омодагии ҷумҳуриро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД тибқи уҳдадориҳои ҳампаймонии худ эълом намуданд.

Дар робита ба ин, имрӯз ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, барои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди кишвар барои иҷрои уҳдадориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият дода шуд.

Вобаста ба ин масъала, ки он ҳам аз ҷониби нотавонбинон таҳриф шуд, бояд гуфт, ки неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД дар Қазоқистон иншооти стратегии давлатиро посбонӣ карда, ба таъмини тартибот мусоидат хоҳанд кард.

Дабири кулли созмон Станислав Зас онро шарҳу тавзеҳ дода, минҷумла гуфтааст: «Агар дар бораи вазифаҳои ба зиммадоштаашон гӯем, онҳоро шартан ба ду вазифаи асосӣ тақсим кардан мумкин аст. Якум, ҳифзи иншооти муҳимтарини давлатӣ ва стратегӣ. Вазифаи дуюм — ин кумак расонидан ба ҳифзи қонуният ва тартибот аст, то ки одамон худро бехатар эҳсос кунанд».

Ҳамватанони азиз бояд дарк кунанд, ки ҳоло дар миқёси ҷаҳон бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ба авҷи аълои худ расида, зиракии сиёсиро сарфи назар намудани аҳолии баъзе кишварҳо, ки «осонакак» ба домашон афтиданд, ин равандро беш аз пеш шиддат бахшида истодааст.

Агар дар кишварҳои қитъаи Аврупо ин раванд аз тариқи «инқилобҳои ранга» амалӣ гарданд, пас дар кишварҳои Шарқ рӯйи кор овардани равияҳои иртиҷоӣ ҳамчун «восита»-и «ба мақсад расидан» хеле васеъ истифода мешавад.

Ҳаводиси Қазоқистон низ дар ин замина рӯйи кор омадаву эҷоди фитна, тафриқаандозӣ миёни мардум, тарғиби андешаву равияҳои экстремистӣ, табадуллоти давлатӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳадафҳои асосӣ маҳсуб меёбанд.

Ҷанбаи нигаронкунанда он аст, ки афкори созмондиҳандагони чунин ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар дохили Қазоқистон аз ҷониби як идда шаҳрвандони ноогоҳ дастгирӣ ёфт.

Солҳои охир аз ҷониби абарқудратҳо идеологияҳои зиёде «ихтироъ» ва ба кишварҳои мавриди таваҷҷуҳ ворид шудаанд, ки дар сурати аз даст додани зиракии сиёсӣ аз ҷониби шаҳрвандон метавонанд рисолати хешро «сарбаландона» иҷро намоянд. Авзои кунунии ҷаҳон, муносибати абарқудратҳо бо ҳамдигар ва воқеияти геополитикӣ далели возеҳи ин гуфтаҳоанд.

Амнияти давлат маънои вуҷуд надоштани таҳдидҳои ҷиддӣ ба мустақилият, тамомияти арзӣ ва вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиро дорад. Хушбахтона, ба шарофати мақому манзалати бениҳоят баланд дар арсаи байналмилалӣ, иродаи қавии сиёсӣ ва нияти неки Пешвои миллат амнияти давлати мо таъмину осебнопазир аст.

Ҳар яки мо бо садоқату арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ бояд тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем, то бод, чунин бошад! Ин вазифаи ҷонӣ, қарзи инсонӣ ва рисолати виҷдонии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Далер Абдулло, журналист

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь