Ғолибият дар олами афкор ба муборизае табдил ёфтааст, ки фаъолтарин ҷомеаҳо ба таври ҷиддиву фарох ба он рӯ овардаанд. Шиори тавонмандони ҷаҳони муборизаву сиёсатҳо он аст, ки бо ҳама гуна роҳ бояд дар олами фикрҳо салтанату ҳокимиятро соҳиб гашт.
Инсон парвардаи эҳсос аст ва нохун задан ба эҳсоси ӯ бо роҳҳои мухталиф сурат мегирад. Пахши наворҳои урён доир ба ҷисмҳои қатлшудаи даҳшатовар, дар пеши назари мардум як нафарро бо даҳшатноктарин усул қатл намудан, сӯхтани китобҳои муқаддас, масоҷиду бутхонаи бомбаборонкардашуда, хандаи пешвоҳои ғафлатзада ба ҳангоми бадбахтии шаҳрвандон ва амсоли он намунаи ба таври хеле фаврӣ ба тори эҳсоси ҳазорҳо нафар нохун задан мебошад.
Ҳуҷумҳои иттилоотӣ имрӯз ба кишварҳо ва минтақаҳое, ки як навъ ғафлатзадаву бидуни ҳимоя қарор доранд, хеле зиёд мебошаду суръати бесобиқаро соҳиб аст. Намунаи возеҳи онро мо дар мисоли як кишвари ҳамсоя дидем, ки пахши навори қатли як нафар зани оҷиза тамоми ҷаҳонро ба вокунишу ларза овард. Чанд нафар ошӯбгару ҷиноятпеша тавонистанд фикру андешаи ҷаҳониёнро нисбати халқу миллати даҳҳо миллионнафара боз ҳам манфитару манфуртар гардонанд. Ё ин ки чанде пештар дар мисоли Аврупои пешрафта низ дидем, ки таҳқиру иҳонати як гуруҳ ё якчанд нафар ба дину эътиқоду имони пайравони як дин чӣ қадар нобасомониву ихтилофи зиёдро дар тамоми ҷаҳон ба вуҷуд овард. Мардумонро ба майдонҳо кашид. Чандин нафарон қатл карда шуданд. Чандин биноҳои маъмуриву давлатӣ якбора дар чандин кишварҳои чаҳон оташ зада шуданд.
Мубориза барои соҳибият дар олами афкор ба таври рӯзмарра дигар мегардад, ки васоити ахбори омма дар ин роҳ парчамбардоранд. Албатта, то ин замон муборизаҳои мафкуравӣ дар чорчӯби ташвиқу тарғиби бидуни суръат ҷой дошт, ки онро мо бештар хос ба матбуот медонем. Як замоне барои аз байн бурдани империяи бузурги русҳо талошҳо идома мекард. Бештар матбуот рисолати ба вуҷуд овардани мухолифатҳои ҷаҳониро дар ин роҳ ба уҳда дошт. Ду ҷанги ҷаҳонӣ бевосита дар навбати аввал хоҳони шикасти идеологияи империявии русҳо буд. Аммо созмондиҳандагон ба ин ҳадафашон нарасиданд ва баръакас доманаи ин империя вусъат пайдо кард ва дар ақсои ҷаҳон нуфузу эътибори худро болотар бурд. Барои ғарби даъвогар омили боз ҳам бузурги таҳрикбахш лозим буд. Дар ин самт маҳз он «гардиши бузург», ки дар солҳои шастуми асри гузашта ба вуҷуд омада буд, нақши худро ба иҷро расонид. Дигар кардани олами афкори мардумон бидуни талафоту ҷангҳои хунин барои манфиатдорон ғалабаро таъмин кард. Бузургтарин давлати ҷаҳон бо номи ИҶШС барҳам хӯрд. Маркази ин империя дар асри гузашта бештар ба иқтидори иқтисодиву ҳарбӣ такя мекард ва махсусан дар нимаҳои дуюми асри гузашта бо ин мафтуншавии худ аз кашфи силоҳи нав – таъсир ба афкор бехабар монд ва ё онро як навъ нодида мегирифт. Олами ғарбӣ миллионҳо долларро дар роҳи тарғибу ташвиқи идеологӣ дар сатҳи байналхалқӣ сарф мекард. Бо корбасти воситаҳои нави ахбори омма муборизаҳои рӯзмарраи худро вусъат мебахшид. Ба вуҷуд омадани низомҳои байналмилалии телевизиону радио ва низоми байналмилалии интернет дар шароити имрӯзаро метавон маҳсули ҳамон таҳаввулоти асри гузашта номид.
Имрӯз ҷомеа ба ин низом сахт пойбанд гаштааст ва ба он бо эътимоди хос менигарад. Имрӯз ин низом барои шикастани қолабҳои боқимондаи империяи шӯравӣ нигаронида шудааст. Ҷои инкор нест, ки феълан барои шикасти бузургтарин давлати ҷаҳон – Русия мақсаду ҳадафҳои идеологӣ равона карда шудааст. Дар ин роҳ боз ҳам усули таъсир ба афкор чун силоҳи аввалиндараҷа истифода гашта истодааст.
Он чиз мусаллам аст, ки имрӯзҳо системаи алоқаҳои кайҳонӣ дар воситаҳои электронии ахбор хусусияти миллиро торафт маҳдуд намуда, барои худ ҷойгоҳи васеътару як андоза номаълумро дарёфт кардан мехоҳанд. Онро дар илми журналистика мавқеъсозии ҳадафнок меноманд, ки яке аз муфидтарин силоҳи ғасби мафкура дар асри навин ба ҳисоб меравад. Он андешаи омиёнаи «… замони камону шамшеру туфангу тӯпу мушак гузашт…» дар худ ҳақиқати амиқеро фаро мегирад ва пайдо гаштани мафҳуму таъбири дигар бо номи «асри иттилооту ахбору афкор» давоми мантиқии ҳамон андешаи омиёна аст.
Хислати боэътимоди байналмилалӣ пайдо кардани расонаҳои мухталиф дастрас гаштани ақидаву афкори муайянро барои гуруҳҳову идеологияҳои муайян осону муфид гардонидааст. Тавре дар оғоз ишора гашт, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар миқёси ҷаҳон хеле тира аст. Дақиқияти ягон андеша возеҳ нест ва ин бори дигар бархӯрду шиддат ёфтани ҷангҳои итилоотиро дар самти таъсир ба афкор нишон медиҳад. Дар ҳама қазияҳо як навъ фишори равонии хос дида мешавад. Хулоса баровардан ба таври фаврӣ дар бораи як воқеаву рухдод на танҳо барои аудиторияи умум, балки барои мутахассису муҳаққиқ низ ниҳоят мушкил аст. Аз илми равоншиносӣ маълум аст, ки табиати инсонӣ аз азал дар худ ҳангомаеро парасторӣ менамояд. Барои расидагӣ ба ана ҳамон ҳангомаи вуҷуд сабқатҳо шиддат меёбанд ва илмҳои мухталиф барои роҳ ёфтан ба он равзана овора низ ҳастанд. Журналистика дар саргаҳи ин илмҳо қарор дорад. Маҳз ин соҳа дар пешбурди тамоми соҳаҳову илмҳои дигар мусоидат карда метавонад. Журналистика як илми саршорест, ки аз синтези илмҳо шакл мегирад. Фарҳанг, адабиёт, фалсафа, сиёсат ва амсоли илмҳои дигар ҷамъ меоянду журналистикаи асиле ба вуҷуд меояд. Ин таъинотро мо танҳо хос ба асарҳои муҳташами публитсистиву журналистӣ намедонем. Ин гумон асрҳои тӯлонӣ дар байни тамоми муҳаққиқону қаламкашон ҷой дошт. Акнун ин махсусият дар ҳамон оддитарин хабари ба се савол ҷавобдиҳанда ҳам ба назар мерасад. Ин ҳукм ба таври рӯзмарра ҳаққонияти худро нишон медиҳад. Зеро имрӯз интихоб ниҳоят васеъ гаштаву таҳаввулоти оммавӣ маҳдудияти замонро ба вуҷуд овардааст ва дар ин замина талоши тамоми соҳибони ахбор барои соҳиб гаштан ба вақти холии аудитория равона гаштааст.
Шариф МӮСОЗОДА,
коршиноси соҳаи ВАО