“Ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Вазъияти бисёр мураккаби рақобатҳои шадиди геополитикӣ ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, ки дар мисоли амалиётҳои пайвастаи харобиовари низомӣ, вусъати бемамонияти ҷангҳои иттилоотӣ, ҳуҷумҳои фарҳангиву идеологӣ, густариши бесобиқаи фаъолияти даҳшатфикании ташкилоту созмонҳои террористиву ифротгаро инъикос мегардад, таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ба худ ҷалб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии худ махсусан ба масъалаҳои муқовимат алайҳи терроризму ифротгароӣ, тафриқаандозиву бегонапарастӣ, ҷалб ва шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористиву ифротгаро (экстремистӣ) диққати махсус дода, бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани аломатҳои зуҳури чунин омилҳои номатлуб тадбиру чораҳои зарурӣ ба роҳ монда, ташаббусу иқдомҳои беназирро аз минбарҳои баланд ба саҳми ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидааст. Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ эълон дошт, ки дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ (экстремизм) омодааст бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ҳамкориро ба роҳ монад.

Ҳаводиси солҳои охири нимаи дуюми асри ХХ новобаста ба рушди илму техника ва фарҳангу маориф нишон дод, ки вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии баъзе аз кишварҳои ҷаҳон ноустувор ва масъалаи таъмини амният нигаронкунанда боқӣ мондааст. Илова бар ин, баъд аз барҳам хурдани Иттифоқи Шӯравӣ қисми зиёди мухолифатҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа бартараф нагашта, балки вазъияти ба миён омада барои фарогир гаштани зуҳуроти хатарзо, аз қабили сепаратизм (ҷудоихоҳӣ), экстремизм (ифротгароӣ), радикализм (тундгароӣ), фундаментализм (бунёдгароӣ) ва ниҳоят терроризм (даҳшатафканӣ) мусоидат намуд.

Одатан, ифротгароён танҳо эътиқоди худро ҳақиқӣ дониста, ҳама атрофиёнро аз лиҳози тафаккури худ ба “сиёҳу сафед” ҷудо намудаанд. Чунки ифротгароён таълимоти худро ягона роҳи ҳақиқӣ эътироф намуда, бо чунин тафаккури “сиёҳ ва сафед” сабаби амалҳо, муноқишаҳо ва даргириву низоъҳои шадид гардида, ваҳдату ягонагиро дар ҷомеаи муосири дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ ба нестӣ хоҳанд расонид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои собиқ Шуравӣ ба шумор меравад, ки пас аз байн рафтани идеологияи коммунистӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ба фазои холии идеологӣ дучор гардид. Созмону гурӯҳҳои ифротии динӣ ва тундгаро бо истифода аз фазои бавуҷудомада тавассути пайвастани дини ислом ба сиёсат хостанд давлати тозаистиқлолро тавассути ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нобуд сохта, ҳадафҳои нопоку ғаразноки худро фарогир намоянд. Зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки мардумаш аз исломи суннатии мазҳаби ҳанафӣ пуштибонӣ мекард, таваҷҷуҳи эмиссарҳои кишварҳои хориҷӣ ва ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарои диниро бештар ба худ ҷалб намуда буд. Бояд таъкид кард, ки на аҳолӣ ва на мақомоти давлатӣ он замон ба муқовимат бо мавҷи таблиғоти аз ҷониби ҳаракатҳои ифротгаро амалишуда омода набуданд. Эҳёи эътиқодҳои гуногунро, ки ба ташаккул ва густариши ҳаракатҳои тундгаро ва гурӯҳҳои ифротӣ мусоидат кард, ҳеҷ кас интизор набуд.

Боиси қайд аст, ки дар солҳои 90-уми асри ХХ теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар ба мамлакатҳои мусулмонӣ сафар намуда, дар муассисаҳои динии он кишварҳо маълумоти динӣ гирифтанд. Ҳамзамон, аз ҷониби рекрутерҳо (ҷалбкунадагон) ҳаракату созмонҳои мухталифи ифротгарову тундгаро ҷалб гардида, ҳангоми ба ватан баргаштан даст ба тахрибкориву ташвиқоту тарғиботи идеологияи ба ҷомеаи мо бегона заданд. Бархе аз муҳассилине, ки дар хориҷи кишвар маълумоти динӣ ба даст оварда буданд, дар масоҷиди кишвар ба ҳайси имомхатибон ва дигар вазифаҳо фаъолият намуда, дар пайи ҷалб ва раҳгум задани шаҳрвандон гардиданд. Намояндагони гуногуни қишри ҷомеа, хусусан ҷавонони ноогоҳ ва раҳгумзада зери таъсири нуфузи гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро бештар қарор гирифтанд.

Чи тавре ки маълум аст асри ХХI марҳилаи нав дар раванди босуръати рушди илму технологияҳои ҷаҳони муосир гардид. Дар ин росто, воридшавии фаъол ва афзоиши таъсири технологияҳои иттилоотии нав дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи муосир мушоҳида гардид. Аз ҷумла, шабакаи ҷаҳонии Интернет, ки фазои дорои маълумоти бемаҳдуд маҳсуб меёбад, ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёту зиндагии аҳли ҷомеа гардид ва дар муддати кутоҳтарин ба воситаи ҳамаҷонибаи муошират табдил ёфт. Ташкилоту гурӯҳҳои ифротиву террористӣ низ шабакаи Интернетро ҳамчун “минбари озод” барои пешбурди ташвиқу тарғиби идеологияи хусусияти ифротгароӣ ва тундгароёна дошта, ҷалби аъзоёни нав ва амалӣ намудани фаъолияти тахрибӣ, мавриди истифода қарор доданд.

Таблиғоти терроризм ва ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет пеш аз ҳама ба қишрҳои осебпазир ва дар канормондаи ҷомеа нигаронида шудааст. Эмиссарҳои созмону ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгаро бо такя ба ҳолати равонии ранҷу алам, кинаву таҳқир, дуриву ҷудоӣ, аксар вақт майдони маҷозиро ҳамчун фазои мусоид барои таблиғоти ақоиди террористӣ ва ифротӣ истифода менамоянд, ки боиси авҷи раванди ифротишавии ашхос мегардад. Яъне, ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро ба малакаи таъсир расонидан ба шуур аҳамияти калон дода, ашхосеро, ки ба талаботи онҳо мувофиқанд, фаъолона пайгирӣ менамоянд. Аз ҷумла, ташкилотҳои зикргардида воситаҳоеро истифода мебаранд, ки инъикосгари меҳру муҳаббатро дошта, дар раванди ҷалбкунӣ барояшон натиҷаҳои назаррас медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки эмиссарҳои ҳаракату гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро ғамхорӣ, дастгирӣ ва таваҷҷӯҳеро пешниҳод мекунанд, ки шахс шояд аз оилааш ва наздиконаш нагирифта бошад.

Илова бар ин, аъзоёни фаъоли созмону гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳангоми қабул ба сафи ташкилот ва ё ҷараёнҳои динӣ чун қоида ба ҷавононе, ки нав ба омӯзиши асосҳои динӣ шурӯъ намудаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар шуури чунин ҷавонон дар бораи муносибати ноодилона нисбат ба мусулмонон (аз ҷумла, дар кишварҳои ИДМ) андешаву афкори нодуруст эҷод кунанд ва ба онҳо тафсири таҳрифшудаи догмаҳои исломиро дар бораи зарурати ҳиҷрат ва бурдани “ҷиҳод”-ро талқин намоянд. Агар эмиссарҳои созмону гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро дарк намоянд, ки шахси ҷалбшаванда дар аксарият масъалаҳои муҳим бо онҳо мавқеи ягонаро дорад, пас аз чанд зина санҷишҳо ҷалбшавандаро барои пайвастан ба сафи созмони террористӣ даъват мекунанд.

Дар воқеъ терроризму ифротгароӣ, таассуби диниву хуруфотпарастӣ, барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату ҷараёнҳои террористӣ-ифротгаро тамоюли хатарноки ҷаҳони имрӯз эътироф гардидааст, ки моро водор месозад то дар зеҳни ҷавонони имрӯза ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори баланди ватандорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро ҷойгир намуда, нагузорем, ки фирефтаи ақидаҳои фарҳанги бегонапарастӣ, хуруфотзада ва шомили ягон созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро гарданд. Дар робита ба ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани фарогиршавии зуҳуроти терроризм ва ифротгароиро меъёрҳои ҳуқуқии зерин ташкил медиҳанд:

  • Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бар зидди терроризм”.
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бар зидди экстремизм”.
  • Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”.
  • Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм.
  • Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030.
  • Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ).
  • Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020.
  • Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025.

Бинобар ин, ҳадаф аз қабул ва татбиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар боло зикр гардида, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин бартараф намудани омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ифротгароӣ ва тундгароӣ мебошанд, ки паёмади даст задан ба фаъолияти террористиро дорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар амал татбиқ намудани сиёсати давлату Ҳукумати кишвар, хусусан таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Тоҷикистон нисбат ба қишри осебпазири ҷомеа-ҷавонон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушоҳида мегардад. Сарвари давлат дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба вазъияти ҳассоси сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар нигоҳ накарда, 2-юми феврали соли 1993 мулоқоти аввалини худро бо намояндагони ҷавонони кишвар доир намуданд. Роҳбари давлат, чи тавре ки қайд карда шуд, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи беҳдошти некуаҳволии ҷавонон дар раванди таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва мақоми худро соҳиб шудани ҷавонон дар ҷомеа, инчунин ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандориву ватандӯстии ҷавонон диққати махсус додаанд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президенти кишвар аз соли 1997 ҷудо гардидани квотаи президентӣ, дар соли 1998 таъсис ёфтани ҷоизаи ба номи “Исмоили Сомонӣ”, аз соли 1998 инҷониб таҷлил гардидани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ҳамасола санаи 23-юми май, соли 2008 аз фонди махсуси Роҳбари давлат таъсис додани степендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” аз намунаи иқдомоти беназири Пешвои миллат ҷиҳати ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба донишу илмомӯзӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонони донишманду кордон дар самти илм ва техника, бедор намудани руҳияи баланди ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои миллати тоҷик ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавон барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Дар баробари ин, Ҳукумати Тоҷикистон як қатор барномаҳо консепсияву стратегияҳои давлатиро, ки барои рушди имкониятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷавонон дар ҷомеаи муосир мусоидат менамоянд, қабул намудааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон”, Барномаи давлатии “Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, Барномаи “Рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Барномаи “Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон”.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳони муосир дар зеҳни ҷавонону наврасон баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ, пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ва роҳҳои асосии таъмини амну субот ба шумор меравад. Чи тавре ки таърихи гузаштаи миллати куҳанбунёди тоҷик аз он шаҳодат медиҳад, ҳисси баланди ватандӯстӣ яке аз рукнҳои ҳувияти миллии қадимаи мардуми тоҷик буда, имрӯз омили асосии эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз таҳдидҳои замони муосир ба ҳисоб меравад.

Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон яке аз ҷузъҳои таркибии ҷараёни тарбия ба ҳисоб рафта, ҷавононро дар роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд. Зеро ҷавонон имрӯз дар Тоҷикистон ба сифати нерӯи созандаву пуриқтидори имрӯзу фардо ва ҳомии асили Ватан эътироф шудаанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа, дар ниҳоди ҷавонони содиқи Тоҷикистон аз доштани тафаккуру ҳисси баланди ватандориву меҳанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ дарак медиҳад.

Дар ин замина моро зарур аст, ки аҳли ҷомеаи имрӯзаи кишвар, хусусан қишри осебпазири он-ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намуда, аз раванди вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, амниятии минтақа ва ҷаҳон, инчунин аз паёмадҳои низоъу даргириҳои кишварҳои ба он гирифторшуда, огоҳ созем. Таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ва дар онҳо бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ дар раванди таълиму тарбия, насли ҷавони имрӯзаро барои арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, садоқат ба Ватан ва марзу буми он ва ба худогоҳию хештаншиносӣ ҳидоят менамояд.

Аз ин лиҳоз, дар ҷавоб ба дастгириҳои мунтазами Роҳбарияти давлат ҷавонони моро зарур аст бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худ Ватанро дӯст дошта, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ифтихор намоянд, ба қадри сулҳ ва Ваҳдату ягонагии он расида, барои ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон ба ҳама хавфу хатарҳои омилҳои номатлуби ҷаҳони муосир ҳамеша омода бошанд.

А. САЛИМОВ, ходими калони илмии шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь