Тоҷикистон бо мардуми ватандӯстдори худ, баъди солҳои ҷанги шаҳрвандиаш боз аз нав шаҳди меваи соҳибистиқлолиро чашид. Истиқлолият, озодӣ, сулҳ дар асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии мардуми Тоҷикистон аст.

Дар ҷомеаи имрӯза бисёр ҳолатҳо мушоҳида карда мешавад, ки ҷавонон ба ҳар гуна амалҳои беҳуда ва ё зараровар ба худу ҷомеа машғул мегарданд. Ин ин гуна амалҳо боиси он мегардад, ки ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомил гардида, ҳаёти худ ва ҳамватанонро зери хатар қарор диҳанд, ки ҳамаи ин боиси надонистан аз таъриху фарҳанги ниёгони худ аст. Ҳамаи ин ба бегонапарастию қадр накардани дастовардҳои истиқлолияти ватани маҳбубамон оварда  мерасонад.

Яке аз сабабҳои  рӯй овардани ҷавонон ба ифротгароӣ ин дар сатҳи паст қарор доштани савияи дониши онҳо, чӣ дар илмҳои динӣ ва чӣ дар донишҳои дунявӣ аст. Дар чунин ҳолатҳо вазъияти таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мост, ки осоиштагии ҷомеаро аз пайомадҳои номатлуб ва фарҳанги бегона эмин нигаҳ дорем ва ҷавононро аз ҳар гуна таъсири гурӯҳҳои моҷароҷӯ дар канор нигаҳ дорем.

Бисёре аз ҷавонон аз бекорӣ рӯ меоранд ба ҳар гуна ҷиноятҳои номатлуб, ки боиси ифрогароӣ мегардад ва бадбахии эшон низ аз ҳамин нукта шуруъ мешавад. Ҳамчун як ҷавони кишвар ақида дорам, ки ҳар яки мо – ҷавонон бояд ба коре вобаста бошем, то мақсаде дар зиндагӣ дошта бошем. Пас, мебояд ҷавононро дастгирӣ намуд, онҳоро аз рӯйи ихтисосҳояшон бо вазифаҳо таъмин кард, то онҳо барои рушди миллату давлати худ саҳми худро гузошта тавонанд.

Аз сӯи дигар, ба ифротгароӣ рӯ овардани ҷавонон ин аз ноустворӣ дар оила ва беназоратии падару модар дар таълиму тарбияи ҷавонон маншаъ мегирад.  Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатамон доимо ба мо ҷавонон таъкид менамоянд: “Ҷавонони маҳбуби кишварамон! Бояд ҳар яки шумо хело хуб дарк намоед, ки ояндаи меҳанамон дар дасти худи шумо аст. Ҳар яки шумо бояд ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик – миллати сулҳпарвар аст, ҳар яки шумо меҳанпарастии худро ба тамоми аҳли башар бо тамоми самимият нишон диҳед. Ояндаи Тоҷикистон ва истиқлолияти миллати худро кӯшиш намоед, ки то абад ҷовидон нигоҳ доред”. Ҳар яки мо ҷавонони кишвар бояд ҷавобан ба ин гуфтаҳои сарвари давлату меҳани худ масъулият эҳсос карда, муттаҳид бошему зиракии сиёсиро ҳеч гоҳ аз даст надиҳем.

Ногуфта намонад, ки яке аз сабабҳои дигари ба миён омадани чунин мушкилот байни ҷавонон бетарафии аҳолӣ ва муттаҳид набудани кӯшишу амали якҷояи аҳли ҷомеа дар ҳалли ин масоили доғи рӯз мебошад.

Мо насли ҷавононро, ки ояндаи ватани худ – Тоҷикистон мебошем, зарур аст, ки беш аз пеш Истиқлолияти кишварамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва дар ободу зебо гардонидани Ватанамон рӯз аз рӯз масъулият эҳсос намоем ва баҳри ҳифзи сарзамини аҷдодии худ кӯшишу талош варзем.

Сайёра Шарифова, магистранти АИД НП ҶТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь